Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Раҳбари ПМТ: "Маорифи мо ҳоло ду гуруҳ инсон парвариш мекунад, муҳоҷир ва пайрави пешво”.

Раҳбари ПМТ: "Маорифи мо ҳоло ду гуруҳ инсон парвариш мекунад, муҳоҷир ва пайрави пешво”.

Маҷаллаи Донишгоҳи Вашингтон мусоҳибаи фарогиреро бо раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ нашр кардааст.

Дар ин мусоҳиба сухан дар мавзӯъҳое мисли имкони ислоҳоти сиёсӣ дар Тоҷикистон, вазъи иқтисодии кишвар ва сабабҳои заъфи он, вазъи маорифу омӯзиш, соҳаи тиб, энергетика, муҳоҷират, ифротгароӣ, маводи мухаддир, қарзҳо аз Чин ва таваққуъот аз Ғарб ва ғайра меравад.

“Қадами аввал барои тағйири вазъ ин эътироф кардани ҳамин воқеъият аст. Ҳам мардуми тоҷик ва ҳам дустони хориҷии миллати мо бояд ба ин нукта бирасанд, ки таҳаммули бештари ин вазъият маънии тан додан ба ин воқеъияти талх ва ё рози будан ба он аст.

Қадами дуюм, истифодаи ҳамагуна василаҳои машруъи байналмиллалӣ барои додани шанс ба миллати тоҷик, ки аз панҷаи ин низоми диктотурӣ раҳо ебад ва як ҳукумати масъулиятшиносро сари қудрат биерад”.

“Пешбинии мо ин аст, ки Раҳмон ҳамчунон талош мекунад ин неруро ба ҳар шакле бошад дар берун нигаҳ бидорад. Бадшавии вазъи иқтисодии кишвар вазъияти сиесиро ҳам буҳронӣ хоҳад кард, вале контрол кардани аҳолии норозӣ хеле осон аст, вақте ки ин аҳолӣ аксаран аз калонсолон ва ё тифлон иборатанд.”

“Ба ибораи дигар, низоми маорифи мо ҳоло 2 категория инсон парвариш мекунад, муҳоҷир ва ё !пайрави пешво”. Муаллим дар ивази маоши ночиз назди низоми маориф 2 масъулияти асосӣ дорад: 1) назорати мағзу зоҳири хонандагон, ки мутобиқ ба хостаҳои “пешво” бошад; 2) назорат ба сандуқҳои интихобот, ки раъйи лозим ба “пешво” аз он берун биёяд”

“Яке аз сабабҳои рӯ овардани ҷавонони тоҷик ба гуруҳҳои тундрав, мисли ДОЪИШ, Ал-Қоъида ва дигарон, маҳз фалаҷ шудани низоми таълимии динӣ, назди мардум машруъияти  динии худро аз даст додани имомҳо ва ниҳодҳои расмии динӣ ва ҷавобгуйи талаботу ниёзҳои динии мардум набудани ин ниҳодҳо мебошад. ”

“Сохтани Рогун ҳамчун калонтарин нерӯгоҳи минтақа ва “расидан ба истиқлолияти энергетикӣ” дигар як барномаи сирф иқтисодӣ нестанд, як идеология ва шиор ҳастанд, ки Раҳмон ҳади ақал 20 сол боз зеҳни мардумро бо он машғул медорад.”

“Барҳам задани оқибатҳои сиёсати тиббии Раҳмон ва ислоҳи ин соҳа яке аз душвортарин корҳо дар оянда хоҳад буд. Сиёсати имрузаи тиббӣ табобатӣ- тиҷоратӣ аст на пешгирӣ — солимгардонӣ. Барои ислоҳи вазъ бояд фалсафа ва сиёсати соҳаи тибро комилан муосир ва коршоям кард.”

“Бо камоли масъулият метавонам бигуям, худи дин дар рушди радикализми динӣ дар Тоҷикистон поёнтарин нақшро дорад. Агар мардуми кишвар мусалмон ҳам намебуданд, маҷмуъи ин омилҳо ҷавононро ба самти радикализм тела медод. Фақат он радикализм ҷеҳраи динӣ не, балки дигар навъи он мебуд.”

“Моро имрӯзҳо бояд дигар чиз бештар нигарон кунад. Ҳукуматҳои фасодзада ва худкомаи минтақа дар масъалаи қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, пул ва сарватҳо ҷои гуруҳҳои ҷиноятии мусаллаҳи фаромарзиро танг карда, ин каналҳоро доранд дар ихтиёри худ мегиранд. Маълумотҳои зиёде мерасад, ки хонаводаи ҳоким ва мақомоти қудратии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо бархе доираҳои расмӣ ва ғайрирасмии Афғонистон тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва интиқоли маблағу сангҳои қимматбаҳоро дар ду тарафи марз ба роҳ мондаанд.”

“Оне, ки имруз нисфи қарзҳои хориҷии кишвар ба Чин рост меояд ва истиқлолияти  иқтисодии мо тақрибан зери суол рафтааст, бештар ба сиёсатҳои Раҳмон рабт дорад на ба Чин. Ҳар ҳукумате пас аз Раҳмон биёяд, ҳатман бо Чин ҳамчун бо як ҳамсояи бузург бояд робитаҳои хуби иқтисодӣ ва сиёсиву амниятӣ дошта бошад, аз ҷумла , мо ҳам.”

“Иваз кардани вазъият ва низомҳои диктотурӣ дар минтақа вазифаи Амрико ва Аврупо нест, ин масъулияти худи миллатҳои мост. Ягона дархости мо аз Амрико ва кишварҳои аврупоӣ ин аст, ки ба диктотурҳои минтақаи мо кумак накунанд.”

Манбаъ: payom.net