Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Саидумар Ҳусайнӣ

Саидумар Ҳусайнӣ

Саидумар Ҳусайнӣ

Саидумар Ҳусайнӣ (Ҳусайнов Умаралӣ Фаттоҳович), сиёсатмадор ва фаъоли тоҷик, муовини аввали раиси ҲНИТ, собиқ вакили парлумон ва номзади илмҳои фалсафа аст.

Вай узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад.

Ӯ соли 1961 дар ноҳияи Муъминободи Кӯлоб дар оилаи коргар ва рӯҳонӣ таваллуд шудааст. Вай субҳи 16-уми сентябри соли 2015 аз тарафи КДАМ боздошт шуд.

Таҳсилот

Саидумар Ҳусайнӣ дар баробари таҳсилоти ҳамагонӣ ва олӣ, ба омузиши улуми динӣ дар назди донишмандони мазҳабии кишвар ва фаъолияти сиёсӣ машғул буд.

Ҳусайнӣ соли 1988 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ДДМТ) – ро дар риштаи иқтисодӣ хатм карда, ҳамзамон дар назди бархе уламои маъруфи кишвар, аз ҷумла Муҳаммадшариф Ҳимматзода бо вуҷуди маҳдудиятҳои динии замони Шуравӣ дониши динии худро такмил додааст.

Фаъолияти сиёсӣ

Саидумар Ҳусайнӣ аз даврони ҷавонӣ дар даҳаи 80-уми асри гузашта фаъолияти сиёсии худро оғоз кард ва яке аз чеҳраҳои боризи ҲНИТ дар арсаи сиёсии кишвар дар ду даҳаи ахир маҳсуб мешавад.

Нақши ӯ ба унвони яке аз афроди наздик ба Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси Комиссияи оштии миллӣ дар барқарории субот ва оромиши кишвар намоён аст.

Пас аз имзои Созишномаи сулҳ ва ризояти миллӣ, ӯ соли 1999 ба унвони Дабири кулли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон интихоб шуд ва аз соли 2007 то кунун ҳамчун муовини аввали раиси ҲНИТ аст, ки пурнуфузтарин ҳизби мухолиф ба шумор меравад.

Ӯ аз соли 2010 то 2015 ба ҳайси вакили Маҷлиси Намояндагон аз Ҳизби наҳзат ифои вазифа карда, чандин суханрониҳои ӯ дар иҷлосияҳои МН дар мавриди маҳдудиятҳои сиёсӣ ва динӣ дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густурда мунташир шуданд.

Саидумар Ҳусайнӣ муаллифи китоби “Хотираҳо” ва садҳо мақолаву матолиб дар нашрияҳо ва сомонаҳои кишвар аст.

Боздошт

Кормандони КДАМ рӯзи 16-уми сентябри соли ҷорӣ 13 тан аз масъулини аршади Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷумла ӯро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи Назарзода боздошт карданд. Иттиҳоме, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ба шиддат онро рад мекунад.

Саидумар Ҳусайнӣ донандаи забонҳои арабӣ, форсӣ ва русӣ мебошад.

Оиладор, соҳиби 6 фарзанд аст.