Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Пешниҳод оид ба Рӯзи маҳбусини сиёсӣ дар Тоҷикистон

Пешниҳод оид ба Рӯзи маҳбусини сиёсӣ дар Тоҷикистон

Пешниҳод оид ба Рӯзи маҳбусини сиёсӣ дар Тоҷикистон

«Роҳбари ҲНИТ дар яке аз ҷаласаҳо ахиран пешниҳод кард, ки 16-уми сентябр (ё яке аз рӯзҳои дигари марбут ба маҳбусони сиёсӣ) ҳамасола ҳамчун рӯзи ҳамдилӣ бо ин қаҳрамонони мазлум ва наздикону пайвандонашон аз тарафи ҷомеаи шаҳрвандӣ эълон шавад»

Солҳо боз баҳси ҳуқуқӣ-сиёсӣ дар маҳфилҳои дохилӣ ва хориҷӣ атрофи вуҷуд доштан ё надоштани маҳбусони сиёсӣ дар Тоҷикистон идома дошт. Ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳомиёни ҳуқуқи башар (чи дохилӣ ва чи хориҷӣ) ва рӯшанфикрону коршиносони мустақил бар он буданд ва ҳастанд, ки падидаи “маҳбуси сиёсӣ” дар Тоҷикистон вуҷуд дошт ва мутаассифона, дорад.

Аммо, мақомот ҳамеша инро инкор мекунанд, бо ин далел, ки қонунгузории кишвар чунин мафҳум ва меъёрро эътироф накардааст. Парванди Зайд Саидов, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Шуҳрат Қудратов ва чандин сиёсатмадорону фаъолони сиёсӣ, ки қаблан зиндонӣ шуда буданд, ошкоро заминаи сиёсӣ доштанд, агарчи мақомот ҳамеша онро рад карда буданд. Дар кишвари мо падидаи бадтаре, мисли кушторҳои сиёсӣ низ ҷой дорад, ки то ҳол касе онро ҷиддӣ нагирифтааст.

Аммо, расо як сол пеш, 16-уми сенятбри соли 2015, дар як амалиёти саросарӣ ва бидуни таҳқиқоти қаблӣ, садҳо нафар сиёсатмадорон, фаъолони сиёсӣ, вакилон ва рӯзноманигорон ба ҳабс гирифта шуданд. На бо қарори суд, балки бо қарори сиёсӣ ва аз ҷониби мақоми сиёсӣ. Ва танҳо пас аз гузашти замоне ба ин қарори сиёсӣ пушиши ҳуқуқӣ ва он ҳам, ғайри боварибахш, дода шуд. Ба ибораи дигар, “маҳбуси сиёсӣ” аз як падидаи мавриди баҳс ба як воқеияти талхи раднашаванда дар кишвар табдил шуд. Воқеъияте, ки бояд дар як кишвари мутамаддин, ҳуқуқбунёд ва демократӣ вуҷуд надошта бошад. Ҳеч инсоне ба хотири фаъолият, ақида ва мавқеъи сиёсиаш набояд мавриди таъқиб, ҳабс ва шиқанҷа қарор бигирад.

Мубориза бо ин падидаи шармовар кори як нафар, як гурӯҳ ва ҳатто як давраи хос нест. Он бояд ҳамагонӣ ва ҳамавақтӣ бошад.

Вале, барои додани аҳаммияти хос ва ҳамеша дар авлавият нигаҳ доштани қазияи маҳбусони сиёсии кишвар, бояд вақти он расида бошад, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ рӯзеро барои он ихтисос диҳад. Ин рӯз метавонад рӯзи ҳабси Искандаров бошад ё Зайд Саидов ё ҳар маҳбуси сиёсии дигар. Вале, ҳабси дастаҷамъии сиёсатмадорон ва вакилону рӯзноманигорон дар сентябри соли 2015 на танҳо ин падидаро бармало кард, балки кишварро аз як ҳолати нимдемократӣ-нимавторитарӣ ба як марҳалаи комилан диктотурии баста ворид намуд.

Аз ин рӯ, роҳбари ҲНИТ дар яке аз ҷаласаҳо ахиран пешниҳод кард, ки 16-уми сентябр (ё яке аз рӯзҳои дигари марбут ба маҳбусони сиёсӣ) ҳамасола ҳамчун рӯзи ҳамдилӣ бо ин қаҳрамонони мазлум ва наздикону пайвандонашон аз тарафи ҷомеаи шаҳрвандӣ эълон шавад. Ва на танҳо эълон, балки ҳамасола дар арафаи он, мавзуъи маҳбусони сиёсии кишвар мавриди таваҷҷуҳи хосси доираҳои сиёсӣ, расонаӣ ва таҳлилӣ қарор бигирад.

Қобили зикр аст, ки имсол дар нимаи дуюми сентябр ҳам конфронси солонаи САҲА дар Варшава ва гузориши Тоҷикистон ба тавсияҳои СММ оид ба ҳуқуқи башар баргузор мегардад. Дар ҳар ду чорабинӣ, масъалаи маҳбусони сиёсӣ аз масоили меҳварӣ ба ҳисоб меравад ва эълони чунин рӯзе дар арафаи ин ду чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ иқдоми муассире хоҳад буд.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов
Сухангӯи ҲНИТ