Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Сайид Абдуллоҳи Нурӣ: Бале, ман гузашт кардам  (Қисмати 1)

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ: Бале, ман гузашт кардам (Қисмати 1)

Ба муносибати зодрӯзи устоди зиндаёд С. А. Нурӣ
«Панҷ мусоҳибаи номатбӯъ ё нашрнашудаи устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки мехоҳам ин номи дувуми китобам бошад. Аз ишон даҳҳо бор мусоҳиба гирифтаам, вале суҳбатҳои чандсоатии мо шояд 7 ё 8-тоанд, ки бархе аз онҳо то ҳанӯз ба шакли пурра нашр нашудаанд ва ин яке аз чунин гуфтумонҳост. Бовар дорам, ин мусоҳиба хеле чизҳоро рӯшан мекунад ва барои таърихнигорону сиёсатшиносон ганҷи шойгоне хоҳад буд», навиштааст дар пешгуфтори ин мусоҳибаи тулонии худ, дӯсти мо, Салими Аюбзод, журналисти хушсалиқа ва донандаи хуби чигунагии сар задани як марҳалаи хуношом дар таърихи миллат.
Ишон дар ин пешгуфтори худ ҳамчунин ишора бар он мекунад, ки «ҳарчанд чунин суҳбатҳои чопнашуда боқӣ ҳастанд», вале боз ҳам паёми хонандаи хешро интизор дорад, бо хондани ин мусоҳиба чӣ паём барояш медиҳад, оё нашри чунин китобе аз ҷамъи гуфтугӯҳо муфид хоҳад буд ё на?

Нашрияи «Наҷот» нашр намудани ин мусоҳибаи таърихиро барои хонандаи хеш лозим мебинад ва ҳол қисмати аввали онро дар ин шумора ба табъ расонидем ва мо ҳам интизори онро дорем, ки дақиқназарона хонда мешавад ва мунсифона диду назари дӯстон матраҳ мегарданд.

“Бе муқаддима”
Боре дар ҳавлии яке аз меҳмонсароҳои Теҳрон маҷрои печдарпечи сухан сари вожаи “таъоруф” бозистод ва ҳамнишинон аз лутфу меҳрубонии барзиёди ирониҳо шиква карданд. Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ низ дар ин маҳфил буданд ва бо нигоҳҳои кунҷковона ба ҳар гӯянда нигариста, ақидаи ҳамсуҳбатонро мешуниданд ва табассум мекарданд. Яке мегуфт, таъоруф шарти суханварист, ки нахуст ҳолати равонии ҳамсуҳбатро ламс кунӣ, ба он ҳамсоз шавӣ ва ё онро бо худ ҳамнаво гардонӣ ва сипас бо ёфтани равзанаи дуруст вориди дили ҳамсуҳбат шавӣ. Дувумӣ бар ин буд, ки суханбозии зиёд асли матлабро дар об ғарқ мекунад ва самимиятро бухор мегардонад. Ман банди мушоҳида будам, ки Устод ба ман нигаристу пурсид: “мардуми Аврупо чӣ гунаанд, ту ки аз дили Аврупо омадӣ?”. Хуб буд ё нохуб, гуфтам, “аврупоиҳо бемуқаддима ҳарф мезананд, зеро вақт надоранд, мо, шарқиҳо бафурҷаем, вақти бисёр дорем. Аммо на дар бораи шеваи суҳбат, балки дар бораи пешаи худам – журналистӣ, инро донистам, ки суханро аз дур сар кардан аслан хоси ғарбиҳо нест. Онҳо аввал матлаби асосиро мегӯянд, баъд чизҳои иловагиро”.
Ин гуфтумони соли 1995 дар ёди устод Нурӣ хуб нақш баста буд, ки даҳ сол баъд, 10-уми июни соли 2005 дар Мюнхен ишон ба таври хеле малеҳ онро ба ман баргардонданд ва накӯҳиш ҳам карданд, ки ҳамоно шарқӣ мондаму аврупоӣ нашудаам. Он рӯз ман аз фурудгоҳи Мюнхен ба қатор нишастам ва ба вокзал ё Банҳофи Мюнхен расидам. Идора бароям дар наздикии Банҳоф, дар меҳмонсарои “Доринт”, ҷой фармоиш дода буд. Баъд аз шунидани ин хабар, ки устод Нурӣ дар Мюнхен машғули муолиҷаанд, барои аёдат ва ҳам як мусоҳибаи ихтисосӣ ба ин ҷо омада будам. Баъд аз ҷо ба ҷо шудан дар меҳмонсаро берун рафтам ва раҳораҳ ба Устод занг задам, то ҷои зисташонро фаҳмаму он ҷо биравам. Садои ишон дар гӯшӣ ҳамоно нарму гӯшнавоз, аммо каме бемадор баромад ва чун хеле вақт ба ин сӯ ҳамсуҳбат нашуда будему хабари бемории ӯ як хабари ғамангез буд, ҳолу аҳвол ва ҷузъиёти беморию табобатро пурсидам. Телефони дастиям ба таври худкор роуминг шуда буд, баъд аз чанд ҷумла радду бадал бо Устод, пулаш тамом шуду хомӯш гашт ва ман миёнаи роҳ мондам, чун нархи истифодаи тедефони дастӣ дар Олмон нисбат ба Чех ба маротиб баланд буд. Дареғ хӯрдам, ки мебоист нахуст нишонаи манзили он касро мепурсидам ва сипас чизҳои дигарро.
Барои як занги дигар маҷбур шудам, аввал бонкеро пайдо ва долларро ба евро иваз намуда, сипас дар ҷое чизаке харида, пулро хурдтар кардам ва телефони кӯчагие ёфта занг задам ба Устод. Ишон гуфтанд, ки аз ногаҳон қатъ шудани гуфтугӯ каме нигарон гаштаанд ва агар дар як соати наздик наоям, вохӯрӣ ба таъхир меафтад. Зеро он кас ба дармонгоҳ мераванд ва танҳо пас аз се соати дигар бармегарданд. Шавқи дидор ба девор бархӯрд. агарчи маълум шуд, ки манзили Устод чандон дур нест, то ба он ҷо расидам, ки ишон рафтаанд. Дар қабати ҳамкафи ин бино дӯкончаи меваю сабзавот ҷойгир буд ва фурӯшандаи турк бароям як курсие гузошт, то интизори бозгашти Устод биншинам. Ин фурӯшанда дониста буд, ки меҳмони бино шахси муҳтарамест, чун ҳар рӯз чандин нафар ба дидораш меоянд. Вай гуфт, симои ин мард барояш хеле писанд афтодааст ва агар ман ба дидори ӯ омадаам, меҳмони ҳамаи аҳли бино низ ҳастам. Дар ин бино аслан мактаби фарзандони туркҳои муҳоҷир ҷойгир буд, аммо ҳоло вақти таътил аст ва ҳуҷраву толорҳои он иҷора дода мешаванд.
Аввалин чизе ки устод Нурӣ бо берун шудан аз дари “Мерседес” ба ман гуфт, ҳамин буд, ки шарқӣ мондааму аврупоӣ нашудаам, вагарна аввал одресро мепурсидам ва сипас саломатию ҳолу аҳволро. Вақте бо лабханду хушнудӣ ҳамдигарро канор гирифтем, аз вуҷуди ишон бӯйи бемористон меомад ва ҳалқаҳои зери чашмони он кас зарду амиқтар буданд. Росташ, ман аввал ба ин таносуби шарқию аврупоӣ зиёд сарфаҳм нарафтам ва шодии дидор ҳам шояд нагузошт ба он андешам, аммо дертар, ҳангоме ки дастгоҳи забти овозро ба кор андохтаву мусоҳибаро сар кардам, як ибораи ишон суҳбати Теҳронро барқвор ба ёдам расонд, “бе муқаддима”. Оре, ман дар он фурсатҳо гуфта будам: “Аврупоиҳо бемуқаддима ҳарф мезананд”.
Мусоҳибаи мо дар маркази Мюнхен, шаҳре дар дили Аврупо ин гуна оғоз ёфт, дар ҳоле ки то ҷашни сулҳу ваҳдати Тоҷикистон 17 рӯзи дигар монда буд:

– Устод Нурӣ, пагоҳ-фардо дар Тоҷикистон ҳаштумин солгарди созишномаи сулҳ таҷлил мешавад. Ҳатто ҳамин рӯз дар Душанбе як нишасте барпо шуд ва ҷашни асосӣ, таври маълум рӯзи 27-уми июн мебошад. Ба ҳамин муносибат суоли аввалинам ин аст, ки оё аз нигоҳи Шумо, касе ки имзои дигар, имзои дуввуми ин созишномаро гузошта, ҳамчун раиси Кумисюни оштии миллӣ заминаҳои сулҳу оромии имрӯзаро фароҳам кардааст, дар ин сулҳу оштӣ чӣ вижагиҳоеро мебинад? Оё ин оштӣ чӣ тафовутҳое дорад аз ҳалли низоъҳои дигар, аз ҷумла бо ширкати созмонҳои байнулмилал ва фишангҳои ин сулҳ кадомҳо буданд?

– Бе муқаддима-а?

– Бале (ва ин ҷо дар зеҳнам манзараи суҳбати Теҳрон дурахшид, лабханд задам), савол паси савол ба худи созишнома ва куллан раванди сулҳ ҳам дахл хоҳем кард (аҷабо, ана ин ишора аз куҷо меояд! Роуминг маро хиҷолат дод).

– Хуб. (Пауза) Воқеан сулҳи Тоҷикистон аз дигар сулҳҳое, ки дар гӯшаву канори ҷаҳон шудаанд, фарқ мекунад. Савол саволи дуруст аст ва яке аз вижагиҳои ин сулҳ аз он иборат аст, ки он бо фишор ё бо маҷбур карданҳо аз тарафи кадом нирӯи берунӣ нашудааст. Ин сулҳ пеш аз ҳама ва бештар аз ҳама аз рӯи ангезаи дохилии мардуми Тоҷикистон шудааст. Ё агар аниқтарашро бигӯем, аз рӯи ангезаи дохилии гурӯҳҳои даргир ба вуҷуд омадааст. Ин ҳамонро мефаҳмонад, ки ҷанг дар Тоҷикистон, як ҷанги таҳмилӣ буд ва мардуми Тоҷикистон ё гурӯҳҳое, ки бо ҳам даргир буданд, миёни онҳо ҳеҷ гуна ангезаи ҷангӣ набуд, ҳеҷ гуна нийят ё нақшаи ҷанг кардан боҳамро надоштанд. Шояд ин мавзӯи дигар бошад ва баъдтар суҳбат кунем, вале ин таҳмил шуд бар болои тоҷикон.
Хуб, агар ман яке аз ҳамон шахсиятҳое, ки воқеъан метавонам бигӯям, раҳбарияти як гурӯҳро бар ӯҳда доштам, аз рӯзи аввал агар нигаҳ кунам, аз рӯзҳои аввале, ки шурӯъ шуда буд, ман танҳо роҳи сулҳ мекофтам, танҳо мехостам як коре кунем, ки ҳамин фитнаи дар Тоҷикистон ба вуҷуд омадаро, бо кадом роҳе, ки бошад, хомӯш гардонем. Даҳҳо мулоқоту суҳбатҳо доштем, ҳатто дар сатҳи доираҳои кӯчак, дар сатҳи доираҳои бузургтар, масалан, дар сатҳи ҷумҳуриявӣ… Барои он ки сулҳ ба даст биёяд.
Чун таҳмил аз берун буд, мутаассифона, ин воқеъа ва ин мусибат ба вуқӯъ пайваст, вале ангезаи сулҳ кардан, фикр мекунам, дар тафаккури тоҷикон, дар нийяти мардум вуҷуд дошт ва онҳо ҳамеша дар ҷустуҷӯи ин фикре буданд, ки чӣ хел кунем, то якдигарро бифаҳмем ва ҳамдигарфаҳмӣ шаваду баргардем ба Ватан ва ҳар кас сари ҷои зиндагии худаш бошад. Масалан, рӯзҳои аввал, ки аз тарафи мақомоти ин ё он кишвар ва ё созмонҳои байнулмилалӣ даъват шуд, ҳеҷ гуна рад кардан ё шартгузорӣ, ин чизҳо вуҷуд надошт. Масалан, аввалин бор ман намояндаи Русия Примаковро дар Кобул дидам, ҳарчанд мулоқоти мо ба тавассути тарҷумон ҷараён гирифт, боз кам-кам бо забони минтақаҳои худамон ҳам суҳбат кардем, он кас гуфт, хуб, чӣ зарурат дорад, ки як чизе ки бидуни ҷанг ба даст меояд, онро бо ҷанг…
Мо гуфтем, мо ҳам тарафдори ҷанг нестем, балки тарафдори сулҳ ҳастем ва дар ҷустуҷӯи роҳҳои сулҳем. Мо мехоҳем зудтар ба хонаамон баргардем. Ягон даъвои бисёр баланди бад ҳам надорем, фақат дар ҳоле ҳастем, ки ин ҷо қариб дусад ҳазор муҳоҷир дар Афғонистон вуҷуд дорад ва ҳама пароканда ва гуруснаанд, бехонаву дар ҳастанд, амният надоранд. Хуллас, мо мехоҳем, инҳоро баргардонем ба хонаҳояшон тамом, ягон чизи дигар нест. Ҳамчунин аз тарафи созмонҳои байнулмилалӣ ҳам касе ки омад, аз тарафи мо ҳеҷ гуна мухолифат ба сулҳ набуд, яъне манзурам ин нест, ки ҳам аз ҷониби давлат ва ҳам аз ҷониби оппозитсия бидуни мушкиле ин сулҳ пайдо шуд, мушкилиҳои худашро дошт, нобовариҳо ҳам дошт. Ба якдигар бовар карда намешуд, барои он ки ҳар кас фикр мекард, шояд ин коре, ки мекунад, кадом дасисаи навбатист ё ҳилаи дигаре, ин чизҳо буданд. Вале бо вуҷуд, ангезаи сулҳ ва оштии миллӣ аз ҳама чиз болотар буд ва вижагияш ҳам ҳамин аст, ки масалан, худ дидем ва дар таърих ҳам хондем ва то ҳоли ҳозир низ дида истодаем, ҳар ҷо ки сулҳ мешавад, бо нирӯ сулҳ мешавад, нирӯи мусаллаҳи хориҷиро дар назар дорам, ки масалан, 5-10 ҳазор нирӯҳои мусаллаҳро меоранд ва онҳо (зада бар вожаи “онҳо” – С.А.) сулҳро ҷорӣ ва муҳофизат мекунанд ё сулҳро ба даст меоранд. Дар вақти муҳофизати сулҳ ё ба даст овардани он мебинем, ки боз мумкин ҳазорҳо одами дигар кушта мешаванд, ҳазорҳо мусибати дигар болои мардум меояд, чун он ду гурӯҳ бо ҳам ангезаи сулҳу оштӣ надоранд. Бо нирӯи хориҷӣ оштӣ кардан мушкил мешавад ва сулҳҳо бисёр тӯлонӣ мешаванд. Ҳамон протсесс ё ҷараёни ба интиҳо расидан, ба нуқтаи ниҳоӣ расидани сулҳҳо дар ҷое ки бо нирӯи хориҷӣ сулҳ ба даст меояд, бисёр тӯлониву давомдор мешаванд, яъне зуд ба оромию амният намерасонанд. Мо мебинем, ки дар Афғонистон ҳанӯз ҳам, чун одамони бегуноҳ кушта мешаванд, наметавонем бигӯем, ки протсесси сулҳ дар Афғонистон ба охир расидааст. Ё бигирем мушкилоти Ироқро, ки чанд сол боз давом дорад, он ҷо ҳам ҳар рӯз қатлу куштор ҳаст, дар дигар минтақаҳои ҷаҳон ҳам, ки метавон ёдовар шуд. Вале дар Тоҷикистон ин чиз набуд. Ҳеҷ гуна нирӯи хориҷиро мо қабул накардем, зеро аввалан он ангеза буд, дуввумаш, ростӣ ҷасорате аз ҳарду ҷониб ва азхудгузаштагии махсусан раҳбарони ҳарду ҷониб вуҷуд дошт.

– Ҳамин ҷо як савол, масалан, шахси Шумо ва бисёре аз дигарон дар ҷараёни низоъи Тоҷикистон борҳо кӯшиш карданд, ки байни тарафҳо муросое шавад. Шумо, масалан, аввал дар Қӯрғонтеппа, сипас дар Душанбе чунин талошҳоро кардед. Давлати Худоназар миёнарав шуд ва борҳо ба минтақаи даргириҳо сафар кард ва дигарон аз ҳар сӯ, воқеъан ин баёнгари як ангезаи қавӣ буд. Аммо чаро то 27-уми июни соли 1997 чунин ҳолате ба миён наомад, ки ҳарду тараф розӣ шаванду ба ҳам даст диҳанд ва сулҳ кунанд. Яъне ин ҳама муддат, панҷ ё ҳафт сол кӯшишҳо натиҷа надод, аммо ин кӯшиш натиҷа дод. Ба фикри Шумо, сабаб ва заминаи чунин ҳолат чӣ буд?

– Бале, рост мегӯед, сабаб дорад. Яъне чаро мо дар дохили Тоҷикистон кӯшишҳои зиёд кардем, ки сулҳро ба даст биёрем ва он чиро, ки ба даст омада буд, ҳифз кунем, вале нашуду ҳама чиз аз ҳам пошид ва маҷбур шудем, ки мардум пароканда шаванд ва аз кишвар хориҷ ва бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ шаванд.
Ман сабаби инро, чун таҳқиқу таҳлил накардаам, вале бадоҳатан метавонам, бигӯям, ки яке аз сабабҳо ҳамин буд, ки роҳбарии ягона дар ҳарду тараф вуҷуд надошт. Масалан, дар оппозитсия ҳам гурӯҳҳои мухталиф буд ва ҳар яке аз онҳо раҳбар ва фикру ақидаву ангезаҳои худро доштанд. Ҳатто агар яке аз онҳо вориди сулҳ ҳам мешуд, гурӯҳҳои дигар онро эътироф намекарданд, коре мекарданд, ки ин сулҳ заъф дида, камранг ҷилва медод. Дар ҷониби дигар ҳам ҳамин тавр буд. Он вақт масалан, қумондону фармондеҳон буданд ва шахсиятҳои зиёди сиёсӣ дар дохили кишвар буданд, ки аз гурӯҳу созмонҳо дида нуфузу қудрати бештар доштанд. Ҳар кадоми онҳо низ манфиъатҳои худро мехост. Яке сулҳ мехост, дигаре суди худро. Вақте камтар фурсат гузашт, ҳамин нирӯҳо, хуб, нирӯҳои дар тарафи оппозится вуҷуддоштаро бо чашмамон дидем ё ки масалан, хаста шуданду шикаст хӯрданд, ба натиҷа нарасиданд, ҳамаро, ба қавле вел карданду партофтанд ва рафтанд, як гурӯҳаш. Гурӯҳи дигар худ иқрор карданд, ки мо ин вазъияти баамаломадаро дигар идора карда наметавонем ва ҳамин тавр идора омад ба як нуқта.
Сабаби дигараш, боварие ҳам пайдо шуд, ки аввал, масалан, ин марказият дар худи Наҳзати Исломӣ пайдо шуд, Ҳизби Наҳзати Исломӣ. Вақте Афғонистон рафтем, Ҳаракати Наҳзати Исломӣ, ки ҳанӯз пеш аз ҳизб вуҷуд дошт, онро эҳё кардем, ба хотири он ки он ҷо дигар ҷои ҳизб нест, ки танҳо ҳизбиёнро дар назар дошта бошад, ҳар кас ки муҳоҷир шудааст, бояд ба ин ҳаракат ҷамъ шаванд. Хуб, онҳое ки дар ҳолати муҳоҷират омаданду муттаҳид шуданд ва баъд аз чанд вақт шумо мушоҳида кардед, ки дигар нирӯҳои мардумӣ, демократӣ ва миллӣ ҳам бо он мақомоте ки доштанд, диданд, масалан, солим будани ҳамин равиши наҳзатиёнро ва ҳама бо ҳам пайвастанд ва як иттиҳоди нирӯҳои оппозисюн ташкил шуд. Дар ин иттиҳод, шумо ҳам ҳанӯз аз ҳамон вақт дидед, ки як раҳбарияти воҳид вуҷуд дошт ва ана ҳамин чиз, фикр мекунам, аз як нуқтаи назар, яке аз омилҳои асосии ба натиҷа расидани сулҳ гардид, яке (зада бар вожаи «яке») аз омилҳо. Ҳамчунин дар ҷониби дигар ҳам ҳамин чиз вуҷуд дошт. Оҳиста-оҳиста онҳо ба дараҷае расиданду мутақоид шуданд, ки масалан, дар раъси давлат касе ҳаст, ки ӯ метавонад ин барномаро амалӣ кунад, фикрҳояш хубу мақсадаш ҷамъоварии мардум аст ва аз ӯҳдаи ҳамин кор мебарояд.
Касони дигар кам-кам ақибнишинӣ карданду шикаст хӯрданд ва он ҷо ҳам ҳамон мутамарказӣ ба вуҷуд омад, ин як омил буд. Омили дигар, ки ман низ онро дар ҳарду тараф мушоҳида мекунам, ҳамин буд, ки… албатта, бо вуҷуде ки бо сари баланд гуфтем, аз рӯзи аввал мо талабгори сулҳ будем ва ҳар кас дар ҳоли ҳозир, ки сулҳу амният ҳаст, даъво мекунад, ки аз аввал талабгори сулҳ буданд. Аз ҷониби дигар ҳам ин даъворо доштанд, вале паси ин сухан ҳатман аҳдоф вуҷуд дошт. Аҳдофи ин ки масалан, оппозитсия рафт, дигар биравад, ин чизҳо вуҷуд доштанд. Ё ҳадафҳое аз ҷониби оппозитсия низ буданд, ки инҳое ҳоло сари қудрат омадаанд, салоҳияти раҳбариву идораи давлатро надоранд ва инҳо бояд набошанд, ин чизҳо вуҷуд доштанд. Ин хел нест, ки ҳама чиз сода буд.
Вале бо вуҷуди инҳо ва дар ҳоле ки ҷангу ҷидол идома дошту ҳамзамон кори сиёсӣ шурӯъ шуд ва афроде пайдо шуданд, ки дар ҳарду ҷониб фазилати онро дарк карданд ва ин ҳол куллан ба рафтори ҳарду ҷониб таъсири мусбат гузошт. Чунончи, агар он вақт оппозитсия мегуфт, ки ин ҳукумат демократӣ ва арзанда нест, бояд аз байн бурда шавад ва ҷойи онро як ҳукумати демократӣ бигирад, тарафи ҳукумат тадриҷан дастикам дар шиъорҳои худ рӯ ба сӯи демократия овард. Хуб, ин як тағйири мусбат буд. Аз ҷониби дигар ҳам, масалан, нисбати оппозитсия, вақте диданд, ки оппозитсия танҳо як нирӯи тундрави ифротӣ нест, балки сулҳро аз ҳама чиз болотар медонад ва тарафдори рушди кишвар низ ҳаст, дигар омаданд ба ҳамин хулоса, ки инҳо ҳам ҳамватани мо ҳастанд, мардуми ҳамин диёранд, пас роҳе пайдо кунем, ки биёянд ва бо роҳи гуфтушунид, бо роҳи солим бо ҳам оштӣ кунем ва аз ин ҷангу мусибатҳое, ки ҳаст, даст бикашем. Фикр мекунам, ки ин ду омили асосӣ дар миён буд…

-Яъне ба назари Шумо, фарҳанги сиёсӣ ва ё беҳтар аст, бигӯем, фарҳанги бархӯрди сиёсӣ дар ин байн аз ҳарду ҷониб тағйир ёфт, мешавад ҳамин тур гуфт?

– Бале, фикр мекунам, фарҳанги фаъолиятҳои сиёсӣ гӯем беҳтар аст, махсусан дар тӯли ин муддат, ин фарҳанг тағйир ёфт. Одамон аз он афкор ва хашму ғазабе, ки доштанд, тадриҷан даст кашиданд, эҳсосот поин омад ва монеъаҳо камтар шуданду гуфтугӯ аз сулҳу оштӣ хеле осонтар шуд.

– Дар муддате Шумо раёсати Кумиссюни оштии миллиро дар дӯш доштед, тайи тақрибан се сол, мушкилиҳои сифатан нав пеш омад ва худи Шумо ҳам дар ин бора гуфтаед. Аммо агар мо аз рӯи як ҷадвал ё шкала таҳдидҳоеро, ки нисбат ба сулҳу оштӣ дар ин муддат пайдо мешуданд, таҳлил кунем, оё бузургтарин таҳдид, ки метавонист, тамоми раванди сулҳро баҳам занад, тахриб кунад, кадом буд, ҳамчунин таҳдидҳои дараҷаи дуву се чиҳо буданд?

– Воқеъан, чӣ хеле гуфтем, татбиқи созишҳое, ки сулҳро ба вуҷуд оварданӣ буданд, осон набуд. Чунки созишнома ин танҳо тарҳи сулҳ буд ва фақат иҷрои он метавонист сулҳи воқеъиро ба миён биёрад. Тасаввур кунед, баргашта омадани як гурӯҳи мухолиф ба оғӯши мухолифони худаш ва дар он ҷо фаъолият кардан ҳам аз нигоҳи ҷисмонӣ мушкил буд ва ҳам аз лиҳози равонӣ, инчунин аз лиҳози оддитарин шароити кор низ. Вале чӣ тавре гуфтем, ҳамон ангеза буд, ки моро мутмаъин мекард. Агар аз дигарон ба андозаи кофӣ боварӣ надошта бошем ҳам, ҳамон чанд мулоқоте, ки бо Эмомалӣ Раҳмонов доштем, ба мо итминон медод, ки ӯ дарвоқеъ хостори сулҳ аст.
Бале, дар рафти татбиқи бандҳои созиши сулҳ дар КОМ мушкилоти зиёде ба вуҷуд омад ва бархе аз онҳо ба андозае бузург буданд, ки дар он лаҳзаҳо воқеъан гумон мерафт, ки ҳамин дақиқа ва ё дар чанд дақиқаи дигар сангаргириҳо шурӯъ мешаванду тамоми дастовардҳое, ки бо заҳмати зиёд ба даст омадаанд, барбод мераванд. Ин хел ҳолатҳо метавонист аз рӯйдодҳои ҷузъӣ сар занад, масалан, аз дастгир кардани яке аз намояндагони оппозитсия ва ё бадтар аз ин, ҳатто кушта шудани чунин афрод. Ё масалан, аз халъи силоҳ кардани гурӯҳҳои оппозитсия ё нирӯҳои Вазорати дифоъ ва ё дастаҳои ғайримасъул…. Инҳо чизҳое буданд, ки агар воқеъан дар раъс шахсони ботаҳаммул намебуданд, боиси аз ҳам рехтани сулҳ мешуданд. Ҳамчунин, масалан, рабудани афрод, одамро аз ду ҷониб мерабуданд, одамон ғайб мезаданду бенишон мешуданд. Бархе худро намояндаи оппозитсия эълон кардаву ба хотири пул одамонро мегирифтанд ва фармондеҳоне, ки худро тарафдори давлат мегуфтанд, ҳамчунин одамонро мерабуданд, ҷанҷолҳои дохилӣ дар ҳарду тараф пайдо мешуд ва фишоре болои мо, ки раҳбарияти сулҳро бар ӯҳда доштем, танҳо худ медонем, на ҳама аз ин огоҳ буданд. Шабҳои дарозе, ки хоб намерафтем ва мехостем ин масъалаҳоро бо кадом роҳе, ки бошад, ҳал кунем, ҳуҷумҳое, ки ба КОМ шуд, ҳуҷумҳои мусаллаҳона. Дар яке аз онҳо дар боғчаи пеши бинои КОМ чанд кас захмӣ шуд ва куштаҳо ҳам буданд, инҳо фишорҳое буданд тарҳрезишуда, махсус аз тарафи онҳое, ки ғаразе доштанд. Фишорҳое ҳам буданд, ки тасодуфан, аз ҳамдигарнофаҳмӣ сар мезаданд, ҳам дар дохили оппозитсия ин ҳолатҳоро ба вуҷуд меоварданд, ки ҳама чиз тарк шаваду ҳар кас равад дунболи кори худаш. Ба ҳар ҳол, ин чизҳо буданд.
Ҳамчунон байни давлат ва мухолифин низ ҳамин гуна ҳолатҳо ё дуруст карда мешуд ва ё тасодуф меафтод. Вале мушкилоти умда, дар ҳоли ҳозир, ки ба ёдам мерасад, дар тақсими вазифаҳо буд, саҳмияи сидарсада. Мушкили асосии ман ҳамчун раиси КОМ ин буд, ки ҳамон саҳмияҳои ба қарор омадаро зуд гирифта наметавонистам. Яке дар гирифтани ҳамон мақом ё вазоратхона аз давлат ман мушкил доштам ва дигаре дар таъини афрод ба ин мақомҳо.
Дар ибтидо, вақте ин мақому вазоратҳоро гирифтем, ман бо ҳамаи шахсиятҳои сиёсӣ ва фармондеҳони ҷиҳодӣ суҳбат кардам. Ҳеҷ яки онҳо барои ин ё он мақомро гирифтан ҳозир набуд. Онҳо мегуфтанд, мо фақат барои ризои Худо кор кардем ва омадему ба сулҳ расидем, ҳамин барои мо бас аст. Аз онҳо хоҳиш мекардам, ки ин ё он вазифаро бар дӯш бигиранд, вале рад мекарданд. Баъд аз чанд вақт, он одамоне, ки аз хориҷ бо нияти сулҳ, бо орзу ва ҳаваси сулҳ бозгашта буданд, бо ёру дӯстон ва ҳамдиёрони худ дар Тоҷикистон омехта шуданд. Танҳо дар он вақт донистам, ки дар ин байн дар Тоҷикистон нирӯи маҳалгароӣ чӣ андоза қавӣ шудааст. Вақте мо Тоҷикистонро тарк кардем, гароиш ба маҳалҳо дар кишвар ин гуна сахту ваҳшатангез набуд. Мо гӯё ба як Тоҷикистони комилан дигар бозгашта будем ва чӣ андоза бад будани нирӯи маҳалро то он вақт дарк накарда будам. Масалан, вахёчиҳо сари вахёчиҳое, ки дар ҷиҳод буданд, фишор оварданд, ғармиҳо дар ғармиҳо, шимолиҳо дар шимолиҳо, ҷанубиҳо дар ҷанубиҳо. Аз ин ҳама як ҳолате ба вуҷуд омад, ки дигар барои гирифтани вазифа мусобиқа сар шуд, аз мусобиқа гузаштем ба ҷанҷол, аз он ҳам гузаштем ба фишороварӣ ва ҷаласаҳои тӯлонӣ, ҳамааш барои дарёфти вазифа. Ман ҳанӯз ҳам нигоҳ доштаам баъзе дархостҳоеро, ки гурӯҳҳои мухталиф бароям оварда буданд. Баъзе аз онҳо, ҳатто лаҳни ултиматумро дорад ва дар онҳо аз боло то поён даҳҳо вазифаю мақомҳоро талаб кардаанд.

Идома дорад

(Бознашр аз архив)