Раёсати Олии ҲНИТ бо изҳори дареғу таассуф аз даргузашти падари Парвини Иброҳимзод, раиси Шуъбаи бонувони ҳизб ва модари Абдусаттор Бобоев (маъруф ба эшони Абдусаттор), увзи Раёсати Олӣ, бохабар шуда, ба ҳар дӯи инҳо ва хонаводаҳои мӯҳтарамашон ҳамдардӣ ва таслият арз мекунад.
Модари бузургвори эшони Абдусаттор — Худо раҳматаш кунад – як зани муъмина, сабур, мубориз ва поқдомане буд, ки аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ то кунун ранҷҳои зиёдеро дид. Ӯ пас аз зулму ситаме, ки болои ҲНИТ ва аъзои он, аз ҷумла фарзандаш омад, хеле нороҳат буд ва барои пурӯзии муборизони тоҷик дуои хайр мекард. Ин модари меҳрубон ҳамонанди даҳҳои модари фаъолони сиёсӣ ҳабмвора зери фишори мақомоти тоҷик қарор дошт. Бо мурури замон вазъияти саломатиаш вахим гашта, ба бемории саратон гирифтор шуд ва ниҳоятан шаби душанбе 14-уми августи 2017 соати 21:30 ба вақти Тоҷикистон дунёи фониро падруд гуфт.
Ҳамчунин, Иброҳим Бойзода (1935-2017), падари Парвини Иброҳимзод, беш аз 40 сол ҳамчун омузгор ба миллату кишвар хидмат карданд. Аз соли 1997 аз бемории саратон ранҷ мебурд ва чанд бор амалиёти ҷарроҳиро аз сар гузаронд. Аммо ду рӯз пеш аз даргузашташ вазъияти саломатиаш бад шуда, ахиран бегоҳи 14-уми августи 2017 соатҳои 19:00 ба вақти Тоҷикистон ҷон ба ҷонофарин супорид.
Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломӣ реҳлати модари меҳрубон ва падари бузургворро ба хонум Парвини Иброҳимзод ва бародар эшони Абдусаттор таслият гуфта, барои онҳо сабри ҷамил ва барои гузаштагон биҳишти баринро хоҳон аст.
Аъзои РО дар ин рӯзҳои душвор дар канори ин хоҳари гиромӣ ва бародари арҷманд буданд ва ҳастанд.
Рӯҳашон шоду ёдашон гиромӣ бод.
Раёсати олии ҲНИТ
16.08.2017