Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Паёми табрикотии Раҳбари ҲНИТ ба муносибати фарорасии Иди Саиди Қурбон

Паёми табрикотии Раҳбари ҲНИТ ба муносибати фарорасии Иди Саиди Қурбон

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон

Ҳамватанони азиз, бародарону хоҳарони гиромӣ!

Пеш аз ҳама фарорасии Иди саиди Қурбонро ба якояки Шумо табрик гуфта, аз Худованди маннон бароятон тансиҳатӣ, қабули ибодатҳо ва саодатмандии ҳарду оламро таманно дорам.
Иди Қурбон дар баробари як ҷашни сирф мазҳабӣ будан, намоде аз мактаб ва андешаи худсозӣ, худгузаштагӣ ва худшиносӣ мебошад. Пайдоиши ин Ид реша дар пирӯзии ирода бар нафс, хостаҳои отифии инсонӣ ва худхоҳиву худпарастӣ дорад. Ҳазрати Иброҳим (а) бо рафтори худ нишон доданд, ки агар инсон иродаи қавӣ ва арзиши волое дошта бошад, метавонад бар болои хоҳишоти инсонӣ ва нафс пирӯз шавад. Ин ид ҷашни пирӯзии ирода ва арзишҳост, на танҳо як рӯзе барои хурсандӣ, табрики якдигар, зиёрати волидайну дӯстон ва зиёфат оростан. Ин ид, иди ҳамагон аст, новобаста аз он, ки дар куҷо ва чӣ ҳолат қарор дорад. Дар ватан аст ё дар ҳиҷрат, дар озодист ё зиндон, дар ҳолати оромишу осоиш қарор дорад ё дар душвориву тангдастӣ. Ингуна рӯзҳо марзи иҷтимоиву сиёсӣ, мазҳабиву қавмиро намешиносанд ва ҳамагонро атрофи як арзиши муқаддас муттаҳид месозанд ва бузургии ингуна рӯзҳо ҳам дар ҳамин аст.

Аммо, бештарин ҳақро барои ин Ид касоне доранд, ки имрӯз ирода ва ҷасорату мардонагии онҳо дар имтиҳон аст ва онро бо сари баланд таҳаммул мекунанд. Ба хусус, бародарони зиндонӣ ва муҳоҷирони иҷборӣ, ки бо вуҷуди ҳама машаққату ва азобҳо ирода ва сабри иброҳимӣ нишон медиҳанд. Ҳар кадоме аз онҳо метавонад бо овардани баҳонае ва далеле аз ҳадафҳо ва арзишҳои худ гузашт кунад. Вале, бародарони мову шумо дар зиндонҳо таҳти сахттарин шароити таъзибу шиканҷа ва рад кардани имтиёзҳои моддӣ пирӯзии ирода ва арзишҳои маънавиро ба намоиш мегузоранд. Вақте мегӯем, ки ин Иди пирӯзии ирода ва худгузаштагӣ аст, пас аввалин касоне, ки сазовори табрик мебошанд, ин фарзандони зиндонии миллатанд, ки озодӣ ва оромиши худро барои ҳадафҳо ва арзишҳо ҚУРБОН карданд. Инчунин, ҳамватаноне, ки чӣ дар ҳиҷрат ва чӣ дар дохили ватан барои расидан ба пирӯзии ниҳоӣ бар зулму ситам, фасод ва худкомагӣ талошу муборизаи худро идома медиҳанд ва ба ин пирӯзӣ бовар доранд.

Фарҳанги аз худ гузаштан ва нафсу худхоҳии фардиро саркӯб кардан яке аз таълимоти ин Ид ва таърихи он мебошад. Маҳз ҳамин боис гашт, ки вақтҳои охир таҳаввулоти хубе дар фаъолиятҳои ҳама нерӯҳо ва шахсиятҳои миллӣ ва мубориз ба вуҷуд омадааст. Қурбон кардани худхоҳӣ, худпарастӣ, манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ ба хотири ҳадафҳои миллӣ ва муштарак аллакай самараи худро додааст, ки равшантарини онҳо озод гардонидани тифлони гаравгоне мисли Фотима ва Ҳамза будааст. Инчунин, амалҳои дастаҷамъона барои кӯмак ба ҳама зиндониёну гаравгонони миллат, ки дар ҷараён аст ва бояд оянда қавитар гардад. Ин ҳама нишон медиҳад, ки ваҳдату якпорчагӣ ва муштарак кор кардани ҳама нерӯҳои миллӣ на танҳо имконпазир аст, балки як зарурати миллӣ мебошад. Танҳо роҳи ба даст омадани он ҳам, ҚУРБОН кардани хоҳишот ва манфиатҳои фардӣ барои ҳадафҳо ва ормонҳои миллӣ мебошад.

Ҳамзамон бо ҳамбастагиву ҳамкории бештари нерӯҳои миллӣ чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ, раванди бештар гаштани интиқодҳо аз ин нерӯҳо ва амалкарди онҳо ба чашм мехӯрад, ки ин табиист. Бо назардошти ин ҳолат ва бо истифода аз фурсати муносиб, мехостам ҳама бародарону хоҳарони мубориз ва холисро даъват намоям, то инҷо ҳам дар масъалаи чигунагии рафтор бо ин интиқодҳо аз таълимоти мактаби Ҳазрати Иброҳим (а) кӯмак бигиранд. Оромӣ, хунсардӣ, сабр ва азхудгузаштагӣ моро дар муносибат бо ингуна интиқодҳо ва ҳатто, тӯҳматҳо ҳам, ёрӣ хоҳад кард. Новобаста аз тараф ва нияти интиқодкунанда, чӣ дӯст бошад чӣ рақиб, мо бояд дар вокуниш бо онҳо дар ҳарду ҳолат бо камоли сабру таҳаммул рафтор намоем. Ва ҳечгоҳ набояд вориди баҳсу талош ва ҷидол гашт. Чун ин кор моро аз масири мубориза мунҳариф хоҳад сохт ва нерӯи моро аз мубориза бо зулму золим ба сӯи интиқодгару интиқодҳо мекашонад. Агар интиқодҳо воқеъӣ ҳастанду интиқодгар дӯст, мо бояд бипазирему хомӯшона худро ислоҳ намоем. Агар онҳо ғаразноканду ғайривоқеъӣ, бояд нодида гирифт ва роҳро идома дод. Ин айнан пайравӣ аз рафтори Иброҳим (а) аст, ки ӯро пирӯз гардонд ва ин пирӯзиро ҳамагон имрӯз ҷашн мегирем.

Дар охир, Худовандро бори дигар дуо мекунам, ки идҳои ояндаро миллати азизамон дар як шароити орому осоишта, бе доштани муҳоҷиру гаравгону зиндонӣ, дар фазои дӯстиву бародарии ҳамаи инсонҳо, новобаста аз қавму дину минтақа баргузор намояд.

Идатон муборак!

Бародари Шумо,
Муҳиддин Кабирӣ