Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
BBC: Порлумон тарҳи ҲНИТ барои ислоҳи хидмати сарбозиро рад кард

BBC: Порлумон тарҳи ҲНИТ барои ислоҳи хидмати сарбозиро рад кард

Шӯрои Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон тарҳи пешниҳодии Ҳизби наҳзати исломӣ дар мавриди ислоҳи қонун дар бораи хидмати сарбозӣ ва таъаҳҳудоти низомии шаҳрвандонро рад кардааст.

Дар ин бора Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯйи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), умдатарин ҳизби мухолифи давлат, баъд аз зуҳри рӯзи ҷумъаи 26 сентябр хабар дод.

Ин тарҳ аз сӯйи Муҳиддини Кабирӣ ва Саидъумари Ҳусайнӣ, аъзои порлумон аз ҳизби наҳзати исломӣ, рӯзи 25 апрели соли ҷорӣ барои баррасӣ ба Маҷлиси Намояндагон пешниҳод шуда буд.

Намояндагони ҲНИТ ҳадаф аз пешниҳоди ин тарҳро "пешгирии “облава” (сарбозгирии иҷборӣ), таъмини беҳтари даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ, аз байн бурдани ришвахорӣ дар мавсимҳои даъвати ҷавонон ба артиш ва муҳайё намудани замина барои таъсиси артиши касбии кишвар" хонда буданд.

Аммо тарҳҳои пешниҳодӣ аз сӯи аъзои ҷудогонаи порлумон, бавижа намояндагони аҳзоби мухолиф, маъмулан қабл аз баррасӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон ирсол мешаванд ва дар сурате, ки ҳукумат напазирад, Маҷлиси Намояндагон аз баррасии онҳо сарфи назар мекунад.

Ба гуфтаи манобеъи ҲНИТ, тарҳи пешниҳодии оқоён Кабирӣ ва Ҳусайнӣ дар бораи ислоҳи низоми хидмати сарбозиро ҳам Ҳукумати Тоҷикистон напазируфта ва аз аввали августи соли ҷорӣ ба порлумон нивиштааст, ки "лоиҳа ба шакли пешниҳодшуда дар маҷмӯъ қобили дастгирӣ намебошад."

Яке аз пешниҳодҳои умдаи ҲНИТ дар бораи тағйири низоми хидмати сарбозӣ таъсиси сандуқе вижа барои пуштибонӣ аз нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аст, ки ҳазинаи он аз будҷеи давлат ва пулҳое, ки шаҳрвандон барои анҷом надодани хидмати сарбозӣ мепардозанд, фароҳам мешавад.

Ба гуфтаи муаллифони ин тарҳ, касоне ки моил ба анҷоми хидмати сарбозӣ нестанд, бояд ба сандуқи вижаи ҳимоят аз нерӯҳои мусаллаҳ маблағе пул бипардозанд. Дар баробари ин, давлат бояд ба сарбозон маъош бипардозад, ки камтар аз ҳуқуқи моҳиёнаи мутавассити шаҳрвандон набошад.

Барои касоне, ки на хидмати сарбозиро анҷом медиҳанд ва на ба ҷойи он пуле ба сандуқи ҳимоят аз артиш мепардозанд, ҲНИТ пешниҳод карда буд, ки истихдоми онҳо дар ниҳодҳои давлатӣ мамнӯъ эълом шавад.

Фаъъолони ҳизби наҳзати исломӣ мегӯянд, ки дар сурати баррасӣ ва тасвиб дар порлумон ва иҷрои тарҳи пешниҳодии онҳо, падидаи номатлуби сарбозгирии иҷборӣ, ки бо мавориди густардаи нақзи ҳуқуқи башар аз сӯи маъмурони давлатӣ ҳамроҳ аст, аз миён хоҳад рафт.

Ҳамчунин, тасвиб ва иҷрои ин санад аз диди онҳо кумак мекунад, ки дигар заминае барои ришвахорӣ ва фасод дар кумисериёҳои низомии маҳаллӣ ва ягонҳои артиши Тоҷикистон боқӣ намонад. Баръакс, бо таваҷҷуҳ ба таъсиси сандуқи вижа имкон дорад таъмини хӯроку пӯшок ва вазъияти беҳдоштии сарбозон дар артиш беҳтар шавад.

Аммо дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси Намояндагон, ки рӯзи 26 сентябр доир шуд, аъзои ин шӯро, ки умдатан аз ҳизби ҳокими халқи демукрот ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ, ҳастанд, тарҳи пешниҳодии бонуфузтарин ҳизби мухолифи давлатро рад кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз афроди муътамади оқои Раҳмон дар давраи номзадияш дар интихоботи риёсати ҷумҳурии гузашта (6 ноябри 2013) эълом карда буданд, ки яке аз аҳдофи ӯ дар даври тозаи риёсаташ ислоҳи низоми артиш ва хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистон хоҳад буд.

Гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ҳамвора аз таъқибу боздошти ҷавонон дар хиёбонҳо ва эъзоми иҷбории онҳо ба артиш, ки ҳамроҳ бо лату кӯб ва шиканҷаи ин афрод сурат мегирад, интиқод мекунанд.

Аз мавориди зиёди шиканҷаву озор, қатл ва маргу мири тозасарбозон дар маҳалли хидмат, суитағзия ва ибтило ба бемориҳои гуногун, назири сил, баҳракашии фармондеҳон аз нерӯи кори сарбозон, аз ҷумла чун хидматкор нигоҳ доштану кор фармудан дар манзили афсарон, гузоришҳое мунташир шудааст.

Радди пешниҳоди ҳизби наҳзати исломӣ дар бораи ислоҳи низоми хидмати сарбозӣ аз сӯи порлумони Тоҷикистон дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ, авосити моҳи сентябр фармонеро дар бораи оғози мавсими пойизии сарбозгирӣ дар ин кишвар содир кард.

Дар ин мавсим, ки моҳҳои октябр ва ноябрро дар бар мегирад, сарбозоне, ки хидматро анҷом доданд, аз артиш мураххас ва ҷавонони расида ба синни хидмат ба суфуфи артиш мепайванданд.

Хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистон дусола ва иҷборист. Ҷавонони синини 18 то 27 сол, ки бемор ё маълул ва ё танҳо фарзанди хонавода нестанд, ва ё дар донишгоҳ ё муассисоти дигари омӯзиши олӣ таҳсил намекунанд, дар ду мавсими баҳор ва пойиз ба хидмати сарбозӣ эъзом мешаванд.

Аммо ба гуфтаи нозирон, бисёре аз ҷавонони синни хидмати сарбозӣ, ки майле ба хидмат дар артиш надоранд, баъд аз фориғ шудан аз мадраса ва дар сурати пазируфта нашудан ба донишгоҳ ба унвони муҳоҷири корӣ ба Русия мераванд ва солҳо дар он ҷо мемонанд.

Мавориди зиёди фирори сарбозон аз артиш ҳам сабт шуда ва ба гуфтаи манобеъи низомӣ, тайи солҳои ахир беш аз 700 нафар аз сарбозони фирорӣ ба Русия ва кишварҳои дигар паноҳ бурдаанд.

Порлумон тарҳи ҲНИТ барои ислоҳи хидмати сарбозиро рад кард
Шӯрои Маҷлиси Намояндагони порлумони Тоҷикистон тарҳи пешниҳодии Ҳизби наҳзати исломӣ дар бораи ислоҳи қонун дар бораи хидмати сарбозӣ ва таъаҳҳудоти низомии шаҳрвандонро рад кардааст.