Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Моҳи март ва апрел барои аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ моҳҳҳои хотирмон буда ва ҳастанд. Зодрӯзи муассиси ҲНИТ устоди марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар 15 уми март,  даргузашти донишманди фарзона ва яке аз муассиртарин чеҳраҳои фикрии ҲНИТ устоди марҳум Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва таъсиси ҲНИТ дар моҳи апрел, ин ду моҳ  барои ҲНИТ ва аъзову ҷонибдоронаш аҳамияти хоссе пайдо кардааст. Ба ҳамин хотир ҳамеша дар яке аз ин моҳҳо ба хотири ёдбуди устодон маросими илмӣ ё фарҳангие баргузор мегардид.  Бинобарин дар рӯзи 14 уми марти соли равон низ мизи гирде таҳти унвони “нигоҳе ба осору андешаҳои устодон дар робита бо вазъияти имрӯз” онлайн баргузор гардид.
Дар мизи гирд ибтидо Муҳаммадҷони Нурӣ дар мавзӯъи “зиндагӣ, осор ва афкори устодон суханронӣ намуда, таъкид кард, ки бо вуҷуди онки мо дар як шароити бисёр душвор ин барномаро баргузор мекунем, хуб мешавад аз  ин ба баъд бештар андешаву осори устодон мавриди таҳқиқ ва таҳлили илмӣ қарор бигиранд ва дуруст муаррифӣ карда шаванд.
Муҳаммадҷони Нурӣ таъкид намуд, ки таъсиси ҳаракат аз тарафи устод ва ҳамфикронаш ягон тарҳи хориҷӣ набуд ва дар шароити хоссе, ки дар Шуравӣ вуҷуд дошт, имкони робита бо хориҷ ҳам вуҷуд надошт. Худи устод Нурӣ ҳам борҳо таъкид карда буд, ки ин ҳаракат сирф як ҳаракати исломии тоҷикӣ буд, ки аз тарафи фарзандони ҳамин сарзамин таъсис гардид.
Ҷанбаи сулҳдустӣ ва сулҳофаринии мактаби устод Нурӣ ҳам ниёз ба баррасии амиқ ва таҳлили бештар дорад. Зеро эшон то охири ҳаёт ба сулҳ пойбанд монд ва онро иштибоҳ намедонист.
Баъдан донишманди ҷавон Исломҷон Саидов дар мавзӯъи “муносибат бо осори устодон: Ифтихори танҳо ё таҳқиқу бознашр” суханронӣ намуд.
Исломҷон Саидов дар ибтидои суханронии худ таъкид намуд, ки: “Дар ин марҳилаи ниҳоят душвор барои халқи тоҷик, ки умед ба ояндаи некро дар сояи як ҳукумати хонаводагӣ ва режими худкома, аз даст додааст, баргузор намудани чунин маҳфилҳо ва ёдовар шудан аз каҳрамониҳои гузаштагон, ки дар гузаштаи начандон дур дар рӯзҳои сахте  шабеҳи ҳолати имрӯзаи мо, бо худгузаштагӣ ва ҷонфидоӣ, умеди аз даст рафтаи халқи тоҷикро, дубора баргардониданд ва дар калбҳо рӯҳи озодихоҳӣ ва бедориро зинда карда, мардумро аз хоби гарон ба таъбири М. Иқбол, бедор карданд, яке аз авлавиятҳо медонам. Бозхонии назару андеша ва баррассии фаъолияти  чунин шахсиятҳо ва бозгӯ кардани воқеъиятҳои онрӯза, барои дубора дамидани рӯҳи озодихоҳӣ ва ҳақталабӣ ва баргардонидани умеди аз даст рафта, ҳатман кори худашро хоҳад кард. Зеро таърих барои ҳар миллате ин имкониятро додааст, ва имрӯзу фардо ҳам хоҳад дод, ки бо овардани ислоҳоту тағйирот ҷомеъаҳои худро бозсозӣ намоянд. Ин қоидаро бо зикри мисолҳо ба такрор барои мардум расонд, то деворҳои яъсу ноумедиро шикаста даст ба ислоҳу бозсозӣ бизананд.
Аз тарафи дигар зарурати чунин маҳфилҳо дар он аст, ки  ин нишастҳо василае барои муҳкам гардонидани иртиботи насли имрӯз  бо гузаштагони худ, ки барои озод мондану озод зиндагӣ кардани насли имруза ҷонфидоиҳо кардаанд,  мегардад. Ҳамонгуна, ки онҳо дар замони худ талош мекарданд худро бо ислоҳотхоҳон ва равшанфикрони Бухоро,”маорифпарварон, Ҷавонбухориён...бипайванданд ва ба шогидону пайравони худ аз қаҳрамониҳои онҳо ёд мекарданд, мо низ бо ин роҳ, равиши онҳоро идома медиҳем.”
Ба ақидаи Исломҷон Саидов дар заминаи осори устодон кори илмии ҷиддии зиёде сурат нагирифтааст, магар таҳлиле, ки танҳо дар як самти андешаҳои устод Ҳимматзода аз тарафи Абдуллоҳи Раҳнамо анҷом шудааст. “Кори назаррраси илмие, ки банда дар ин замина мушоҳида кардам, аз Абдуллоҳи Роҳнамо буда, ки он ҳам хело маҳдуд ва атрофи як самти андешаи Муҳаммадшариф Ҳимматзода,  яъне дидгоҳҳои ӯ дар масъалаи муносибати ислом бо тарзи давлатдории дунявӣ, анҷом додааст, мебошад, ки воқеан сутуданист. Мавзуъе, ки имрӯз ҳам дар марокизи илмӣ мавриди баҳсу барассиҳо қарор дорад, вале Устод Ҳимматзода дар он вақт дар ин хусус назари  муносиб ва мувофиқ ба арзишҳо ва меъёрҳои Исломӣ ироа карда буданд. Бо ин вуҷуд ҳоло ҳам чизҳои ногуфтае дар ин масала ҳастанд, ки ниёз ба нигоҳи нав ва таҳқиқи бештар дорад”.
Ин суханрон дар идомаи суҳбаташ ба он таъкид кард, ки осору андешаи устодон бо вуҷуди дар як масир ва дар як мактаб қарор доштанашон ба таври ҷудогона мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор гирад. Ҳамчунин ӯ таъкид намуд, ки набояд ба як чунин маҳфилҳо иктифо кард.
Сипас раиси ҲНИТ устод Муҳиддин Кабирӣ дар мавзӯъи “Ислоҳотхоҳӣ дар андеша ва сиёсатҳои Устодон” суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки ислоҳотхоҳӣ дар ҳизбҳо ё гурӯҳҳои идеологӣ кори душвор ва мушкилест. Зеро манобеъ ва арзишҳо дар гурӯҳҳои идеологӣ муқаддас дониста мешавад. Аммо дар гурӯҳҳои ғайриидеологӣ чунин кор осонтар хоҳад буд, зеро арзишҳо ва манобеъи онҳо ҷанбаи қудсият надоранд ва ҳаргуна ислоҳ ва навовариро метавонад ба осонӣ бипазирад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин воқеият метавон дарк кард, ки устодон чиқадар заҳмат кашидаанд.
Раиси ҲНИТ таъкид намуд, ки “имрӯз дар ҷаҳони ислом дар миёни ҳизбу ҳаракатҳо як бознигарӣ ва раванди ислоҳотхоҳӣ дар ҷараён аст, ки вақте мо байни онҳо ва ҲНИТ муқоиса мекунем, мебинем, ки ин ҳаракатҳо баъди 20 сол ба андешаи устод Ҳимматзода дар таърифи мафҳуми дунявият ва ҳамчунин андешаи устод Нурӣ дар бораи ҷудоии даъват аз сиёсат расидаанд. Яъне агар мо ин андешаҳои устодонро дуруст коркард ва муаррифӣ кунем, хоҳем дид, ки наҳзати исломии Тоҷикистон дар масалаи ислоҳотхоҳӣ аз дигар ҳаракатҳо як қадам пештар будааст. Ин агар аз як тараф боиси ифтихор бошад, аз тарафи дигар фурсатро барои идомаи ислоҳот барои пайравон ва аъзои ҲНИТ фароҳам месозад.
Муҳиддин Кабирӣ таъкид карданд, ки “бо ин забони форсии бо хатти кирилиамон андешаи донишмандони мо дар миёни чор кӯҳ боқӣ мемонад ва касе онро наметавонад бихонад ва бифаҳмад”.
“Устод Нурӣ баъд аз соли 97 барои худашон як барномаи 20 солаи ислоҳот ва бознигарӣ дар андешаҳо ва андешаи миллӣ мазҳабиро дар як қолаби  назарӣ ва амалӣ даровардан доштанд, аммо умр вафо накард, ки битавонанд ҳадди ақал 50% ин ислоҳотро бо дасти худашон амалӣ кунанд”, гӯфт раиси ҲНИТ.
Ба ақидаи Муҳиддин Кабирӣ ҲНИТ ва раҳбарияти он дар ин муддати фаъолияти худ ҳадди ақал 5 сол фурсати фаъоияти оромро надоштанд. ҲНИТ ҳамеша дар ҳолати дифоӣ қарор дошт ва фурсати фикр кардан болои ислоҳот ва бознигарӣ дар масоили усулиро надошт. Танҳо дар байни солҳои 2000 то 2010 ҲНИТ фурсати фаъолияти оромонаро дошт ва бештарин рушди андешаи миллӣ-мазҳабӣ ҳам дар ҳамин даврон рост меояд. Дар ин даврон байни ҲНИТ ва дигар қишрҳо ва ниҳодҳо робитаи хубе ба вуҷуд омад.
Дар идома суханронҳо ба саволи ширкаткунандагон ҷавоб дода, мулоҳизаҳои дигар ширкаткунандагонро низ шуниданд.
Дар охири конфронс пешниҳод шуд, ки:
1.     Ин гуна нишастҳо дар бораи ҳамаи шахсиятҳои миллӣ ва динии дигар, аз ҷумла Аслидин Соҳибназаров, Тоҳири Абдуҷаббор, Қадриддин Аслонов ва дигарон низ баргузор гардад.
2.     Маркази таҳлилии ҲНИТ дар бораи осор, андеша ва шахсияти устодон ба таври ҷиддӣ машғули таҳқиқ шавад.
3.     Масири ислоҳот бо истифода аз андешаи устодон идома пайдо кунад.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон суханони Аҳмадзиё Сироҷ, раиси Раёсати умумии амниятии Афғонистон, дар мавриди инки гӯё “ҷангҷӯёни Наҳзати исломии Тоҷикистон” дар Афғонистон ҳузур доранд, шадидан маҳкум карда, ин изҳоротро ғайримасъулона ва  дур аз воқеъият медонад.
ҲНИТ борҳо эълон карда ва ҳоло низ эълон мекунад, ки  ҳеч гуна ҷиноҳ ё неруи низомие дар ҳеч кишваре, аз ҷумла дар кишвари ҳамсоя ва дуст Афғонистон надорад ва муборизаи худро  бо роҳҳои мусолиматомез ва бидуни хушунат идома хоҳад дод.
Ҳукумати худкомаи Тоҷикистон баъд аз инки ҲНИТ-ро дар соли 2015 бо иттиҳомот сохта ва бо ангезаҳои сиёсӣ мамнуъ ва созмони террористӣ эълон кард, сахт талош намуд, ки  кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилаливу минтақаӣ  низ Ҳизби наҳзатро ҳамчун созмони террористӣ эътироф кунанд, аммо муваффақ нашуд. Аммо ин бор пас аз сафарҳои пай дар паи мақомоти амниятии Тоҷикистон ба Кобул ин иттиҳом аз забони як мақоми баландпояи кишвари Афғонистон садо дод, ки нигаронкунанда аст.
Умедворем, ҳукумати Афғонистон, ҳамчун кишвари зомини сулҳи Тоҷикистон мавқеъи созандаи худашро ҳифз кунад ва василаи таблиғоти тарафи сулҳшикан қарор нагирад. Наҳзати Исломии Тоҷикистон омода аст дар бораи ҳар масъалае бо мақомоти кишвари Афғонистон гуфтугӯ ва ҳамкорӣ намояд.
Бори дигар таъкид мекунем, ки ҲНИТ ҳеч гуна неруи низомие на дар Афғонистон ва на дар ягон кишвари ҷаҳон надорад ва муборизаи худро барои барқарории  ҳукумати демократӣ, озод ва қонунмеҳвар дар кишвар бо роҳҳои мусолиматомез ва бидуни хушунат идома хоҳад дод.
Сухангуи ҲНИТ
Бобоҷон Қаюмзод
19. 02. 2021
Раёсати Олии ҲНИТ  муноқишаи хушунатомез байни блогерони тоҷик дар Олмонро шадидан маҳкум намуда, таъкид мекунад, ки ҳеҷ яке аз онҳо рабте ба ҲНИТ надоранд. Дар фазои маҷозӣ шахсиятҳои гуногуне  мустақилона амал мекунанд ва мубориза бар зидди зулму беадолатиро ҳаққи худ медонанд, аммо аксарияти онҳо ба наҳзат рабте надоранд ва масъулияти амал ва гуфтаҳои онҳо бар души худашон аст.
Ногуфта намонад, ки робитаҳои хешовандӣ ва шахсии инсонӣ наметавонад муайянкунандаи  робитаи сиёсии афрод ва рабти онҳо ба ҳизбу гурӯҳҳои мухталиф бошад.
Мутаассифона, бархе доираҳо пайваста бо сӯистифода аз чунин фурсатҳо нисбати ҲНИТ  сиёҳнамоӣ мекунанд. Ҳодисаи охир ҳам истисно набуд ва бархеҳо бидуни ҳеҷ далеле талош доранд дар шабакаҳо таблиғоти зиддинаҳзатиро роҳандозӣ намоянд. Раёсати Олии ҲНИТ таъкид мекунад, ки ҳеҷ яке аз иштирокдорони муноқиша дар ҳеҷ замоне узви ин ҳизб набуда ва нестанд.  ҲНИТ ҳамеша таъкид кардааст, ки мавқеъи ин ҳизбро аз сомонаи расмии ҲНИТ ва саҳифаи расмии он дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавонед пайгирӣ кунед ва амалу гуфтори ҳеҷ кас ба мавқеъи наҳзат рабте надорад.
Наҳзати Исломии Тоҷикистон худ қурбонии хушунат ва зулму истибдод будааст ва натиҷаи чунин амалҳоро хуб дарк мекунад. Бинобарин ҳамеша мухолифати худро бо ҳаргуна амали хушунатомез ва бархурдҳои эҳсосиву ғайриинсонӣ баён карда ва мекунад.
Дар ҳодисаи охир ҳам назари ҲНИТ ин аст, ки мақомоти Олмон тавоноии расидагӣ ва ҳаллу фасли мунсифонаи ин ҳодисаро доранд ва мо низ хоҳиш менамоем, ки ин ҳодиса аз тарафи мақомоти ин кишвар ба таври дақиқ баррасӣ карда шавад.
Раёсати Олии ҲНИТ
18. 02. 2021
Мо ҳама аз Худоем ва бозгашти ҳама ба суи Ӯст!
Модари Неъматуллоҳи Амонбек узви Раёсати Олии ҲНИТ  дар синни 72-солагӣ ба дидори Ҳақ шитофтанд. Аз даст додани модаре, ки фарзандони фарзонае мисли Неъматуллоҳ тарбият мекунанд воқеан мусибати бузургест.
Ва аз тарафи дигар аз даст додани модар барои фарзанд ҳам зарбаи сахт ва дарди ҷонкоҳест.
Раёсати Олии ҲНИТ даргузашти ин модари бузургворро ба бародари азиз Нематуллоҳи Амонбек таслият гуфта, барои эшон ва наздикону пайвандонашон сабри ҷамил хоҳон аст.
Худованд марҳумаро дар биҳишти ҷовидон ҷой диҳад ва бо солиҳину авлиёву анбиё маҳшур гардонад.
Раёсати Олии ҲНИТ
15. 01. 2021
Раёсати Олии ҲНИТ шарҳи ВКД дар бораи бобои Донаро баррасӣ намуда, онро комилан беасос ва туҳмати ошкор медонад ва маҳкум мекунад.
Раёсати Олии ҲНИТ таъкид мекунад, ки:
- Дар  ҷанги шаҳрвандӣ бобои Дона аслан ширкат надошт ва ҳатто ба ҷое ҳиҷрат ҳам накарда буд.
- Дар сохтори ҲНИТ дар ҳеҷ замоне симате ба унвони Қозӣ вуҷуд надошт бинобарин иддаои ВКД ҳақиқат надорад.
- ҲНИТ баъди имзои созишномаи сулҳ дигар ҳаргиз неруи низомӣ надошт ва надорад. Бори дигар таъкид мекунем, ки “Ҷамоати Ансоруллоҳ” дар ҳеҷ замоне бо ҲНИТ робита надошт ва ҳоло ҳам надорад. На танҳо  “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ба ҲНИТ ҳеҷ рабте надорад, балки ҲНИТ ҳеҷ гуна неруи низомие дар ҳеҷ кишваре, ба хусус Афғонистон надорад.
- Ирсоли  маблағҳо аз тарафи хонавода, наздикон ва аъзои ҲНИТ ба хонаводаи зиндониёни сиёсӣ аслан ҷиноят нест ва таъкид мекунем, ки бобои Дона агар кумаке карда, аз хешовандону наздикон ва аъзои ҲНИТи дар хориҷ буда дарёфт кардааст ва ҳеҷ рабте ба хадамоти махсуси ягон кишвар надорад.
Бинобарин Раёсати Олии ҲНИТ ин иттиҳомотро сиёсӣ ва маҳз барои бадном кардани як пирамарди бегуноҳ ва ҲНИТ медонад ва талаб мекунад, ки Набиев Донаёр фавран озод карда шавад.
Раёсати олии ҲНИТ
08. 01. 2021
Муддати чанд моҳ буд, ки яке аз  аъзои собиқи ҲНИТ Набиев Донаёр маъруф ба бобои Дона собиқ раиси камиссияи тафтишотии ҲНИТ –ноҳияи Рӯдакӣ дар боздошт қарор дошт.
Набиев Донаёр 87 сол дошта яке аз собиқ фаъолони ҳизб ба шумор мерафт. Дар моҳи сентябри соли 2020 бо иттиҳоми расондани кумаки молӣ ба хонаводаи аъзои зиндонии ҲНИТ  боздошт гардид.
ҲНИТ борҳо таъкид кардааст, ки аъзои собиқи ин ҳизб дар дохили кишвар барои мақомот ҳукми гаравгонро доранд ва ҳар вақте бихоҳанд ҳар яки онҳоро бо иттиҳомҳои бофта боздошт ва бо шиканҷа водор ба “эътироф” мекунад, ки бобои Дона ҳам яке аз ин ҳолатҳост.
Аз тарафи дигар хонаводаҳои зиндониёни сиёсӣ дар дохили кишвар магар чӣ гуноҳе доранд ва бояд чигуна рӯзашонро бигзаронанд, агар хешу наздикону ёру дӯстонашон ба онҳо кумак накунанд? Оё ин амал худ гаравгонгирии хонаводаи зиндониёни сиёсӣ ва шиканҷаи онҳо нест? Хонаводаҳои бесарпаноҳи онҳо, ки бархе аз онҳо ноновар надоранд бояд чигуна зиндагӣ кунанд?
Пирамарди 87 сола ҳам танҳо хостааст ба чанд хонаводаи ниёзманди зиндониёни сиёсӣ кумак кунад ва боздошту зиндонӣ шудааст. Бинобарин аз тамоми созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар дархост менамоем, ки барои озодии Набиев Донаёри 87 сола ва беҳбуди вазъияти хонаводаҳои зиндониёни сиёсӣ бетараф набошанд.
Раёсати Олии ҲНИТ ин иқдоми ҳукуматро маҳкум намуда, аз ҳамаи созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башари дохилӣ ва хориҷӣ хоҳиш мекунад, ки барои озодии ин пирамард талош кунанд.
Раёсати Олии ҲНИТ
04.01.2021
Ба муносибати зодрӯзи Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад
Ӯро ҳама ба унвони мавлавӣ мешиносанд. Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммадро атрофиёнаш  ба ҳамин ном садо мезананд. Ин унвонро беҳуда ба ӯ надодаанд. Ӯ яке аз шогирдони муваффақи Мавлавии Ҳиндустонӣ шинохта мешавад ва яке аз донандагони хуби илми фиқҳи исломӣ мебошад. Ӯро метавон фақеҳе гӯфт, ки метавонист масоилро мутобиқи шароити замону маконаш баррасӣ ва ҳал намояд. Инсони ҳалим ва шарифест, ки беш аз 5 сол мешавад дар зиндон аст.
Ӯ дар кишвар ҳам шогирдони зиёде дораду инсонҳои зиёде аз илмаш баҳраманд шудаанд. Маҳз ба хотири ҳамин илму донишаш ва барои тарбиятгариаш имрӯз пушти милаҳои зиндон рафтааст.
Барои шинохтани беҳтари ӯ фикр мекунам хондани ин мусоҳибааш дар арафаи 40 солагии наҳзат аз ҳама беҳтар бошад.
Мусоҳиба бо раиси Комиссияи тафтишотии ҲНИТ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад
«Албатта, ҳар ҳизб мехоҳад, аъзои зиёд дошта бошад, аммо агар мо тамоми ҳаводорону ҷонибдорони худро расман аъзои Наҳзат кунем, дигарон хело ташвиш мешаванд».
Муҳаммадалии Файзмуҳаммад соли 1959 дар деҳаи Сурхои ноҳияи Ховалинги вилояти Кӯлоб (Хатлон) дар оилаи диндор ба дунё омадааст. Баъди чанде оилаи онҳо ба ноҳияи Панҷ мекӯчад ва ӯ соли 1977 мактаби миёнаро дар ҳамин ноҳия хатм мекунад. Маълумоти диниро нахуст дар назди амаки худ Домулло Мир ва сипас дар назди мулло Саидраҳмони хурдӣ меомӯзад. Ҳамчунин барояш муяссар мегардад, то ба назди Мавлавӣ Муҳаммадҷони Қӯқандӣ рафта, муддате дар назди эшон таълим гирад.
Соли 1990 дар масҷиди ҷомеъи ноҳияи Панҷ имомхатиб таъин мешавад ва аз соли 1992 ба кишвари Афғонистон ҳиҷрат мекунад. Дар Афғонистон ба ҳаракати Наҳзат мепайвандад ва сараввал ба ҳайси раиси Кумитаи муҳоҷирин, сипас раиси Кумитаи иршод ва даъват хидмат мекунад. Соли 1997 ба мақоми Қозии ИНОТ таъйин мешавад ва аз ҳамон рӯз ба лақаби “Қозӣ” маъруф аст. Баъди аз нав ба қайд гирифтани ҲНИТ дар соли 1999 ба узвияти он шомил мегардад ва то ин дам дар бахшҳои мухталифи ин
созмони сиёсӣ фаъолият дорад. Соли 1994 ба факултаи Илоҳиёти Донишгоҳи ба номи Абдуллоҳ ибни Масъуди вилояти Тахори Давлати Исломии Афғонистон дохил шуда, онро бомуваффақият хатм мекунад. Мавлавӣ Муҳаммадалӣ бо забонҳои форсӣ, арабӣ ва русӣ хуб ҳарф мезанад. Аз соли 1997 узви КОМ шуда, дар зеркомиссияи муҳоҷирин фаъолият кардааст. Барои хизматҳои арзандааш дар барқарории сулҳу оштии миллӣ бо ордени “Дустӣ” сарфароз гардонида шуд.
Феълан эшон узви Раёсати Олӣ ва Шӯрои сиёсии ҲНИТ ва раиси Комиссияи тафтишотии ин ҳизб мебошад.
Оиладор ва соҳиби 11 фарзанд аст.
– Мо чун дар арафи ҷашни 40солагии ҲНИТ қарор дорем, қаблан иҷозат диҳед шуморо ба ин муносибат табрик намоем. Шояд Шумо ҳам ба ин муносибат кадом гуфтание доред?
– Қабл аз ҳама ман роҳбарияти ин ҳизб ва алалхусус раҳбари он доктор Муҳиддин Кабириро ба муносибати ин ҷашни фархунда, ҷашни 40солагии таъсисёбии ин ҳаракати илоҳӣ, ки ба хотири эълои калиматуллоҳ таъсис ёфтааст, табрику муборакбод мегӯям. Ҳамчунин тамоми аъзои ҲНИТ ва соири мусалмононро ба ин санаи саодат табрику муборакбод мегӯям. Ман аз Худованди маннон орзу дорам, ки ин ҳаракати худоӣ ва ин чароғи нурониро, ки ба хотири партавфишонии нури илоҳӣ ва нури Қуръон ва интишори маърифати динӣ ва шаръӣ таъсис шудааст, комилу мукаммалтар гардонад. Умед дорам, ки саодатмандию некбахтиро барои тамоми пайравон, мухлисон ва некхоҳони он рӯзӣ гардонида бошад. Ин
ҳаракат воқеан ҳаракати худоӣ будани худро дар давоми 40 сол исбот кардааст ва он идомаи ҳамон ҳаракати Муҳаммадист (с). Чунончи Паёмбар ва ёронаш баҳри дарёфти ризои Худо ва ба хотири мубориза алайҳи зулму фасод ва ба хотири шикастани бутҳои берунӣ ва дарунӣ заҳмат кашидаанд, иншоаллоҳ, Наҳзат ҳам бо пайравӣ аз эшон дар ин роҳ талош хоҳад кард. Наҳзат талош мекунад шуур ва виҷдони мардумро бедор кунад, то аз шарри нафсу шайтон раҳо ёбанд ва аз онҳо инсонҳое бисозад, ки ҷони худро фидои дину оин, миллату Ватан намоянд.
– Ҳазрати мавлавӣ! Шумо замоне имомхатиби масҷиди ҷомеъи ноҳияи Панҷ будед ва бо уламои исломӣ нишастҳо доштед. Дар ин нишастҳо атрофи Наҳзат чӣ суҳбатҳо ва баҳсҳо мешуд?
– Ман аз солҳои 90 имомхатиби масҷиди ҷомеъ будам ва суҳбатҳову мавъизаҳои аксари имомони он замон сирф суҳбатҳои маърифатӣ буданд, мақсад эълои калиматуллоҳ буд ва ман ҳамеша дуо мекардам, ки Ислом сарбаланд шавад ва пешбарандаи зиндагии мардум гардад, то дар зери парчами он осуда зиндагӣ кунанд.
Марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки он вақт бо номи Мулло Абдуллоҳ машҳур буд, ба ноҳияи мо рафту омад дошт. Эшонро ба ҷамъомадҳо ва маросимҳо даъват мекардем. Собиқ раиси колхози мо Кабуд Сайфуддин ба муносибати ба синни 63солагӣ расиданаш мавлуд кард ва аз устод Нурӣ даъват ба амал овард. Устод ҳамроҳи махдуми Кароматуллоҳ ва Қорӣ Муҳаммадҷон омаданд, он шаб сӯҳбатҳои ҷолиб карданд. Банда ба ҳайси хатиби ноҳия ҳамроҳ бо муовинам махдуми Садриддин барандаи маҳфил будем. Бо Устод дар ҳамон вақт шинос шудем.
Дар он айём бархе аз мулоҳо ва эшонҳо нисбати Устод ва ҷавонони наҳзатӣ суханони носазо мегуфтанд. Мардум, ки нисбат ба ҳукумати давр нафрат доштанд, ба хотири бадномкунии эшон онҳоро муллоҳои ҳукуматӣ мегуфтанд. Аз забони баъзе муллоҳо бисёр мешунидем, ки ин гурӯҳ бо ҳукумат кор мекунанд ва аз онҳо эҳтиёт кунед. Бо махдуми Кароматуллоҳ ва Домулло Айёмуддин шиноси наздик будем ва бештар ахбори бародаронро аз эшон мегирифтам. Вақте дар Қӯрғонтеппа дар назди Домулло Сайидраҳмони хурдӣ мехондам, махдуми Кароматуллоҳ барои ҷалби ман ба Наҳзат кӯшиши зиёд мекард, вале аз тарафи дигар дар ҷамъомадҳо дар ҳаққи онҳо ҳар гуна суханон мешунидам. Агарчи ба он суханон боварам намеомад ва яқин доштам, ки онҳо одамони ҳукумат нестанд, балки ин ҷавонон воқеъан барои Ислом хидмат мекунанд, аммо ба онҳо дар он замон напайвастам.
– Дар боло ишора кардед, ки хатиби масҷид будед ва дар маҳфиле, ки устод Нурӣ ва Қорӣ Муҳаммадҷон суханронӣ доштанд, баранда будед. Чаро имрӯз хатибон дар маҳфилҳо барандагиро ба ӯҳда намегиранд?
– Он мавлудро раиси колхоз, ки худ намояндаи ҳукумат буд, ба хотири 63солагии худ баргузор намуд. ӯ бо ман маслиҳат кард, ки мехоҳад мавлуд карда мулло Абдуллоҳро даъват кунад ва иқдоми ӯро дастгирӣ кардем. Даъватро ӯ ба ӯҳда гирифт ва идораи ҷамъомадро мо. Он вақт овозаҳо паҳн шуда буд, ки ин гурӯҳ садақоту хайротро манъ мекунанд ва моро ҳаромхӯр мегӯянд. Он вақт ҳукумат қудрат дошт ва муллоҳову масоҷидро заиф мепиндошт. Ҳоло тарсу ҳарос аз мулло ва масҷид ба хотири заъфи ҳукумат аст.
– Чунончи маълум аст, Наҳзат аз ибтидо фаъолияти худро бо барномаҳои нави таълимӣ шуруъ намуд. Метавонед бигӯед, ки ин барномаҳо аз барномаи маъмулии он давра чӣ тафовут дошт?
– Воқеъан барномаҳои маъмулӣ, ба гуфти худи устодони онвақта, ҳамон барномаи мадрасаҳои Бухоро ва ё барномаи мактаби кӯҳнае буд, ки Садриддин Айнӣ онро дар асараш зикр намудааст. Вале равияеро, ки Марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва ҷавонони дастандаркори ин харакат роҳандозӣ карданд, барои мо муллоҳо ва устодон хело маъқул шуда буд. Барои мисол мадрасаеро, ки Зубайдуллоҳи Розиқ таъсис дода буд, яке аз мадрасаҳои ҳамин ҷавонон буд ва мо гоҳгоҳ барои намозхонӣ ба он масҷид медаромадем ва медидем, ки тартиби дарсхонӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Маҳз дар ҳамин мадрасаҳо ҷавонон бо шавқу завқ таълим мегирифтанд ва низоми ин мадорис хело ҷолиб ва диққатҷалбкунанда буд. Илова бар низоми дуруст ва мураттаб ҳалқаҳои дарсӣ ба монанди занҷира буданд. Шогирд ҳатман бояд шогирд медошт ва шогирдонаш ҳам бояд шогирд мегирифтанд. Дар ҳамон замон барои ҳар ҳалқа масъуле вобаста буд. Ман, агарчи дар ҳиҷрат ба ин ҳаракат пайвастам, вале дар баъзе ҳалқаҳои онҳо пеш аз ҳиҷрат аҳёнан ширкат мекардам ва аз он лаззат мебурдам.
– Шумо яке аз шогирдони Мавлавӣ Муҳаммадҷони Қӯқандӣ будед, оё он кас оиди сиёсати Ислом, ё умуман масоили сиёсӣ суҳбат мекарданд?
– Аслан ҳазрати мавлавӣ Муҳаммадҷон (р) шахсияти бузургу арзанда ва хидмати дину шариатро анҷом медоданд ва дар айни ҳол бисёр мулоҳизакор
буданд. Эшон дар масоили сиёсӣ ҳамеша шогирдони худро насиҳат медоданд, ки бисёр эҳтиёткор бошанд. Он кас аз дасти ҳукуматдорони Шуравӣ чандин сол зиндонӣ шуда ва азобу машаққатҳои зиёд кашида буданд. Аммо ҳазрати Мавлавӣ аз масоили сиёсӣ ва макру ҳилаҳои қудратмандон огоҳии хуб дошт, пайваста радио гӯш мекард, рӯзномаю маҷаллаҳо, хусусан газетаи «Правда»ро мутолиа мекард. Ман як вақт пурсидам, ки ҳазрати Мавлавӣ, чаро Шумо бачаҳоро эҳтиёт кунед, мегӯед ва таъкид мекунед, ки бо ҷавононе, ки ба ваҳҳобият нисбат дода шудаанд напайванданд, вале хуб медонед, ки онҳо дар воқеъ дар хидмати дину имонанд? Дар ҷавоб гуфтанд: «Ман ин ҷавононро хуб мешиносам ва аз аҳдофи онҳо бохабарам, шумо бо онҳо бошед, вале дар назди оммаи мардум маҷбурам чунин бигӯям». Устоди мо ҳазрати Мавлавӣ яке аз ҷоннисорони ҳамин роҳ буд ва яке аз шахсиятҳое буд, ки ҷони худашро дар хатар монда, садҳо нафар шогирд тайёр мекарданд. Албатта, манзури эшон ин буд, ки агар гурӯҳе даст ба сиёсат зананд, бояд гурӯҳи дигар масъулиятҳои дигарро ба дӯш гиранд ва таълиму тарбияро масъулияти ҳатмӣ ва аввалиндараҷа медонистанд. Дар Тоҷикистон олиме нест, ки аз насими илму маърифат ва аз файзу дониши ҳазрати Мавлавӣ баҳра нагирифта бошад.
– Ба унвони узви зеркомиссияи КОМ оид ба муҳоҷирин, аз нақши ҲНИТ дар баргардонидани муҳоҷирин чӣ гуфта метавонед?
– Вақте мо ба Афғонистон ҳиҷрат намудем, мардуми муҳоҷири тоҷик пароканда ва ҳар кас дар фикри худ буд. Бо ташаббуси устод Нурӣ сарварони Наҳзат, домуллоҳо ва шахсиятҳои бонуфуз ҷамъ шуда, ҷаласа оростанд ва ҳаракати Наҳзатро таъсис доданд, яъне ҳизб ба ҳаракат табдил ёфт ва дар ҷаласаи на
хустин Устодро роҳбари ҳаракат интихоб карданд. Зеро ӯ ягона шахсияте буд, ки дар он вазъи азҳамрехтагии нерӯҳо ва парокандагии муҳоҷирон тавони ба танзим овардан ва идора карданро дошт. Мо тавонистем дар хориҷ ҳукумати хурдакаке ташкил диҳем, ки яке аз шохаҳои онро Шӯрои ҷиҳодӣ ташкил медод ва 40 нафар узв дошт. Ҳамчунин ба хотири бесавод намондани фарзандони муҳоҷирон Кумитаи илм, Иршод ва фарҳанг таъсис дода шуд. Воқеан, агар Наҳзат намебуд, касе дар он вазъият наметавонист созмон таъсис диҳад ва мардуми овораро сарпарастӣ намояд. Инчунин дар обрӯмандона баргардондани муҳоҷирин Наҳзат нақши калидӣ дорад, мардум ба ҷуз Наҳзат ба ягон нерӯи дигар эътимод ва боварӣ надоштанд. Баъди ба имзо расидани Созишномаи сулҳ мардум омода буданд, то бо дастури роҳбарияти ИНОТ ба Ватан баргарданд ва бо фармони роҳбари он силоҳҳои худро ба замин бигузоранд ва ба ҳаёти осоишта бозгарданд. Бархе аз афрод мардумро аз баргаштан ба Ватан метарсонданд, ки баргаштан кушта шудан аст ба монанди хешу табори кушташудаатон. Онҳо роҳбарияти ИНОТро айб мегирифтанд ва гоҳо хоин ҳам меномиданд ва мегуфтанд, ки сулҳ, ин дом аст.
– Ҳама медонанд, ки Наҳзат дар ҳиҷрат даст ба муборизаи мусаллаҳона зад, вале аксари мардум намедонанд, ки чаро ин корро кард ва бо кадом ҳадаф?
– Ба ростӣ, то замони тарки ватан Наҳзати исломӣ ва мардуми бечораи тоҷик на силоҳи кофӣ доштанд ва на мутааллиқ ба ягон қудрати хориҷӣ буданд ва ҳар муқобилияте нишон медоданд, ба хотири дифоъ аз дину ҷону моли хеш анҷом медоданд. Табиъист, ки нияти таҷовуз ба ҳарими касеро надо
штанд ва бо касе кинаву адоват дар дил намепарвариданд ва бо ҳама гуна ҷангу хунрезӣ мухолиф буданд. Мардуме, ки дар даст силоҳ надошт ва барои ҷанг омода набуд мавриди зулму ситам қарор гирифтанд ва роҳи ягонаи халоси ёфтани худро дар ҳиҷрат диданд. Чун ба Афғонистон рафтанд, ягона роҳи баргашт ба Ватан ва бозгардондани молу мулк ва хонаву дари хешро дар муқовамати мусаллаҳона диданд, зеро бо зӯргӯ танҳо бо забони зӯр сӯҳбат карда метавон, на бо нармию мулоиматӣ. Пас аз он шӯрои ҷиҳодиро ташкил доданд ва силоҳи кӯҳнаро аз афғонҳо харида, муборизаро оғоз намуданд. Ба таври хулоса гӯем, ҳиҷрати мо барои дифоъ аз ҷон буд ва муқовамати мусаллаҳонаи мо барои баргаштан ба ватан ва гирифтани ҳуқуқҳои аздастрафта.
– Аз таҷлили 30солагии ҲНИТ то кунун дар фаъолияти ҳизб ба ҳайси раиси КТ чӣ камбудиҳоро мушоҳида намудед?
– Аслан дар дохили ҳизб ман камбудиро ба мафҳуми куллияш мушоҳида накардаам. Бале, вале шояд хато ва иштибоҳ бошад ва он дар ҳама созмону ҷамъиятҳо вуҷуд дорад. Алҳамдулиллоҳ, бо вуҷуди ин ҳама фишорҳои мақомот алайҳи Наҳзат ва нигоҳи тангназарона ба аъзо ва масъулини Наҳзат фаъолиятҳои хуберо ба роҳ мондаанд, ки воқеан, агар ба фазои имрӯзаи кишвар қиёс кунем, қаҳрамонӣ ба ҳисоб меравад. Дар шуъба ва бахшҳои минтақавӣ, ташкилотҳои ибтидоии ҳизб ба фишорҳои рӯзафзун нигоҳ накарда пешравиҳо мушоҳида мешавад. Бале, ҳарҷое, ки пешравӣ ҳаст, ҳатман камбудӣ дида мешавад. Ман ҳамчун раиси Комиссияи тафтишот, мебинам, фаъолиятҳои хубе барои ҷалби ҷавонон ба роҳ монда шудааст ва ҷавонон ин ҳизбро хуб пазируфтаанд. Якта нимта касоне, ки ҳизбро тарк мекунанд, аз роҳ
барият иҷозат мегиранд, то зоҳиран дар масҷидҳо ва дигар муассисаҳои ҳукуматӣ кор кунанд ва қалбан бо мо бошанд. Замоне шиори мо бештар аъзо гирифтан буд ва он вақт зарурат ва ниёз ба он эҳсос мешуд, вале имрӯз ҳамин миқдор аъзо барои Наҳзат кофист ва бигзор боқӣ тарафдор ва ҳаводор боқӣ бимонанд. Албатта, ҳар ҳизб мехоҳад, аъзои зиёд дошта бошад, аммо агар мо тамоми ҳаводорону ҷонибдорони худро расман аъзои Наҳзат кунем, дигарон хело ташвиш мешаванд.
– Аз диди Шумо, оё Наҳзат масири дурустро пеш гирифтааст?
– Ман ба ҳайси раиси Комиссияи тафтишот орзу дорам, ки то охири умр ҳамчун хизматгузор дар ҲНИТ боқӣ бимонам ва ин худ баёнгари он аст, ки ман ин роҳро роҳи дуруст меҳисобам. Ин роҳ роҳи ислом аст ва ҳар кӣ ба ин корвон ҳамроҳ мешавад, дар ибодат қарор дорад. Масиреро ки устод Нурӣ тай намуда ва масиреро, ки доктор Муҳиддин Кабирӣ идома медиҳад ва дигар аъзо ва масъулини Наҳзат ба он мераванд, беҳтарин масир медонам.
– Агар қарорҳои дусе соли охир қабулкардаи РО ва ШСро дар мизони Оинномаи ҳизб гузоред, иштибоҳеро метавонед дид?
– Тибқи Оинномаи ҳизб қабули қарор тартиботи муайяни худро дорад. Вақте ҷаласаи ШС ё РО баргузор мегардад, бояд ба камаш аз се ду ҳиссаи аъзои он ҳузур дошта бошанд ва ҳар қарор бо гирифтани 50+1 қабул карда мешавад. Пеш аз қабули ҳар қарор атрофи он баҳсу мунозираҳо сурат мегирад ва ҳар узви Раёсат озодона фикру андешаҳои худро перомуни ин ё он масъала матраҳ мекунад, сипас ба хулоса меоем, баъд аз он қарор ба овоз монда меша
вад. Яъне бидуни санҷидан ба мизони Оиннома ҳеҷ қароре ба овоз монда намешавад.
– Баъд аз омадани Кабирӣ чӣ тағйироте дар ҳизб ба вуқуъ омад?
– Чуноне мегӯянд аз берун хубтар дидан мумкин аст. Мо дар дохили ҳизб ҳастем ва воқеияти ҳизбро хуб дарк мекунем ва тағйиротро камтар эҳсос мекунем. Ба фикри ман баъд аз омадани Кабирӣ сафи аъзо аз ҳисоби ҷавонон бештар шуд ва ҷавонони зиёде ба хусус донишҷӯён ба Наҳзат аҳамияти бештар доданд. Яке аз сиёсатҳои пешгирифтаи ҲНИТ дар даврони Кабирӣ ҷавонгароӣ буд, ки бомуваффақият анҷом меёбад. Алҳамдулиллоҳ, ман ҳеҷ сустӣ ва ба қафо рафтанро намебинам ва баръакс пешравиҳои хубе ба назар мерасад. Аз тарафи дигар тағйироте, ки дар самти Наҳзат ба вуқуъ меояд вобаста ба афрод ва ашхос нест, балки вобаста ба фазо ва шароити рӯз аст.
– Оё барои рӯи коғаз овардани хотироти худ аз замони толибилмӣ то муҳоҷират ва кор дар КОМ ва баъд аз он боре фикр кардаед?
– Бале, ман ин корро шуруъ кардам, агарчи мебоист чанд сол пештар шуруъ менамудам. Барои ин кор ман ногузир кор бо компутарро омӯхтам ва ҳар рӯз чанд соат дар назди он менишинам. Бояд иқрор шавам, ки дар ин масъала камбудӣ аз худи мост, вале агар умр боқӣ бошад, ҳатман ин корро бо кӯмаки Парвардигор анҷом хоҳам дод.
Мусоҳиб: А. Ваҳҳоб
Зодрӯзи мавлавии гиромӣ ба ҳама шогирдону дӯстонаш муборак бошад!
Ҷуматаев Асанбек падараруси узви Раёсати Олии ҲНИТ Шеров Ҷумахон дар синни 85 солагӣ аз олам чашм пушиданд. Марҳум зодаи вилояти Ҷалолободи кишвари Қирғизистон буд, ки баъди адои фаризаи ҳаҷ дар чанд соли охир яке аз даъватгарони исломӣ дар ин кишвар ба ҳисоб мерафт.
Раёсати Олии ҲНИТ даргузашти эшонро ба хонавода ва низдиконаш таслият гуфта, ҳамдардии худро иброз медорад. Худованд ба Марҳум биҳишти ҷовидон ва ба бозмондагон сабри ҷамил ато намояд.
Раёсати Олии ҲНИТ
21. 12. 2020
Куштори мардуми бегуноҳ дар шаҳри Вена пас аз ҳодисаҳои Фаронса бори дигар мардумро дар ҳолати шок қарор дод. Кушторе, ки мутаассифона боз ҳам ба номи Ислом анҷом шуд.
ҲНИТ ба ин бовар аст, ки ин ҷиноят ҳеҷ рабте ба Ислом надорад ва як ҷанги ошкор алайҳи башарият аст. Нахуствазири Утриш Себостян Куртс ҳам хеле хуб ишора карданд, ки “ин ҷанги ислом ва масеҳият нест, балки ҷанги тамаддун ва барбарият аст”.
РО ҲНИТ зимни ҳамдардӣ бо бозмондагони ҷонбохтагони ин ҳодиса ва мардуми Утриш, ин ҷиноятро шадидан маҳкум мекунад. Ҳамчунин аз аъзо ва ҷонибдорони худ даъват мекунад, ки дар ҳар кишваре ҳастанд онро ҳамчун Ватани дуввуми худ бидонанд ва барои ҳифзи субот ва оромиши он тамоми талоши худро ба харҷ диҳанд.
РО ҲНИТ 05. 11. 2020
Қатли ваҳшиёнаи муаллими фаронсавӣ аз тарафи ҷавони 18 солаи чеченӣ аксарияти мардуми дунёро дар ҳолати шок қарор дод. Новобаста аз омилҳои ин рафтори ӯ, хуни ноҳақ рехта шуд ва инсоне қурбон гардид.
Рух додани ин ҳодиса  дар маҳди озодӣ ва демократия, далели он аст, ки  ҳанӯз ҳам  иддае бо озодӣ ва арзишҳои волои инсонӣ мухолиф буда, чунин фазоро барои худ бегона меҳисобанд. Дар фазое, ки асоси онро илм, мантиқ, андеша ва арзишҳои инсонӣ ташкил медиҳанд, касоне, ки ҷуз зур, таҳдид, такфир ва хушунат силоҳи дигаре надоранд, манофеъи худро дар хатар мебинанд ва ҷавонони эҳсосотии мусалмонро таҳрик медиҳанд, ки даст ба ҷиноятҳои зиддидинӣ ва зиддиинсонӣ бизананд.
ҲНИТ ин ҷиноят ва амали зиддиинсониро қотеъона маҳкум намуда, мухолифати шадиди худро бо дастгирӣ намудан, таҳрик додан, пуштибонӣ  ва ё тавҷеҳ намудани чунин амалҳои зиддидинӣ ва зиддиинсонӣ эълон мекунад.
ҲНИТ бар ин бовар  аст, ки бардоштҳо ва паёми доираҳои динӣ ва  муносибати  онҳо бо қазияҳои марбут ба дин бояд бознигарӣ шавад, то пеши роҳи чунин амалҳо ва таҳрики ҷавонони мусалмон аз суи гурӯҳҳои манфиатҷӯ гирифта шавад.
Раёсати Олии ҲНИТ19.10.2020
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 16-уми сентябрро “ҳамасола ҳамчун рӯзи ҳамдилӣ бо ин қаҳрамонони мазлум ва наздикону пайвандонашон” эълон карда, то мавзуъи маҳбусони сиёсии тоҷик мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардад.
Инак 4 соли дигар аз эълони ин рӯз гузашт, вале садҳо фарзонаи миллат, аз ҷумла Сайидумар Ҳусайнӣ, Маҳмадалӣ Ҳайит, Зайд Саид, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Бузургмеҳр Ёров, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода ва дигарон, дар кунҷи зиндон ба сар мебаранд ва танҳо гуноҳашон ин буд, ки барои миллату Ватан озодӣ ва як кишвари озоду демократӣ мехостанд.Гурӯҳи Кории СММ оид ба боздоштҳои худсарона бо интишори хулосаҳои худ боздошти 15 нафар аз зиндониёнро ғайриқонунӣ ва дорои ангезаи сиёсӣ номида, хоҳони бе қайду шарт озод кардани онҳо шуд. Ин баёнгари он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо шумули СММ, бонуфузтарин созмони байналмилалӣ, версияи ҳукумат ва иттиҳомоти онро на танҳо қабул надорад, балки онро ғайриқонунӣ ва уҳдаддориҳои худ дар масъалаи ҳуқуқи инсонро поймол кардааст.
Бо вуҷуди ин, ҳукумати Тоҷикистон ба ин қарорҳову хулосаҳои ин ниҳоди расмии СММ бетаваҷҷуҳӣ карда, аз озод кардани маҳбусони мавриди назар сарпечӣ кард.Таърихи миллатҳои озодаву огоҳ пур аз мавориди боздошту зиндонӣ кардани фарзонагон ва озодандешони ватандуст аст ва номҳои он фарзонагон дар таърих ҳамчун қаҳрамонони ҷонбакаф ёд шудааст ва ҳукуматдорони вақт ҳамчун хоинони миллату Ватан дар таърих сабт шудааст. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тамоми саъйю талоши худро баҳри озод гардидани тамоми зиндониёни сиёсӣ анҷом хоҳад дод ва бовар дорад, ки фишорҳо ба режими Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид аз тарафи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ афзоиш хоҳад ёфт.
Бо умеди озоди тамоми зиндониёни сиёсӣ,
Раёсати Олии ҲНИТ16.09.2020
Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ, донишиманд, сиёсатмадор, мураббӣ ва аз ҷумлаи шахсиятҳое ҳастанд, ки барои озодӣ, сарбаландӣ ва раҳоии миллати тоҷик аз бардагӣ, сахтиҳо ва мушкилоти зиёдеро мутаҳаммил шуда то ба ҳол зери фишор қарор доранд, вале чун ҳадаф ва мақсади олӣ доштанду доранд, ҳеҷгоҳ таслими хостаҳои мустабиддон ва душманони озодӣ нашуданд. Ин аст, ки бо вуҷуди пиронсол буданаш дар зиндон қарор дорад ва аз ҷониби навкарони режими хонаводагӣ ва диктаторӣ мавриди азияту озор қарор мегирад.
Домулло дирӯз зодрӯз доштанд ва панҷумин зодрӯзашонро пушти панҷараи зиндони гурӯҳе аз худхоҳону худкомагон ва бадномону сияҳбахтони таърих, мегузаронад. Инак Домулло ба синни мубораки 74 қадам мегузоранд, вале дур аз наздикону пайвандон дар торикиҳои зиндон ва пушти панҷараҳои оҳанин. Қарор доштани пирамарде 74 сола ва он ҳам донишманде бо тамоми маъно дар зиндон, далели равшане бар вуҷуди ҳукумати золим ва режиме худкома дар Тоҷикистон аст. Дар ин навиштор ман қасдан аз масъулиятҳои домулло дар ҲНИТ сарфи назар кардам, бо вуҷуди онки масулиятҳо ва вазифаҳои муҳимеро дар ҲНИТ ба душ доштанд ва аз рӯзҳои аввалини таъсиси ҳизб хидматҳои шоёне дар ин роҳ анҷом додаанд. Зеро дар муддати шаш соле, ки бо домулло ҳамкор будам ва дар Академияи ҲНИТ зери роҳбарии ӯ кор кардам, домуллоро як шахсияти фароҳизбӣ дарёфтам. Ҳамеша ҳамму ғамашон миллат ва мардум буд, манфиатҳои миллату давлат барояшон дар дараҷаи аввал қарор дошт. Дигар ики домулло воқеан як донишманд ба тамоми маъно буданд, ӯ на танҳо роҳнамо барои ҷавонони ҳизб, балки дасти ёриашро барои ҳар нафаре, ки ба ӯ муроҷиат мекард мерасонид, ҳатто ба нафароне, ки бо ӯ ҳамфикр набуда мухолифи дидгоҳ ва роҳу равишаш буданд. Ҳеҷ гоҳ нисбати нафаре бад намегуфтанд, ҳамеша мекӯшиданд масоилро тарзе матраҳ намоянд, ки ба тарафи муқобил сахт барнахӯрад. Доимо моро ба нармгуфторӣ ва нарм бархӯрд кардан бо мухолифин ва ононе, ки бо мо ҳамфикр набуданд, тавсия мекарданд. Ёдам ҳаст боре як масъалаи фиқҳиро, (замоне, ки масъули бахши суолу ҷавобҳои фиқҳӣ дар академияи ҲНИТ будам) ки аз номи донишҷӯе дар робита ба намози ҷумъа ва монеъагузориҳои мақомот ба суроғаи мо омада буд, ҷавоб гуфтам ва аз сабаби онки дар сафар будам, ҷавобро бидуни машварати домулло дар сайт гузоштам, ки он сабаби бозпурсии домулло аз ҷониби мақомоти қудратӣ шуда буд, дар дохили ҳизб ҳам сару садоҳоеро ба вуҷуд оварда буд. Баъдан домулло на ҳамчун роҳбари бахш, балки ҳамчун мураббӣ маро назди худ хонда чунин насиҳат карданд. Домулло (Устод маро гоҳе домулло ва гоҳе ҳам мавлавӣ хитоб мекарданд) шумо масъаларо бо такя бо ҳадисе, ки овардаед дуруст ҷавоб додаед, вале беҳтар мешуд аввал онро аз назди ман мегузаронидед, то ман онро каме нармтар карда баъдан мегузоштам, зеро шумо каме сахттар гуфтаед, аз ин пас ин тавсияро дар назар дошта бошед. Сипас гуфтанд омода бошам, зеро эҳтимол дорад ман ҳам барои бозпурсӣ даъват шавам.
Ҳоло дарк мекунам, ки домулло чӣ неъмате барои мо ҷавонон буданд, ки аз вуҷуди ӯ ба таври шоиста истифода накардем. Умед дорам ҳарчӣ зудтар ба озодӣ бароянд ва аз илму дониш ва таҷрибаи эшон ҷавонони миллат баҳраманд гарданд.
Дар муддати шаш соле, ки бо домулло якҷо кор кардам, боре ҳам ҳарфи сахте ва ё номуносибе аз эшон нашунидаам ва боре ҳам надидаам нисбати нафаре бад гуфта бошад ва боре ҳам нисбати ватану миллаташ ҳарфи ношоистае зада бошад, пас чӣ гуна метавон бовар кард, ки шахсияте чун домулло Зубайдуллоҳ терорист ва экстримист ва хоини миллат аст? Яке аз суннатҳо ва қонунҳои зиндагӣ ин аст, ки ғолибан қаҳрамонон ва мудофиъони ватану миллат, курбонӣ мегарданд ва зиндагиашонро дар сахтиҳо пушти сар мекунанд, ки яқинан метавон гуфт Домулло Зубайдуллоҳ яке аз онҳо аст.
Бо умеди озодӣ ва раҳоии мардони ҷасуру қаҳрамони миллат аз зиндони худкомагон!
Боз ҳам Зодрӯзатон муборак Устоди Азиз!
Яке аз шогирдони кӯчаки Домулло, Исломҷони Саид.
Аз саҳифаи фейсбукии Исломҷони Саид
Рузҳои ахир Ҳукумати кишвар даҳҳо нафарро боздошт намудааст, ки байни онҳо 2 узви собиқи Раёсати Олии ҲНИТ, Исломиддин Файзалиев ва Ҷалолиддини Маҳмуд низ ҳастанд. Раёсати Олии ҲНИТ ин амалҳои Ҳукуматро шадидан маҳкум намуда, онро аҳдшикании навбатӣ меҳисобад.
Роҳбарияти ҳизб ҳануз соли 2015 эълон намуда буд, ки фаъолияти худро дар кишвар манъ намудааст ва мақомоти кишвар ҳам изҳор карда буданд, ки аъзоён ва масъулини ҳизб, ки дар дохили кившар қарор доранд ва ё баргаштаанд, мавриди таъқиб қарор нахоҳанд гирифт.
Бояд зикр кард, ки Ҷалолиддин Маҳмудов ҳамагӣ як сол пеш аз зиндон озод шуда буд ва мисли дигар боздоштшудагон ба фаъолияти сиёсӣ машғул набуд.
Ҳукумати кишвар бо роҳандозии ин иқдомҳо дар арафаи интихоботи президентӣ барои дур кардани диққати мардум аз мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фазои сиёсии кишварро амниятӣ намуда, руҳияи тарсу ваҳшатро дар ҷомеъа меафзояд.
Эҳтимоли зиёд меравад, ки Хукумат мисли парвандаи «Ихвонмуслимин» аз «ошкор кардани боз як шабакаи пинҳонии хатарнок ва идорашаванда аз хориҷ» хабар диҳад ва ангушти ишора ба сӯи ҲНИТ ва ё ягон «кившари  ба ҳама маълум» намояд. Инчунин хабар мерсад, ки аз боздоштшудагон таҳти шиканҷа назди дурбинҳои телевизионӣ «эътирофҳо»-еро сабт  кардаанд ва ба зудӣ нашр хоҳад шуд.
Раёсати Олии ҲНИТ аз бештар шудани ҳабсу боздоштҳои гуногунандешон ва наздикони фаъолони сиёсӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ намуда, аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ ва ватании дифоъ аз ҳуқуқи башар ва расонаҳо даъват мекунад, ки садои худро баланд намуда, аз фоҷеъаи навбатии инсонӣ дар Тоҷикистон пешгирӣ намоянд. Ин боздоштшудагон метавонанд рузҳои наздик сафи садҳо зиндонии сиёсии кишварро аз ин ҳам бештар намоянд.
Раёсати Олии ҲНИТ
04. 08. 2020
Дар идомаи сиёсатҳои нафратпароканона ва тафриқаангезонааш ҳукумат филми пур аз буҳтон ва дурӯғи "хиёнатро" ба байни муҳоҷирон интиқол додааст. Филме, ки бештарин маводди он бар асоси дурӯғ ва шиканҷа таҳия шудааст. ҲНИТ қаблан таи изҳороте назари худро дар бораи ин филм баён карда буд.
Аммо ҳоло масъала сари пушиши якҷонибаи ин филм аз тарафи "радиои муҳоҷир" аст. Радиое, ки худро дар хидмати муҳоҷирон медонад ва иддаои пушиши ҳамаҷонибаи масоилро дорад, ба як минбари таблиғотии ҳукумат табдил шуда, ба пушиши якҷонибаи ин филм пардохтааст.
Рисолати як расонаи озод расонидани маълумоти дақиқ ва саривақтӣ ба мардум ва дар сурати лузум гирифтани назари ҳарду тараф дар масоили матраҳшуда мебошад. Радиои муҳоҷир ин асли муҳимро комилан нодида гирифта филми хиёнатро якҷониба пушиш дод, ки мухолифи меъёрҳои журналистӣ ва расонаӣ мебошад.
Аз "радиои муҳоҷир" дархост мешавад, ки ба меъёрҳои дохилӣ ва байналмилалии расонадорӣ ва журналистӣ пойбанд бимонад ва дар тарҳи масоил назари ҳарду тарафро пахш намояд ва аз табдилшудан ба як минбари таблиғотии ҳукуматӣ парҳез намояд.
Сухангуи ҲНИТ
Б. Қаюмзод
Наздикони Исломиддини Файзалӣ гуфтаанд 4 рӯзи пеш мақомоти қудратӣ ӯро бо худ бурдаанд ва то ҳол аз ӯ хабаре нест. Исломиддини Файзалӣ дар гузашта узви РО ҲНИТ ва корманди Академияи Илми ҲНИТ буд. Аммо пас аз баста шудани ҲНИТ дигар ҳеҷ фаъолияти сиёсии дигаре надошт ва бо ҲНИТ дар иртибот ҳам набуд. Мақомот далели боздошти ӯро ҳам то ҳол шарҳ надодаанд.
Аммо ҳукумат маъмулан аз вуҷуди аъзои боқимондаи ҲНИТ дар дохили кишвар ҳамчун гаравгон истифода мекунад ва ҳар вақт зери фишор қарор гирифт бо зур аз онҳо навор сабт намуда, алайҳи ҲНИТ пахш мекунад. Ин раванд аз чанд соле ҳаст, ки идома дорад. Ҳамонгунае, ки аз волидон ва хешу наздикони мухолифон ҳамчун гаравгон истифода мекунад.
Дар асл ин раванд идомаи татбиқи ҳамон протоколи 32.20 мебошад, ки то ҳол идома дорад. Ба хусус пас аз суханронии Раҳмон дар ҷашни Ваҳдат ин раванд авҷ гирифт ва пас он буд, ки филми саросар туҳмату дурӯғ бо номи “Хиёнат” ҳам нашр гардид.
Бинобарин паёмади ин амалҳо низ ба души шахси Раҳмон ва дигар мақомоти кишвар хоҳад буд.
Б. Қаюмзод сухангӯи ҲНИТ