Садурдинов Қаландар
Садурдинов Қаландарсоли 1951 дар деҳаи Яхаки ноҳияи Комсомолобод (Нурободи им- рӯза) ба дунё омадааст. Эшон дар ибтидо дар назди падари худ, мулло Садурдин, ки яке аз муллоҳои деҳа буд, таълим гирифтааст. У бо вуҷуди оҷизии чашмонаш дар тарбияи фарзан- даш, Ҳоҷӣ Қаландар саъю талоши зиёд ба харҷ ме- дод. Ҳоҷӣ Қаландар соли 1968 мактаби миёнаро дар ҳамин деҳа хатм намуд. Соли 1970 ба шаҳри Қӯр- ғонтеппа кӯч баст ва манзили кӯчакеро харидорӣ намуда, дар он истиқомат намуд. Дар шаҳри Қӯрғо- нтеппа бо Домулло Неъматуллоҳ Эшонов шинос шуда, таҳсили улуми исломиро дар назди ӯ идома медиҳад. Сипас, тафсиру ҳадисро дар назди устод Нурӣ меомӯзад. У дар яке аз мағозаҳои ҷамъияти матлуботи ноҳияи Коммунистӣ (Бохтар) ба ҳайси му- дир кор карда, баъдтар то соли 1992 сарварии корхо- наи зарфсозии ҷамъияти Тоҷикматлуботро ба ӯҳда дошт. Соли 1973 ҳамроҳ бо устод Нурӣ, домулло Неъматуллоҳ, Қорӣ Муҳаммадҷон ва Одинабеки Са-
лом Созмони ҷавонони исломиро ба таври сиррй таъсис медиҳанд. Нахустин нишасти таъсисии ин со- змон дар манзили Ҳоҷӣ Қаландар сурат мегирад ва ин манзил то кунун азони ӯст.
Риштаи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии То- ҷикистонро хатм кардааст. Соли 1990 ба зиёрати хо- наи Худо ва адои фаризаи ҳаҷ мушарраф гардида- аст. Солҳои 1992-1997 дар қаламрави Афғонистон дар ҳиҷрат ба сар бурда, масъулияти дафтари намо- яндагии Ҳаракати Наҳзати исломиро дар шаҳри Ҳирот ба ӯҳда дошт. Баъди имзои Созишномаи уму- мии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба Ватан бар- гашта, ба ҳайси коршиноси зеркомиссияи муҳоҷирини КОМ ифои вазифа намудааст.
Аз соли 2000 то соли 2010 масъулияти раёсати шуъбаи ҲНИТ дар минтақаи Қӯрғонтеппаро ба ӯҳда дошт ва аз соли 2010 то кунун узви Академияи исло- мии Наҳзат ва масъули Академия дар минтақаи Қӯрғонтеппа мебошад. Ҳоҷӣ Қаландар узви Раёсати Олии ҲНИТ мебошад ва таҷрибаи 40-солаи узвият дар Наҳзатро дорост.
Муаллифи китоби «Биҳишти нав» мебошад. Дар ҳоли ҳозир ба таълифи «Таърихи Бухоро аз асри 15 то кунун» ва «Шаҷараномаи Хулафои рошидин» маш- ғул аст .
Оиладор, соҳиби фарзанд аст.