Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Паёми таслияти устод Кабирӣ ба Қиёмиддини Аваз

Паёми таслияти устод Кабирӣ ба Қиёмиддини Аваз

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон.

Мо аз Худовандем ва бозгашти мо ба сӯйи ӯст.

Бо ғаму андӯҳ ва ҳамдардӣ реҳлати ҷонгудози падари бузургворамон Қамариддини Авазро ба бародари зиндониам Қиёмиддини Аваз, аҳли хонавода ва ҳамаи наздикони марҳум таслият арз мекунам. Аз Худованд барои марҳум ҷаннатул-фирдавс ва барои бастагонаш сабри ҷамилро таманно дорам.

Инчунин, реҳлати ин Падари сабур, мухлис ва азияткашидаро ба ҳамаи зиндониён, муҳоҷирин ва озодандешони миллат тасёлият мегӯям. Зеро, марҳум танҳо як падари оддии фарзандони мубориз, ростқавл ва миллатдуст набуд, балки намояндаи як гурӯҳи бузурге аз падарону модарони миллат буд, ки фарзандонашон ба хотири миллат, дин ва кишвари азизамон дар зиндон ё ҳиҷрат қарор доранд. Оне, ки реҳлати ҳар кадоме аз ин падарону модарони азизро мардум бо камоли ғамшарикӣ қабул мекунанд, баёнгари он аст, ки дар симои ҳар кадоме аз ин бузургворон фарзандони муҳоҷир ё зиндонии миллат падар ва модарони ғамзадаву азияткашида, вале боиродаву сабури худро мебинанд.

Марҳумро аз наздик мешинохтам. Хоксориву поктинатӣ, некандешӣ ва ҳалимии хоссе доштанд. Аз дустон ва ёрони наздику ҳампаймони Устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ буданд ва аз солҳои ҷавонӣ то охири ҳаёт масъулияти худро ҳамчун дуст ва ҳампаймон бо беҳтарин сурат анҷом доданд.

Марҳум яке аз падароне буд, ки ҳанӯз як сол қабл аз манъи ҳизб таҳти фишори мақомоти давлатӣ қарор гирифтанд. Бори охир, баҳори соли 2015 мақомоти қудратӣ бо таҳдид ва фишори зиёд ӯ ва ҳамсарашро, ки ҳарду аз маризии қалб ва фишор азият мекашиданд, аз вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе оварданд ва дар бинои шаҳрдорӣ то дергоҳ мавриди шиканҷаи равонӣ қарор доданд. Танҳо пас аз бад шудани вазъияти саломатии ҳамсарашон дар бинои шаҳрдорӣ, дар натиҷаи фишору истинтоқи мақомот марҳум розӣ шуданд, ки ба писарашон Қи
ёмиддин фақат шарти мақомот барои озодиашон, яъне эълони қатъи фаъолияти ҳизб дар пойтахтро бирасонданд. Шарте, ки ҳечгоҳ иҷро нашуд.

Баҳои устувории ин хонаводаи мубориз ва бовафо ҳабси минбаъдаи фарзандашон Қиёмиддини Аваз, ҳиҷрат ва шаҳодати писари дуввум дар ҳиҷрат ва ниҳоятан шаҳодати худи падари бузургвор дар давоми якуним соли ахир будааст.
Зиндагӣ, фаъолият, муносибат ба арзишҳову муқаддасоти инсонӣ ва ҳатто, рафтани марҳум ҳикоят аз он мекунанд, ки мо як инсони намунавиро аз даст додем, ки ҷомеъаи имрӯзаи мо ба он ниёз дорад. Аз тарафи дигар, таърихи ин Падар бо хонаводааш Қамариддинҳои дигарро дар миллат тарбият хоҳад кард. Ва ин миллат то вақте, ки падаре мисли ӯ ва писаре мисли Қиёмиддини Аваз дорад, ҳечгоҳ дар баробари зулм, дуруғ ва хиёнат сар ҳам нахоҳад кард.

Худованд мақоми марҳумро дар паҳлӯи сиддиқину шуҳадо ва мо бозмондагонашро аз ҷумлаи собирону соликони роҳи ишон бигардонад!

Муҳиддин Кабирӣ
24.02.2017