Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Паёми табрикотии раиси ҲНИТ ба муносибати 25-умин солгарди истиқлолият ва иди Қурб

Паёми табрикотии раиси ҲНИТ ба муносибати 25-умин солгарди истиқлолият ва иди Қурб

 Паёми табрикотии раиси ҲНИТ ба муносибати 25-умин солгарди истиқлолият ва иди Қурбон

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон

Ҳамватанони азиз, мардуми шарифи Тоҷикистон!

Имсол Иди истиқлолиятро дар арафаи Иди Шарифи Қурбон пешвоз мегирем ва бо истифода аз ин фурсат, якояки Шуморо ба муносибати ҳарду ид табрик намуда, аз Худованди маннон бароятон саломатӣ, саъодати ҳарду олам ва қабули ибодатҳоро  таманно дорам.

Бешак, ҳамагуна истиқлолият  қурбонӣ мехохад ва бидуни қурбонӣ ҳеҷ инсоне, миллате ва кишваре ба истиқлолияти воқеъӣ  нарасидааст ва нахоҳад расид. Инсон барои расидан ба истиқлолияти фардӣ бояд ҳавову ҳавас , молу мулк ва беҳтаринҳои худро қурбон кунад. Ҳамон тавре, ки ҳазрати Иброҳим барои исботи истиқлолияти хеш аз Шайтон ва нафси худ, омода шуд беҳтарин дороияш, ҳазрати Исмоилро қурбон кунад. Барои ҳамин ҳам ин рӯзро мӯъминон ҳамчун ид пешвоз мегиранд. Иди рахоӣ аз тарс, аз нафс ва эълони истиқлолият аз ҳама нерӯ, шахсият ва бутҳои ҷисмониву зеҳнӣ, ҷуз Худованди мутаъол.

Агар ҳазрати Иброҳим рамзи динии қурбонӣ додан барои итоат аз амри Парвардигор ва эълони истиқлолияти воқеъӣ аз  тарси ҳоким ва ҳавову ҳаваси инсонӣ аст, Коваи оҳангар барои миллати тоҷик рамзи мубориза барои озодӣ ва истиқлолият аз Заҳҳок аст, ки ӯ рамзи як ҳокими золим ва ҳокимияти истибдодӣ мебошад. Чандин фарзанди Кова қабл аз қиёмаш қурбонии морони Заҳҳок гашт ва ӯ сабрро пеша кард, то зомини хуни қавмаш нашавад ва фикр мекард, шояд Заҳҳок рӯзе аз нӯшидани хуни ҷавонони миллат сер гардад. Танҳо пас аз итминони пурра, ки Заҳҳок аз хуни миллат сер карданӣ нест ва барои ором кардани нафси  худ омода аст то охирин ҷавони миллатро нобуд гардонад, даст ба иқдом зад, то миллаташро аз шоҳи золим раҳо кунад. Ин ду омӯза — яке динӣ ва дигаре миллӣ, ба мо тоҷикон нишон медиҳад, ки роҳи расидан ба озодӣ ва истиқлолият дар марҳалаи аввал ниёз ба Сабр ва Умед дорад. Айнан ҳамон марҳалае, ки Иброҳиму Кова дар муборизаи худ аз сар гузарониданд. Аммо, дар сурати ногузир будани муборизаи қатъӣ,  марҳалаи дуввум ниёз ба Ҷасорат ва Устуворӣ дорад. Ва аз ҳама муҳимаш, омода будан барои қурбонӣ шудан дар роҳи озодии миллат ва истиқлолияти воқеъии  кишвар.

Набояд фаромӯш кард, ки бидуни истисно, ҳамаи муборизини ростин барои озодӣ ва истиқлолият аз золимон ва истеъморгарон аз тарафи ҳокимони замони худ бо тӯҳматҳои » фитнагар», »хоин», »ҷинояткор» ва »барҳамзанандаи субот» мавриди таъқиб, зиндон ва ҳатто куштор қарор гирифтаанд. Ҳатто, ҳазрати Исо, ки рамзи меҳрубониву парҳез аз хушунат аст, аз тарафи ҳукумати замони худ ҳамчун »ошӯбгар» ва »хоин» маҳкум ба қатл аз тариқи чормех  гашт. Тамоми муборизини садсолаҳои ахир ҳам, ки миллатҳояшонро ба истиқлолият расониданд, замонеро дар зиндонҳо ва ё табъид бо тӯҳмати ҷиноят зидди   давлат гузаронидаанд. Қисме худ ба пирӯзӣ расиданд ва қисмеро андешаву ормонҳояшон пас аз шаҳодату қурбонӣ пирӯз шуд.

Дуруст аст, ки имсол 25 — солагии Истиқлолияти давлатиро ҷашн мегирем, ки як падидаи бисёр арзишманд ва муҳим барои миллат ба ҳисоб меравад. Аммо, муборизаи  тоҷикон  барои истиқлолияти миллӣ ҳазорсолаҳо боз идома дорад ва ҳанӯз ҳам ба охир нарасидааст. Истиқлолияти миллӣ танҳо дар сурати  доштани миллати мустақил ба вуҷуд меояд ва миллати мустақил ҳам дар навбати худ, аз  инсонҳои озод шакл мегирад. Шакл гирифтани миллати мустақил ва озод дар шароити вуҷуди як ҳукумати худкомаи диктотурӣ имкон надорад ва нахоҳад дошт. Истиқлолияти давлатӣ ҳам бидуни доштани шаҳрвандони озод ва  миллии мустақил  комил нест ва ҳар замон метавонад осеб бинад.

Вақте аз  истиқлолияти давлатӣ ҳарф мезанем, бояд ҳамеша хотираи касоне ки баҳри он талош карданд ва ҳатто, ҷони худро аз даст доданд, пос бидорем. Ба хусус, устодон Тоҳири  Абдуҷаббор, Аслиддин Соҳибназаров ва Қадриддин Аслонов, ки дуи аввал аз ташаббускорони аслии эълони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар сатҳи Парлумон буданд ва аввалин матни Эъломияи Истиқлолият низ аз ҷониби эшон омода шуда буд. Марҳум Қадриддин Аслонов ба хотири имзои Эъломияи Истиқлолият ва эълони он ҳамчун роҳбари давлат аз тарафи нерӯҳои зиддимиллӣ ва зидди истиқлолият ба шаҳодат расид. То абад бояд номи ин абармардони  миллат дар саҳифаҳои заррини таърихи истиқлолияти Тоҷикистон сабт гардад ва ҳамеша аз онҳо ёдоварӣ шавад.

Мехостам инҷо аз заҳматҳо ва талошҳои устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ баҳри расидан ба истиқлолияти миллӣ зикр намоям. Агар нақши шахсияти эшонро дур аз қолабҳои гурӯҳиву ҳизбӣ баррасӣ намоем, дар таърихи Тоҷикистони Шӯравӣ пас аз репрессияҳои сталинӣ ягона тоҷике буд, ки расман бо иттиҳоми »фаъолияти зиддишӯравӣ» зиндонӣ гашт. Мақомоти давр дар андешаҳо ва фаъолиятҳои ӯ ҳолатҳоеро пайдо намуданд, ки метавонист барои сохти шӯравӣ хатарнок бошад ва пояҳои идеологии онро заъиф гардонад. Ба маънои дигар, раванди худшиносии мазхабӣ ва миллро тақвият бахшида, истиқлолхоҳии шаҳрвандон аз марказро шакл бидиҳад. Дар тамоми Шӯравӣ танхо чанд нафар буданд, ки бо ин иттиҳом зиндонӣ ё табъид гашта буданд ва имрӯз аз тарафи миллатҳои воқеъан ба истиқлолиятрасидаи худ, ҳамчун қахрамонҳои миллӣ эътироф гаштаанд.

Шиори истиқлолият имрӯз тасодуфан ба дасти касоне афтодааст, ки алайҳи он бо силоҳ мубориза бурданд ва мехостанд вобастагии кившарро аз пойтахтҳои дигар барқарор кунанд. Имруз истиқлолиятро ҷашн мегиранд, чун дигар илоҷ надоранд ва аз тарафи дигар , истиқлолият ба онҳо ҳокимият ва моликият дод. Ба хотири ҳифзи ҳокимият ва моликият  агар лозим шавад аз баҳри он хоҳанд гузашт, чун аз аввал мухолифи он будаанд. Табиист, ки то рӯзи будани онҳо қаҳрамонони воқеъии Истиқлолият расман эътироф нахоҳанд шуд.  Вале, бояд миллат қахрамонҳои воқеъии худро эътироф ва парчами мубориза барои расидан ба Истиқлолияти миллӣ бигардонад.

Дар охир бори дигар ҳамаи Шумо ҳамватанони азизро ба муносибати ин ду Иди бузург муборакбод мегӯям ва барои миллату кишвари азизам озодиву истиқлолияти воқеъиро хоҳонам.

Бо эҳтиром,

Муҳиддин Кабирӣ

бознаш аз Паём.нет