Раҳматуллоҳи Раҷаб
Раҳматуллоҳи Раҷаб (Ҷобир Раҳматуллоҳ Раҷаб), сиёсат-мадор ва фаъоли тоҷик, раиси шуъбаи ҲНИТ дар НТМ ва собиқ раиси шуъбаи интихобот аст.
Вай узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад.
Раҳматуллоҳ 5-уми июни соли 1958 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Ӯ рӯзи 15-уми сентябри соли 2015 аз тарафи кормандони КДАМ дар хонааш боздошт шуд.
Таҳсил
Вай пас аз таҳсилоти ҳамагонӣ, соли 1995 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар риштаи иқтисод хатм намудааст.
Фаъолияти сиёсӣ
Ӯ солҳои 90-ум ба ҲНИТ пайваст ва аз 2005 то 2010 ба унвони муовини раиси шуъбаи интихоботи ҳизб ва аз 2010 то 2013 ба ҳайси раиси шуъбаи мазкур фаъолият намудааст.
Раҳматуллоҳи Раҷаб аз соли 2013 то кунун раиси шуъбаи ҲНИТ дар навоҳии тобеъи марказ аст.
Боздошт
Кормандони КДАМ рӯзи 16-уми сентябри соли ҷорӣ 13 тан аз масъулини аршади Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷумла ӯро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи Назарзода дар хонааш дар шаҳри Душанбе боздошт карданд. Иттиҳоме, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ба шиддат онро рад мекунад.
Раҳматуллоҳ донандаи забонҳои форсӣ ва русӣ мебошад.
Оиладор соҳиби 3 фарзанд аст.