Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ 70-СОЛА ШУД (ВИДЕО)

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ 70-СОЛА ШУД (ВИДЕО)

 

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ 70-СОЛА ШУД (ВИДЕО)

Имрӯз, 15 март, агар умр вафояш мекард, Саид Абдуллоҳи Нурӣ, асосгузори ҳизби наҳзати исломӣ ва раиси собиқи Комиссияи оштии миллӣ ба синни 70 мерасид. Саид Абдуллоҳи Нурӣ аз ҷумлаи шахсиятҳоест, ки дар таърихи навини Тоҷикистон аз худ нақши боризе ба ҷо гузоштааст.

Саид Абдуллоҳи Нурӣ (Абдулло Саидов) 15 марти соли 1947 дар деҳаи Оштиёни дараи Вахёи ноҳияи Тавилдара (ҳоло – Сангвор) ба дунё омадааст. Падари ӯ Нуриддин Саидовмарди амалдор ва чандин сол раиси идораи савдо (райпо)-и ноҳия ва раиси ҷамоати Арғанкул буд. Вале Нуриддин Саидов бо вуҷуди мансабдориаш марди ботақво буд ва нахустин таҳсили диниро раҳбари ояндаи ҳизби наҳзати исломӣ пеши падараш гирифт.

Соли 1953 мардуми Тавилдараро ба водии Вахш муҳоҷир карданд. Хонаводаи Саидовҳо низ ба ноҳияи Вахш кӯчид ва дар совхози «Туркманистон” муқим шуд.

Нахустин ошноии Абдуллоҳи Нурӣ бо Исломи сиёсӣ дар ибтидои солҳои 70 замоне сурат гирифт, ки ӯ дар шаҳри Душанбе ба яке аз ҳалқаҳои дарсии Қорӣ Муҳаммадҷон Рустамов, маъруф ба Мавлавии Ҳиндустонӣ пайваст. Аксари рӯҳониёни маъруфи Тоҷикистон, аз ҷумла Домулло Ҳикматуллоҳ, Эшони Аллома, Муҳаммадшариф Ҳимматзода,Домуллои Қумсангирӣ, Эшони Абдухалилҷонва дигарон пеши ин рӯҳонии шинохтаи он даврон дарс гирифтаанд.

Мавлавии Ҳиндустонӣ баъди чанд даъваташ ба КГБ ва таҳдиди ҳабс аз Исломи сиёсӣ канор рафт, вале Саид Абдуллоҳи Нурӣ бо 4 шарикдарсаш – Қаландари Садриддин, Одинабеки Абдусалом, Неъматуллоҳи Эшон ва Қорӣ Муҳаммадҷон дар соли 1973, баъди баста шудани мадрасаи пинҳонии Мавлавии Ҳиндустонӣ дар маҳаллаи Аэропорти кӯҳнаи Душанбе дар фикри ташкили ҳалқаҳои нави дарсӣ ба хотири таълими Ислом ба мардум шуданд.

Раҳбарони ҳизби феълан мамнъи наҳзати исломии Тоҷикистон таърихи фаъолияти худро аз нахустин ҷамъомади ҳамин 5 нафар ҳисоб мекунанд.

Дар соли 1974 дар заминаи ҳалқаҳои дарсии ташкилшуда, ки аксараш дар водии Вахш буд, тарафдорони Нурӣ ташкилоте сохтанд, ки пинҳонӣ амал мекард ва аъзояш байни худ онро «созмони ҷавонон” ва «наҳзати исломӣ” ном мебурданд.

Соли 1986 мақомоти амниятии Шӯравӣ билохира фаъолияти ин гурӯҳи исломиро ошкор карданд ва Нурӣ бо ҳудуди 40 тарафдораш дар як ҷамъомад барои муддате дастгир шуд. Соли 1987 ӯро аз нав боздошт ва ин дафъа ба якуним соли зиндон маҳкум карданд. Нурӣ ҳукми зиндонашро дар Сибири Русия адо кард.

Нурӣ соли 1988 аз маҳбас озод шуда, ба Тоҷикистон баргашт. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, ки ҳамон сол дар синни ҳамагӣ 31 қозии мусалмонони Тоҷикистон интихоб шуд, роҳи ба мусолиҳа овардани рӯҳониёни суннатгаро бо рӯҳониёни ислоҳталабро пеш гирифта, Саид Абдуллоҳи Нуриро сардабири нашрияи қозиёт «Минбари Ислом” таъйин кард.

Моҳи августи соли 1991, баъди шикасти ГКЧП дар майдони Озодӣ дар маркази Душанбе бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Қаҳҳор Маҳкамов гирдиҳамоии густардае доир шуд, ки бештари иштироккунандагонашро ҳизби наҳзати исломии Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба майдон оварда буд. Ин гирдиҳамоӣ, истеъфои Маҳкамов ва сабти номи расмии ҳизби наҳзат дар поёни ҳамонс оли 1991 аз нахустин пирӯзиҳои ин ташаккули сиёсӣ буд.

Ҳизби наҳзати Нурӣ ҳамин тавр, дар гирдиҳамоиҳои тирамоҳи соли 1991 ва баҳори соли 1992 дар Душанбе нақши асосиро бозӣ мекард ва бо оғози даргириҳои мусаллаҳона дар соли 1992 ба яке аз тарафҳои ҷанги шаҳвандии Тоҷикистон табдил ёфт.

Баъди пирӯзии Фронти халқӣ дар поёни соли 1992 ва ба қудрат расидани Эмомалӣ Раҳмон Саид Абдуллоҳи Нурӣ бо тарафдоронаш ба Афғонистон фирор кард ва раҳбари Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин шуд. Ҳукумати Тоҷикистон баъди 5 соли ҷанг бо нирӯҳои ин Иттиҳод дар моҳи июни соли 1997 созишномаи сулҳ бо мухолифинро имзо кард.

Саид Абдуллоҳи Нурӣ бар асоси ин созишномаи сулҳ моҳи сентябри соли 1997 аз Афғонистон ба Душанбе баргашт ва ба курсии раиси Комиссияи оштии миллӣ нишаст.

Саид Абдуллоҳи Нурӣ 9 августи соли 2006 дар синни 59 аз олам чашм пӯшид ва дар оромгоҳи Сариосиёи Душанбе ба хок супурда буд.

Баъди Нурӣ сарусадоҳое буд, ки вориси ӯ дар мақоми раиси ҳизб шояд писараш Муҳаммад шавад, вале бо пешниҳоди худи Нурӣ ёвари қаблиаш Муҳиддини Кабирӣ ба раҳбарии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон омад.

Дар моҳи сентябри соли 2015 дддар пайи саркӯби ошӯби мусаллаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизбро манъ кард. 13 тан аз раҳбарони наҳзат боздошт ва маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон шуданд. Раиси ҳизб Кабирӣ ду сол боз дар Аврупо паноҳ бурдааст.

8 фарзанди Нурӣ низ имрӯз дар кишварҳои мухталиф пароканда шудаанд. Се духтари ӯ ва писари хурдиаш Биҳиштӣ дар Душанбе ба сар мебаранд, писари дигараш Муҳаммад, бино ба гузоришҳо, дар Эрон аст. Абӯбакри Нурӣ дар Кёлни Олмон раҳбарии Сандуқи «Нур”, сандуқи хайрияи ба номи падарашро мечархонад ва соли гузашта ин созмон дар Кёлн як масҷиди тоҷикҳоро таъсис дод.

https://www.youtube.com/watch?v=8iimGQUoQM8

Бардоштҳо дар бораи мероси сиёсии Саид Абдуллоҳи Нурӣ яксон нест.

Дар матбуоти расмии Тоҷикистони имрӯза менависанд, ки дар асарҳои Нурӣ тарғиби ақидаҳои ифротӣ фаровон дида мешуд. Як бахше аз тарафдорони собиқи Нурӣ низ аз ӯ гиламанданд, ки дар раванди иҷрои созишномаи сулҳ ба гузашти зиёд роҳ дод ва саҳмияи 30-фоизаи оппозисиюнро афроди корчалоне, ки дар атрофи Нурӣ метаниданд, ба як бозори мансабфурӯшӣ табдил доданд.

Аммо афроди содиқ ба Нурӣ мӯътақиданд, ки ӯ як сиёсатмадори соҳибмактаб буд ва пояҳои як таълимоти Исломи сиёсии мӯътадилро гузошт.

Вале ҳарду ҷониб як воқеиятро эътироф мекунанд, ки сулҳи тоҷикон баъди 5 соли ҷангҳои хунину харобиовард, маҳсули нафақат президент Эмомалӣ Раҳмон, балки Саид Абдуллоҳи Нурӣ ҳам ҳаст. Ва аз ӯ асосан ҳамин сулҳ дар таърих мемонад.

АХБОР