Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ: “Бале, ман гузашт кардам”
Панҷ мусоҳибаи номатбӯъ ё нашрнашудаи устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ. Мехоҳам ин номи дувуми китоб бошад. Аз эшон даҳҳо бор мусоҳиба гирифтаам, вале сӯҳбатҳои чандсоатии мо шояд 7 ё 8-тоанд, ки бархе аз онҳо то ҳанӯз ба шакли пурра нашр нашудаанд ва ин яке аз чунин гуфтумонҳост. Бовар дорам, хеле чизҳоро рӯшан мекунад ва барои таърихнигорон ва сиёсатшиносон ганҷи шойгоне хоҳад буд.
Ҳарчанд чунин сӯҳбатҳои чопнашуда боз ҳастанд, агар инро хондед, ҳатман бароям паём диҳед, ки оё нашри китобе аз ҷамъи чунин гуфтугӯҳо муфид хоҳад буд ё на? Ношире ҳаст, ки “лаббайк” гӯяд? Обро дида мӯза хоҳем кашид.
“Бе муқаддима”
Боре дар ҳавлии яке аз меҳмонсароҳои Теҳрон маҷрои печдарпечи сухан сари вожаи “таоруф” бозистод ва ҳамнишинон аз лутфу меҳрубонии барзиёди эрониҳо шиква карданд. Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ низ дар ин маҳфил буданд ва бо нигоҳҳои кунҷковона ба ҳар гӯянда нигариста, ақидаи ҳамсӯҳбатонро мешуниданд ва табассум мекарданд. Яке мегуфт, таоруф шарти суханварист, ки нахуст ҳолати равонии ҳамсӯҳбатро ламс кунӣ, ба он ҳамсоз шавӣ ва ё онро бо худ ҳамнаво гардонӣ ва сипас бо ёфтани равзанаи дуруст вориди дили ҳамсӯҳбат шавӣ. Дувумӣ бар ин буд, ки суханбозии зиёд асли матлабро дар об ғарқ мекунад ва самимиятро бухор мегардонад. Ман банди мушоҳида будам, ки устод ба ман нигарист ва пурсид, “мардуми Аврупо чӣ гунаанд, ту ки аз дили Аврупо омадӣ?” Хуб буд ё нохуб, гуфтам, “аврупоиҳо бемуқаддима ҳарф мезананд, зеро вақт надоранд. Мо, шарқиҳо, бафурҷаем, вақти бисёр дорем. Аммо на дар бораи шеваи сӯҳбат, балки дар бораи пешаи худам – журналистӣ, инро донистам, ки суханро аз дур сар кардан аслан хоси ғарбиҳо нест. Онҳо аввал матлаби асосиро мегӯянд, баъд чизҳои иловагиро.”
Ин гуфтумони соли 1995 дар ёди устод Нурӣ хуб нақш баста буд, ки даҳ сол баъд, 10-уми июни соли 2005 дар Мюнхен эшон ба таври хеле малеҳ онро ба ман баргардонданд ва накӯҳиш ҳам карданд, ки ҳамоно шарқӣ мондааму аврупоӣ нашудаам. Он рӯз ман аз фурудгоҳи Мюнхен ба қатор нишастам ва ба вокзал ё Банҳофи Мюнхен расидам. Идора бароям дар наздикии Банҳоф, дар меҳмонсарои “Доринт”, ҷой фармоиш дода буд. Баъд аз шунидани ин хабар, ки устод Нурӣ дар Мюнхен машғули муолиҷаанд, барои аёдат ва ҳам як мусоҳибаи ихтисосӣ ба ин ҷо омада будам. Баъд аз ҷобаҷо шудан дар меҳмонсаро берун рафтам ва раҳораҳ ба устод занг задам, то ҷои зисташонро фаҳмам ва ба он ҷо равам. Садои эшон дар гӯшӣ ҳамоно нарму гӯшнавоз, аммо каме бемадор баромад ва чун хеле вақт ба ин сӯ ҳамсӯҳбат нашуда будему хабари бемории эшон як хабари ғамангез буд, ҳолу аҳвол ва ҷузъиёти беморию табобатро пурсидам. Телефони дастиям ба таври худкор роуминг шуда буд, аммо ба иллати он ки нархи занг дар Олмон аз Ҷумҳурии Чех дида ба маротиб баландтар буд, баъд аз чанд ҷумла радду бадал бо устод, пулаш тамом шуду хомӯш гашт ва ман миёнаи роҳ мондам. Дареғ хӯрдам, ки мебоист нахуст нишонаи манзили он касро мепурсидам ва сипас ҳама чизи дигарро.
Барои як занги дигар маҷбур шудам, аввал бонкеро пайдо кардаву долларро ба евро иваз намоям, сипас дар ҷое чизаке харида, пулро хурдтар кунам ва он гоҳ телефони кӯчагие ёбаму занг занам. Устод гуфтанд, ки аз ногаҳон қатъ шудани гуфтугӯ каме нигарон гаштаанд ва агар дар як соати наздик наоям, вохӯрӣ ба таъхир меафтад, зеро он кас ба дармонгоҳ мераванд ва танҳо пас аз се соати дигар бармегарданд. Шавқи дидор ба девор бархӯрд. Ҳарчанд маълум шуд, манзили устод чандон дур нест, то ба ин ҷо расидам, ки эшон рафтаанд. Дар қабати ҳамкафи ин бино дӯкончаи меваю сабзавот ҷойгир буд ва фурӯшандаи турк бароям як курсие гузошт, то интизори бозгашти устод биншинам. Ин фурӯшанда дониста буд, ки меҳмони бино шахси мӯҳтарамест чун ҳар рӯз чандин нафар ба дидораш меоянд. Вай гуфт, симои ин мард барояш хеле писанд афтодааст ва агар ман ба дидори ӯ омадаам, меҳмони ҳамаи аҳли бино низ ҳастам. Дар ин бино аслан мактаби фарзандони туркҳои муҳоҷир ҷойгир буд, аммо ҳоло вақти таътил аст ва ҳуҷраву толорҳои он иҷора дода мешаванд.
Аввалин чизе ки устод Нурӣ бо берун шудан аз дари “Мерседес” ба ман гуфтанд, ҳамин буд, ки шарқӣ мондааму аврупоӣ нашудаам вагарна аввал одресро мепурсидам ва сипас саломатию ҳолу аҳволро. Вақте бо лабханду хушнудӣ ҳамдигарро канор гирифтем, аз вуҷуди эшон бӯйи бемористон меомад ва ҳалқаҳои зери чашмони он кас зарду амиқтар буданд. Росташ, ман аввал ба ин таносуби шарқию аврупоӣ зиёд сарфаҳм нарафтам ва шодии дидор ҳам шояд нагузошт, ба он андешам, аммо дертар, ҳангоме ки дастгоҳи забти овозро ба кор андохтаву мусоҳибаро сар кардам, як ибораи эшон сӯҳбати Теҳронро барқвор ба ёдам расонд. “Бе муқаддима”. Оре, ман гуфта будам: “Аврупоиҳо бемуқаддима ҳарф мезананд.”
Мусоҳибаи мо дар маркази Мюнхен, шаҳре дар дили Аврупо ин гуна оғоз ёфт. То ҷашни сулҳу ваҳдати Тоҷикистон 17 рӯзи дигар монда буд:
— Устод Нурӣ, пагоҳ-фардо дар Тоҷикистон ҳаштумин солгарди созишномаи сулҳ таҷлил мешавад. Ҳатто ҳамин рӯз дар Душанбе як нишасте барпо шуд ва ҷашни асосӣ, таври маълум рӯзи 27-уми июн аст. Ба ҳамин муносибат суоли аввали ман ин аст, ки оё аз нигоҳи Шумо, касе ки имзои дигар, имзои дуввуми ин созишномаро гузошта, ҳамчун раиси Кумисюни оштии миллӣ заминаҳои сулҳу оромии имрӯзаро фароҳам кардааст, дар ин сулҳу оштӣ чӣ вижагиҳоеро мебинад? Оё ин оштӣ чӣ тафовутҳое дорад аз ҳалли низоъҳои дигар, аз ҷумла бо ширкати созмонҳои байнулмилал? Ва фишангҳои ин сулҳ кадомҳо буданд?
— Бе муқаддима-а?
— Бале (ва ин ҷо дар зеҳнам манзараи сӯҳбати Теҳрон дурахшид. Лабханд задам), савол паси савол ба ба худи созишнома ва куллан раванди сулҳ ҳам дахл хоҳем кард (аҷабо, ана ин ишора аз кҷуо меояд! Роуминг маро хиҷолат дод).
— Хуб. (Пауза) Воқеан сулҳи Тоҷикистон аз дигар сулҳҳое ки дар гӯшаву канори ҷаҳон шудаанд, фарқ мекунад. Савол саволи дуруст аст ва яке аз вижагиҳои ин сулҳ аз он иборат аст, ки он бо фишор ё ин ки бо маҷбур карданҳо аз тарафи кадом нирӯи берунӣ нашудааст. Ин сулҳ пеш аз ҳама ва бештар аз ҳама аз рӯи ангезаи дохилии мардуми Тоҷикистон шудааст. Ё агар аниқтараш бигӯем, аз рӯи ангезаи дохилии гурӯҳҳои даргир ба вуҷуд омадааст. Ин ҳамонро мефаҳмонад, ки ҷанг ҳам, ҷанге ки шуда буд дар Тоҷикистон, як ҷанги таҳмилӣ буд ва мардуми Тоҷикистон ё гурӯҳҳое ки бо ҳам даргир буданд, ҳеч гуна ангезаи ҷангӣ надоштанд, ҳеч гуна нийят ё нақшаи ҷанг кардан боҳамро надоштанд, вале, шояд ин мавзӯи дигар бошад ва баъдтар сӯҳбат кунем, вале ин таҳмил шуд бар болои тоҷикон. Хуб, агар ман яке аз ҳамон шахсиятҳое, ки воқеан метавонам бигӯям, раҳбарияти як гурӯҳро бар ӯҳда доштам, аз рӯзи аввал агар нигаҳ кунам, аз рӯзҳои аввале, ки шурӯъ шуда буд, ман танҳо роҳи сулҳ мекофтам, танҳо мехостам, ки як коре кунем, ки ҳамин фитнае ки дар Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст, бо кадом роҳе ки бошад, хомӯш гардонем. Даҳҳо мулоқот, сӯҳбатҳо доштем, ҳатто ки дар сатҳи доираҳои кӯчак, дар сатҳи доираҳои бузургтар дар саҳти масалан, ҳатто ҷумҳуриявӣ… Барои он ки сулҳ ба даст биёяд. Вале чун таҳмил аз берун буд, мутаассифона, ин воқеа ва ин мусибат ба вуқӯъ пайваст, вале он ангезаи сулҳ кардан, ман фикр мекунам, ки дар тафаккури тоҷикон ё ки дар нийяти мардум вуҷуд дошт ва онҳо ҳамеша дар ҷустуҷӯи ин фикре буданд, ки чӣ хел кунем, ки мо якдигарро бифаҳмем, як ҳамдигарфаҳмӣ шавад, баргардем ба Ватан ва ҳар кас сари ҷои зиндагии худаш бошад. Масалан, рӯзҳои аввал ки аз тарафи мақомоти ин ё он кишвар ва ё созмонҳои байнулмилалӣ даъват шуд, ҳеч гуна рад кардан ё шартгузорӣ, ин чизҳо вуҷуд надошт. Масалан, аввалин бор ман намояндаи Русия Примаковро дар Кобул дидам, ҳарчанд мулоқоти мо ба тавассути тарҷумон ҷараён гирифт, боз кам-кам бо забони минтақаҳои худамон ҳам сӯҳбат кардем, он кас гуфт, ки хуб, чӣ зарурат дорад, ки як чизе ки бидуни ҷанг ба даст меояд, онро бо ҷанг… Мо гуфтем, мо ҳам тарафдори ҷанг нестем, балки тарафдори сулҳ ҳастем ва дар ҷустуҷӯи роҳҳои сулҳем. Мо мехоҳем зудтар ба хонаамон баргардем. Ягон даъвои бисёр баланди бад ҳам надорем, фақат дар ҳоле ҳастем, ки ин ҷо қариб дусад ҳазор муҳоҷир дар Афғонистон вуҷуд дорад ва ҳама пароканда ҳастанд, гурусна ҳастанд, бехонаву бедар ҳастанд, амният надоранд, хуллас, мо мехоҳем, инҳоро баргардонем ба хонаҳояшон, тамом ягон чизи дигар нест. Ва ҳамчунин аз тарафи созмонҳои байнулмилалӣ ҳам касе ки омад, аз тарафи мо ҳеч гуна мухолифат ба сулҳ набуд, яъне манзурам ин нест, ки ҳам аз ҷониби давлат ва ҳам аз ҷониби оппозитсия бидуни мушкиле ин сулҳ пайдо шуд, мушкилиҳои худашро дошт, нобовариҳо дошт, ба якдигар бовар карда намешуд, барои он ки ҳар кас фикр мекард, шояд ки ин коре ки мекунад, кадом дасисаи навбатист ё кадом ҳилаи дигар аст, ин чизҳо буданд, вале бо вуҷуди ҳамаи ин он ангезаи сулҳ ва оштии миллӣ аз ҳама чиз болотар буд ва вижагияш ҳам ҳамин аст, ки масалан, худ дидем ва дар таърих ҳам хондем ва то ҳоли ҳози ҳам дида истодаем, ҳар ҷо ки сулҳ мешавад, бо нирӯ сулҳ мешавад, нирӯи хориҷӣ, яъне нирӯи мусаллаҳ ман дар назар дорам, ки масалан, панҷ ҳазор, даҳ ҳазор нирӯҳои мусаллаҳро меоранд ва онҳо (зада бар вожаи “онҳо” – С.А.) сулҳро ҷорӣ мекунад, муҳофизат мекунанд ё ки сулҳро ба даст меоранд. Ва дар вақти муҳофизати сулҳ ё ба даст овардани сулҳ мо мебинем, ки боз мумкин ҳазорҳо одами дигар кушта мешавад, ҳазорҳо мусибати дигар болои мардум меояд. Ва чун он ду гурӯҳ бо ҳам ангезаи сулҳу оштӣ надоранд, бо нирӯи хориҷӣ оштӣ кардан мушкил мешавад ва сулҳҳо бисёр тӯлонӣ мешаванд. Ҳамон протсесс ё ҷараёни ба интиҳо расидан, ба нуқтаи ниҳоӣ расидани сулҳҳо дар ҷое ки бо нирӯи хориҷӣ сулҳ ба даст меояд, бисёр тӯлонӣ мешавад, давомдор мешаванд, яъне зуд ба чӣ намерасанд, ба оромию амният. Мо мебинем, ки дар Афғонистон ҳанӯз ҳам чун одамони бегуноҳ кушта мешаванд, мо наметавонем, бигӯем, ки протсесси сулҳ дар Афғонистон ба охир расидааст. Ё ки дар Ироқ, ки масалан, чанд сол аст, давом дорад, он ҷо ҳам ҳар рӯз қатлу куштор ҳаст ва дар дигар минтақаҳои ҷаҳон, ки метавон ёдовар шуд. Вале дар Тоҷикистон ин чиз набуд. Ҳеч гуна нирӯи хориҷӣ мо қабул накардем, зеро аввалаш он ки он ангеза буд, дуввумаш ин ки, ростӣ ки як ҷасорате аз ҳарду ҷониб ва азхудгузаштагии махсусан раҳбарони ҳарду ҷониб вуҷуд дошт.
— Ҳамин ҷо як савол, ки масалан, шахси Шумо ва бисёре аз дигарон дар ҷараёни низои Тоҷикистон борҳо кӯшиш карданд, ки байни тарафҳо муросое шавад. Шумо, масалан, аввал дар Қӯрғонтеппа ва сипас дар Душанбе чунин талошҳоро кардед. Давлати Худоназар миёнарав шуд ва борҳо ба минтақаи даргириҳо сафар кард ва дигарон аз ҳар сӯ. Воқеан ин баёнгари як ангезаи қавӣ буд. Аммо чаро то 27-уми июни соли 1997 чунин ҳолате ба миён наомад, ки ҳарду тараф розӣ шаванду ба ҳам даст диҳанду сулҳ кунанд. Яъне ин ҳама муддат, панҷ ё ҳафт сол кӯшишҳо натиҷа надод, аммо ин кӯшиш натиҷа дод. Ба фикри Шумо, сабаб ва заминаи чунин ҳолат чӣ буд?
— Бале, рост мегӯед, сабаб дорад. Яъне чаро мо дар дохили Тоҷикистон кӯшишҳои зиёд кардем, ки сулҳра ба даст биёрем ва он чиро ки ба даст омада буд, ҳифз кунем, вале нашуд ва ҳама чиз аз ҳам пошид ва маҷбур шудем, ки мардум пароканда шаванд, аз кишваршон хориҷ ва бо мушкили зиёде рӯбарӯ шаванд. Ман сабаби инро, бадоҳатан, албатта, таҳқиқу таҳлил накардаам, вале бадоҳатан метавонам, бигӯям, ки яке аз сабабҳояш ҳамин буд, ки як роҳбарии ягона вуҷуд надошт дар ҳарду тараф. Масалан, дар оппозитсия ҳам гурӯҳҳои мухталиф буд ва ҳар яке аз ин гурӯҳҳо раҳбарони худ, фикру ақида ва ангезаҳои худро доштанд. Ва ҳатто агар яке аз онҳо вориди сулҳ ҳам мешуд, гурӯҳҳои дигар ин сулҳро эътироф намекарданд, коре мекарданд, ки ин сулҳ заъф медид ва камранг ҷилва медод. Дар ҷониби дигар ҳам ҳамин тавр буд. Он вақт масалан, қумондонҳо буданд, фармондеҳон буданд ва шахсиятҳои зиёди сиёсӣ дар дохили кишвар буданд, ки аз гурӯҳу созмонҳо дида бештар нуфузу қудрат доштанд. Ҳар кадоми онҳо низ манфиатҳои худро мехост. Яке сулҳ мехост, дигаре суди худро. Вақте ки як камтар фурсат гузашт, ҳамин нирӯҳо, хуб, нирӯҳои дар тарафи оппозится вуҷуддоштаро мо бо чашмамон дидем, ё ки масалан, хаста шуданд, шикаст хӯрданд, ба натиҷа нарасиданд, ҳамаро, ба қавле вел карданд, партофтанд, рафтанд як гурӯҳаш. Гурӯҳи дигар худ иқрор карданд, ки мо ин вазъияти баамаломадаро дигар идора карда наметавонем. Пас идора омад ба як нуқта. Вақте ба як нуқта омад ва сабаби дигараш, ки як боварӣ ҳам аз ин чиз пайдо шуд, ки аввал, масалан, ин марказият дар худи наҳзати исломӣ пайдо шуд, Ҳизби наҳзати исломӣ. Вақте он ҷо, Афғонистон рафтем мо, Ҳаракати наҳзати исломӣ, ки ҳанӯз пеш аз ҳизб вуҷуд дошт, мо онро эҳё кардем, ба хотири он ки он ҷо дигар ҷои ҳизб нест, ки танҳо ҳизбиёнро дар назар дошта бошад, ҳар кас ки муҳоҷир шудаанд, бояд ба ин ҳаракат ҷамъ шаванд. Хуб, онҳое ки дар ҳолати муҳоҷират омаданд, ҳама муттаҳид шуданд ва баъд аз чанд вақт шумо мушоҳида кардед, ки нирӯҳои мардумӣ низ, нирӯҳои демократӣ ва миллӣ ҳам бо он мақомоте ки доштанд, диданд, масалан, солим будани ҳамин равиши наҳзатиёнро ва ҳама бо ҳам пайвастанд ва як иттиҳоди нирӯҳои оппозисюн ташкил шуд ва дар ин иттиҳод, шумо ҳам ҳанӯз аз ҳамон вақт дидед, ки як раҳбарияти воҳид вуҷуд дошт ва ана ҳамин чиз, ман фикр мекунам, ки аз як нуқтаи назар, яке аз омилҳои асосии ба натиҷа расидани сулҳ гардид, яке (зада бар вожаи «яке») аз омилҳо. Ҳамчунин дар ҷониби дигар ҳам ҳамин чиз вуҷуд дошт. Оҳиста-оҳиста онҳо ба дараҷае расиданд ва мутақоид шуданд, ки масалан, дар раъси давлат касе ҳаст, ки ӯ метавонад ин барномаро амалӣ кунад, фикрҳояш хубанд, мақсадаш ҷамъоварии мардум аст ва аз ӯҳдаи ҳамин кор мебарояд, касони дигар кам-кам ақибнишинӣ карданд, шикаст хӯрданд ва он ҷо ҳам ҳамон мутамарказӣ ба вуҷуд омад. Ин як омил буд ва омили дигар, ки низ ман онро дар ҳарду тараф ҳам мушоҳида мекунам, ҳамин буд ки… Албатта, бо вуҷуде ки мо бо сари баланд гуфтем, ки аз рӯзи аввал мо талабгори сулҳ будем ва ҳар кас дар ҳоли ҳозир, ки сулҳу амният ҳаст, даъво мекунад, ки аз аввал талабгори сулҳ буданд. Аз ҷониби дигар ҳам ин даъворо доштанд, вале паси ин сухан ҳатман буд аҳдоф. Аҳдофи ин ки масалан, оппозитсия рафт, дигар биравад. Ин чизҳо вуҷуд доштанд. Ё ки ҳадафҳое аз ҷониби оппозитсия ин буд, ки инҳое ки ҳоло сари қудрат омадаанд, салоҳияти раҳбарӣ ва идораи давлату кишварро надоранд ва инҳо бояд ки набошанд. Ин чизҳо вуҷуд доштанд. Ин хел нест, ки ҳама чиз сода буд. Вале бо вуҷуди инҳо ва дар ҳоле ки ҷангу ҷидол идома дошту ҳамзамон кори сиёсӣ шурӯъ шуд ва афроде пайдо шуданд, ки дар ҳарду ҷониб фазилати ин кори сиёсиро дарк карданд ва ин ҳол куллан ба рафтори ҳарду ҷониб таъсири мусбат гузошт. Чунончи, агар он вақт оппозитсия мегуфт, ки ин ҳукумат демократӣ ва арзанда нест, бояд аз байн бурда шавад ва ҷойи онро як ҳукумати демократӣ бигирад, тарафи ҳукумат тадриҷан дастикам дар шиъорҳои худ рӯ ба сӯи демократия овард. Хуб ин як тағйири мусбат буд. Аз ҷониби дигар ҳам, масалан, нисбати оппозитсия, вақте дидан, ки оппозитсия танҳо як нирӯи тундрави ифротӣ нест, балки сулҳро аз ҳама чиз болотар медонад ва низ тарафдори рушди кишвар аст. Дигар омаданд ба ҳамин хулоса ки инҳо ҳам ҳамватани мо ҳастанд, инҳо ҳам мардуми ҳамин диёр ҳастанд, пас роҳе пайдо кунем, ки биёянд ва ба бо роҳи гуфтушунид, бо як роҳи солим бо ҳам оштӣ кунем ва аз ин ҷангу мусибатҳое ки ҳаст даст кашем. Ман фикр мекунам, ки ин ду омили асосӣ дар миён буд…
— Яъне ба назари Шумо, фарҳанги сиёсӣ ва ё беҳтар аст, бигӯем, фарҳанги бархӯрди сиёсӣ дар ин байн аз ҳарду ҷониб тағйир ёфт, мешавад ҳамин тур гуфт?
— Бале. Ман фикр мекунем, ки фарҳанги фаъолиятҳои сиёсӣ гӯем беҳтар аст, махсусан дар тӯли муддати дароз. Ин фарҳанг тағйир ёфт. Одамон аз он афкоре ки доштанд, аз он хашму ғазабе ки доштанд, тадриҷан даст кашиданд, эҳсосот поин омад ва монеъаҳо камтар шуданду гуфтугӯ аз сулҳу оштӣ хеле осонтар шуд.
— Дар муддате ки Шумо раёсати Кумиссюни оштии миллиро дар дӯш доштед, тайи тақрибан се сол, мушкилиҳои сифатан нав пеш омад ва худи Шумо ҳам дар ин бора гуфтаед. Аммо агар мо аз рӯи як ҷадвал ё шкала таҳдидҳоеро, ки нисбат ба сулҳу оштӣ дар ин муддат пайдо мешуданд, таҳлил кунем, оё бузургтарин таҳдид, ки метавонист, тамоми раванди сулҳро баҳам занад, тахриб кунад, кадом буд? Ва ҳамчунин таҳдидҳои дараҷаи ду ва се чиҳо буданд?
— Воқеан, чӣ хеле ки гуфтем, татбиқи созишҳое, ки сулҳро ба вуҷуд оварданӣ буданд, осон набуд. Чунки созишнома ин танҳо тарҳи сулҳ буд ва фақат иҷрои он метавонист, сулҳи воқеиро ба миён орад. Тасаввур кунед, баргашта омадани як гурӯҳи мухолиф ба оғӯши мухолифони худаш ва дар он ҷо фаъолият кардан ҳам аз нигоҳи ҷисмонӣ мушкил буд ва ҳам аз лиҳози равонӣ ва ҳам аз лиҳози оддитарин шароити кор. Вале чӣ тавре ки гуфтем, ҳамон ангеза буд, ки моро мутмаъин мекард ва агар аз дигарон ба андозаи кофӣ боварӣ надошта бошем ҳам, ҳамон чанд мулоқоте ки бо Эмомалӣ Раҳмонов доштем, ба мо итминон медод, ки вай дарвоқеъ хостори сулҳ аст ва бале дар рафти татбиқи созишҳои сулҳ дар Кумиссюни оштии миллӣ мушкилоти зиёде ба вуҷуд омад ва бархе аз онҳо ба андозае бузург буданд, ки дар он лаҳзаҳо воқеан гумон мерафт, ки ҳамин дақиқа ва ё дар чанд дақиқаи дигар сангаргириҳо шурӯъ мешавад ва ҳамаи дастовардҳое ки бо заҳмати зиёд омада буданд, барбод мераванд. Ин хел ҳолатҳо метавонист аз рӯйдодҳои ҷузъӣ сар занад, масалан, аз дастгир кардани яке аз намояндагони оппозитсия ва ё бадтар аз ин ҳатто кушта шудани чунин афрод. Ё ки масалан, аз халъи силоҳ кардани гурӯҳҳои оппозитсия ва ё нирӯҳои Вазорати дифоъ ва ё дастаҳои ғайримасъул ва ғайра. Инҳо чизҳое буданд, ки агар воқеъан дар раъс шахсони ботаҳаммул намебуданд, боиси аз ҳам рехтани сулҳ мешуданд ва ҳамчунин, масалан, рабудани афрод, одамро аз ду ҷониб мерабуданд ва одамон ғайб мезаданд, бенишон мешуданд. Бархе худро намояндаи оппозитсия эълон кардаву ба хотири пул одамонро мегирифтанд ва фармондеҳоне, ки худро тарафдори давлат мегуфтанд, ҳамчунин одамонро мерабуданд, ҷанҷолҳои дохилӣ дар ҳарду тараф пайдо мешуд ва фишоре ки болои мо, ки раҳбарияти сулҳро бар ӯҳда доштем, танҳо худ медонем, на ҳама кас огоҳ буд. Шабҳои дарозе, ки хоб намерафтем ва мехостем, ин масъалаҳоро бо кадом роҳе ки бошад, ҳал кунем, ҳуҷумҳое ки ба Кумиссияи оштии миллӣ шуд, ҳуҷумҳои мусаллаҳона, ки дар яке аз онҳо дар боғчаи пеши бинои Кумиссияи оштии миллӣ чанд кас захмӣ шуд ва куштаҳо ҳам буданд. Фишорҳое буданд, ки тарҳрезишуда ва махсус аз тарафи онҳое ки ғаразе доштанд ва фишорҳое буданд, ки тасодуфан, аз ҳамдигарнофаҳмӣ сар мезаданд. Ҳам дар дохили худи оппозитсия ин ҳолатҳоро ба вуҷуд меоварданд, ки ҳама чиз тарк шаваду ҳар кас равад думболи кори худаш. Ба ҳар ҳол ин чизҳо буданд. Ва ҳамчунон байни давлат ва мухолифин низ ҳамин гуна ҳолатҳо ё дуруст карда мешуд ва ё тасодуф меафтод. Вале мушкилоти умда, дар ҳоли ҳозир ки ба ёдам мерасад, дар тақсими вазифаҳо буд. Саҳмияи сидарсада. Мушкили асосии ман ҳамчун раиси Кумиссияи оштии миллӣ ин буд, ки ҳамон саҳмияҳоеро, ки қарор шуда буд, зуд гирифта наметавонистам. Яке дар гирифтани ҳамон мақом ё вазоратхона аз давлат ман мушкил доштам ва дигаре дар таъини афрод ба ин мақомҳо.
Дар ибтидо, вақте ин мақому вазоратҳоро гирифтем, ман бо ҳамаи шахсиятҳои сиёсӣ ва фармондеҳони ҷиҳодӣ сӯҳбат кардам. Ҳеч яки онҳо ҳозир набуд, ин ё он мақомро бигирад. Онҳо мегуфтанд, мо фақат барои ризои худо кор кардем ва омадему ба сулҳ расидем, ҳамин барои мо бас аст. Ман аз онҳо хоҳиш мекардам, ки ин ё он вазифаро бар дӯш бигиранд, онҳо рад мекарданд. Вале баъд аз чанд вақт, он одамоне ки аз хориҷ бо нияти сулҳ, бо орзу ва ҳаваси сулҳ бозгашта буданд, бо ёру дӯсти худ ва ҳамдиёрони худ дар Тоҷикистон омехта шуданд, ман он вақт донистам, ки дар ин байн дар Тоҷикистон нирӯи маҳалгароӣ чӣ андоза қавӣ шудааст. Вақте мо Тоҷикистонро тарк карда будем, гароиш ба маҳалҳо дар кишвар ин гуна сахту ваҳшатангез набуд. Мо гӯё ба як Тоҷикистони комилан дигар бозгашта будем. Ва чӣ андоза бад будани нирӯи маҳалро ман то он вақт дарк накарда будам. Масалан, вахёчиҳош сари вахёчиҳое ки дар ҷиҳод буданд, фишор оварданд, ғармиҳо дар ғармиҳо, шимолиҳо дар шимолиҳо, ҷанубиҳо дар ҷанубиҳо. Аз ин ҳама як ҳолате ба вуҷуд омад, ки дигар барои гирифтани вазифа мусобиқа сар шуд, аз мусобиқа гузаштем ба ҷанҷол, аз он ҳам гузаштем ба фишороварӣ ва ҷаласаҳои тӯлонӣ, ҳамааш барои дарёфти вазифа. Ман ҳанӯз ҳам нигоҳ доштаам, баъзе дархостҳоеро, ки гурӯҳҳои мухталиф барои ман оварда буданд, баъзе аз онҳо ҳатто лаҳни ултимотумро дорад ва дар онҳо аз боло то поён даҳҳо вазифаю мақомҳоро талаб кардаанд.
— Бубахшед, яъне инҳо хатар дошт барои сулҳ? Агар вазифаро ба каси муайян намедодед, сулҳ баҳам мехӯрд?
— Бале, ҳоло мегӯям. Ин натиҷа дорад. (Механдад) Ман ҳоло муқаддимаашро гуфтам, ба ваъдаи сӯҳбати бемуқаддима вафо накардам (механдад) ин боз натиҷа ҳам дорад. Бале, ин хатар дошт, зеро талаб намешуд, ҳама чиз дар ихтиёри худи ман буд, ҳарчи мехостам, ҳамон мешуд. Вазифаро ба касе мехостам, дода метавонистам. Аввалҳо ҳамин тавр буд. Вақте мардум аз берун омада буданд, бо як нийяти соф буданд. Ман эътироф мекунам аз раҳбарони ҷиҳодию фармондеҳону ҳамаи онҳое ки дар ҳиҷрат буданд, инҳо аслан ҳеч талабе надоштанд. Ман гуфтам ку, бо онҳо сӯҳбат кардам, ҳеч кас қабул намекард. Вале вақте ки ин ҷо истоданд ва бо он ҳамшаҳриҳое, ки дар Тоҷикистон доштанд, сӯҳбат карданд, баъд мусобиқа шурӯъ шуд. Хатар ба вуҷуд омад. Хоҳишҳо ба талаб табдил ёфт. То он вақт ҳеч кас аз лиҳози маҳал ба ман нигоҳ намекард. Вале аз он ба баъд дигар аз лиҳози маҳал ба ман нигоҳ мекарданд. Ин дарвоқеъ аввалин аломати пош хӯрдани оппозитсия буд. Охир вақте ки ман сулҳ мекунам бо ҷаноби оқои Раҳмонов ва агар иззат надошта бошам, эътибор надошта бошам, масалан, ҳамон эҳтироми қаблиро надошта бошам, чӣ хел сулҳ мекунам. Модоме ки инҳо ҳар сулҳе ки ман кунам, мухолиф хоҳанд буд, зеро вазифа барояшон нарасид ва ё талабашон иҷро нашуд. Барои ҳамин хатар дошт ин. Хатараш дар ҳамин буд. Саҳмия боиси эҷоди сабқату нафрату фишороварию тафриқа шуда, нобовариҳоеро миёни раҳбар ва пайравон ба вуҷуд овард. Баъд дигар вақте шуд, ки агар ман дар оғоз барои гирифтани ҷойҳо озод будам, акнун талаб пайдо шуд, ки бояд кадом ҷойро бигирам ва барои кӣ. Ва мебоист як вазифаро дар байни чаҳор гурӯҳ тақсим мекардам, ба шакле ки ҳамаи онҳо розӣ боқӣ монанд. Дар ин байн гирифтани ин ё он мақом аз тарафи ҳукумат низ мушкил шуд. Ин ду мушкил бо ҳам тамоми раванди гирифтани саҳм ва пур кардани онро ба омили ҷудоиву таҳдиду тафриқа табдил дод. Ҳукумат ин ҷо боз як кори дигаре кард. Дар номгӯи ибтидоии саҳмияи сидарсада, вазорати дифоъ низ мебоист ба оппозитсия дода мешуд, аммо дертар дар як номаи нави ҳукумат ин вазорат ҳасф шуд. Ҳукумат розӣ нашуд ин мақом ба намояндаи мухолифин дода шавад. Вақте ки ин ҳолат пеш омад, онҳое ки ин вазоратро мехостанд, пеш аз ҳама аз ман норозӣ шуданд ва ҳолатҳое шуд, ки ҳатто ин афрод Душанберо тарк карданд, ба кӯҳистон баргаштанд ва ҷабҳагирӣ карданд, таҳдидҳо садо дод. Инҳо таҳдид ба сулҳ буданд.
— Ба назари Шумо, оё кӣ дар ҳукумат ба бурузи чунин мушкилот ҳавасманд ва ё манфиатдор буд?
— Ба назари ман, ҳама чиз дар дасти Раҳмонов набуд. Монанди ман, дар атрофи ӯ низ афроди зиёде буд, ки шояд машвараташ медоданд, шояд намегузоштанд, ки ҳарчи тасмиме дошт, бигирад. Ман ҳам ҳамин хел будам. Наметавонистам, ҳар тасмиме ки бигирам, ба ҷо орам. Ман мебоист роҳе меёфтам, ки ҳам тарафи ҳукуматро розӣ кунам ва ҳам тарафдорони худро қонеъ гардонам ва ин як кори бисёр сахт буд. Як бор дар ҳамин ҳолат буд, ки масалан, кори мо бисёр ба дараҷаҳои, гӯем ки, ноумедӣ рафту расид. Ҳатто вақте ки намояндаҳои мо дар комиссия бисёр пойфишорӣ карданд, ман кӯшиш кардам, ки мулоқоти худашонро бо худашон тартиб диҳам. Чун онҳо хаёл мекарданд, ки ман ягона хислати мулоим дорам ва ин нармӣ гӯё боис мешавад, ки ҷониби муқобил аз он истифода кунад ва мақсадҳо ба даст наояд. Ба хотири он ки онҳо худашон рӯбарӯ биншинанд ва сӯҳбат кунанд, ман бисёр кӯшиш кардам ва заҳмат кашидам, то мулоқоти як гурӯҳе аз кормандони Кумиссияи оштии миллӣ аз тарафи оппозитсия бо худи президент ва чанд нафаре ки дар комиссия аз давлат намояндагӣ мекарданд, тартиб додам. Ва як дархости хаттии ултимативии онҳоро низ гирифтам ба ҳамон шакле ки буд. Яъне ман аз сабки дигарон истифода кардам. Хуб, рафтем ва вақте ки ман шурӯъ кардам ба хондан, ин на дархост, балки таҳдиду зӯроварӣ буд. Ҷониби дигар ҳам ин услуби корро қабул накард. Онҳо дигар дар ҷои худашон, дар мавқеъи худашон истоданд. Ин ҷо вазъият воқеъан бисёр сангин шуд. Ин яке аз лаҳзаҳое буд, ки ман воқеъан хавф доштам, ҳама чиз аз ҳам мерезад, тамом мешавад. Ин ҳам баъд аз ба шаҳодат расидани марҳум Отахон Латифӣ буд. Аз куштори ӯ ҷониби оппозитсия бисёр дар ғазаб афтода буд. Ба ман ҳам фишори зиёд оварда мешуд ва ин талабҳои бисёр сахту лаҳни таҳдидомез аз ҳамон ҷо пайдо шуда буд. Ин шояд барои он ки яке дӯстии наздик бо марҳум Латифӣ дошт ва дигарон шояд барои тарсе ки аз ҷони худ доштанд, ки имрӯз Латифӣ аст, пагоҳ каси дигар ва ҳамин тавр ҳама зери мили силоҳанд. Воқеъан ба як ҳоле расида будем, ки ё мебоист, ҳамон ҷо ҷудо мешудем, ё, намедонам, баъдаш чӣ мешуд…(чанд лаҳзаи сукут) Хулоса, он чизҳое ки гуфтем, тарафи давлат қабул накард. Як танаффус эълон шуду баъд аз ин эълон оқои Сатторзода назди ман омад ва гуфт, акнун сабки худатонро истифода кунед. Ман ҳамаи он чизеро ки буд, фикр мекунам, ҳабдаҳ талаб буд, ҳамаи онҳо ҳоло дар ёдам нест, аммо ҳамин миқдор талабҳои оппозитсия буд бо лаҳни хушунатомез. Ман ҳамин ҳабдаҳ талабро гирифтам ва аз нав навиштам. Ҷумлаҳоро худам тартиб додам. Шумо шояд ки тааҷҷуб кунед. Ҳамаи ҳамин ҳабдаҳ талабе ки дар ҳамон ҷо мо аз президент кардем, ҳамаи онро тарафи давлат қабул кард. Ман фақат ҷумлаҳоро дигар кардам, талабҳо ҳамон талабҳо, чизи наве нанавиштам, аммо ҳамонҳоро, ки ба тариқи таҳдид ва ултиматум буд, ба тарзи дигар талаб кардам.
Аз аввалаш то охираш, рӯшан дар ёдам ҳаст, ҳар чизе ки мехондам, Раҳмонов мегуфт: “Қабул аст… қабул аст… қабул аст…” Баъд чеҳраи оқои Раҳмонов ҳам кушода шуд, ба назар мерасид, аз нав ба оянда умедвор шуд. Ба онҳо шояд мушкилтар буд, ба фикрам. Баъд хабарнигоронро даъват кард, радиову телевизионро даъват кард ва мо нишастему як изҳороти муштарак навиштем ва пахш кардем ва аз ин мушкил наҷот ёфтем. Яъне ин гуна ҳолатҳо дар сатҳи поин ҳам буд ва дар сатҳи болотар ҳам ба вуҷуд меомад, ки воқеан одам гумон мекард, ки агар эҳтиёт накунем, кор тамом мешавад. Ва ҳолатҳои дигар ҳам буд, ки кор ба ин сарҳад мерафту мерасид. Аксарияти онҳо ба ҳамин талаби саҳмияи сидарсада буд. Мушкил дар ин буд, ки шартҳо тағйирнопазир буданд ва аз тарафи дигар зуд ба ин талабҳо ҷавоб ёфта намешуд. Рӯзҳо мегузаштанд, ҳафтаҳо, моҳҳо ва танҳо баъд натиҷае ҳосил мешуд, гуфтам ки шояд тарафи давлат ҳам мушкилоти зиёд дошт ва ҳалли онҳо фурсат мегирифт. Чун ҳамин раванд ки тӯлонитар мешуд, сабаби он мешуд, ки як гуна норзигиҳо дар байн ба вуҷуд оянд. Ва мушкили дигар дар ҳамоиши нирӯҳои мухолифин бо нирӯҳои давлат буд. Дар ин ҷо низ ҳамаи он чизҳое ки мо мехостем, зуд ба амал биёяд, гоҳ аз тарафи худи мо, намояндагони мо мешуд, ки дар асоси тартибот ва муқаррароти ҳосилшуда корро анҷом намедоданд. Ва монеъаҳое аз тарафи намояндагони давлат ба миён меафтод, ки шояд аз нобовариҳо маншаъ мегирифт. Гоҳе аз тарафи вазоратҳои давлат як муносибати ҷиддӣ, устувор ва бозавқ ба назар намерасид, ки ман борҳо дар ҷаласаҳои комиссия гуфтаам ва дар мулоқоте ки бо президент доштам, ман Сайиданвар Камоловро бисёр тавсиф кардам, ки мо бо Камолов ва кумитаи сарҳадот ҳеч гуна мушкиле надорем, зеро дар асоси ҳамон созишнома ҳар чӣ ки ҳаст, ӯ ҳамон чизро қабул мекунад. Бо дигарон мушкил дорем, чун онҳо корҳоро дертар ҷавоб медиҳанд ва як навъ дудилагӣ зоҳир мекунанд.
Хуб мешавад, фаҳмид, ки ин ҳама марбут ба кори низомӣ буд ва кори низомӣ боз хеле хатарноктару сангинтар аст. Масалан онҳое ки силоҳ доранд ва чанд сол бо ҳам ҷангидаанд, акнун мо бояд ки онҳоро биёрем, бо силоҳ ё бидуни силоҳ ва ба мухолифони худашон таслим кунем. Ин як кори бозӣ набуд. Онҳо агар боварӣ ба ман намедоштанд, боварӣ ба раҳбарият намедоштанд, аслан ин корро намекарданд. Онҳо бовар доштанд, ки баъд аз бозгашт ва супурдани силоҳ ва табдили шуғл ба як ҳирфаи мулкӣ кадом мушкиле домангираш намешавад. Дар ҳар қадаме аз ин раванд мо бо мушкил рӯбарӯ мешудем. Масалан, вақте намояндаҳо мерафтанд, тирпаронӣ мешуд ё зӯргӯӣ ва ё радди созишҳо. Масалан, намояндаҳои Комиссияи оштии миллӣ дар як ҳайати муштарак рафтанд ба Роҳатӣ ва зери тирборон монданд. Ҳатто ба худи ман чунин ҳолат рӯй дод. Шукри Худо, ки кадом осебу талафоте рӯй надод, вале тарс буд ва тарс ихлолу заъф эҷод мекард. Чизе буд, ки дигар касеро ба ҷое равон карда намешуд.
— Устод Нурӣ, ин хотираҳои шумо як баҳси дигарро ба ёд меоранд. Он замоне ба миён омада буд, ки гурӯҳе аз муҷоҳидони оппозитсия дар Афғонистон монда буданд ва шеваи бозгардони онҳо мояи баҳсу мунозираи на танҳо давлату мухолифон, балки марзбонони Русия низ гардида буд, магар на?
— Бале, комилан дуруст. Ва даҳшатноктарин ҷанбааш ин ки дар зери онҳо бомб монда буданд. Дар охирин лаҳзаҳо ин бомбро кашф карданд ва агар он метаркиду ин қадар размандаҳои мо кушта мешуд, худо медонад, оё раванди сулҳ идома мекард ё на. Дарвоқеъ ин ҳам дар ҳамон чанд рӯзи баъд аз қатли Латифӣ буд ва агар фоҷиа ба амал меомад, назорати гурӯҳҳои мусаллаҳ аз дасти оппозитсия берун мешуд ва дигар онҳоро ҷамъ овардану ба сулҳ мутақоъид кардан даргумон буд, даст медод. Вале, хуб, худованд лутф карду аз ин фалокат моро наҷот дод.
— Пеш аз ин ҳодиса, вақте ин гурӯҳи 300-нафарӣ дар марз монда буд ва марзбонони Русия онҳоро намгузоштанд, вориди Тоҷикистон шаванд, тарафи давлат мегуфт, иҷоза нахоҳад дод, ки ин гурӯҳ ҳамроҳ бо силоҳу муҳимоташ вориди кишвар шавад. Ва дар рӯзи бозгашти худи Шумо ба Душанбе низ тарафи давлат изҳорот дода буд, ки ба ғайр аз аъзои Кумисюни оштии миллӣ ва аҳли хонаводаву ҳозирбошҳои онҳо бақия ҳар касе дар ин ҳавопаймо биёяд, мо намегузорем, ки ҳавопаймо дар ин ҷо фуруд ояд. Маънии ин баёнияҳо чӣ буд? Оё давлат ба мухолифон бовар надошт ва ё мехост, бо ҳар роҳе ки бошад, бартарии худро нишон диҳад ва таъкид кунад?”
— Хуб, бовар надоштан як чизи табиӣ буд. Ҳама бояд дар чунин ҳолатҳо як гӯшаи нобоварӣ дошта бошад. Наметавон, масалан, ба ҳама чиз бовар кард. Ин нобоварӣ ҳамеша вуҷуд дошт. Албатта, аз тарафи дигар, ангезаи он ки сулҳ аз ҳама чиз беҳтар аст, ҳам дар ҷониби давлат ва ҳам дар ҷониби мухолифон якбора фаҳмида нашуд. Ҳама баробар ба чунин ақида нарасиданд. Баъзеҳо ин ҳақиқатро тадриҷан фаҳмиданд. Масалан, мо метавонем, бигӯем, ки оқои Раҳмонов пеш аз ҳама ва беш аз ҳама инро дарк кард ва бо боварӣ пеш мерафт. Ашхосу афроди дигаре буданд, ки ба ин чиз камтар боварӣ доштанд, бино бар ин, хуб, эҳтиёташона мекарданд, ки мухолифон ин ҷо наоянду ин ҷо зиёд нашванду…Зиёд шаванд, мушкили зиёдтар сохта метавонанд. Як гурӯҳи панҷ ё даҳнафарӣ дар Теппаи Самарқандӣ чӣ қадар халалдор мекард вазъи онҳоро. Аз нуқтаи назари ман ҳамчун раҳбари мухолифон, ин чизҳо аламовар буд ва аммо агар бетарафона ё хайрхоҳона фикр кунем, бале ин чизҳо табиӣ буданд. Бовар ба сулҳ ҳамчун як мафҳуми бузург дар дохили як нобовариҳои хурду кӯчак монда буд, ки мебоист ба душворӣ барои худаш роҳ мекушод. Инро бояд эътироф кард. Аз ҳамин сабаб ҷониби давлат намехост, ки мухолифон нирӯҳои зиёдеро ба пойтахт биёранд ва ин ҷоро таҳти назорат гиранд. Онҳо ҳарос доштанд, ки таҷаммӯъи нирӯи зиёд дар ҳол эътироз ё муғойирот метавонад ба нооромӣ ё ҳодисаҳои инқилобӣ сабаб гардад. Шояд аз ҳамин сабаб буданд, ин фикрҳо ва амалкардҳо. Ва албатта, он чизе ки Шумо ҳам гуфтед, дар он вақт ҷониби давлат ин иддаъоро дошт, ки онҳо қудрат доранд, онҳо давлатанд ва оппозитсия як гурӯҳе аз Тоҷикистон аст, ки хуб, сулҳ мекунаду меояду ва дар асоси маслиҳату созишҳое ки шудааст, ҳамкорӣ мекунад. Чунин муносибат вуҷуд дошт.
— Аммо аз таҳдидҳои низомӣ агар гирем, масалан, дар 18-уми ноябри соли 1997 гаравгонгирии шаҳрвандони Фаронса Карин Манн ва Франк Дюбре дар шаҳри Душанбе ба амал омад. Дар ҳамин ҳол 300 размандаи оппозисюн дар марзи миёни Афғонистону Тоҷикистон дармонданд ва он воқеъае ки Шумо ёд кардед, кашфи як бомбаи марговар дар 23 сентябри соли 1998, рӯйдодҳои Кофарниҳон дар март ва апрели 1998, дар кӯчаи Қаротегини шаҳри Душанбе дар апрел ва майи 1998 ва 4-уми ноябри 1998 ва ҳатто пештар аз он дар худи атрофи Душанбе, ҳаракати Маҳмуд Худойбердиев аз Қӯрғонтеппа ва Ибод Бойматов аз Турсунзода ба сӯи Душанбе ва нуқтаи авҷи ин ҳаракатҳо гӯем, дар ноябри 1998 Хуҷанду Чкаловску Айнӣ ва ин ҷойҳоро ишғол кардани Худойбердиев. Ин ҳодисаҳо чӣ таъсир доштанд ба раванди сулҳ? Оё таҳдид ба сулҳ буданд ва ё ба раванди сулҳ мустақиман таъсир намекарданд?
— Инҳо ҳамагӣ таҳдидҳои хеле ҷиддие буданд. Ман аз он шурӯъ кардам, ки ҷудоиҳои эҳтимолӣ дар байни нирӯҳои оппозитсия як бахши таҳдидҳои хатарнок ва дохилиро ташкил медод ва инҳое ки шумо зикр кардед, таҳдидҳое аз берун буданд. Ба сурати умум таҳдид ба амният маънии таҳдид ба сулҳро дошт. Аммо ду чизро бояд ҷудо кард. Яке таҳдидҳо ба амнияти кишвар ва дигаре ҳифзу тақвияти нобоварии миёни тарафҳои сулҳкунанда. Масалан, онҳое ки бомбагузорӣ карда буданд, то муҷоҳидони оппозитсия ҳангоми бозгашт ба ватан мунфаҷир шаванд ва ба ҳалокат расанд, нақшаи аз нигоҳи худашон хеле ҷолибе кашида буданд, барои нобовар сохтани ду тараф. Яъне тасаввур кунед, як узви аршади Кумиссияи оштии миллӣ аз ҷониби оппозитсия, шахси дар ҷумҳурӣ машҳур — Отахон Латифӣ кушта мешавад, аъзои комиссия ба нишони эътироз корро қатъ мекунанд ва дар қадами баъдӣ, 300 размандаи оппозитсия ҳангоми вуруд ба Тоҷикистон дар бомб мунфаҷир мешаванд. Ин ҳам дар ҳоле ки иҷрои талабҳои оппозитсия бо мушкилот рӯбарӯст. Ин ҳолат ба куҷо мерасонд? Зуҳури гурӯҳҳое аз ҳарду ҷониб, ки бо нирӯ мехостанд, раванди сулҳро ба манфиати худ гардонанд. Монанди Маҳмуд Худойбердиев ва ё гурӯҳҳое дар атрофи Душанбе, ин чизҳо ҳам бар зидди сулҳ равона шуда буд. Ва ҳамон ҳуҷуме ки аз тарафи шимол ба вуқӯъ пайваст ва ҳатто маркази вилояти Суғд ишғол карда шуд низ, ин чизҳо маълум буд, ки нишони эътироз ба сулҳ буданд, вале ман ҳамчун, бигӯем, як муҳандиси ин сулҳ, воқеъан дар ҳамон ҳолатҳо аз ин чизҳо зиёд тарс надоштам, ки инҳо сулҳро халалдор мекунанд. Масалан, талошҳои Худойбердиев ё ҳодисаҳое ки дар куҷое мешуд, инҳо ба мо мустақиман дахл надоштанд ва ба истилоҳ гурӯҳҳои саввум буданд. Ман бештар аз ҳамон корҳое ки дар дохили худамон мешуд, хавф доштам.
Ман дигар нирӯҳоро чандон нирӯе ҳисоб намекардам. Танҳо ин ду нирӯи қудратмандро мешинохтам, ки агар мехостанд, ҷанг мекарданд ва агар мехостанд, сулҳ мебастанд. Албатта, Худойбердиев ҳам хеле нирӯ дошт, мусаллаҳ ва мусаллат буд ва кори аз лиҳози низомӣ хеле аҷиб ҳам кард. Вале ман аз ин тарс надоштам ва вақте ки Худойбердиев омад, мо нирӯҳои худро алоҳида дастур додем, ки чӣ бикунанд. Ҳукумат ба мо бовар надошт ва ҳатто бовар надошт, ки мо метавонем, дар дохили Душанбе якбора 600-700 размандаи мусаллаҳ ҷамъ кунем. Бовар надоштанд. Силоҳ ҳам надоданд ва муҳимот ҳам надоданд. Мо худамон таъмин кардем. Барои муқовимат бо онҳое ки аз берун таҷовуз карданд ва дохили кишвар шуданд. Мо худ афроди хешро таъмин кардем, ки рафтанд, яъне як боварие доштем аз худамон. Барои ҳамин, агарчи ман бо Шумо ҳамфикрам, розиям, ки онҳо ҳам барои халалдор кардани сулҳ ва аз байн бурдани сулҳ ҳам нақша доштанд ва ҳам бисёр таъсири сахт, вале ман бештар аз ихтилофоти дохилӣ, яъне аз нав ба вуҷуд омадани як ангезаи бадбинӣ дар миёни ин ду гурӯҳе метарсидам, ки қарор буд, бо ҳам сулҳ мекарданд. Фикр мекардам, ки агар худое нахоста, чунин чизе ба вуҷуд биёяд, ман дигар наметавонам, онро контрол карда. Вале корҳое ки аз берун мешуданд, таҳдидҳои берунӣ, мо метавонистем, муттаҳид шавем ва онҳоро ҳал кунем ва ин чиз нишон дод, ки дар вақти ҳуҷуми Худойбердиев, мо якҷоя шуда, мушкилро ҳал кардем.
— Дар дохили худи оппозисюн дар ҳамин давра, дар пасманзари мушкилиҳои мухталиф як ҳолате ба амал омад, ки сарони муҳими оппозисюн яке паси дигар пароканда шуданд, яъне аз паҳлуи Шумо дур рафтанд. Ба фикри Шумо, чаро чунин ҳолат ба миён омад ва таъсири он ба вазъи куллӣ чӣ буд?
— Бале. Вақте ки камтар амният пайдо шуд ва бовар пайдо шуд, ки сулҳ ба даст меояд, рафтори он намояндагони оппозитсия , ки дар вазифаҳои масъул кор мекарданд, тағйир кардан гирифт. Ман ҳанӯз вақте ки ба Душанбе барнагашта будем, рӯзҳое ки омодагӣ мегирифтем, ба Душанбе баргардем, ман ба онҳо гуфта будам, ки бале, мо дигар аз ҷонамон гузаштем, дигар намедонем, дар ҳавопаймо кадом кору ҳодисае ба вуҷуд меояд, дар фурудгоҳ ва ё ҷое ки барои мо доданд, вале ба хотири манфиатҳои миллиамон дигар гурӯҳи азҷонгузаштаҳо ҳастем. Ҳамзамон рӯҳбаландашон ҳам кардам, ки сидқан фикр мекунам, чунин ҳодисаҳо намешаванд, лекин ҳамин хел чизҳое ҳастанд дар он ҷо ки аз ин ҳам бадтаранд. Аз бомбаву майну ин чизҳо. Бадтар аз онҳо ихтилоф аст, ҷудо шудан аз якдигар аст. Мо ҳамаи корро агар карда бошем ҳам, бояд ки он ҷо ҳамбаста ва муттаҳид бошем. Тасмим ин шуд, ки барои идомаи ваҳдату ҳамбастагӣ тарҳи як иттиҳоди замони сулҳро омода кунем. Ин ҳам шуд, оинномаи онро ҳам таҳия кардем. Гуфтем, ки агар баргаштем, пас аз ин равандҳо, равандҳои сулҳ ки ба охир расиданд, мо ҳатман дар он асос кор мекунем.
Ман гуфтам, ки шумо он ҷо меравед, дӯстони нав пайдо мекунед, ҳамншининҳои нав пайдо мекунед, вале як чизро дар ёд дошта бошед, ки қудрати мо дар ваҳдати мост. Агар мо муттаҳиду якҷоя бошем, ҳеч мушкиле нахоҳем дошт, вале агар ки мо аз ҳам пароканда шудем, якдигарро бад дидем, дигар ҳар кас ки бошад, болои сари мо фишор меораду ҳар кас ки бошад, аз мо сӯистифода мекунад ва метавонад, моро алайҳи ҳамдигар ба кор барад. Барои ҳамин ман гуфтам, ҳамин чиз бояд ҳатман аз хотиратон наравад, мо он ҷо ки меравем, ҳатман силоҳҳоямонро месупорем, дигар ҳеч нирӯи низомӣ нахоҳем дошт, фақат ягона нирӯи асосӣ ки аз мо дифоъ мекунад, ин ваҳдату якпорчагии мост. Вале баъде ки омадем, чӣ хеле ки гуфтам, одамон вазифа гирифтанду дӯстони нав пайдо карданду ҳамнишинҳои наву маъракаҳои наву дигар фикр карданд, ки бале, аслан… ва ҳатто баъзеашон эълон карданд, ки онҳо иштибоҳ кардаанд, ки чанд сол дар зери чатри Иттиҳоди нирӯҳои оппозисюн буданду аз ҳама нигоҳ ҳеч мушкиле набудаасту чаро ин корро карданд. Ба ҳар ҳол ман аз ин чизҳо, ростӣ ки хуш будам. Агарчи медонистам, ки бар зарар меанҷомад. Ман номбар намекунам, зеро худашон маълуманд. Дар байни афроди сиёсиамон ҳам доштем ва дар байни фармондеҳонамону низомиёнамон низ.
Афроде ки агар мо тамоми манфиатҳои онҳоро иҷро карда наметавонистем, мушкил эҷод мекарданд. Бинобар ин ман вақте медидам, ки инҳо баъд аз вазифаву кор гирифтан рафтанду бо давлат ҳамроҳ шуданду бо кормандони давлат муттаҳид шуданду бо онҳо ҳамнишинӣ ва сӯҳбатҳо мекунанд, бо вуҷуди он ки ҳамчун раҳбари оппозитсия ин бар зарари ман меанҷомид, вақте ки дар ҳамаи маъракаҳо, ҳатто маъракаҳои сиёсӣ ҳам ки шуд, онҳо дигар маро тарафдорӣ накарданд, вале аз ин чизҳо, Шумо ёд доред, ману Шумо дар ин бора сӯҳбат ҳам карда будем, ман ҳеч гуна нороҳат набудам. Барои чӣ? Барои он ки ман медонистам, ки ба ин одамҳо бояд мансаб дод ва инҳо бояд бо гурӯҳи мухолифи мо, дар манофеъ ҳам бошад, иттифоқ дошта бошанд. Дар манфиатҳо ҳам бошад. Албатта, онҳо аз рӯи ишқ бо ҳам муносибат надоштанд, вале баъзан манфиатҳое буд, ки онҳоро, масалан, муттаҳид мекард. Ман ин чизро медидам, розӣ мешудам. Мегуфтам, бигзор ки ин корро бикунанд, бираванд, муттаҳид бишаванд. Барои чӣ? Барои он ки ман ва онҳое ки воқеан ҷонибдорони асили ман буданд, мо ҳама на думболи вазифа будем, на думболи моликияту мансаб будем… ҳар касро ман як даҳан гап мегуфтам, мушкили мо ҳал мешуд, дигар мушкиле вуҷуд надошт, вале афроде дар миён буданд, ки мебоист манфиати онҳоро ба дасташон медодем.
Мо ин корро кардем, яъне онҳоро соҳиби мансаб кардем. Ва онҳо бо ҷониби давлат ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ пайдо карданд, агарчи бар зарари мо анҷомид, вале мо хурсанд будем, чун нияти мо фақат ба даст овардани сулҳ буд. Мо гуфтем, ки аз нав боз шурӯъ мекунем, вале бигзор, ки инҳо бираванд, бо ҳам муттаҳид шаванд, фаъолият кунанд, то ки бо ин баҳона сулҳ пойдору мустаҳкам ва устувор боқӣ бимонад ва воқеъан мо ба ин чиз расидем. Хуб, дигар чӣ бигӯям, рӯзгор нишон дод, ки бале, он чизе ки ман аввал гуфта будам, ончи ки онҳо бояд муттаҳид ва якҷоя бошанд, ин ваҳдат ва дастовардҳоро эҳтиром кунанд, ончи доранд, аз даст надиҳанд. Албатта, мо дигар сулҳ карда будем ва намехоҳем боз душманӣ кунем ва ҳам намехостам, сулҳи мо алайҳи дигарон шинохта шавад. Вале мо дар як шароите қарор доштем, ки агар як иттиҳоди қавӣ ба вуҷуд намеомад, афроди зиёди беақле буданд, ки он гоҳ метавонистанд, болои мо ҳар коре ки мехостанд, бикунанд. Барои ҳамин вақте ки афроде пайдо шуд, ки дигар вуҷуди Иттиҳоди нирӯҳои оппозисюнро бефоида ҳисоб карданд, онҳое ки панҷ-шаш сол ҳамроҳи мо буданд, эҳтиром ва итоат мекарданд ва ҳатто дар асоси дастури ман, ки аз чанд ҳазор километр медодам, амал мекарданд ва аз он берун намерафтанд, яку якбора тағйир ёфтанд ва ҳатто ба ин хулоса омаданд, ки чаро ва чӣ хел чанд сол тоқат карданд, ки биёянду таҳти роҳбарии ҳамин хел одамҳое, ки ба фикри онҳо, гӯё аз сиёсат он қадар дарак надоранд, заъиф ҳастанд, боқӣ монанд. Дигар худашонро ҳамин хел ҳисоб карданд, ки хеле сиёсатмадор ҳастанд , худашонро хеле одамони боақл ҳисоб карданд. Ё касе онҳоро ба ин роҳ мебурд, ё худашон ин гуна мағрур шуда буданд, ба ҳар ҳол, ин боис шуд, ки як заъфу рахна пайдо шуда ба парокандагӣ бурд ва воқеан он як созмони ҳатто метавон гуфт, дар сатҳи байналмилалӣ машҳуру қавие, ки ҳатто метавон гуфт, ҳамон буд, ки сулҳ ба вуҷуд омад, ҳам он ва ҳам худашонро заъиф карданд ва ҳамин тавр шуд.
Хуб, албатта, мо мехостем, ки бо инҳо кор кунем, барномаҳои сиёсиамон бо ҳамроҳии ҳамин одамҳо ва гурӯҳҳо буд, ки масалан, ҳамроҳамон буданд, вале, мутаассифона, онҳо инро нахостанд ва мо баргаштем ба дохили ҳизби худамон ва талош кардем онро қавӣ кунем аз ҳисоби афроди баъдӣ, аз ҳисоби, масалан, ҷавонтарҳо ва алҳамдуллилоҳ, ки муваффақ ҳам шудем ва ҳанӯз ҳам метавонем бигӯем, ки мо ҳастем, вуҷуд дорем ва ҳадди аққал як сақфе ҳаст, ки мешавад дар рӯзҳои гармию сардӣ биёему таҳти он сақф биистем, вале онҳое ки парокандагиро хостанд ва аҳзоби худро дур бурданд, фикр накунам, аз ин кор манфиати дарозмуддат бурда бошанд. Ҷойгоҳи онҳо дар ҷомеа заъиф шудааст ва баъзе аз онҳо аслан ҷойгоҳе надорад ва аз бозгаштан ба зери чатри мо шарм медоранд, ҳарчанд маълум аст, ки пушаймон шудаанд. Аммо ин ҳама қобили фаҳм аст. Фақат дар якҷоягӣ мо нирӯи бузургтаре буда метавонистем.
— Масъалаи дигар, бар изофаи аҳзоби сиёсӣ ин канор рафтани афроди саршиносе монанди Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Ҳабиб Сангинов ва дигарон аст, ки низ ба эътибори Иттиҳоди мухолифон бетаъсир набуд. Фикр намекунед, ки ин воқеаҳо тарҳрезишуда буданд ва ҳукумат дар онҳо даст дошт, то аз нирӯи ин иттиҳод бикоҳад?”
— Росташро, ки гап занем, дар ин бора ман иттилооти дақиқ ё расмӣ надорам, ки оё ҳукумат дар ин кор даст дошт ё надошт, вале метавонам, таҳлил кунам ва ба хулоса биёям, ки ҳукумат бояд ҳатман дар ин корҳо даст дошта бошад. Агар ҳукумате, ки ин гуна нақша надошта бошад, он ҳукумат нест. Барои ҳамин ман мутмаъинам, ки касоне ки аз назди ман рафтанд, ҳатман зери таъсири мақомоти муайяни ҳукумат ин корро карданд ва ҷойи айб надорад. Ҳукумат ҳамеша нақша дошт, моро заъиф ва пароканда бинад. Ман ҳам нақшаҳои худро доштам ва ҳанӯз ҳам дорам. Ин табиист, ки рақибони сиёсӣ кӯшиш мекунанд, тарафдорони ҳамдигарро ҷалб кунанд ва тарафи муқобилро заъиф гардонанд. Ба замми ин, чанд иллати дигаре низ дар миён буд, ки сабаби аз назди ман рафтани ҳамҷабҳаҳои ман шуданд. Аввалаш, мансаб, мансабҳои давлатӣ барои афроде ки дар умрашон надида буданд ва аз он ҷо соҳиби курсӣ ва мақому мансаб шуд, дигар ба худ гуфт, ки ҷояшро ёфтааст ва аз ин ба баъд бояд ки дар ҳамин роҳ бираваду ҳама корро кунад, бо ҳар роҳе ки метавонад, ин курсиро нигаҳ дорад. Ва дар ин ҷо бо ҳар роҳ нишон додани дурияш аз исломиҳо, чи бо эълон ва чи бо амал муҳим буд ва ин корро мекард. Яъне яке аз иллатҳо мансаб дидани мансабнодидаҳо.
Иллати дигар ин тарс буд. Гурӯҳи дигаре ки аз назди мо рафтан, онҳо тарсиданд, яъне барои худашон лоббӣ ҷустуҷӯ мекарданд. Як паноҳгоҳе, ки ҳифзашон кунад. Онҳо гумон мекарданд, ки тарҳи сулҳ ба мақсад намерасад. Онҳо ҳатто мегуфтанд, фикр накунед, ки ин сулҳ идома пайдо мекунад. Як фурсате ҳаст ва баъд аз чанде, вақте ки шумо халъи силоҳ шудеду қудратро аз даст додед, шуморо ба ҷазо хоҳанд расонд. Ин чизҳо буд ва боис шуд, як гурӯҳ афроди буздилу заъифиродае доштем, ки онҳо дигар гуфтанд, ки аз ҳоли ҳозир барои худашон як паноҳгоҳ пайдо кунанд ва онҳо аз ҳисоби баъзе афроди мансабдори давлатӣ сарпарастҳо ва лоббиҳо пайдо кардан ва рафтанд зери чатри онҳо ба ин андеша ки агар рӯзе кадом ҷангу ҷидоли наве ҳам пайдо шуд, онҳо амн хоҳанд монд, зеро дар ҳукумат ҳимоятгарони худро доранд. Яъне ба онҳо афроди мавриди эътимоди раҳбарони кишвар даркор буд, ки дар рӯзи мабодо битавонад, исбот кунад, ки инҳо оппозитсия нестанд, одамони худиянд. Ва махсусан ин ки аз тарафи исломиҳо нестанд, манзур мусулмон ҳастанд, аммо мусулмони сиёсӣ ё инқилобӣ не. Хулоса, ин гурӯҳе буд, ки тарс раҳбараш буд. Ва дигар афроду гурӯҳе буд, ки аз ҷиҳати сиёсӣ нақша доштанд ва бар ин буданд, ки ҳоло барои расидан ба аҳдофи сиёсияшон на ба гурӯҳи заъиф, балки ба гурӯҳи қавӣ ҳамроҳ шаванд.
— Яъне мегӯед, Иттиҳоди нирӯҳои оппозисюн заъиф буд ва ба дарди онҳо намехӯрд?”
— Яъне аслан барои онҳо муҳим набуд, ин иттиҳоди сиёсӣ ё ҳизби сиёсист, онҳо тарафҳоро мешинохтанд. Дар куҷо метавонанд, ба аҳдофи худ бирасанд. Онҳо бо тамоми вуҷуд худро бурданд ва таслим кардан ба тарафи давлат то ба онҳо боварӣ ҳосил шавад, ҳатто гуфтанд, ки ин муддат ба давлат мадад мекарданд. Нигоҳ доштани ҳувияти худ дар ҳизби исломӣ ва ё ниҳодҳои мухолифи давлат ва ҳамзамон расидан ба манфиатҳои сиёсияшон барояшон мушкил ва ҳатто номумкин буд, биноан онҳо бояд намоишкорона нишон медоданд, ки бикул бо давлатанд ва ҳатто шояд содиқона бо давлат бипайвастанд, то мавриди эътимод қарор бигиранд ва ба мақомҳои баландтар бирасанд. Албатта, як омили дигар ҳам буд, омили, масалан, омили бетаҷрибагӣ ва саросемагии сиёсӣ, нафаҳмидани вазъи кишвар ва яку якбора расидан ба мансаби давлатӣ…Ба ин гурӯҳ бештар фармондеҳони собиқ дохил мешаванд, ки якбора ба мансаб расидан онҳоро ба ин фикр овард, ки дарвоқеъ афроди бузург ва сиёсатмадорони варзида дар сатҳи кишвар ҳастанд, бинобар ҳамин моро гузоштанду рафтанд.
— Ба сурати умум як ақидае мавҷуд аст, ки дар натиҷаи фурӯпошии иттиҳоди оппозисюн ва ё аъмоли дигаре, як иттиҳоде ки, худатон ҳам гуфтед, дар сатҳи байнулмилал обрӯю эътибор дошт ва ҳукумат ҳам пеш аз ҳар кор ҳисоб мекард, ки оппозисюн чӣ хоҳад гуфт, аз байн рафт ва бо вуҷуди онки Шумо мегӯед, сулҳ одилона буд, манзарае ки мо ҳоло мебинем, шабеҳи ҳамон давраи пеш аз ҷанг аст. Ҳукумат ҳамон аст, ки ҳамон ва оппозисюн иборат аз аҳзоби парокандаву парешону нотавон. Бинобар ин баъзеҳо суол мекунанд, ки пас ин ҳама хунрезиву даргириҳо барои чӣ буд ва оё мо ҳамин гуна як сулҳе мехостем, ки чанд кас ба мансаб расад, вале вазъи сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ бетағйир монад? Мегӯянд, муборизаи мо барои он буд, ки дар баробари сулолаи ғайриқонунӣ қарор бигирем ва фазоеро боз кунем, ки худи мардум раҳбарону ҳукумати худро интихоб кунад. Ба ин ақида Шумо розӣ ҳастед ё на ва агар розиед чарову розӣ нестед, чаро?”
— Ман ба ин ақида розӣ нестам тамоман. (Сукути тӯлонӣ) Як бори дигар суоли худро мегуфтед, шояд сарашро…
— Бале, яъне манзараи сулҳ хулосаеро ба бор овардааст, ки дар саҳнаи сиёсӣ дигаргуние нашуд. Агар ба забони халқ бигӯем, мегӯянд, ки ҳукумат оппозитсияро фиреб кард. Даъват карду овард, ваъдаҳо дод, бозиҳо кард, то ин нирӯро аз байн барад. Мегӯянд, сулҳ чизе надод. Албатта, ба сурати куллӣ дуруст аст, ки ҷангу хунрезӣ хотима ёфт, паноҳандагон баргаштанд, бисёриҳо розиянд, вале афроде низ ҳастанд, ки дар дилашон ноқаноатмандӣ боқӣ монд ва мегӯянд, адолате ки онҳо мехостанд, барқарор нашуд ва баҳс доранд, ки оё ин сулҳ одилона буд ё ноодилона, ба суди ҳама ва ё ба суди танҳо яке аз тарафҳо?
— Фаҳмидам. Ҳоло мо дар бораи он ки сулҳ одилона буд ё ноодилона изҳори назар намекунем, зеро сулҳ сулҳ аст ва вақте ки номи он сулҳ гузошта мешавад, он ҳатман одилона аст. Ман фикр мекунам, ки чӣ хеле ки дар аввал гуфтам, розӣ нестам ба ин фикрҳо, барои он ки сулҳе ки мо кардем, на ба хотири аз байн бурдани кадом сулола буд ва на ба хотири заъиф кардани кадом сулола. Сулҳе ки мо кардем на ба хотири ба вуҷуд овардани як давлате ки дар он ҳукумати ба истилоҳ интернасионалӣ ҳоким бошад, агарчӣ ҳама як миллатанд, вале ба ҳар ҳол аз нигоҳи маҳал. Мо инхелӣ ният надоштем ва ман фикр мекунам, онҳое ки ҳоло ҳамин гапро бароварданд, ки гӯё ин ноодилона шуд, мо ба ҳамаи чизҳоямон нарасидем, боз ҳамон сулола ҳанӯз ҳам дар ҷояш истодааст, мақомҳои бадастовардаамонро аз даст додем ва ин гуна мавқеъ доранд, онҳо дурӯғ мегӯянд ё акнун мавқеи худро иваз кардаанд. Ман бо бисёре аз онҳо сӯҳбат доштам. Онҳо мегуфтанд, ки барои мо сулҳ даркор аст. Ман бо Тоҳири Абдуҷаббор сӯҳбат доштам. Мегуфт, ки “устод, имрӯз барои мо сулҳ даркор аст. Он сулҳ фарқ намекунад, ки коммунистҳо бошад, фарқ намекунад, ки исломиҳо бошад. Яъне барои мо баъид буд, ки намояндае аз ин ду ҷиноҳ битавонад, раҳбари Тоҷикистон бошад, вале мегуфт, ки агар ҳаминҳо ҳам бошанд, бояд ки сулҳ шавад. Яъне он вақте ки мо сулҳ мекардем, ман намедонам, ин одамоне ки ҳоло сулҳро фақат дар ёфтани мансабу аз байн бурдани як сулолаву овардани сулолаи дигар медонанд, инҳо дар куҷо буданд. Агар буданд, ман фикр мекунам, ки ҳеч кас ин иддаъоро надошт. Ҳама дар як ҳолати бало ва фитнае мубтало буданд, ки фақат мехостанд, кӣ ҳаст ҳамон одаме ки пайдо шавад, ки бори масъулиятро ба гардан бигирад ва моро тавре кунад, ки битавонем боз ба ватанмон баргардем. Ман бо як кас мулоқот кардам дар ҳамон вақт.
Вақте ки дар Кумиссияи оштии миллӣ кор мекардам, ҳама меомад назди ман барои зиёрату вазифа гирифтан, вале он омаду гуфт, ки Шумо гумон накунед, аз мақомдорони давлат буд, шумо гумон накунед, ки ман барои вазифа ва мансаб омадам. Ман ба хотири ин омадам, ки то омадани Шумо сари мо хам буд, акнун сари мо баланд шуд. Ҳеч чизи дигар даркор нест. Яъне одамон он вақт сари баланд мехостанд, на вазифа, на мансаб! Вақте ки ман сулҳ мекардам, аслан фикр намекардам ин чизҳоро. Дар тамоми раванде ки ман сулҳ кардам, ҳеч вақт ман сулола фикр накардам, бовар кунед. Ман мегуфтам, чӣ хел кунем, ки роҳа пайдо кунем, кадом сулолае ки бошад, касе ки набошад, ҳамин як сулҳу оштию амният шавад. Ва ин силоҳҳо бираванд, расмӣ шаванд, қонунӣ шаванд. Мардуме, ки дар хориҷ ҳастанд, бираванд, дар хонаву дарашон зиндагӣ бикунанд. Як роҳи осоиштаро дошта бошанд. Ва танҳо чизе ки талаб мекардем, ҳамин буд, ки бояд фаъолиятҳои сиёсӣ озод бошанд ва мардум дар чаҳорчӯби қонун барои расидан ба ҳадафҳои худ, хуб, мансаб мехоҳанд, вазифа мехоҳанд, давлат мехоҳанд, ҳатто низоми ҷадид мехоҳанд, бояд қонун барои онҳо иҷозат бидиҳад ва дар асоси қонун, дар чаҳорчӯбаи қонун фаъолият кунанд, ба мақсад бирасанд ва (механдад) дар он шабу рӯзе ки мо будем, дар он шабу рӯз, ба фикри ман, вақте ҳар як одами оқил, агар дар Амрико буд ё Канада ё Урупо, агар ҳамчун як тоҷик, ҳамчун як шаҳрванд дар ҳамон вақт ба тарафи Тоҷикистон назар мекарду медид, ки танҳо нолаву оби чашму дуд аз он ҷо берун мешавад, ман фикр намекунам, ки одами оқил дар он вақт думболи мансабу мақому вазифа мегашт. Ман гуфтам, ки ин мансабу вазифаро барои он ки мо ҳам дар як қисмати ин давлат бошему итминон пайдо кунем барои зиндагӣ кардан, барои ҳамин буд, вале мо ҳар коре ки кардем, кам гирифтем, зиёд гирифтем, гузашт кардем… Бале ман гузашт кардам ва ман ифтихор ҳам мекунам барои ин гузашт карданам. Вале чун ман гузашт кардам, ба мақсад расидам, яъне ба сулҳ расидам! Мумкин сулҳи ман ба фалону фалону фалон вазифа надод, вале ба оммаи мардум вазифа дод! Ба оммаи мардум амният дод! Аз кӯдаки гоҳвора то пири садсола ҳама аз ин истифода карданд. Ман думболи ин сулҳ будам. Акнун омаданд…Биёянд, дар ватанашон кор кунанд. Метавонанд, фаъолияти сиёсӣ кунанд, метавонанд, иқтисодӣ. Кадом роҳи дигарро метавонанд, роҳи дигар. Роҳашон онгуна ки ман мебинам, то як андоза боз аст. Биёянд, кор кунанд то чанде ки метавонанд, ин мамлакати онҳост, замини онҳост, то метавонанд, обод кунанд.
— Дуруст, аммо ба ҳар ҳол яке аз бандҳое ки дар талабҳои оппозисюн буданд аз аввалин барномаи сулҳаш, банди сеюми талабҳо, яъне сохтори давлат ва низоми иҷтимоӣ, тақозои бунёди як ҷомеаи демократӣ, фазои демократиро мекард. Матбуоти озод, ҳизбҳои озод, иштироки мардум дар интихоботҳои шаффофу озод ва монанди инҳо. Аммо агар ин давраро бигирем аз соли 1997 то имрӯз, соли 2005, ҳашт сол мегузарад, ҳанӯз ҳам сиёсатмадорон ба ҳабс гирифта мешаванд, нашрияҳои озод баста мешаванд, барои ҳизбҳо он шароите ки бояд бошад, то озод фаъолият кунанд, нест. Яъне яке аз ормонҳои бунёдии оппозисюн, метавон гуфт, ба даст наомад. Магар на?
— На, ин марҳилаҳои баъд аз сулҳ аст. Инра ба сулҳ ҳамроҳ кардан даркор нест. Сулҳ кори худашро кард. Сулҳ ба натиҷа расид. Вазъро ором кард ва ҳама чиро дар ихтиёри мардум дод. Аз ин ба баъд, вақте ки, масалан, матбуот озод нест, аз тарафи кӣ озод нест, он гунаҳкор аст. Агар масалан, густариши демократия бисёр ба кундӣ пеш меравад, бо айби кӣ ин тавр мешавад, он гунаҳкор аст. Ин гуноҳҳо ба сулҳ чӣ дахл доранд? Як Кумиссияи оштии миллӣ наметавонад, ки тамоми садҳо ҳазор сол, ки Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, ҳамаи онро ба нақша бигирад. Инҳо чизҳои наванд. Яъне сулҳ, Кумиссияи оштии миллӣ шароити зиндагии оромро дар Тоҷикистон бо он ҳама камбудиҳое ки дошт, ба вуҷуд овард. Шумо хаёл мекунед, ки он одамҳое ки мо пешниҳод кардем (ришханд мезанад) кадрҳое барои вазифаҳо, онҳо кадрҳои муносибу лоиқ буданд? Он сулола наметавонист, ин сулолаи мо метавонист? Инҳо ҳеч мутахассис набуданд, ҳозир Шумо худатон медонед ку вазирони мо аслан маълумоти олӣ надоранд. Баъзе (механдад) вазирони дигарамон, аз думболашон, аз думболи он мадракҳое, ки гирифтанд, ғайриқонунӣ, парвандаҳои ҷиноӣ кушоданд. Хуб он вақт ин шароит буд. Мо наметавонем, масалан, протсеси сулҳро ба протсеси баъдисулҳӣ омехта кунем. Бале, баъд аз сулҳ мо танқид мекунем! Мо норозӣ ҳастем! Масалан, агар қонунҳои давлат дар бораи матбуот ё интихобот маҳдуд ва нодуруст бошанд, мо инро ҳамеша танқид кардаем ва ҳанӯз ҳам танқид мекунем. Вале кай акнун ин ба натиҷа мерасад, ин вақт мехоҳад. Мо ҳамин демократия, ҳамин озодиҳоро ҳама ҷо дидем. Дар ҳама ҷо. Дар Урупо ҳам ҳаст, дар Амрико ҳам ҳаст, интихоботҳо ҳам мешаванд, дар бисёр манотиқи дунё. Ҳамаи инҳоро мебинем ва он коре ки имрӯз, масалан, оқои Раҳмонов мекунад, ки дар қудрати худаш бимонад, ҳамон корро оқои Буш ҳам мекунад барои он ки дар сари қудрат бимонад. Ҳеч намешавад гуфт, ки инҳо аз ҳам фарқ мекунанд. Ҳамон демократияро он сӯиистифода мекунад ва ҳамон демократияро ин сӯиистифода мекунад. Барои ҳифзи қудраташон.
Агар рӯзе сулҳ муҳим бошад, барои манфиатҳояшон, ҳама талабгори сулҳ, агар ҷанг барои ин манфиатҳо муҳим бошад, ҳама тарафдори ҷанг. Пас наметавонем, бигӯем, ки ин як мизони муайяну мушаххас дорад. Бо тақозои манфиатҳои давраӣ чорчӯбаҳои демократияро тағйир медиҳанд. Хуб, агар ба дохили Тоҷикистон бингарем, мебинем, ки ба ғайр аз ҳизби ҳоким боз панҷ ҳизби дигар мавҷуд аст. Аммо дар фаъолияти онҳо маҳдудият ҳаст ва ин табиист. Ман фикр мекунам, агар Ҳизби демократ ҳам болои қудрат биёяд, ин маҳдудиятҳоро дар нисбати дигарон ҷорӣ мекунад. Ҳар ҷо ки бубинад, кадом рӯзнома, кадом маҷалла, кадом ҳизб манфиати шахсиятҳо ё худи ҳизбро халалдор мекунад, бекор наменишинад, роҳҳои мухталифро барои ҳимояи худ, барои бақои худ ба кор мебарад. Барои ҳамин ин як чизи табиӣ аст ва махсусан дар давлатҳои осиёӣ аз ин чиз мо гурехта наметавонем. Ин як воқеъият аст ва бояд ки бошад ва мо ҳам, ҳар кас, ки масалан, ҳизб месозад ва мехоҳад, ки бо роҳи сиёсӣ ба ҷое бирасад, бояд ки бо вуҷуди доштани чунин мушкилот, эътироф кардани ин мушкилот муборизаашро идома бидиҳад, роҳ пайдо кунад, ҳарифашро ба тахтапушт биншонад, баъд (механдад ва месурфад) боз бигирад ва бубинад, ки худаш чӣ коре мекунад. Ман фикр намекунам, ки ( лабханд бо чашмони барқзананда) он худаш бигирад, аз пешиниёнаш дида кадом кори хубтаре бикунад.
— Ман ҳамчун нозир аз як гӯша истода мегӯям, ки агар Ҳизби наҳзати исломӣ ба қудрат бирасад, ман фикр намекунам, Достиев ё Убайдуллоевро чӣ хеле ки имрӯз масалан, давлат ноиби Шумо — Шамсиддин Шамсиддинову Мулло Қосиму дигар нафаронро, ки дар ҳабс ҳастанд, ҳизби шумо ба ҳабс кашад, барои бақои қудрати худ. Ё иштибоҳ мекунам ва Шумо метавонед, онҳоро ба ҳабс кашед, барои ҳимояи манфиатҳои ҳизби худ?
— (Бо табассум) Хуб, дигар… Ман ҳамин ҷо камтар ин масъаларо ҷудо мекунам. Масъаларо яку якбора ҳамааш ҳукуматӣ эълон намекунам. Воқеъан аввалаш ки мо ҳаргиз ин корро намекунем. Ҳаргиз бо онҳое ки сулҳ кардем, бо онҳое ки даст додем, бо онҳое ки дар сари як дастархон нишастем, ҳаргиз ин корро раво намедорем. Масалан, ман намекунам, ман розӣ намешавам. Аммо шояд одамоне низ ҳастанд, ки ба фаразан, Достиев ё Убайдуллоев кадом ғаразе доранд. Шояд онҳо қарор нашинанд. Масалан, агар дар маснади додситон бошанд ё дар ягон мақоми дигари баланд кор кунанд, фақат думболи ҳамин чизҳо мераванд. Коҳҳои кӯҳнаро бод мекунанд ва аз миёни онҳо ягон чиз меёбанд. Ман фикр мекунам, ки ман аслан аз низоми, ҳоло бигӯем, ҷаноби оқои Раҳмонов дар ҳамин коре ки, масалан, нисбати Мавлавӣ Муҳаммад Қосим ё нисбати Эшони Шамсиддинхон шудааст, сахт норозиям ва албатта, барои ман ҳазорон бор беҳтар буд, ки ба ҷои онҳо худи маро ҳабс мекарданд. Чун ман худам ҳабс мешудам, дигар ба ҳамон обрӯи худам будам, вале ман дар озодӣ ва натавонистам, ки онҳоро, ки бо тӯҳмат рафта буданд, наҷот диҳам. Ин барои ман бисёр мушкил буд ва ҳанӯз ҳам мушкил аст. Ман фикр намекунам, ки ҳама чиз бо дастури ҷаноби Раҳмонов шуда бошад. Ё ҳама чиро Раҳмонов гуфта бошад. Барои Раҳмонов ҳуҷҷатҳо омода месозанд. Онҳое ки намехоҳанд, ин ду гурӯҳ бо ҳам муттаҳид бошанд, намехоҳанд ин ду гурӯҳе, ки сулҳ карданд, ҳамин хел сулҳу ваҳдату якпорчагию ҳамдигарфаҳмияшон идома пайдо кунад. Ҳар рӯз як дасиса, як ҳила ва як рафторе мекунанд ва онҳоро (бо ташдид) расмӣ мекунонанд, “қонунӣ” месозанд. Ҳазор кодекси ҷиноиро ҷамъ карда, аз он ҷо модаҳои мухталифро меоранд…
Ман худам агар дар бораи худам мехонам, тааҷҷуб мекунам. Дар баъзе парвандаҳои ҷиноӣ маро низ ҳамроҳ кардагӣ ҳастанд. Вақте ки ман онҳоро мехонам, тааҷҷуб мекунам, ки чӣ қадар соатҳои дақиқу иттилоъи дақиқ…Ман офарин мегӯям ба ин мардум ки ҳанӯз ҳам ба мо бовар доранд. Ин он қадар дақиқ, бо зикри макону баёноти шоҳидҳое навиштааст, ки ҳатто худи одам ҳам бовар мекунад, ки шояд кадом вақте дар ҳангоми хобаш (механдад) аз дасташ чунин ҷинояте ба амал омада бошад. Ин хел ҳуҷҷатҳоро пеши оқои Раҳмонов мебаранд. Агар ӯ қабул ҳам накунад, ман бовар дорам, ки ӯ эҳтиром мекунад ва мегӯяд, ки ин Шамсиддинхон муъовини домулло Нурӣ аст, шумо инро фикр кунед, ки дуруст ё на. Онҳо бо далелҳои таҳиякардаашон ва боз шифоҳӣ ҳам ӯро мутақоъид месозанд, ки шахс ин корро кардааст. Дигар ӯ хилофи қонун рафта наметавонад. ИН хел чизҳо ҳаст.
— Аммо, устоди арҷманд, Шумо мегӯед, бояд масъалаи сулҳро аз ин масъалаҳо ҷудо кард, ин кор ношуданист, барои он ки агар дар ёд дошта бошед, яке аз баҳсҳои сахттарин дар гуфтушунидҳои сулҳ ин буд, ки тарафи давлат намехост, ҳизберо, ки бар пояи дин таъсис ёфтааст, иҷозаи фаъолият бидиҳад. Ва дар худи Кумисюни оштии миллӣ ҳангоми баррасии тарҳи қонуни ҳизбҳои сиёсӣ ва ё дар қонуни асосӣ сари вожаи “кишвари дунявӣ” ин баҳсҳо идома кард ва гуфта мешуд, ҳизби сиёсии динӣ ба дунявияти низом муғойир аст. Ин ҳам дуруст аст, ки Шумо дар масъалаҳое, ки ё ҳалношуданӣ буданд ва ё аз лиҳози таъмини сулҳ ҳалкунанда набуданд, гузашт мекардед. Оё дар баҳси атрофи ҳизби сиёсии динӣ лаҳзаҳое шуда буд, ки Шумо фикр карда бошед, хуб, агар илоҷи дигар нест, мешавад дар ин масъала ҳам ба хотири сулҳ гузашт кард?
— (Пас аз сукути давомдор) Бале, мо ростӣ, ки то ба чунин лаҳза нарасида будем. Дар Кумисюни оштии миллӣ танҳо баҳсҳо мавҷуд буд сари вожаи “дунявият”. Дар бораи фаъолияти ҳизби характери динидошта мушкили зиёд ин ҷо набуд. Мо ин созишномаро дар Бишкек имзо карда будем ва танҳо вобастагӣ дошт ба раванди итқоми низомиҳо, яъне афроди мусаллаҳ. Ин ҷо ҳеч мушкиле набуд. Мушкили мо дар калимаи “дунявӣ” буд. Мо мехостем, қонуни асосиро тағйир бидиҳем ва калимаи “дуняви”-ро аз он берун кунем. Ва ҷанҷолҳои байни мо ва онҳо рӯи ҳамин масъала то ҳашт моҳ идома кард. Мо ҳар бор ба масъалаҳои дигар мерафтем ва пешрафт доштем, вале ин масъала ҳамеша боқӣ монда буд. Ниҳоят чун дидем, ки аз ҷониби дигар гузаштҳо дар ин бора нест, мо худамон роҳҳое пайдо кардем, ки дар ҳолати дунявӣ будан ҳам ҳеч гуна мушкиле дар фаъолияти ҳизби динӣ пеш наояд. Ҳарчанд ки тарафдорони мо ба ин роҳи ҳал мухолиф буданд ва мегуфтанд, мавҷудияти чунин истилоҳ дар Қонуни асосӣ ба маънии он аст, ки ҳизби сиёсии динӣ наметавонад фаъолият дошта бошад. Вале мо бо мутолаъаи қонунҳои байналмилалӣ ва дигар қатъномаҳо дарёфтем, ки ин ба кори мо мухолифат надорад, тасмим гирифтем, бо ин як гурӯҳ, ки моро фаҳмидан намехоҳад, сари як калима кашокаш накунем ва аз он даргузаштем. Вале, ростӣ ки дар бораи ҳизби исломӣ чунин мухолифат зиёд набуд мо ба он сарҳад нарасидем, ки ончи дар саволи Шумо матраҳ мешавад, ҷавоб диҳем, оё дар ҳамон ҷо ҳам Шумо гузашт мекардед ё намекардед. Вале он вақт ман дигар будам, ҳоло дигар шудам. Ҳоло наметавонам бигӯям, ки дар он вақт чӣ тасмиме гирифта метавонистам. Вале агар гуфтушунидҳо имрӯз ҷараён медошт ва аз ман ҳамин чиз агар талаб мешуд, ман мегуфтам, ки барои хотири сулҳ, барои он ки мардум тинҷу ором бошанд, мо аз ин ҳам гузашт мекардем.
— Дарозтарин коршикании ҳайати Кумисюни оштии миллӣ чаҳор моҳ давом кард ва бастагӣ дошт ба масъалаи кумисюнҳои интихоботӣ. Пешниҳоди Иттиҳоди оппозисюни тоҷик ин буд, ки 20 дарсади курсиҳо дар ин кумисюнҳо, аз боло то поён, аз Кумисюни марказии интихобот гирифта, то хурдтарин қитъаҳои интихоботӣ, ба намояндагони аҳзоби мухолиф дода шавад. Фикр мекунам, ин талаб ҳам иҷронашуда монд, зеро баъдан аз ягон манбаъ дар бораи қабули чунин қарор хабаре нашр нагашт. Пас оё ин талаб иҷро шуд ё на?”
— Ҳоло на ҳама чиз рӯшан дар ёдам мондааст, зеро масъалаҳо ҳам зиёд буду баҳсҳо ҳам. Фикр мекунам, дар ҳамин давра ман сафаре доштам ва дар ҳалли баҳс набудам ва ин мавзӯъро дар қонуни асосӣ ҷой надоданд, зеро бо вуҷуди аҳамияташ як чизи ҷузъӣ шумурда мешуд ва тасмим ин буд, ки масъала дар қонуни конститутсионии интихобот ҷой дода шавад. Фикр мекунам, он ҷо буд ҳамин чиз.
— Аммо дар интихоботҳое ки баъдан барпо шуданд, намояндагони оппозисюн ба кумисюнҳои интихоботӣ роҳ дода нашуданд ва ду интихобот — президентӣ ва дертар порлумонӣ ба он шеваи ки барпо шуданд, таъсире ба раванди сулҳи Тоҷикистон доштанд? Оё сулҳро тақвият мекарданд ва ё баракс тазъиф? Ва оё нақши давлат дар интихоботҳо эътимоди тарафҳои сулҳкунандаро афзоиш медод ва ё баракс тухми нобоварӣ мекошт?
— Воқеан, ман ҳамчун касе, ки иддаъо дорам, бештар аз дигарон барои таҳкими сулҳ ғам мехӯрдаму мехӯрам, ҳама чизро хеле бо ҳассосият қабул мекардам ва воқеъан ин чизҳо таъсири баде доштанд ба раванди сулҳ, таъсири манфӣ. Масалан, вақте ки қонунҳо иҷро намешуданд, бозиҳое сурат мегирифтанд, ҳамдигарфаҳмӣ аз байн мерафт ва гумонҳо пайдо мешуд аз ҳарду тараф, нобоварӣ ба миён меомад, вале аз сӯи дигар мо дар бинои сулҳ он қадар амиқ рафта будем, ки агарчи инҳо зараррасон буданд ва дар ҳоли такрор шудану зиёд шуданашон метавонистанд, ба сулҳ зарба зананд, вале пуштибонии мардум аз сулҳ, таваҷҷӯҳи созмонҳои байналмилал ва кишварҳои нозир ба дараҷае буд, ки аз чунин таҳаввулот пешгирӣ карда метавонист. Ин чизҳо таҳдидҳои вазнину калон буданд, вале на ба андозае ки сулҳро аз байн баранд. Ҳатто мушкилоте ки дар сабти номи номзади мо Давлати Усмон ба миён омада буд, низ наметавонист, вазъиятро комилан тағйир диҳад ва муносибати ҳукумату оппозисюни собиқро тахриб кунад, чунки асли мушкил дар дохили худи мо буд. Шарте гузошта буданд, ки агар он шартҳо намешуданд, дигар ба комиссия ҳам рафта намешуд. Ва фаъолияти комиссия бо ҳамин қатъ мешуд. Дар он сурат раванди сулҳ ҳам агар аз байн намерафт, заъиф мешуд. Роҳи баромадан аз он бӯҳронро надоштем. Хуб, воқеъан дигар дар бораи Давлат Усмон, мо натавонистем ҳамон миқдори зарурии имзоҳоро ҷамъоварӣ кунем. Ин воқеъият буд. Вале онҳо ӯро ғайриқонунӣ, бидуни ҳамоҳангӣ бо мо, бо вуҷуди он ки мо шифоҳан ва хаттиву расман эълон кардем, ки омода шуда натавонистем, онҳо номзадии Давлат Усмонро ба қайд гирифтанд, яъне кореро карданд, ки мо розӣ набудем.
Як рӯз пешаш мо ҷаласа доштем дар ситоди оқои Давлат Усмон. Ҷаласаи мо ҳудуди панҷ то ҳашт соат давом кард. Ҳама чизҳои марбут ҳам Кумиссюни оштии миллӣ, ҳам интихобот ва ҳам номзадии Давлат Усмон баррасӣ мешуд ва аммо онҳо барои он ки мабод мо интихоботро таҳрим кунем, бойкот эълон кунем, барои пешгирӣ аз чунин қадам мақомоти ҳукумат моро ба гуфтушунид даъват карданд. Мо дар ситод сӯҳбат кардем ва ба ҳамин хулоса омадем, талаб кунем, он чизе ки мебоист, ба мо дар Кумиссюни оштии миллӣ дода мешуд ва дода нашудааст, ба мо бидиҳанд ва дар он сурат мо аз таҳдиди таҳрими интихобот мегузарем. Дар як ҷаласаи васеъи панҷ-ҳаштсоата мо талабҳои батаъхирафтодаи Кумисюни оштии миллиро муфассал навиштем ва аз оқои Давлат Усмон хостем, ки худашон бираванд барои сӯҳбат кардан, аммо он кас нарафтанд, мо ҳамроҳ бо устод Ҳимматзода рафтем ва ҳамон шаб аз соати даҳ то соати дувоздаҳ нишастем, он чизе ки дар протоколи Кумисюни оштии миллӣ гӯё мо, ҳамчун кормандони ситоди оқои Давлат Усмон, пешниҳод кардем, президент ҳамаи онҳоро қабул кард, роҳи фаъолияти комисия боз шуд, дархостҳое ки мо доштем, то як андоза мавриди иҷро қарор гирифтанд ва мувофиқи қароре ки дар ситод гирифта шуда буд ва дар ҷавоб ба пазириши талабҳои Кумисюни оштии миллӣ оқои Давлат Усмон ҳақ надошт, ки бойкот эълон кунад. Ва ҳама розӣ буданд, ки агар ин протокол имзо шавад, мо фардо меравем ва дар интихобот ширкат мекунем. Протокол ҳамон шаб имзо шуд, мо рафтем ва агарчи соат аз як ҳам гузашта буд, эълон кардем, ки дар интихобот ширкат мекунем. Яъне ҳар кас ки хост, овоз медиҳад, нахост — кори ӯ. Ман ҳам рӯзи дигараш, дар поёни рӯз рафтам ва раъй додам ва ин ҷо дигар чизи бузургу фитнаангез ҳам вуҷуд надошт ва масъалаҳо бо тафоҳуми ҳамдигарӣ ҳал шуданд.
— Аммо чаро дар натиҷа ҷаноби Давлат Усмон аз Ҳизби наҳзати исломӣ хориҷ шуд?”
— Не, оқои Давлат Усмон то ҳолӣ ҳозир ҳам аз Ҳизби наҳзати исломӣ хориҷ нашудааст. Балки худашон баъд аз он ки аз вазифа рафтанд, омаданд ва гуфтанд, ки барои тақвият додани ҷиҳатҳои иқтисодиям як сол-ду сол рухсатӣ мехоҳам. Хуб ҳоло бо корҳои худаш машғул аст. Чанд бор сӯҳбатҳое ҳам ки доштем, гуфтанд, ки ман ҳоло аз ҳизб набаромадаам, фақат фаъолиятамро боздоштам.
— Дар давоми ин ҳама мушкилот ва шебуфарозҳо, Шумо бо афроди гуногуне рӯбарӯ шудаед ва ҳамкорӣ кардаед. Яке аз аввалин ашхосе ки бо Шумо аз имкони сулҳи Тоҷикистон ҳарф зад, ҷаноби Евгений Примаков буд. Оё мешавад, аз он мулоқот ёд кунед? Таассуроти Шумо чист аз ӯ дар пайванд ба сулҳи Тоҷикистон?
— Воқеан, ман ҷаноби Примаковро дар қиёс бо дигар афроди русу русзабон як гуна дигартар дарёфтам. Ҳис кардам бо мардуми мусулмон алоқмандии бештар дорад, хуб мефаҳмад, бомутолиъа аст ва ба фикрам, дар робита ба мардуми мусулмон, ҳамаи мардуми мусулмон, на танҳо тоҷикон, кӯшиш мекард, ки масъалаҳои мавҷударо ҳал кунад ва ё ба ҳалли онҳо кӯмак намояд. Аввалин мулоқоти мо ҳамин таассуротро эҷод кард ва ман дидам, ки як одами нармгуфтор аст ва суханаш аз дохили дилаш меояд, барои некӣ, на барои ба бероҳагӣ кашидан ё мунҳариф кардан. Ҳис кардам, ба тоҷикон некӣ мехоҳад ва қадр мегузорад ба он ки тоҷикону русҳо солҳои зиёде бо ҳам зиндагӣ карданд. Паёми вай ин буд, ки ҷангро қатъ кунем ва бо роҳи дигар ба ҳадафҳомон бирасем. Ва дар ҷараёни гуфтушунидҳо низ расидан ба натиҷаҳо хеле сахт буд, гоҳе натиҷае ба даст намеомад ва намояндагони Русия дар гуфтушунидҳо ин гуна рафтор мекарданд, ки кас фикр мекард, онҳо ба масъала ҷиддӣ муносибат намекунанд. Вале аз он вақте ки Примаков вазири умури хориҷии Русия таъин шуд, мо дар фаъолияти намояндагони Маскав дар музокироти Тоҷикистон дигаргуниҳоро мушоҳида кардем. Акнун шахсиятҳое аз Русия намояндагӣ мекарданд, ки ҷиддитар ва тавонмандтар буданд ва ҳадафдортар буданд. Ва дар ҳамин давра буд, ки музокирот ҳам ба натиҷа расид ва сулҳ ҳам нуқтаи охирини худашро гузошт. Ва ҳангоми сӯҳбаташ дар Маскав дар рӯзи имзои созишномаи сулҳ он кас ёдовар шуд, ки мо хишти аввалро дар вақташ дар Кобул гузоштем, имрӯз хишти ниҳоиро дар Маскав мегузорем. Воқеъан метавон гуфт, ки саҳми ин одам дар расидани тоҷикон ба сулҳ бузург аст ба монанди саҳми оқои Вилоятӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, ки бештар бо оппозитсия сари кор дошт ва бо тамоми ҷиддият талош мекард. Яъне Примаков бо ҳукумати Тоҷикистон ва Вилоятӣ бо мо ҳамкориҳои наздик доштанд.
— Чун сухан аз шахсиятҳое рафт, ки ба сулҳи тоҷикон хидмат кардаанд, дар бораи мадади Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳонуддини Раббонӣ чӣ гуфта метавонед?
— Нақши оқои Масъуд ва оқои Раббонӣ дар сулҳи Тоҷикистон нақши калидӣ буд. Гуфтугӯҳои мо бо онҳо дигар бидуни сиёсат буд. Мо ҳоло дар бораи ашхосе ки дар сулҳи Тоҷикистон саҳм доранд, сӯҳбат кардем, онҳо ва бисёри дигарон зимни манфиатҳои сиёсияшон ба сулҳи Тоҷикистон кӯмак мекарданд, вале инҳо манфиатҳои сиёсӣ надоштанд дар он шабурӯз. Дар он вақт аз ҳама зиёдтар, ба фикрам, манфиатҳои миллиашон онҳоро тақозо мекард, ки барои сулҳи Тоҷикистон талош кунанд. Масалан, аз ҳамон рӯзҳои аввале ки бо устод Раббонӣ, ки ба қавли мову шумо як домуллост, сӯҳбат мекардем, ин гапу таблиғи ӯ буд, ки биравед, сулҳ кунед, ҷанг даркор нест, ман рафтам ва дидам, ки мардуми Тоҷикистон мусулмонанд, раҳбарони имрӯзааш ҳам ба мусулмонӣ алоқамандии зиёд доранд, ин гуна таблиғот аз тарафи устод Раббонӣ ҳамеша буд. Аз тарафи Масъуд ҳамчунин, вале ӯ ба тарз ва шакли дигар моро мефаҳмонд. Дар мошинаш савор мешудем ва ӯ моро кӯча ба кӯчаҳои Кобул мегардонд, ҳама харобазор. Ҳамонҳоро ба мо нишон медоду мегуфт, ки кӯшиш кунед, ки Тоҷикистон ҳаминҷӯрӣ нашавад, Душанбеи шумо монанди Кобули мо набошад. Масъуд мегуфт, ин ҷанг, ин ҷангҳои бемаънӣ аввалу охир надорад вақте ки ҷилав дар дасти бегонаҳо бошад. Ҳар вақт ки онҳо мехоҳанд, ҷанг мекунӣ, ҳар вақт ки намехоҳанд, ҷанг намекунӣ. Аслан дар ихтиёри худат нестӣ, ки ҳар вақт ки бихоҳӣ, ҷанг кунӣ ва ҳар вақт ки нахоҳӣ, ҷанг накунӣ ва сулҳ кунӣ. Вале модоме ки, масалан, дигар Афғонистон дар қабзаи дигарон афтодааст, мо ҳеч коре карда наметавонем. Ҳарчанд мехоҳем, вале ба ҷое намерасем, вале шумо кӯшиш кунед, ба ҷое нарасед, ки шумо ҳам дар қабзаи дигарон бошед ва рӯзе шавад, ки дигар ҳеч кор кардан аз дастатон наояд. Бинобар ин бо ҳар роҳе ки бошад, шумо бояд ҳамдигарро бифаҳмед, сулҳ кунед, ман ҳам бо онҳо сӯҳбат мекунам, то ҷойгоҳи шумоёнро дар он ҷо муайян кунанд ва шумо биравед, бозгардед ба ватан.
Хулоса, таблиғот аз онҳо дигар тарз буд ва сӯҳбатҳо ҳам дигар хел. Сӯҳбатҳои гӯё худамонӣ бо онҳо мешуд, ки мо гоҳо мухолифат мекардему гоҳе мувофиқат. Хулоса, дар охир ҳамин буд, ки масалан, вақте ман ҷиддан тасмим гирифтам, ки сулҳ мекунам, устод Раббонӣ дар як деҳае дар як кӯча ёфтам, ин замоне буд, ки баъд аз он ки аз Кобул баромада буданд. Он ҷо баъд як ҷо нишастем, сӯҳбат кардем. Ба он кас бигуфтам, ки Шумо биравед ва ба оқои Раҳмонов бигӯед, ки ман сулҳ мекунам. Баъд аз он ҷо дигар шурӯъ шуд. Яъне амал шурӯъ шуд. Музокирот давом дошт. Мо ширкат мекардем, вале ҳама ба тарзу услуби сиёсӣ. Пеш мерафтем, ақиб менишастем, вале ҳанӯз тасмими ҷиддӣ ва ниҳоӣ нагирифта будем. Барои ҳамин нишастҳо гоҳ бонатиҷа ва гоҳ бенатиҷа буд. Баъд аз ҳамин пойфишориҳое ки онҳо карданд, тасмимгирӣ шуд ва аввалин касе ки паёми сулҳро расондааст, ҳамин оқои Раббонӣ буд ва аввалин протоколи бисёр сода ва дастнависе ки воқеъан дигар имзои созишномаҳоро ҳам ба вуҷуд овард, дар Хостдеҳ, як дараи тангу торики Афғонистон ба вуҷуд омадааст. Хайр, баёдмонданӣ аст, охир…(лабханд)
— Бале, ҳатман. Ва боз агар аз шахсиятҳо бигӯем, Шумо ягона сиёсатмадори Тоҷикистон ҳастед, ки бо раҳбари Толибон, Мулло Муҳаммад Умар мулоқот кардаед. Ин чӣ хел мулоқот буд ва оё кӯмаке карда ба Шумо?
— Бале, воқеан ин чиз шуда буд. Мо як ҳайати… Тамоми намояндаҳои оппозисюн дар Эрон ҷамъ шуданд ва аз он ҷо, аз Машҳад ба Қундуз парвоз доштем. Мо дар ҳавопаймои Созмони Милали Муттаҳид будем ва дар васати роҳ ду ҳавопаймои ҷангии Толибон моро маҷбур карданд, ки ба замин фуруд оем. Хуб, он ҷо дигар ҳеч илоҷи дигар набуд, ки фуруд наоем. Мо дар фурудгоҳи низомии Шиндонд фуромадем ва онҳо аз ҳар кас ҳуҷҷату мадрак пурсиданд. Аз ман напурсиданд. Фикр мекунам, вақте аз Эрон ба Қундузу Толиқон радиоӣ тамос гирифтанд, ки устод дар фалон ҳавопаймо меояд, толибҳо хаёл карданд, ки “устод”, яъне устод Раббонӣ аст. Ба ҳамин хотир онҳо ҳавопаймои моро фуруд оварданд ва чун ин ҳол шуд, мо талаб кардем, ки ҳатман бо Мулло Муҳаммад Умар мулоқот дошта бошем. Хуб, шаб он ҷо мондем ва субҳ оқои Мулло Умар як ҳавопаймо равон кард ва моро гирифтанду бурданд ба Қандаҳор ва дар он ҷо, дар фурудгоҳи Қандаҳор мо бо оқои Мулло Муҳаммад Умар сӯҳбат доштем. Сӯҳбати мо бештар ҷанбаи шиносоӣ дошт, ки ба худи ман шинос шуданд. Аз ман пурсиданд, ки Шумо кистед, Наҳзати исломии Тоҷикистон аз кай таъсис шудааст, чиҳо кардааст ва ҳозир чӣ кор мекунад, ҳаминҳоро сӯҳбат кардем ва дигар аз сулҳ. Гуфтанд, ин ҳайъате ки сафар мекард, бисёрашон риш надошту намояндаҳои демократия буданду дигар чизҳо, инҳо кӣ ҳастанд, хуб гуфтем ки инҳо…
— Дигарон ҳам буданд дар сӯҳбат?
— На онҳо набуданд. Онҳо ҷои дигаре нишаста буданд ва мо алоҳида сӯҳбат мекардем. Бо ман оқои Давлат Усмон буд, вале ӯ ҳам дар берун монду ман танҳо сӯҳбат мекардам. Хуб, ин чизҳо гуфта шуд ва омадем, сари гуфтушунидҳои сулҳи Тоҷикистону аз он гузаштем ба сулҳи Афғонистон. Вақте ки дар бораи имкониятҳои сулҳи Тоҷикистон як соат саволу ҷавоб карданд, баъд ман гуфтам, биёед, шумо ҳам сулҳ кунед. Мо ку гуфтам, бо ҳамин демократҳо, коммунистҳо якҷоя шудем, барои хотири бақои миллатамон. Барои он ки душманҳо ватани моро аз байн мебаранд, вайрон мекунанд, хароб мекунанд. Барои ҳамин мо сулҳ мекунем. Шумоҳо ки ҳеч масъала надоред. Дар он тараф ҳам як мулло Раббонӣ ҳаст, дар тарафи шумо ҳам як мулло Раббонӣ ҳаст, (бо ханда) ҳамаатон мулло ҳастед, бо ҳам биншинеду сӯҳбат кунед. Гуфт ки ин таҷрибаҳо гузашааст, ин сӯҳбатҳо шудаанд, ин раҳбарон рафтанд, дар худи хонаи Каъба, сари қабри пайғамбарон қасам ёд карданду вале дар ин ҷо омаданду он савгандҳоро фаромӯш карданд. Қазияи Афғонистон роҳи ҳалли сиёсӣ надорад. Ягона роҳи ҳал низомист ва бояд ҳамаи ин раҳбарони сиёсӣ ва фармондеҳони ҷиҳодӣ ки ҳастанд, бояд ба ҷазои худашон бирасанд. Бояд инҳо набошанд ва мо бояд ки аз нав як давлати бидуни инҳо бисозем. Роҳи ҳал ҳамин аст, дигар роҳе нест.
Хуб мо аз фурсат истифода бурда, ҳарчанд ташвиқ кардем, ки ин наметавонад, роҳи ҳал бошад, ягона роҳи ҳал сулҳ аст, вале онҳо таҷрибаи моро он қадар ба назар нагирифтанд. Хуб, дигар ба ҳар ҳол мо гуфтем, ки мо дар он ҷо ҳеч гуна иртиботе бо гурӯҳҳои шумо надорем, мо ҳачун муҳоҷир он ҷо истодаем ва мардум моро кӯмак мекунанд, ҳеч гуна мухолифат бо шумо ҳам надорем, ҳеч гуна коре бо, масалан, ҷабҳаҳои дигаратон надорем, ба сиёсатҳоятон ҳеч гуна кордор нестем ва то рӯзе ки ҳастем, ҳамин ҷо мемонем ва шумо, ҳамаатон барои мо бародар ҳастед. Ба ҳамин роҳ мо бо онҳо хайрухуш кардем ва ҳеч гуна осеб, фишор ё тазйиқе набуд. Албатта, хостанд, даъват карданд барои меҳмонӣ, вале мо гуфтем, чун дар ихтиёри Созмони Милали Муттаҳид ҳастем ва он ҷо дар дафтари Созмони Милали Муттаҳид рафтему шабро он ҷо гузарондем ва дигар ҳавопаймо он ҷо омода шуд ва парвоз кардему омадем ба Қундуз. Мулоқоти мо бо мулло Умар ҳаминтурӣ буд. Фикр мекунам, ҳамон вақтҳо як сӣ ё сиючаҳорсола буд, ҷавоне буд, ки як чашмаш оҷиз… Хуб дигар дар он сӯҳбати кӯтоҳ наметавонистам, ҳама чизи онҳоро бифаҳмам, вале албатта, он як сиёсатмадори варзидаи дурандеш ба назари ман намоён намешуд. Фақат ман ҳамин хел ки фикр кардам, ӯро, ба истилоҳ мешавад гуфт, як муҷоҳиди ғаюре, ки аз ихилофот ва ҷангу хунрезиҳое, ки дар Афғонистон идома дошт, безор шуда, бо гурӯҳе аз дӯстону ҳамфикронаш ошӯб кардаанд ва воқеъан ба бисёр корҳое муваффақ шудаанд, вале шояд, шояд мегӯям, зеро иттилооти дақиқ надорам, баъд аз оне ки инҳо бархостанд ва ба бисёр корҳое муваффақ шуданд, аз пушти парда афроде ҳам шояд, аз инҳо истифода карданд ва он рӯҳияи тозае ки онҳо доштанд, фақат сирф исломӣ, он кам-кам ба маҳаллу қавм омехта шуд ва миллатгароии паштунӣ дар онҳо боло гирифт ва ин чиз боис шуд, ки онҳо дигар мавриди қабули ҳамагон нагаштанд.
— Дар давраи кори Кумисюни оштии миллӣ ва ҳатто пеш аз он низ бисёр чеҳраҳои саршиноси Тоҷикистон террор шуданд. Шумо аз марҳум Латифӣ ном бурдед. Қаблан Муҳаммад Осимӣ, Моёншо Назаров, Баширхон Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов ва дертар намояндаи оппозисюн Бегиҷон Собирҷонов ва охирини силсила вазири фарҳанги Тоҷикистон Абдураҳим Раҳимов, дар рӯзи нуҳуми сентябри соли 2001-ум дар шаҳри Душанбе кушта шуданд. Баъд аз омадани Иёлоти Муттаҳида ба минтақа чунин террорҳо, фазли худо, қатъ шуд. Шумо ягон ҳадсу тахмине доред, ки кӣ ин корҳоро мекард? Ҳукумат, ҳамеша оппозисюнро айбдор мекард, Шумо чӣ мегӯед? Оё ҳамаи ин барои ноором кардани вазъ набуд? Ҳатто ҳамон бомбае ки дар зери заврақи муҷоҳидони Шумо ҳангоми убури рӯдхонаи Панҷ… Ҳадсу тахмини Шумо чист, ин корҳоро кӣ мекард?
— Ростӣ, далелу мадрак надорем, ки бигӯем, ин корҳоро кӣ мекард. Ҷиноятҳои азиме буданд ва ҳатман касе буд, ки ин корҳоро кард. Ман нашунидаам, ки таҳқиқи воқеъӣ ва ҷиддӣ шуда бошад ва ё касе масъулияти ин қатлҳоро ба гардан гирифта бошад. Вақте далелҳои раднашаванда дар даст надорем, наметавонем, касеро дақиқан масъули ин ҷиноятҳои кабира биномем. Фақат ҳаминро метавонам, бигӯям, ки бале, буданд ашхосе ки, буданд ва ҳанӯз ҳам ҳастанд афроде, ки намехоҳанд оромии Тоҷикистонро. Онҳо вобаста ба манфиатҳои худашон ҳамеша як ташаннуҷе эҷод мекунанд. Ба қавли мақомоти давлат, ки мегӯянд, як гурӯҳеро дастгир кардаанд, ки бо номи Гурӯҳи 35-нафара шинохта шудааст. Таҳқиқи парвандаи онҳо чандин сол идома кард. Гуфта мешавад, аъзои ин даста эътироф кардаанд, ки дар бисёр ҷиноятҳое, ки баъд аз имзои созишномаи сулҳ ба вуҷуд омадаанд, даст доштаанд. Давлат таҳқиқ мекунад ва чунин маълумот медиҳад. Шояд бо гузашти замон ҳақиқати ин ҷиноятҳо рӯи об барояд.
бознашр аз веблоги Салими Аюбзод