Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Паёми таслияти РО ҲНИТ ба муносибати даргузашти падари устод Кабирӣ

Паёми таслияти РО ҲНИТ ба муносибати даргузашти падари устод Кабирӣ

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон!

انا لله و انا اليه راجعون

Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз хабари даргузашти падари бузургвор, Тилло Кабиров, падари Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ андуҳгин ва ғамгин аст.

Марҳум бобои Тилло як инсони наҷиб, меҳнаткаш, хоксор ва меҳрубон буд, ки дар солҳои ахири зиндагиаш дар баробари ҳама фишорҳову аъмоли ноҷавонмардонаи бархе алайҳи худ ва аъзои хонаводааш устувор ва боазимат боқӣ монд. Марҳум намунаи як инсони комил, аҳли фазл ва моломол аз хулқи накуву азхудгузарӣ буданд.

Ҷоннисориҳову фидокориҳои бобои Тилло, ки дар солҳои ахир илова ба фишору таъқибҳо, аз фироқи фарзандони баруманди худ ва зулму ситам алайҳи онҳо ба шиддат ранҷ мебурд, фаромуш нахоҳанд шуд. Он сӯҳбати ҳакимонааш бо рехтани ашкҳои маъсумаш дар баробари камераи режими бераҳм дар ёди тоҷикон ҳамеша боқӣ хоҳад монд.

Раёсати Олии ҲНИТ даргузашти марҳум бобои Тиллоро хидмати устоди азиз, Муҳиддин Кабирӣ, аъзои хонаводаи мӯҳтарами ӯ ва тамоми аъзову ҷонибдорони Ҳизби наҳзати исломӣ таслият гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол барои марҳум орзуи мағфирату омурзиш ва барои устод Кабириву бастагонаш сабри ҷамил ва шикебоӣ хоҳон аст.

Мо дар ин ғам ва андуҳи ҷонкоҳ шарик ва ҳамдард ҳастем.

Рӯҳаш шоду ёдаш гиромӣ бод!

Раёсати Олии ҲНИТ

22.10.2016