Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
РИСОЛАТИ ҲНИТ: ДИРУЗ, ИМРУЗ ВА ФАРДО

РИСОЛАТИ ҲНИТ: ДИРУЗ, ИМРУЗ ВА ФАРДО

 

РИСОЛАТИ ҲНИТ: ДИРУЗ, ИМРУЗ ВА ФАРДО
Ба номи Худованди
Ҳамд мар Парвардигори якторо, ки инсонро офа- рид ва ӯро соҳиби каромату иззат донист.
«Ва инчунин мо шуморо уммати миёна гардо- нидем, то барои мардум шоҳидИ бидиҳед ва Паём- бар ҳам бар шумо шоҳид бошад»[1]

Дуруд бар Паёмбари У Муҳаммад (с), ки раҳмати оламиён аст.

Худовандо! Хонаи охирати устодон Сайид Абдул- лоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва ҳама касоне ки дар таъсис, инкишоф ва пойдории ин мак- таб саҳме доштанду имрӯз ба лиқои Ту пайвастаанд, обод ва эшонро аз мо пайравону бозмондагон розӣ бигардон ва устувориву суботро насиби соликони ин роҳ бинамо!

Инак, Наҳзат 40-сола шуд ва ба синни камол ра- сид. Рақами 4о ҷойгоҳи хосе дорад ва дар миллати мо ва дигар миллатҳо омехта бо рамзҳову боварҳои мазҳабӣ, миллӣ ва мардумист, ки барои ҳар тоҷик ош- ноянд. Расули Худо (с) дар синни 40-солагӣ ба паём-
барӣ мабъус шуданд, инсон дар 40-солагӣ аз марҳа- лаи ҷавонӣ гузашта ба камолот мерасад.

Хоҳарону бародарони аъзо ва ҳама дӯстону пай- равони ҳизбро бо ин санаи муборак, ки рамзи камолот ва рушду устуворист, табрик гуфта, барояшон аз Ху- дованди маннон ҳидоят ва тавфиқро таманно дорам.

Дар остонаи ин санаи таърихӣ бархе аз масъули- ни ҳизб тасмим гирифтанд, ки китобе дар шакли мусо- ҳиба бо афроди собиқадор ва заҳматкашидаи ин роҳ ба нашр расонанд, то аз диди ин бузургон нигоҳе ба сайри чилсолаи ин ҳаракат карда бошем ва паҳлуҳои гуногуни ин масир пас аз чил сол аз ҷанбаҳои мухта- лиф мавриди баррасии пайравону мухлисон, корши- носон ва оммаи мардум қарор гирад.

Аз банда тақозо шуд, ки китоби омодашударо қабл аз нашр бихонам ва матнеро ба унвони муқаддима дар асоси хондаҳо ва назари бузургон омода созам. Вале тасмим гирифтам, ки назари худро қабл аз хон- дани он омода намоям ва мақолаву мусоҳибаҳои шо- мили ин маҷмуаро пас аз нашр бихонам. Ҳамчуноне ки ҳеҷ кадоме аз мусоҳибон навишта ва гуфтаҳои як- дигарро нахондаанд ва шояд аҳамияти китоб ҳам дар ҳамин бошад, китобест бидуни сужа ва нақша.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳама касоне ки дар омода кардани ин ҳадяи ҷашнӣ ба мухлисону пайраво- ни Наҳзат саҳм гузоштаанд, миннатдории шахсии худ ва ҳамаи роҳбарияти Наҳзатро изҳор медорам. Худо- ванд заҳматҳои эшонро ба даргоҳаш қабул намояд!

Шояд муҳимтарин савол ҳамин бошад, ки муасси- сони Наҳзат бо ташкили чунин ҳаракат чӣ ҳадаф дош- танд: қудрат, мансаб, молу дороӣ, обрӯву ҷойгоҳ ва ё чизи дигар?

Чун яке аз ҳадафҳои аслитарини ҳар неруи сиёсӣ, новобаста аз гароиши сиёсӣ, мазҳабӣ ва иҷтимоии он, расидан ба қудрат аст, ҳамеша ҷавоби табиӣ ва осону сода ҳамин хоҳад буд. Яъне, ҳадаф мансабу қудрат аст ва ҳамаи ҳаракату ҳизбҳои сиёсӣ ба хотири ҳамин таъсис шудаанд ва хоҳанд шуд. Инкори ин шинохт на танҳо душвор, балки гоҳе ғайримантиқӣ низ мебошад. Агар ҳар масъул ё узви Наҳзат иддаъо кунад, ки ҳадаф аз таъсиси ин ҳаракат қудрату мансаб набуд ва нест, ҳадди ақал муттаҳам ба пинҳон кардани ҳақиқат мегардад. Аммо агар посух дода шавад, ки мақсади наҳзатиҳо ҳам аз таъсиси ин ҳизб мисли ҳизбу ташак- кулҳои сиёсии дигари кишвар расидан ба қудрат ва аз тариқи он таъмини зиндагии беҳтар барои худ ва наздикону алоқамандон мебошад, барои зеҳни аксари мардум, аз ҷумла нухбагони миллат хеле ҷавоби сода ва қобили қабул хоҳад буд. Барои чунин посух далели қавию равшан ҳам ҳаст. Чаро он чизе ки барои дига- рон ҷоиз аст, барои мо айб бошад?

Магар чунин ҷавоб воқеӣ ва қонеъкунанда аст ва ё ин танҳо роҳи гурез аз баёни ҳадафҳои ниҳоии ин ҳа- ракат мебошад? Агар имрӯз ҷомеа бовар надорад, ки ҳадафи аслии мо қудрату мансаб нест, пас иллати он- ро дар куҷо метавон ҷустуҷӯ кард? Оё иллати он дар ин аст, ки исботи акси он имкон надорад ва ё мо аҳдо- фи аслии худро бо далелҳои қонеъкунанда расонда натавонистаем ва ё иллат дар ин ҳар ду аст?

Яқинан, агар ҳамин услуб ва мантиқ дар расони- дани ҳадафҳои ҳизб истифода шавад, кор хеле сабук мегардад ва ба ғайр аз иддаи каме аксарият қонеъ ва ором хоҳанд гашт. Чун зеҳнияти ҷомеаро тарзе омода кардаанд, ки як ҳаракат ё ҳизб, ё гурӯҳ бо барномаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ҳатман барои қудрат таъсис меша- вад ва шинохти дигаре аз созмонҳову ташкилотҳо ву- ҷуд надорад. Аммо, аз нигоҳи мо чунин тарзи муар- рифӣ ва шиносонидани ҳадафҳои аслии Наҳзат, агар- чи корро осон мегардонад, ҷуз таҳриф ва гурез аз во- қеиятҳо чизи дигаре нест ва ҳатто зулм нисбати муас- сисони он ва касонест, ки дар ин роҳ ҷон бохтанд, зиндонӣ шуданд, ҳиҷрат карданд ва аз тамоми молу дороии хеш маҳрум шуданд. Оё имкон дошт, ки касе дар солҳои 70 асри бист, дар авҷи қудрати ҲКИШ ва пурқудраттарин ҳукумати давр бо ташкили як гурӯҳи хурди чанднафараи пинҳонӣ дар сар ҳавои қудрату мансабу мақомро бипарварад? Магар ташкили чунин ҳаракат инсонро ба мансабу мақом мебурд ё ба зин- дону шиканҷа? Агар устодон мансаб мехостанд, ма­гар беҳтар набуд, ки узви комсомол ва баъдан комму­нист шаванд ва мисли ҳар инсони дигари Шӯравӣ худ- ро бо фазои идеологиву иҷтимоии замон бисозанд? Пас, онҳо медонистанд, ки чӣ кор мекунанд ва кори худро ҳадафмандона амалӣ менамуданд ва интизори ҳар гуна оқибати нохуш буданд, вале яқинан ҳадафи онҳо мансабу курсӣ ва молу дороӣ набуд.

Чаро мо қабул дорем, ки миллатҳои дигар шахси- ятҳое доштанд, ки ба хотири ақида, дин, озодӣ ва мил- лату Ватан худро дар муқобили қудратҳо гузоштанд, мубориза бурданд, ҳаёти худро фидо карданд, вале қабул надорем, ки миллати мо низ чунин шахсиятҳоро дорост? Магар мо шак дорем, ки Нелсон Манделло барои андешаҳояш муборизаро ба танҳоӣ шурӯъ кард ва ҳама азобу маҳрумиятро чашид, вале на барои мақому мансаб? Ҳатто, пас аз расидан ба мақоми пре­зидент ҳам бовар дорем, ки ҳадафаш курсӣ на- будаасту танҳо озодии миллаташро мехост. Ҳол он ки Манделло аз назари ҳукуматдорони кишвараш ва шо- яд қисме аз ҳамватанонаш беш аз як ҷинояткори туғ- ёнгар ва барҳамзанандаи суботу оромиши кишвар набуд ва бо ҳамин далелҳои зиддиҳукуматӣ будан ӯро зиндонӣ карданд. У ва дӯстонаш дузду авбош набу- данд, балки андеша ва афкори дигар ва мухолиф ба ҳукумати замони худро доштанд ва зиндон рафтанд. Пас чаро бовар накунем, ки миллати мо ҳам чунин фарзандоне дошт, ки худро дар муқобили низом гузо- штанд ва омодаи қурбон шудан дар роҳи аҳдофи худ буданду ҳастанд? Агар зидди сиёсати ҳама гуна ҳуку- мат будан ҷиноят аст, пас Шерак кй буд? Темурмалик кӣ буд? Восеъ кй буд, ки қудратҳо ва ҳукуматдорони замони худашон эшонро бо ҷурми мухолифат ба сиё- сатҳои давлат нобуд карданд?! Агар аз нигоҳи ҳуку- матдорони он замон баҳо бидиҳем, онҳо ҷуз ҷино- яткорон каси дигаре набуданд, вале барои миллат ҳамчун қаҳрамон боқй монданд ва хоҳанд монд. Ягона чизе ки онҳоро дар чашми мардум қаҳрамон кард, ин андешаи онҳо ва муборизаву истодагарии онҳо дар баробари зулму истибдод ва барои озодиву сарбалан- дии миллат будааст, на чизи дигар.

Шояд ягона камбудии устодон ва ҳамроҳонашон дар он бошад, ки онҳо тоҷик буданд, ҳамватану ҳамза- мони мо буданд, вале мисли мо набуданд. Манзури мо аз устодон танҳо раҳбарони Наҳзат нест, балки ҳама касонест, ки натавонистанд хомӯш бинишинанд ва худ­ро дар муқобили сиёсати давр гузоштанд, монанди Сотим Улуғзода, Муҳаммадҷон Шакурй, Тоҳири Абду- ҷаббор, Аслиддин Соҳибназар, Қадриддини Аслон ва дигарон, ки имрӯз дар миёни мо нестанд. Дар ин рӯй- хат шахсоне низ ҷой мегиранд, ки имрӯз дар миёни мо ҳастанд ва метавон онҳоро бо ҷуръат виҷдони миллат номид. Муҳим нест, ки онҳо бо кй муқобиланду бо кй ҳамнаво. Муҳим он аст, ки онҳо мисли ҳама фикр намекунанд ва ҳарфе барои гуфтан ба соҳибони қуд- рат доранд ва он ҳарфро гуфтаанд ва мегӯянд.

© © ©

Пас чун ба ин яқин расидаем, ки ҳадафи муасси- сони Наҳзат қудрату мансабу ҷойгоҳ набуд, пас чй буд? Худи муассисон, аз ҷумла устод Нурй, ҳадафи таъсиси ин ҳаракатро идомаи кори равшанфикрони мазҳабй ва миллии охирҳои асри 19 ва аввалҳои асри 20 медонад. Ҳамон тавре ки равшанфикрони Бухоро мехостанд тавассути равшангарой ва андешаи ҷади- ди ислоҳотхоҳии мазҳабй динро аз хурофот ва мил- латро аз рукуд бираҳонанд, ин гурӯҳ ҷуз ин ҳадафҳо чизи дигаре надоштанд. Ин нукта ҳам муҳим аст, ки агар Наҳзат ҳамчун идомаи роҳи ҷавонбухориён ба майдон омад ва ҳамон ҳадафҳоро дошт, вале ната- вонист аз иштибоҳҳои онҳо низ дур бимонад. Тақри- бан ҳамон масир, ҳамон иштибоҳҳо ва ҳамон натиҷа такрор гашт, ки қобили омӯзиш ва таҳлил мебошад. Ҳамчуноне ки равшанфикрони Бухоро ба мухолифати шадиди мақомоти Аморати Бухоро ва қишрҳои ирти- ҷоии рӯҳоният дучор шуданд, Наҳзат ҳам бо чунин гурӯҳе рӯ ба рӯ шуд. Ҷузъиётро ба инобат нагирем, рафтори ҳукуматдорони Аморати Бухоро ва Ҳукумати Шӯравй нисбати ин ҷараён аз ҳам фарқ намекард, ҳамчуноне ки рӯҳонияти иртиҷой ва тақлидй дар ҳар ду ҳолат василаи саркӯбии ин ҷараён гашта буданд. Ба ибораи дигар, Наҳзат роҳ ва ҳадафҳои равшанга- рони Бухороро мерос гирифт, вале афсӯс, ки ишти- боҳҳои онҳоро низ такрор кард.

Албатта, ҷойи баҳс аст, ки насли аввали Наҳзат то кадом ҳад бо андеша ва афкори равшангароёни Бухоро шиносой доштанд, вале аввалин китоби таъ- лимие ки дастае аз андешамандони Наҳзат солҳои 80- ум омода карданд, «Заруриёти динй» буд, ки то андозае бар асоси китоби ҳамноми Садриддин Айнй навишта шудааст.

Яке аз саволҳои муҳим ин аст, ки агар сиёсатҳои ислоҳотхоҳии Горбачев, маъруф бо номи «перестрой­ка» намебуд, масири Наҳзат ба куҷо мекашид? Чун солҳои таъсиси Наҳзат ба замони авҷи иқтидори ам- ниятӣ-идеологии Шӯравӣ рост меомад. Аҷиб ҳам ҳа- мин аст, ки дар ҳамин давра Наҳзат тавонист худро аз як гурӯҳи хурди пинҳонкор ба як шабакаи васеъи фарҳангӣ-таълимӣ бирасонад ва садҳо ҳуҷраҳои дар- сию таълимии худро бо услуб ва барномаи нав ба роҳ монад, ки насли имрӯзаи калонсол ва миёнаи Наҳзат маҳсули ҳамон давра мебошанд. Шояд пурсамарта- рин давраи кадрсозии Наҳзат ҳамон давраи аввал, дар шароити сахти амниятӣ ва идеологӣ буд. Дуруст аст, ки мақомоти давлатии Шӯравӣ бехабар набуданд ва таъқиботу ҳабсҳои суратгирифта дар он замон ба- ёнгари он аст ва Маскав дарк карда буд, ки бо як ша­бакаи шаклгирифта на танҳо дар маҳдудаи Тоҷикис- тон, балки дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз рӯ ба рӯ аст.

Аммо бо суръат васеъ гаштани нуфузи Наҳзат ва ҳамроҳ шудани шумораи бештари афрод ба он дар чунин шароити сахт далели он андешаи маъруф аст, ки ҳар қадар болои як ҷараёни фикрӣ-мазҳабӣ фишор бештар бошад, ҳамон қадар қавитар ва фарогиртар мешавад.

Даврони «перестройка» шароити дигареро пеш овард. Озодии нисбӣ барои гуфтан, амал кардан ва аз худ дарак додан фароҳам шуд. Ҳама ҷараёнҳои фикрӣ, дидгоҳҳо ва касоне, ки даҳсолаҳо аз гуфтану шунидан маҳрум буданд, якбора рӯйи саҳна омаданд ва талаби мавҷудияти расмӣ карданд. Қишрҳои дин- дор дар ҷумҳуриҳои мусалмоннишини Шӯравӣ, ки ал- лакай тавониста буданд байни якдигар робита ва ҳамкориҳоро ба роҳ монанд, дар фикри ташкили як ҳаракат ё ҳизби саросарӣ афтоданд. Он солҳо касе аз аъзо ва пайравони ин ҳаракат ба зарурати ин иқдом шак надошт. Неруи бузурге тайи солҳои ахири Шӯра- вй шакл гирифта буд, ки дигар дар қолаби пинҳонкорӣ намегунҷид ва аз тарафи дигар, мардуми Шӯравӣ бо- вар доштанд, ки озодиҳову ислоҳоти рухдода бебоз- гашт мебошанд, ҷуз гурӯҳе, ки аз чунин шакл гириф- тани кор шадидан нороҳат буданд ва ҳама гуна исло- ҳотро барои ҳайманати ҳизби ягонаи ҳоким хатар ме- диданд.

Табиист, ки Анҷумани наҳзатиён дар Астрахан як- бора ба вуҷуд наомадааст ва пештар аз он корҳо ва ҳамоҳангиҳое байни намояндагони ҳаракатҳои ис- ломй аз ҷумҳуриҳои гуногун сурат гирифта буд. Се- чор соли аввали перестройка кофй буд, ки рафтуома- ду ҳамкориҳои лозим барои ташкили як ниҳоди саро- сарй анҷом шавад ва ҷузъиёти ин барнома ҳал гар- дад. Намояндагони Тоҷикистон дар ин машваратҳо аз ҳама фаъол буданд ва асосан такя ба тоҷикон буд. Ҳама медонистанд, ки қавитарин неруи исломй ҳам дар ҷумҳурии мост. Вале чаро Анҷумани аввалин дар Тоҷикистон неву дар хориҷи он сурат гирифт? Инти- хоби Астрахан аз чанд чиҳат муносиб буд. Аввал, ҳамон замон ҳам озодиҳо дар Русия бештар буданд ва гуногунқавму гуногунмазҳаб будани ин ҷумҳурй шароити хосеро ба вуҷуд оварда буд. Сониян, Астра­хан шаҳри русй бошад ҳам, наздик ба Қафқоз ва Осиёи Марказй ва дур аз пойтахт — Маскав буд. Ахи- ран, ҳукуматҳои Осиёи Марказии он замон ҳам ҷасо- рату мустақилият ва таҳаммули кофиро барои иҷозат додан ба баргузории чунин ҳамоише надоштанд. Би- нобар ин, муносибтарин интихоб Астрахан буд. Муал- лифи ин сатрҳо ифтихори ширкат дар ин анҷуманро дорад, ки шояд ҷойи муносибтаре дар бораи таърихи ин ширкат гуфта шавад. Ин ҷо лозим медонам, то ба як нукта ишора шавад ва он ҳам талоши наҳзатиҳои тоҷик барои ҳамеша дар соя ё сафи дувум будан аст. Ҳоло дур аз он ки омилҳои ин падидаро ҷустӯҷӯ намоем, ки онҳо дар худкамбинй буданд ё баръакс дар дурбинӣ ва эҳтиёткорӣ? Чун ду маротиба дар тӯли ин 20 сол иттифоқ афтод, ки наҳзатиҳо бо вуҷ- уди доштани қавитарин ҳузур ва нерӯ роҳбариву му- дириятро ба дигарон вогузор кардаанд. Аввал ҳан- гоми ташкили ҳизби умумишӯравӣ, Наҳзати мо, ки бештарин вакилонро дар анҷумани таъсисӣ дошт, роҳбарии ҳизбро ба намояндаи Доғистон Аҳмадқадӣ гузашт кард ва дувум — ҳангоми пайвастан ба гир- диҳамоии Душанбе дар солҳои навад, ки ин ҷо ҳам мудирияти майдонҳо дар дасти аҳзоб ва шахсиятҳои дигар буд ва Наҳзат бештар нақши таъминкунандаи майдонҳо бо мардум ва васоили лозимаро мебозид. Ба назари банда, ин ду ҳолат дар масир ва роҳи баъ- динаи Наҳзат бетаъсир набудааст. Эҳтимол дар ҳамин замина маҷбур шуд, ки дар ояндаҳо масъули- яти иштибоҳҳои дигаронро ба дӯш бигирад ва ҷавоб гӯяд. Агар аз аввал мудириятро ба даст мегирифт, шояд ин ҳама иштибоҳҳо рух намедоданд, чуноне ки дар марҳалаи муқовимат ва музокираҳо ин корро кард ва бо масъулиятшиносии бештар ин равандҳоро ба натиҷа расонд. Ин як мулоҳизаест, ки баҳси беш- тареро металабад, то таъйид ё рад бишавад.

Шояд яке аз омилҳои боқӣ мондани Наҳзат дар Тоҷикистон бар хилофи ҷумҳуриҳои дигар, маҳз дар решадор будани ин ҳаракат дар байни мардум ва бархоста аз ниёзҳои миллат дар ин марҳала бошад. Инчунин бо барномаи сирф миллӣ амал кардан ва дур шудан аз тарҳҳои фаромиллӣ ва фародавлатӣ, ки хоси баъзе ҳаракату ҳизбҳои исломӣ мебошад. Чун фаромиллӣ шудани ҳар ҳаракат онро ба ду натиҷа мерасонад: ё худро дар муқобили тарҳи миллӣ қарор медиҳаду ниҳоят ба шикаст мувоҷеҳ мегардонад ё ҷузъи як барномаи фаромиллӣ гашта, мустақилият ва меҳвариятро аз даст медиҳад. Ҳатто дар сурати мав- ҷудият дар саҳна ҳам амалан аз миллат ва кишвараш ҷудост, арзишҳову ҳадафҳои миллат бо чунин ҳара- катҳо фарқ мекунанд. Агар Шӯравӣ пош намехӯрд, Наҳзатро лозим мебуд, ки ё дар ҳизби умумишӯравӣ мудирият ва меҳвариятро ба даст бигирад, ё агар ме- тавонист аз он тарҳ комилан ҷудо мешуд. Дар сурати ғайр имкони реша давондан дар ҷомеаи кишвар ва эътироф шудан ҳамчун як падидаи миллӣ душвор ва шояд имконнопазир мегашт.

Тамоми ҳаракатҳои Осиёи Марказӣ аз як сарчаш- маи фиқҳӣ, маънавӣ ва фикрӣ андешаҳои худро об медоданд ва мутахассисон медонанд, ки эътидолу миёнаравии исломгароҳои Узбекистон аз тоҷикон камтар набуд. Кофист номаи яке аз роҳбарони ҳара- кати исломии Узбекистон Қорӣ Абдулвалиро ба ёд биёрем, ки дар аввалҳои муқовимат (1993) ба устод Нурӣ фиристода буд. Дар ин нома Қорӣ Абдулвалӣ роҳбарияти Наҳзати Исломиро даъват ба бозгашт аз роҳи муқовимати мусаллаҳона мекунад ва ин роҳро иштибоҳ медонад ва пешниҳод мекунад, ки бо сабру таҳаммул дар баробари ин ҳама мушкилиҳо роҳи даъватро аз тариқи дарс ва равшангароӣ идома биди- ҳанд. Ин нома ва муҳтавои он як маводи гаронбаҳо- ест барои сиёсатшиносон, исломшиносон ва касоне ки равандҳои рушди ифротгароиро таҳқиқ менамоянд. Сарнавишти норавшани ҳам Қорӣ Абдулвалӣ ва ҳам Абдуллоҳ Утаев, ду роҳбари онвақтаи Ҳаракати ис­ломии Узбекистон, наслҳои ҷавони ин ҳаракати муътадилро бесаробон монд ва бахше аз онҳо зуд зери таъсири доираҳои хориҷӣ рафтанд ва аз як неруи миллӣ-мазҳабӣ табдил ба як бахши лоиҳаи фаромиллии дигар нерӯҳо шуданд. Ҳамон коре ки та- вассути ҳузури устодон дар раъси Наҳзат, хушбахто- на анҷом нашуд, ҳол он ки шароити минтақа ва ваз- ъият барои чунин ҳолат комилан созгор буд. Ин ҷо бояд як бори дигар нақши устодонро эътироф кард, ки чӣ неъмате буданд, на танҳо барои Наҳзат, балки барои миллат ва Ислом дар минтақа.

Агар роҳбарияти Узбекистон он рӯзҳо медонист, ки чӣ мушкилиеро ба сари миллаташ ва минтақа мео- рад, шояд бештар дунболи ҳифзи роҳбарони муъта- дили ҳаракати исломии худ мегашт ва намегузошт як неруи бузургро ба ҳошия ва амалан ба оғӯши бегона­гон тела диҳад ва барои даҳсолаҳо барои худ дарди сар эҷод кунад. Бурди Тоҷикистон, бахусус роҳба- рияти он дар марҳалаи мавриди назари мо ин буд, ки неруҳои исломии кишвар роҳбарияти мутамарказ, амалгаро ва дорои ангезаҳои миллӣ доштанд, вагар- на он ҳама потенсиали инсонӣ ва ақидатӣ метавонист ба дасти дигарон биафтад ва аз он суистифода на- моянд.

© © ©

Ин нукта моро вориди мавзуи дигаре менамояд, ки Наҳзат чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз таносуби ҳувия- ти миллӣ ва мазҳабиро дар худ чӣ гуна ҳал кардааст ва дар оянда чӣ гуна ҳал хоҳад кард? Чун чорчӯби ин пешгуфтор имкон намедиҳад, ки ба таври муфассал вориди ин баҳс бишавем, танҳо дар ин ҷо чанд нукта- ро ба таври мухтасар зикр менамоем. Болотар гуфтем, ки пайдоиши Наҳзат аз батни хостаҳои мил­лат ва ҷомеаи он замон баромада, марҳалаҳои баъдии амалкарди Наҳзат ҳам бо мавқеъгириҳояш дар ҳассостарин лаҳзаҳо ин даъворо тасдиқ намуда- аст. Вале қавитарин омил барои ҳалли баҳси ҳувияти миллӣ ва мазҳабӣ дар Наҳзат боз ҳам шахсияти роҳ- барияти он, ба вижа устодон Нурӣ ва Ҳимматзода бу- дааст. Ин ду шахс дар рафтору гуфторашон камтарин ҷоеро барои шак дар исломияту тоҷикияташон на- монданд ва тавонистанд бо беҳтарин шакл намунаи як инсонеро тақдим кунанд, ки чӣ гуна метавон як му- салмони асил ва ҳамзамон як тоҷики ватандӯсту мил- латпарвар боқӣ монд. Вуҷуди онҳо ба таври табиӣ ин баҳсро дар ҳаракат ҳал карда буд, ҳам барои худиҳо ва ҳам барои дигарон. Бояд гуфт, ки на танҳо дар ин масъала, балки вуҷуди онҳо ҷавобе буд барои бисёре аз масоил ва ҳалле буд барои бисёре аз мушкилот. Ҳоло масъулин ва аъзои Наҳзат бояд бо рафтору гуфтори худ онро исбот ё рад кунанд. Касоне ки ар- зишҳои исломӣ барояшон авлавият доранд, исломия- ташонро бояд исбот намоянд ва онҳое ки арзишҳои миллиро авлавият медиҳанд, бояд миллӣ будани Наҳзатро исбот намоянд. Илова бар ҷомеаи кишвар, ҳамсоягони мо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ саволҳое доранд, ки бояд ба онҳо ҷавоб гуфт.

Ин кор чандон саҳлу осон нест ва талошу заҳмати зиёдеро аз мо металабад. Барои як ҳаракат ҳам ис- ломӣ ва ҳам миллӣ будан ва боз ҷавобгӯйи як идда арзишҳои байналмилалии қисман асилу қисман сохта будан кори басо душвор аст. Хусусан, дар ин шароите ки мо устодонро, ки вуҷудашон худ ҷавоби ин ҳама саволҳо буд, дар байн надорем, вале агар ба масъа- лаҳо оромона нигоҳ кунем, дар асл расидан ба ин натиҷа номумкин нест. Танҳо чизе талаб мешавад, худро беҳтар шинохтан, ба худ эътимод кардан ва «худӣ»-и худро ба дигарон муаррифӣ кардан аст. Ал- батта, муҳимтарин омил ин ҷо содиқ будан ба худ, ба арзишҳои худ ва ба дигарон аст. Чун ҳама гуна талош барои «исломӣ» будан дар чашми исломгароён ва «миллӣ » будан дар чашми миллатгароён ва «демокра- тӣ» будан назди демократхоҳон ниҳоятан ба он мера- сонад, ки ҳаракат ҳувияти худ ва эътимоди ҳамагонро аз даст бидиҳад. Исломияти худро ба ҳамон миқдор бояд нишон дод, ки будему ҳастем ва хоҳем монд, ҳамчунин милливу демократӣ буданро, на камтар ва на бештар. Ҳарчи ки дар оянда амалӣ карданӣ ҳас- тем, бояд имрӯз онро дошта бошем. Мардум худ их- тиёр дорад, ки моро бипазирад ё не, интихоби ӯ до- вар аст, ки мо тибқи хостаи ӯ ҳастем ё не. Ин худ ҳал- ли баҳси ҳувияти миллӣ ва исломии мост.

© © ©

Шояд марҳалаи ҷанг ва сулҳ дар таърихи Наҳзат яке аз марҳалаҳои душвор, ногувор ва ҳамзамон пу- рифтихораш бошад. Шояд пурсида шавад, ки сулҳ ҷойи ифтихор дорад, вале ҷанг чӣ гуна метавонад ифтихор бошад? Воқеан, ҷанги бародаркушӣ ва шаҳрвандӣ ҷуз нанг ва маломат чизи дигаре нест. Чу­до аз баҳси он ки гунаҳкораш кӣ ҳаст ва кӣ онро шу- руъ кард ва бо дасти кӣ. Вале, оё «ҷанги шаҳрвандӣ»- и Тоҷикистон воқеан ҷанги дохилӣ буд? Тоҷик алайҳи тоҷик? Мусалмон алайҳи мусалмон? Зоҳиран бале, вале ҳақиқатан не.

Имрӯз касе шак надорад, ки ин ҷанг таҳмилӣ буд ва ҳатто худи ташкилкунандагони он дар ёддоштҳои худ ин асрорро кашф карда истодаанд. Аниқ аст, ки бо гузашти рӯзҳо дигар парда аз болои ҳақиқатҳои бештари ин ҷанг, ташкилкунандагон ва ҳадафҳои он- ҳо бардошта хоҳад шуд. Наҳзат ҳам дар марҳалае маҷбур гашт, ки ба даст силоҳ бигирад ва ба муқова- мати мусаллаҳона ворид шавад. Миллати тоҷик исбот кард, ки метавонад дар ҳолати зарурӣ аз Ватан, нангу номуси миллӣ, мазҳабӣ ва фардии худ дифоъ кунад, ҳатто агар дар муқобилаш на як ҳукумат, балки ҳуку- матҳо ҳам биистанд. Вале гирифтани силоҳ ба хотири чӣ? Ба хотири ҳуҷум ба кишваре, алайҳи миллате ё гурӯҳе? Ё дифоъ аз худ ва арзишҳои худ? Миллати тоҷик то ҳол болои ҳеҷ кишваре, миллате ва қавме силоҳ накашидааст ва таърих ёд надорад, ки аз мар- зи сукунати хеш ба хотири ғасб ё саркӯбии касе фаро­тар рафта бошад. Ин хуб аст ё бад, масъалаи дигар аст, вале ин воқеият мебошад. Баръакс, дигарон ҳамеша суроғаш омадаанд ва ӯ маҷбур гаштааст аз худ дифоъ кунад ё барои бақову муқовимат ҳиҷрат намояд. Гоҳе ҳиҷраташ ба он расонд, ки наслҳояшон аз Ватан маҳрум гаштанд, чуноне ки чанд маротиба дар таърих тоҷикони шимоли Амударё зери таъқиб ва ба хотири ҳифзи ҷону нангу номус наҳрро убур кар- данд ва барои ҳамеша аз Ватан маҳрум гаштанд. Дар асри 20 ин ҳодиса ду маротиба такрор шуд ва бори аввал талоши тоҷикон барои бозгаштан ба Ватан но­ком гашт ва дар Афғонистон монданд ва ё ба дигар кишварҳо пароканда шуданд. Дар охири асри 20 таърих боз такрор гашт ва боз ҳам зери парчами сурх ва бо ҳамон шиорҳо ва мутаассифона, мисли мусиба- ти аввали миллат, бо ширкати баъзе фарзандони ху- даш. Вале ин дафъа ҳиҷрат барои ҳамеша набуд ва муқовимат дар канори талош барои сулҳ натиҷа дод ва боиси бозгашти сарбаландонаи муҳоҷирон ва му- боризон ба Ватан гардид. Муқовимат ва дифоъ аз Ва­тан, ҷону мол ва нангу номус дар ҳеҷ давру замон бо­иси маломат ва хиҷолат нашудааст ва нахоҳад шуд. Баръакс, вақте ба Ватан, хона, нангу номуси инсон сарбозони кишвар ё миллати бегона ворид меша- ванд, хомӯш нишастан ва аз муқовимат сарпечӣ кар­дан мояи хиҷолат ва ор мебошад, ки хушбахтона, чу- нин саҳифаҳо дар таърихи миллати тоҷик хело ка- манд.

Наҳзат дар ин ҷанги таҳмилӣ тарафи дифоъку- нанда буд ва он ҳам дар баробари ҳавопаймо, танку тӯп ва сарбозону афсарони чанд кишвар, ки бо ҳар далеле вориди сарзамини мо гашта буданд. Ба муқо- вимат барнахостан ва силоҳ нагирифтан маънои тас- лим шудан ба нақшаи дигарон болои миллат ва так- рори қисмати талхи бобову аҷдодони гузаштаро дошт, ки дигар то абад натавонанд ба Ватан баргар- данд. Ҳоло ҷудо аз он, ки фарзандони миллати мо он солҳо дар кадом сангар қарор доштанд ва ҳоло ба он ҳодисаҳо аз кадом манзар менигаранду баҳо меди- ҳанд, воқеият дар ин ҳодисаҳо ошкор гашт, ки милла­ти тоҷик метавонад дар муқобили ҳама гуна неру ва ҳар абарқудрат муқовимат кунад ва маҷбур намояд, ки иродаи ин миллатро эътироф кунанд. Ҳама медо- нанд, ки кишварҳои минтақа, бахусус, абарқудратҳо бо ин ҳама имконот дар кадом саф меҷангиданд ва чӣ нақшае доштанд. Бисёриҳо аз идомаи мубориза дар баробари ин ҳама артишу қудрати зоҳирӣ ноумед гашта буданд ва идомаи муборизаро ҷуз як худкушӣ ва нобудии миллат дигар чизе намедонистанд. Вале гурӯҳе аз фарзандони ин миллат, ки шаҳодати сарба- ландонаро аз зиндагии залилона дар ҳиҷрату ғурбат болотар медонистанд ва бовар доштанд, ки неруи як инсон ва як миллату кишвар дар артишу танку тӯп ва ҳавопаймоҳои он нест, балки дар имон ва иродаи ӯст ва онҳо ба ин ояти карима имон доштанд, ки Худо- ванд мефармояд:

«г *1 ^ ^1                  Sj4?

«Чи басо гуруҳҳои хурд ба фармони Худо бар гурӯҳҳои бузург пирӯз шуданд»[2].

Ва Худованд ин мисолҳоро дар Қуръон барои ка­соне овардааст, ки такя бар қудрат ва иродаи У меку- нанд ва ҳаргиз ноумед нестанд. Агарчи ин натиҷаи талошу ҷонбозиҳои як идда аз фарзандони муборизи миллат буд, вале бояд ин саҳифа барои ҳар тоҷики миллатдӯст боиси ифтихор бошад, ки дар ин маърака сари тоҷик дар баробари ҳавопаймоҳо ва танкҳои зи- реҳпӯши артишҳои дигар кишварҳо болотар буд ва он кишварҳоро водор кард, ки аз нақшаҳои худ болои миллати тоҷик даст бикашанд. Ин мубориза ва ин сулҳ миллати моро аз тобеъияти кишварҳои дигар ба истиқлолияти нисбӣ расонд ва дигаронро маҷбур кард, ки миллати моро бо ҳама қишрҳояш бипази- ранд. Онҳо дар аввал мехостанд кишвару миллат то охир шунавандаи ҳарфи эшон бошад ва иҷрокунан- даи сиёсатҳои бегона. Вале, муқовимат ва баъдан сулҳ ин нақшаҳоро аз байн бурд ва исбот кард, ки ин миллат ва кишвар танҳо аз як гурӯҳ иборат нестанд ва он гурӯҳ аксарият ҳам нест, ки ҳар чи онҳо бигӯянд, ҳамон анҷом шавад.

Дар таърихи миллати мо ҳар кӣ барои дифоъ аз Ватану сарзамин ва нангу номус сар бардоштааст, қаҳрамон аст ва номаш дер ё зуд дар саҳифаҳои таъ­рихи миллат сабт хоҳад шуд. Шояд на дар замони ху- даш ва на дар замони ҳукуматҳое, ки нигоҳашон ба таърих ва муборизаву муборизони миллӣ, ба хусус, дар замони ҳукуматдории худашон ҳамеша вожгуна будааст.

Ин ҷо шояд гуфта шавад, ки магар муборизону ватандӯстон танҳо дар як тараф буданд ё танҳо як тараф ҳаққи маънавӣ дошт, ки барои дифоъ аз худ даст ба силоҳ бизанад? Фарзандони ин миллат, ки дар тарафи дигари сангар қарор доштанд, кӣ буданд?

Назари шахсии мо нисбати ин масъала чунин аст, ки ҷавонмардони тоҷик, ки дар сангари муқобил қарор доштанд ва ҳадафашон аз силоҳ бардоштан дифоъ аз миллату кишвар ва барқарории ҳақиқат буд, онҳо шомили муборизон ва қаҳрамонони миллй мебошанд. Зеро онҳо намедонистанд, ки нақшаи кишварҳо, дои- раҳо ва генералҳои кӯмаккунанда бо силоҳу муҳим- мот чист ва бовар доштанд, ки бо «ваҳҳобиҳову тер- рористҳо» меҷанганд. Мағзшӯйӣ, таблиғоти расонаӣ ва технологияи шӯрондани мардум, илова бар ишти- боҳоти неруҳои миллӣ, демократӣ ва исломӣ кори худро карда буд ва қисми зиёде аз ҳамватанони мо бовар доштанд, ки бо душманон меҷанганд ва кумак- ҳои кишварҳои «дӯст» беғаразона аст. Ва қисме бовар ҳам доштанд, ки шӯравиро маҳз ҳамин тоҷикони «гум- роҳ» пароканда кардаанд ва онҳо бо кӯмаки дӯстҳоя- шон онро барқарор хоҳанд кард. Агар ҷурме доштанд, пас ҳамин соддалавҳӣ ва бовар кардан ба ин шиорҳо буд ва инчунин васила қарор гирифтан, на бештар аз он. Кофист ёдовар шавем, ки ҳанӯз фурсати зиёде аз шуруъи ин фитна нагузашта, қисме аз ҷавонмардони тоҷик, ки дар сангари муқобил қарор доштанд, дарк карданд, ки ин ҳама «дилсӯзиҳо»- и баъзе кишварҳо барои заъифу нотавон кардани миллат ва кишвари тоҷикон равона шудаанд ва шуруъ карданд ба ҳимояи мардум, рустоҳо ва пешгирии қатли ом аз тарафи гурӯҳҳои ҳувияташон номаълум. Вақте онҳо диданд, ки даҳҳо ва садҳо нафар танҳо барои тоҷик будан кушта мешаванд, таъсире дар дидгоҳу рафторашон ворид гашт, ки ин худ оғози таҳаввулоти зеҳнӣ ва ши- нохти воқеиятҳо аз тарафи гурӯҳе буд. Ин наметаво- нист дар нақша ва сиёсатҳои доираҳои таҳмилку- нандаи ҷанг таъсир нагузорад ва онҳоро низ водор ба тағйири сиёсатҳо кард. Танҳо дарки ин воқеият, ки идомаи ҷанг боиси нобудии миллати тоҷик мегардад, ҳарду тарафро водор кард, ки ҷиддан сари масъалаи сулҳ фикр кунанд ва онро ҳадафи аслии хеш бигар- донанд.

Ҳоло байни иддае таърихшиносон назаре вуҷуд дорад, ки агар қишри рӯҳонияти огоҳ дар гузашта бе- тараф намеистод ва дар муқобили ҳуҷуми лашкари бегона ба давлати Сомониён мардумро ба мубориза даъват мекард ва худ роҳбарии ин муборизаро ба дӯш мегирифт, давлати миллии тоҷикон барои ҳазор сол аз даст намерафт. Ҳоло бояд таърихшиносон ҳарфи илмиро бизананд, чӣ омилҳо таъсир расонд, ки касе пайдо нашуд аз он ҳукумат ва давлатдорӣ дифоъ кунад ва чаро ҳеҷ қишре барои мубориза сар набардошт? Тасаввур намоем, ки Наҳзат дар ин муқовимат ширкат намекард ва тан ба тақдир месу- пурд ва равандҳои баъдии кишвари мо ҳамон тавре мешуд, ки нақшаашро дар пойтахтҳои дигар кишварҳо кашида буданд ва барои анҷомаш ҳатто афсареро ҳамчун вазири дифоъи вақт ҳам фиристода буданд, кишвари мо, миллати мо дар ҳоли ҳозир чӣ вазъе дошт? Кӣ дар ин ҷо ҳарфи аввалу охирро мезад ва бо кадом далел? Ҳоло ки тавассути сулҳи миллӣ ва ваҳдат ба ин оромишу субот ва мустаҳкамшавии ҳокимият расидем, ин ҳама миннату даъвои гоҳо пар- дапӯшонаву гоҳе ошкор болои роҳбарияти кишвар ҳаст, ки гӯё онҳо Наҳзатро сари қудрат овардаанд ва набояд аз хатти кашидаи эшон берун биравад. Дар сурати нокомии муқовамат ва пирӯзии як тараф дар ин ҷанги бемаънӣ бо пуштибонии низомиву сиёсӣ ҳамон доираҳои зикргашта, оё имкон дошт, ки кишва- ру миллат сиёсатҳои мустақилонаеро пеш бигирад, ки ҳоло мегирад ва миннатгузориҳои дигаронро рад би- кунад? Табиист, ки не. Агар касе он замон пирӯз ме- гашт, ӯ пирӯз набуд, ҳамонҳое пирӯз буданд, ки қудрат ва тасмим дар дасти онҳо буд. Ҳоло ки сулҳу ваҳдат пирӯз гашт, миллат пирӯз аст, на касе ва на пуштибонҳои онҳо. Ин аст, ки миллат имрӯз худро му- стақил медонад ва мехоҳад кишвараш сиёсатҳои му- стақилона дошта бошад ва миннатпазири касе нест, ҷуз Худованд ва худи мардум. Ин аст натиҷа ва бара- кати муқовимати огоҳонаву холисона ва сулҳу ваҳда- ти саривақтӣ ва аз ҳама муҳимаш, шинохти ман- фиатҳои миллӣ дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ.

Агар мо ба ин марҳалаи фаъолияти Наҳзат аз ди- дгоҳҳои танги сиёсӣ ва гурӯҳӣ баҳо бидиҳем, онро як тараф муқовамату мубориза медонад, тарафи дигар мухолафати мусаллаҳона ба ҳукумату давлат. Вале, агар он воқеъбинона, аз равзанаи манфиатҳои мил- лату кишвар баҳогузорӣ шавад, бо вуҷуди иштибоҳ- ҳояш, як омили муҳиме барои мустақилияти кишвар, ба хусус роҳбарияти сиёсии он доштааст.

© © ©

Баргардем ба ҳамон мисоле ки аз давраи Сомо- ниён задем, ки агар Наҳзат вориди марҳалаи муқова- мат намегашт, шояд наслҳои баъдӣ ҳамон иттиҳоме- ро бар сараш мезаданд, ки имрӯз болои рӯҳонияти замони Сомониён бор мекунанд. Даст кашидан аз мубориза ва хомӯшона пазируфтани фармонравоии пурраи низомиву сиёсии дигарон дар Ватани хеш. Ин худ танҳо муқовимати сиёсиву низомӣ набуд, балки паёме буд қавӣ, ки барои Наҳзат дифоъ аз Ватан, миллат ва марзу буми он айни дифоъ аз дину мазҳаб ва арзишҳои дини он аст ва ин ҳама бо ҳам омехтаву як занҷираи арзиширо ташкил медиҳанд. Ва ин паём пеш аз ҳама барои наслҳои имрӯза ва баъдии Наҳзат будааст ва ҳама нерӯҳои ватаниву миллӣ, ки бо

Наҳзат дар шинохти арзишҳои милливу мазҳабӣ ҳам- марому ҳамсӯ мебошанд.

Аммо, сулҳ. Агар бигӯем, ки ҷанг бо бегонагон буд ва аз он оре надорем, пас сулҳ ҳам бо бегонагон буд ё бо бародарони худ? Ҷавоб равшан аст, бо барода- рон ва ҳамватанони худ. Аслан ин сулҳ бояд ҳамон соли 92 мешуд, агар бегонагон дахолат намекарданд. Сулҳ ҳам шуд. Борҳо. Акнун таърих ошкор шуда исто- дааст, ки чаро сулҳ он вақтҳо пойдор намонд. Дер бошад ҳам, сулҳ омад. Замоне ки ҷанг бо бегонагон тамом шуд, аниқтараш, амалиёте ки дар марз анҷом ёфт, нуқтаи асосиро дар ҷанг гузошт ва роҳро барои сулҳи ду бародар боз кард.

Агар бигӯем, ки дар масъалаи ҷанг ва сулҳ аз та- рафи Наҳзат иштибоҳе рух надодааст, як қазовати ғайри воқеъбинона мебуд. Ҳамчуноне ки тамоми та- рафҳои тоҷик он замон муртакиби иштибоҳҳо шуданд, Наҳзат ҳам истисно нест. Имкони баҳона надодан ба бегонагон барои ворид кардани артиш буд, вале баҳонаҳое ҳам дода шуд. Ҳамчуноне ки болотар зикр рафт, на ҳама кор ба дасти Наҳзат ва бахусус, роҳ- барияти аввали он буд. Ҳатто, дар байни пайравони Наҳзат ҳам касоне ёфт мешуданд, ки бо рафторҳои фитнаангезона ва эҳсосотӣ вокунишҳоро ба вуҷуд меоварданд. Кофист, эълони «артиши бистучанд ҳазорнафара»- ро ба ёд биёрем. Ин эълон ҳамчун » ҷанги равонӣ» аз тарафи касоне гашт, ки дар он ша- роит на артиш доштанду на силоҳ ва на қудрати ҷамъоварии онро, вале баҳонаи хубе буд барои ис- тифода аз он, ки суистифода ҳам шуд. Ё бисёр ҳо- латҳои ба ҳамин монанд, ки мутаассифона, кам набу- данд. Вале аз замоне ки роҳбарияти Наҳзат зимоми умурро ба даст гирифт ва худро масъули аввали ҳаракати муқовимат ва музокира донист, то ба охир дар ин раванд иштибоҳи ҷиддие рух надод. Ва натиҷааш ҳам ҳамон сулҳи деринтизор буд, ки воқеан барои ҳар миллатдӯст ҷойи ифтихор аст. Албатта, набояд танҳо эҳсоси фахр кард, эҳсоси масъулият ҳам бояд бошад. Яъне, сулҳ кардан пеш аз ҳама масъулияти тарафҳо буд ва набояд касе онро болои тарафи дигар миннат бигузорад.

© © ©

Нуктаи муҳимтар, ки бояд қайд шавад ва шояд му- ҳимтар аз худи имзои сулҳ бошад, ин пойбандӣ ба сулҳ мебошад, ки Наҳзат то имрӯз вафодор монда- аст. Ин масъулияти ҷонии тарафҳои тоҷик буд, ки ба талаботи сулҳ пойдор бимонанд ва бе ҳеҷ шарту қайд. Имрӯзҳо ҳарфҳое гуфта мешаванд, ки талаботи сулҳ дар ин ё он маврид солҳои баъдӣ вайрон гашт ва қисман фаромӯш гаштанду аз он дур афтодем. Ду нуктаро бояд дар ин масъала таъкид кард: якум, дар санадҳо муддати мушаххаси риояи талаботи сулҳ зикр нашуда буд ва ин ҷо бештар ойини ҷавонм- ардиву қавли тоҷикӣ меъёр буд, на чизи дигар. Чун талаби навиштани муддат нишонаи беэътимодии та- рафайн маҳсуб мешуд ва касе бовар намекард, ки баъди ин ҳама мусибатҳо боз ҳам аз ин ҳолатҳои ду- хура ва нуқтаҳои заъф истифода мешавад. Вале ди- дем, ки шуд ва мутаассифона, касоне ҳақ барома- данд, ки мегуфтанд, дар сиёсат ҷойи ҷавонмардиву қавл нест, манфиат ҳарфи аввалу охирро мезанад. Албатта, сиёсат дар фаҳмиши авомона ва дур аз ахлоқ, ки дар ҳавзаи мо маъмулист, на сиёсати боахлоқ ва арзишмеҳвар, ки нухбагон дар талоши расидан ба он ҳастанд. Дуввум, то ҳол дар ҳеҷ мавриде, Наҳзат пас аз марҳалаи гузариш муттаҳам ба нақзи талаботи сулҳ нашудааст ва ин мояи ифти- хори мост. Баръакс, мо муттаҳам ба зиёдаравӣ дар сабру таҳаммул нисбати ин дасткашиҳо аз талаботи сулҳу оштӣ мебошем. Гоҳ худиҳо ва гоҳ беруниҳо мо­ро гунаҳкор мекунанд, ки гузашти аз ҳад зиёд ва сабри бетавҷеҳ боиси ин ҳама вазъияти ногувори ки- швар ва дур рафтан аз рӯҳияи сулҳу ваҳдат гаштааст. Бисёриҳо бар ин назаранд, ки агар Наҳзат ин ҳама гузаштҳоро намекард, мо вазъи беҳтаре дар масоили демократӣ, риояи ҳуқуқи башар ва пешафти иқтис- одиву сиёсӣ медоштем. Шояд ва шояд не. Мухол- ифати шадиди Наҳзат метавонист аз нав ба бадша- вии вазъ бирасонад. Метавон дар ин масъала ҳадс зад, вале як чиз мусаллам аст, ки Наҳзат танҳо ба хо- тири авлавият бахшидан ба манофеи миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ин сиёсатҳоро пеш гирифтааст, вагарна, ба ин ҳад нест, ки як коршиноси оддӣ ё шаҳрванд дарк намояд, ки ин ҷо гузашт аз Наҳзат асту худи роҳбарияти он инро дарк накарда бошад. Боре ба луқмаи як коршиноси маъруф, ки «Наҳзат чӣ содагие нишон дод ва медиҳад» ҷавоб шуд, ки «Кош Парвар- дигор мо ва ҳамаи дигар масъулони миллатро ҳамин гуна сода нигаҳ бидорад, то ҳеҷ гоҳ бо «доногӣ»-и худ миллатро аз нав ба ҷанг накашонем».

Гоҳе мепурсанд, ки то кай Наҳзат ин сиёсатҳои худро зери шиори «сулҳ», «ваҳдат», «амнияту субот» ва «манофеи миллӣ» идома медиҳад ва гузашт то ба кай? Бояд гуфт, вақтҳои охир ин масъалагузориҳо бештар ва шадидтар шудаанд ва роҳбарияти Наҳзат ошкору пинҳон муттаҳам ба хомӯшӣ ва сабри беш аз ҳадди лозим мешавад. Ҷавоб ҳам ошкор аст, то он вақте манфиати давлату миллат ва мардуму кишвар инро тақозо мекунад. Чун агар ҳадафи ин ҳизб таъмини манфиатҳои миллату кишвар бошад, чаро ин манфиатҳоро авлавият надиҳем ва агар боз ҳам гу­зашт лозим бошад, онро пеша накунем?! Вале, агар манфиатҳои миллат ва кишвар дар мавриди лозим сахт гуфтан ва вокуниш нишон додан бошад, набояд хомӯш буд ва гузашт кард, балки сахттар бояд амал кард, то ин манофеъ ҳифз шаванд. Гоҳе хомӯшӣ ва гузашт худ хатар ба амнияту субот ва мухолиф ба ма­нофеи миллист. Ин ҷо бояд мавридшинос ва воқеъ- бин буд. Гузашту сабр дар вақти лозим ва сахт гуфтану амал кардан дар мавриди худ айни ман- фиатҳои милливу давлатист ва масъулияти як ҳара- кати огоҳу пӯё ҳам дар ҳамин мебошад.

© © ©

Вақте Наҳзат мегӯяд, ки як ҳизби сиёсии мабнӣ бар арзишҳои милливу мазҳабист, бояд ин таъриф бо муҳтаво пур ва дар амал нишон дода шавад. Бахусус, барои насли баъдии Наҳзат ин масъала аҳамияти бештар пайдо хоҳад кард. Бояд эътироф кард, ки Наҳзат дар муаррифии худ ба қишрҳои гуногуни мил­лат дар марҳалаҳои гузашта чандон муваффақ на- буд. Аниқтараш, на ҷомеа талош кард, ки мустақим Наҳзатро бишносад, на Наҳзат тавонист худро биш- носонад. Аз фурсат истифода карда, дигарон Наҳзат- ро ба қишрҳои гуногун муаррифӣ карданд, ки на ба нафъи ҷомеа буд ва на ба нафъи Наҳзат. Барои ми- сол, солҳои навадум тамғаи «ваҳҳобият»-ро доираҳои махсус ҳамчун барчаспи Наҳзат болои ҷомеа таҳмил намуданд, агарчи баъдан ошкор гашт, ки Наҳзат ҳеҷ рабте ба ин ҷараён надоштааст. Албатта, ин замоне ошкор гашт, ки мардум ваҳҳобиҳои воқеиро диданд ва аз тарафи дигар, шиносоии бештаре бо Наҳзат ҳосил шуд. Вале масъала ин аст, ки ин барчасп чӣ мусибатҳоеро сари миллат овард. Имрӯзҳо бархе Наҳзатро муттаҳам ба шиъагароӣ мекунанд. Суол ин аст: боз чӣ ҳодиса ва чанд соли дигар лозим аст, то ҷомеа дарк намояд, ки Наҳзат ҳеҷ рабте бо шиъага- ройӣ ва умуман ба гароиши ғайри мазҳаби ҳанафӣ надорад? Ва кӣ бояд ин заҳматро бикашад, то воқеи- ятро ошкор бисозад ва туҳматҳоро аз сари Наҳзат дур андозад? Албатта, пеш аз ҳама худи Наҳзат.

Шакке нест, ки сохтани чеҳраи манфӣ аз ҳизбу ҳа- ракатҳои ислоҳотхоҳ кори наве нест ва ин таҷриба ҳа- меша истифода шудааст ва хоҳад шуд. Вазифаи як ҳаракат танҳо дуруст фикр ва рафтор кардан нест, балки ин афкору рафтори дурустро ба ҷомеа шино- сонидан аст. Таҷриба нишон дод, ки ҳар суҳбат, ҳар нишаст ё вохӯрии мустақим бо қишрҳои гуногун таъ- сири худро расондааст. Ҳадди ақал, қисме аз бар- доштҳои ғалатро бартараф гардонида, барои шинох- ти беҳтаре замина гузоштааст. Бояд гуфт, ки дар ҷомеаи мо то имрӯз Наҳзатро танҳо аз гуфтору раф­тори мо не, балки аз тасаввуроти куллӣ дар бораи ҳизбу ҳаракатҳои исломии ҷаҳон баҳогузорӣ карда- анд. Барои мисол, инсоне ки аз барномаҳо ва афкори воқеии Наҳзат дар бораи Ватан, миллат ва ояндаи кишвар огоҳ нест, ҳатман ин тасаввуротро аз амал- кардҳои баъзе аз ҳизбу ҳаракатҳо ва ҳатто кишварҳое ҳосил менамояд, ки зери номи ислом амал мекунанд. Агар Толибон муҷассамаҳои Буддоро таркониданд, таъсири он танҳо болои худашон набуд ва шояд онҳо парвое ҳам аз маломату нигаронии дигарон надо- штанд. Вале, тамоми ҳизбу ҳаракатҳои муътадили исломӣ, аз ҷумла Наҳзат аз ин кор эҳсоси нороҳатӣ ва хиҷолат мекард. Ҳамзамон, санги маломат ғайри- мустақим ҳам бошад, алайҳи мо партофта мешуд. Ин гуна мисолҳо хело зиёданд. Ба гуфти шоир, «Сифлае по каҷ гузорад, хуни дил мо мехӯрем». Ин водор ме­намояд, ки Наҳзат барномаи васеъеро барои муар- рифии бештари худ дар дохилу хориҷ ба роҳ монад. Таҷриба нишон дод, ҳар кӣ бо мо нишаст, назараш тағйир кард, ҳар ки дар бораи мо аз дигарон шунид, бо бардоштҳои ғалат монд.

© © ©

Ин мавзӯъ дар иртибот бо ақаллиятҳои миллИ ва мазҳабии кишварамон аҳамияти бештар пайдо меку- над. Набояд пинҳон кард, ки зери таъсири ҳодисаҳои гузаштаи кишвар ва равандҳои носолими ҷаҳониву минтақаИ ҳоло ҳам эътимоди байни мо ва ин қишре аз ҳамватанонамон ба ҳадди матлуб нест. Агарчи, бо заҳмати устодон ва бародарон ин раванд ба тарафи мусбат ҳаракат дорад ва бори аввал дар интихоботи парлумонии соли 2010 гурӯҳе аз ҳамватанони русза- бон ва ақаллиятҳои милливу мазҳабИ омодагии худро барои ҳамкорИ эълон карданд. Наҳзат ҳанӯз солҳои қабл мавқеашро дар бораи ақаллиятҳои милливу маз- ҳабии ҳамватан муайян карда буд ва аз забони устод НурИ он садо додааст, вале ин амр таблиғи бештарро мехоҳад. Он мавқеъ ин аст, ки ҳама инсонҳо дар пешгоҳи Парвардигор баробаранд, магар ба тақво ва ҳама шаҳрвандон дар назди давлат ва қонун бароба­ранд, новобаста аз ҷинс, забон, дин ва миллат. Шояд гуфта шавад, ки ин чизи наве нест ва тамоми қонунгу- зории мо ин масъаларо равшан нишон додааст ва Наҳзат ҳам наметавонад аз он берун бошад. Дуруст аст, вале Наҳзат ба ин масъала набояд ҳамчун як меъёри сирф конститутсионИ муносибат дошта бо­шад, балки бо он эътиқодИ рафтор кунад ва бештар аз дигарон атрофи он суҳбат намояд. Фақат ба он да- лел, ки шакку шубҳа то ҳол байни ҳамватанони ғайри- тоҷик ва ғайримусалмон зиёданд ва бояд ин итминон ҳосил шавад, ки масъала барои мо танҳо масъалаи қонунИ нест, балки дар сатҳи эътиқоду боварҳост. Ҳар кИ шаҳрванди ин кишвар аст, сарфи назар аз миллату динаш бояд ҳуқуқи баробар дошта бошад. Вақти он расидааст, ки сари мафҳуми «миллат» амиқтар фикр карда, онро аз маҳдудаи фаҳми қолабӣ берун ова- рем. Имрӯз ҳам зери мафҳуми миллат мо танҳо қавм- ро мефаҳмем, на миллати ягона ба маънои шаҳрван- дони як кишварро, ки аз қавму забон ва динҳои гуно- гун иборат бошад. Ҳол он ки зери мафҳуми «Тоҷики- стон» метавон ҳама шаҳрвандони кишварро шинохт ва ин муносибтар барои як ҷомеъаи озоду баробарҳу- қуқ мебошад.

© © ©

Нуктаи муҳими дигар он аст, ки имрӯзҳо баъзе до- ираҳо мехоҳанд арзишҳои миллиро дар муқобили ар- зишҳои динӣ бигзоранд ва ба таври сунъӣ мухолифат эҷод кунанд. Масъалае, ки тӯли бештар аз ҳазор сол ҳалли худро ёфтааст ва як инсиҷому омезиши табиии ду даста аз арзишҳо, милливу мазҳабӣ, дар маҷмуъ як фарҳанги нодиру қавиро ба вуҷуд овард, то ин марҳалаи муқобилгузории сунъии арзишҳо, баҳси тоҷикияту исломият ва ҳоло ҳам барои аксари мар- дум ин баҳс бегона аст. Ҷуз чанд тани ифротгаро ва тундрав аз ҳарду ҷониб, ки бо роҳандозии ин баҳс бо- зори худро гарм нигаҳ медоранд. Наҳзат бояд бо он равиши муносиби устодон, ки тавонистанд тоҷикияту исломиятро дар худ омезиш диҳанд, ин масъаларо аввалан дар худ ҳал ва сониян ба ҷомеа ҳамчун намуна пешниҳод намояд. Вогузоштани майдон ба миллатгароёни тангназар ва ё гурӯҳе аз мутаассибо- ни мазҳабӣ дар ниҳоят бар зарари ҷомеа, миллат ва худи Наҳзат меанҷомад. Ҳеҷ касе бар миллатҳо аз фарзандони миллатгарои он зарбаи бештар назада ва ҳеҷ касе ба дин бештар аз пайравони мутаассиби он зарар нарасондааст. Наҳзат, ки даъвои дифоъ аз арзишҳои милливу динӣ ва хидмат кардан дар ин роҳро дорад, бояд парчам ва майдонро аз дасти ин

ДУ гурӯҳи ҳангомасоз бигирад ва неруҳои солими ҷомеаро, ки миллату динро самимона дӯст медоранд, ба ҳамкорӣ фаро бихонад.

Ин ҷо шояд муносиб бошад атрофи як масъала равшанӣ андозем, ки дар доираҳои коршиносӣ ва таҳ- лилӣ борҳо матраҳ мешавад, инчунин дар дохили ху­ди ҳизб ҳам. Ин баҳси сабру таҳаммули Наҳзат аст, ки баъзеҳо бар он бовар доранд ва ё ба қавли гурӯҳе, заъфу нотавонӣ ки дар ҷомаи сабр нишон дода ме­шавад. Ҳарду гурӯҳ ҳам интихоботи соли 2010- ро бештар ҳамчун мисол барои тақвияти фикри худ меоваранд, аниқтараш, аз тарафи Наҳзат ҳазм шуда- ни ин ҳама тақаллуб ва ноадолатиҳое, ки нисбати раъйи мардум, бахусус овозҳои Наҳзат карда шуд, Касе шак надорад, ки Наҳзат дар интихоботи парлу- монии 2010 барандаи интихобот буд ва дар байни ҳама аҳзоб бештарин раъйро ба даст овард. Бисё- риҳо бар ин боваранд, ки фишорҳои ахиран омада болои Наҳзат натиҷаи ҳамон интихоботаст, ки ҳуку- мат зоҳиран натиҷаи воқеиро эътироф накард, вале амалан онро хеле ҷиддӣ гирифт ва «хулосаҳо»-е ба- ровард. Пас чаро Наҳзат вокуниши ҷиддие нишон на- дод, дар сурате ки агар иқдомҳои эътирозии радикалӣ ҳам мекард, ин тасмим аз тарафи интихобкунандагон, таҳлилгарон, сиёсатмадорон ва ҳатто худи ҳукумат- дорон ҳам шояд фаҳмида мешуд. Зеро ҳама дида бу- данд, ки ошкоро ва хеле дағалонаву аҳдшиканона (ҳам ба ормонҳои сулҳ ва ҳам ба ваъдаҳои пешазин- тихоботӣ) ин кор анҷом шуд. Ин «ҷасорат» ва ин риски мақомот ҳамаро он замон ҳайратзада карда буд ва бояд иқрор кард, ки ҳатто дар Наҳзат ҳам. Чун касе бовар намекард, ки мақомот пас аз ҷанг ва ин ҳама мусибатҳои миллӣ, чунин риски бузургро пеш биги­рад. Вале ин рискро кард. Баъзеҳо мегӯянд, ки ин амал ҳисобӣ буд ва эълони ин рақамҳо оромона ва хунсардона гирифта шуданд ва мутмаин буданд, ки ҳеҷ иттифоқе рух нахоҳад дод. Натиҷааш ҳам ҳамон шуд, пас ин рафтор аз рӯйи натиҷа ба нафъи ҳукумат ва роҳбарияти ҳизби ҳоким анҷом ёфт.

Вале назари мо ин ҷо фарқ мекунад. Зеро, агар чанд курсии дигаре ба ҳизбҳои сиёсии мухолиф, аз ҷумла Наҳзат дода мешуд, дар тавозуни куллии неру- ҳо ва дидгоҳҳо дар парлумон ва ҳокимият фарқи зиё- де ба вуҷуд намеомад. Баръакс, мавқеи ҳуқуматро қавитар мекард, ки ба ваъдаи қабл аз интихоботиаш вафо кард ва самти ҳаракати кишвар ба тарафи озо- диҳои бештар ва бисёрҳизбии воқеист. Аслан, мета- вон гуфт, ин интихоботҳо оғози коҳиш ёфтани бова- рии мардум ба ҳама гуна барномаву ваъдаҳои ҳуку- мат гашт ва ин нобовариро баъдан ваъдаҳои дигари иҷронашудаи иқтисодиву иҷтимоӣ ва энергетикӣ беш­тар кард. Аз ин рӯ, ҳукумат на танҳо худи интихоботро бохт, балки муносибаташ бо натиҷаҳои интихобот, ҳизбҳои сиёсии ширкаткарда, бахусус, Наҳзатро ҳам- чун ҳизби пирӯз дар интихобот ва ҳатто бо мардуми кишвар ин бохт бештару амиқтар гардид. Ин амал- кард нишон дод, ки ҳукумат мурунати (гибкость) ло- зимро аз даст дода истодааст ва наметавонад бо воқеиятҳо рафтори мутаносиб нишон диҳад.

Аммо Наҳзат он замон чӣ бояд мекард ва оё ду- руст рафтор кард, ки эътирозашро фурӯ бурд ва ҳазм кард? Ё ин фурӯкашии эътироз боиси ҷасорати беш- тари ҳуқумат дар масъалаи фишорҳо болои Наҳзат гашт, чуноне ки баъзеҳо дар ҳизб ё беруни он фикр мекунанд?! Агарчи он замон тасмим гирифтан кори душвор буд, вале роҳбарияти Наҳзат аз се гунаи эътироз, ки дар Шӯрои сиёсии ҳизб матраҳ буд, (гир- диҳамойӣ ва талаби бознигарии натиҷаҳо, бойкоти

ширкат дар парлумон ва хориҷ шудан аз Шӯрои ҷамъиятӣ) аз ҳама сабуктар ва камтаъсиртарашро интихоб кард. Ва ин боис гашт, ки рафтори Наҳзатро қисме сабру таҳаммул хонданд, қисме заъфу нота- вонӣ ва ҳатто таре. Пас кадоме аз инҳо буд? Агар гирдиҳамойӣ мекардем, чӣ мешуд ва ё бойкоти пар­лумон? Ин саволҳоеанд, ки то ҳол дар зеҳнҳо мечар- ханд ва то ҳол бе ҷавоб мондаанд ва шояд ҷавобе надошта бошанд. Як чиз мусаллам аст, ки тасмим да- стаҷамъӣ гирифта шуд ва дар ҳолате, ки Наҳзат ба қудрату неруи худ болотарин эътимодро дошт ва ин эътимод аз раъйи мардум маншаъ мегирифт, ки рӯз- ҳои интихобот онро ба ҷомеа нишон дод. Агар Наҳзат эҳсоси заъф ё тарс мекард, пас ба раъйи мардум бо- вар надошт ва даъво чаро бояд кард, ки раъйи мар­дум дуздида шуд? Модоме ки даъво кардем ва ҳоло ҳам дорем, ки аксари овозҳо ба мо дода шуда буд, пас худро он замон заъиф намедонистем. Касе он рӯзҳо дар ситод ва дафтарҳои Наҳзат буд, хуб ёд до­рад, ки чӣ шӯру эҳсосоти пурҷӯше буд, ба хусус, ҷа- вононе ки довталабона ва бо умед вориди маърака шуда буданд. Ин вазъият на тарс, балки ба ҳар ҳизбу ҳаракат неру мебахшад ва ҳатто, мағрур ҳам месозад барои даст задан ба иқдомҳои қотеъонатар. Мемонад боз ҳамон сабру таҳаммуле ки борҳо гуфтаем. Муҳим он аст, ки тасмими Наҳзат дар он замон огоҳона ва бо дарназардошти манофеи миллату кишвар ва худи ҳизб гирифта шуд ва ҳоло ҳам дар дурустии он шакке надорем.

Ҳоло саволи муҳим ин аст, ки агар чунин ҳолат такрор шавад, Наҳзат чӣ тасмиме хоҳад гирифт? Ин масъала бояд равшан бошад, ки Наҳзат ҳеҷ гоҳ роҳ- кори аз қабл тарҳрезишуда барои ҳолате ва шароите надошт ва ҳоло ҳам надорад. Зеро, надоштани роҳ- корҳои қолабӣ ва аз қабл мушаххасгашта боис мегар- дад, ки тасмимҳо бо назардошти шароитҳои ҳоким дар ҳамон замону макон гирифта шаванд ва мавқеъ- ҳо амалгароёнаву воқеъбинона бошанд. Дар сурати ғайр, кас гаравгони тасмимҳо ё сенарияҳои аз қабл вуҷуд дошта дар зеҳн ё коғаз мегардад, ки аксаран мутобиқи шароити замону макони дигар аст, на ша- роити воқеиятҳои рӯз. Бинобар ин, Наҳзат тасмимҳо- яшро ҳамеша бар асоси воқеиятҳо мегирад ва он воқеиятҳо метавонанд вобаста ба замону макон фарқ намоянд.

© © ©

Наҳзат дар марҳалае 40-солагии худро ҷашн мегирад, ки ҷаҳони Ислом дар рӯ ба рӯи равандҳои тақдирсоз қарор дорад. Дар аввали асри 21 сеяки ки- шварҳои ҷаҳон ҳанӯз ҳам дар фазои баста, диктотурӣ ва низомҳои худкома ба сар мебурданд, ки аксари онро кишварҳои мусалмоннишин ташкил медоданд. Чунин тасаввурот ба вуҷуд омада буд, ки арзишҳои умумибашарӣ, мисли озодӣ, адолат, каромати инсонӣ ва ҷомеаи пешрафта барои ҳазм ва пазириши мусал- монон қобили қабул нестанд. Дар давраи аввали ҷомеаи исломӣ ва ҳамин тавр дар маҳватаи гуногуни таърихи миллатҳои мусалмон ин раванд ҳукмфармо буд, вале давраҳое низ буданд, ки ин минтақаро зул- му истибдод, яккаҳокимиятӣ ва қудрати мутлақ идора мекард. Ҳама гуна талошҳо барои расидан ба озодӣ, зиндагии беҳтар ва каромати башарӣ бо шадидтарин шакл саркӯб мегаштаанд ва ин амр миллатҳоро хору забун ва шахсиятҳоро шикаставу ноумед гардонида буд.

Вале ин чанд соли охир олами Ислом шоҳиди та- ҳаввулоте шуда истодааст, ки ояндаи он ҳанӯз рӯшан нест. Мавзӯи ин ки ҳама зулму истибдод рӯзе ба эъти- рози оммавй мерасонад, шакке дар он набуд ва ҳар инсон, ҳар миллат ҳамеша дар талаби озодиву раҳоӣ аз зулму шиканҷа мебошад. Табиист, ки ҳама мубо- ризаҳо барои озодӣ ва адолат дар олами Ислом зери шиорҳои исломӣ ва бо роҳбарии шахсиятҳову ҳара- катҳои исломӣ анҷом шудаанд. Ин дафъа ҳам истис- но набуд. Инак, дар аксари ин кишварҳо неруҳои ис- ломӣ сари қудрат омаданд, ё дар қудрат шарик гаш- танд ва дар рӯёрӯйи чолишҳову мушкилоти зиёде қа- рор доранд. Пеш аз ҳама, дар натиҷаи ин инқилобҳо кишварҳоеро ба мерос гирифтанд, ки аз фасоди мо- ливу идорӣ, яккаҳокимиятӣ ва диктотурӣ ба бадтарин ҳолати иқтисодиву иҷтимоӣ расида буданд. Илова бар ин ҳама, инқилоб ва задухӯрдҳои тӯлонии нерӯҳо тайи ин солҳо ҳарчи аз он низомҳо боқӣ монда буд, нобуд кард. Ба қавли яке аз масъолини ин ҳукуматҳо, «мо озодиро ба даст овардем, вале дар баробараш кишварҳои дуздидашуда, низоми давлатии фалаҷ- шуда ва хатарҳои зиёде мисли терроризм, экстре­мизм, ҷудоихоҳӣ ба мо мерос монд». Масъалаи ин ки дигар ҳукуматҳои қаблӣ тавону ҳаққи идораи дав- латҳояшонро аз даст дода буданд, ҷои шак нест. Агар ин инқилобҳо ҳам намебуд, онҳо мисли шӯравии со- биқ аз дохили худ дер ё зуд фурӯ мерехтанд. Вале мусибати ин равандҳо дар он аст, ки танҳо ҳукуматҳо фурӯ намерезанд, балки гоҳе аз қафои худ миллатҳо ва давлатҳоро ҳам ба варта мекашонанд. Агар дар давлатҳои демократӣ рафтану омадан, иваз шудани ҳукуматҳо, роҳбарон ва масъулин ҳеҷ таъсири ҷиддие ба давлату миллат нарасонад, заъфи низомҳои дик- тотурӣ ва худкома дар ҳамин аст, ки бо рафтанашон онҳо миллату кишварро ба мушкилиҳо мекашонанд. Чун рафтани онҳо танҳо як рафтан нест, шикастан аст, рехтан аст, иваз шудани як марҳала ба марҳалаи дигар аст. Низомҳои худкома тавре идораи давлатро роҳандозӣ мекунанд, ки ҳамаи риштаҳои давлатдорӣ даври як нафар ё як гурӯҳ мепечад ва давлат аз як кас вобаста мешавад. Кандани он ришта аксаран маънии пош хӯрдани муҳраҳои давлатдории пайваста ба ин риштаро дорад ва ин аст, ки давлатҳои пасо- инқилобӣ маҷбуранд аз нав низоми давлатдориро бисозанд.

Агар бигӯем, ки Осиёи Марказӣ охирин минта- қаест, ки интизори таҳаввулот мебошад, муболиға нахоҳад буд. Ба ғайр аз чанд кишвари алоҳида, дигар дар ҷаҳон кишварҳоеро надорем, ки ҳокимонаш ба ин шакл тӯлонӣ роҳбарии давлатҳоро дар ихтиёр дошта бошанд. Албатта, ғайри онҳое ки дар натиҷаи инқи- лобҳо рафтанд, сухан сари боқимондаҳост. Баъзан гуфта мешавад, ки бардоштани ин масъалаҳо хуб нест, роҳбарони кишварҳои минтақа хеле ҳассос шу- даанд ва боиси суитафоҳум ва нороҳатии онҳо хоҳад гашт. Вале дар ин масъала назари мо фарқ мекунад. Бинобар ин, ҳатман бояд гуфт, чун агар гуфта наша- вад, бар зарари худи ҳокимон ва миллат анҷом ме- ёбад, чуноне ки дар боло гуфта шуд, дар кишварҳои минтақа ҳам тамоми риштаҳо ба як нафар васл шуда- аст ва набояд ин риштаҳо канда шаванд. Нагуфтан ва огоҳ накардан маънои якбора кандани риштаҳо ва пош хӯрдани низоми давлатдориро дорад, ки касе он- ро намехоҳад. Агар касе бихоҳад, пас ӯ зидди ин дав- лату миллат ва мардум мебошад. Ҳама талоши Наҳ- зат ҳам барои ҳифзи миллат ва давлатдории мил- лист.

Хулоса, мехоҳам як нуктаро ба бародарону хоҳа- рони наҳзатӣ ишора намоям, ки он ҳам вижагиҳои узви як ҳаракате мисли Наҳзат мебошад. Агар шумо дунболи мақому мансаб ва зиндагии оромонаву ро-
ҳатталабона мегаштед, бояд ба ин ҳаракат намепай- вастед. Вақте ба он пайвастед, пас дунболи арзишҳое мебошед, ки аз Қуръону суннат ва ормонҳои миллати мо сарчашма мегиранд. Арзишмеҳвар будан ҳамеша мушкилӣ дорад, чун инсон бояд арзишҳоро бар ман- фиатҳо авлавият диҳад, ин кори содаву осон нест. Аз инсон имони қавӣ ба ин арзишҳо ва иродаи му- стаҳкамро барои татбиқи онҳо тақозо менамояд. Мо аввалин касоне нестем, ки дар ин роҳ меравем ва охирин ҳам нестем. Баъзеҳо то ба охир содиқ мон- данд ва ҷону моли худро нисор карданд, баъзеи ди- гар роҳро идома дода истодаанд ва баъзеи дигар таҳти омилҳои гуногун аз масир берун шуданд ва ҳа- ёти осонтару роҳаттареро баргузиданд.

isA
I^J^J lAj

Мо довари касе нестем, балки Парвардигор дова­ри ҳамаи мост, мо масъули амали хеш мебошем, на аз дигарон. Агар ин роҳро баргузидаем, пас бояд бо ҳама пастиву баландиҳояш онро бипазирем. Агар ҷое муваффақ будем, пас ин неъмати Худованд аст бар мо ва агар ҷое ноком, пас камбудие аз мо сар зада- аст. Вале набояд ҳама сабукиву оромиҳо дар роҳ да- стоварду неъмат дониста шаванд, зеро кам нестанд имтиҳону фитнаҳое, ки дар ҷомаи неъмат ва сабукиву дастовардҳо ба соликони ин роҳ пешкаш мегарданд. Ва кам набуданд касоне, ки фирефтаи ин ҳама гаштанд ва мақому мансаб, оромиву сабукиҳо онҳоро мағрур ва дур аз роҳ кард. Ҳамчунин набояд ҳама душвориву мушкилиҳоро нокомиву бунбаст донист. Чун илова бар он, ки қисме имтиҳону озмоишанд,
қисми дигаре табиати роҳ ва василаи баланд шудан ба қуллаи фатҳ мебошанд.

Ҳар гоҳ эҳсос кардед, ки ҳаракат ба сӯйи пеш ду- швортар шуда, монеаҳо бештар гаштаанд, бидонед, ки ба боло ҳаракат доред ва ҳеҷ гоҳ ҳаракат ба сӯйи қулла осонтар аз ҳаракат дар ҳамворӣ нест. Ва ҳар гоҳ эҳсос кардед, ки доред ба сабукӣ пеш меравед ва ҳеҷ фишоре болои Шумо нест, лаҳзае таваққуф кунед ва бияндешед, ки магар ба тарафи нишебӣ ва поён нарафтаед? Чун роҳ ба сӯйи поён ҳамеша сабук ва ҳаракат тез аст. Имон ва такя ба Худованд, устуворӣ ва субот дар роҳ, бародарӣ ва ваҳдат дар дохили ҳаракат, сабру таҳаммул ҳангоми душвориҳо, таанни- ву оянданигарӣ ҳангоми тасмимгириҳо аз вижагиҳои як наҳзатӣ бояд бошад. Ҳамеша бояд худро бо ин меъёрҳо бисанҷем ва онҳоро мисли тарозу назди худ дошта бошем. Ҳамин вижагиҳо буд, ки устодони моро иншоаллоҳ назди Парвардигор, ва назди миллат арҷманд гардонд ва ҳамин сифатҳо омили пойдории Наҳзат гашт. Ва набояд фаромӯш кард, ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон барои хидмат ба мил- лату Ватан ва арзишҳои милливу мазҳабии ин мар- дум таъсис гаштааст ва дар ин роҳ ҳазорҳо нафар ба шаҳодат расидаанд. Имрӯз ин амонат дасти мову шумост, то онро ба соҳибони баъдӣ, яъне насли нави фарзандони солеҳи ин миллат бисупорем.

Худованд ҳамаи моро дар ин роҳ устувору сарба- ланд бигардонад ва ин миллату кишвари азизро то рӯзи қиёмат зери сояи раҳмати Худ қарор бидиҳад!

Муҳиддин Кабирӣ

[1]. Сураи «Бақара», ояти 143.

[2]. Сураи «Бақара», ояти 249