Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Паёми табрикотии роҳбари ҲНИТ ба муносибати Иди Қурбон

Паёми табрикотии роҳбари ҲНИТ ба муносибати Иди Қурбон

Ҳамватанони азиз!

Фарорасии Иди саиди Қурбонро аз самими қалб ба Шумо табрик гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол бароятон сарбаландӣ, зиндагии осуда, саломатии бардавом, хонаи ободу ояндаи равшан таманно менамоям.

Иди Қурбон дар баробари онки нишоту хурсандӣ, эътои таъом ва дастгирии ятимону барҷоймондагон ва камбизоатонро дар худ ҷой додааст, намод ва рамзи исору азхудгузаштагӣ, сабру бурдборӣ ва таслими беқайду шарт дар баробари дастур ва фармони Худованди бузург(ҷ) низ мебошад. Худои карим(ҷ) тавассути ҳазрати Иброҳим(а) пешвои садоқату яктопарастӣ, ба мусалмонон омӯхт, ки чигуна барои ба даст овардани ризояти Парвардигорашон азхудгзаштагӣ намуда дар баробари амру дастуроти Илоҳӣ таслим шаванд. Ҳазрати Иброҳим(а) бо амали худ нишон дод, ки барои ба даст овардани ризояти Парвардигор, омодааст наздиктарин фард ва ҷигарбанди худро фидо намояд.

Илова бар ин дар рӯзи Иди Қурбон миллионҳо зоирони Байтуллоҳ барои иҷрои фаризаи Илоҳӣ дар шаҳри муқаддаси Макка гирди ҳам омада, маносики ҳаҷро бо сари тарошида, либоси сафеду якранг иҷро намуда, амалан ваҳдат ва сарсупурдагии худро дар баробари Холиқи якто нишон медиҳанд. Ин нишондиҳандаи он аст, ки Ислом дини танҳо як қавму қабилаи хос набуда, меъёри бартарияти инсонро дар назди Худованд танҳо доштани тақво қарор додааасту бас. Чуноне, ки Худованди бузург мефармояд : “Ҳароина гиромитарини шумо дар назди Худованд, ботақвотарини шумост”.

Имсол дар арафаи ин Иди Саид як гурӯҳ бародарони мову шумо маҳз ба хотири пайравӣ аз Иброҳими Халил дар гӯшаи зиндон қарор доранд. Бародароне, ки дар ин рӯзҳо улгуи сабру исору гузашт ҳастанд ва мазлумона бо туҳмату буҳтон дар кунҷи зиндон афтодаанд. Дуо мекунем, ки Худованд ин бародарон ва тамоми бародаронеро, ки дар маърази имтиҳон қарор доранд ҳарчӣ зудтар аз банди зиндону туҳматҳои ногаҳон ва зулми золимон наҷот диҳад.

Миллати мусалмони Тоҷикистон,ки имрӯзҳо дар баробари имтиҳони Илоҳӣ қарор дорад, умед дорам аз сабру устувории ҳазрати Иброҳим (а) дарси зиндагиро фаро гирифта, баҳри ободии кишвар ва барқарории сулҳу осоиштагӣ ва адлу инсоф, саъю талоши худро дареғ нахоҳанд дошт.

Дар охир аз Худованди таборак ва таъоло таманно менамоям, ки фазои сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва осудагиву тинҷиро ба манзили ҳар як Тоҷикистонӣ баргардонда, неъмати озодӣ ва адолатро насибашон намояд.

Иди Қурбон муборак!

Бо эҳтиром:
Раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон
Муҳиддин Кабирӣ