Имрӯз зодрӯзи қаҳрамони миллиест, ки камтар муаррифӣ шудааст. Ӯ аз ҷавонони солҳои 80-уми асри гузашта аст, ки барои истиқлолияти кишвар аз султаи империяи Шӯравӣ мубориза бурдааст. Аз ҷавононест, ки бо вуҷуди қарор доштан зери дурбини пурқудраттарин низоми амниятии ҷаҳон дар он солҳо — КГБ-и Шӯравӣ, барои дин, озодӣ ва ғурури миллӣ мубориза бурдаву ба пирӯзӣ расидааст. Ӯ Саидумар Ҳусайнист.
Ҳарчанд имрӯз бархе дуздони таърих истиқлоли кишварро ба номи худ сабт карданианд, сайидумарҳо буданд, ки ҷон бар каф ҷавониашонро фидои мубориза бо режими коммунистӣ карданд ва пириашонро паси панҷараҳои зиндони коммунисти собиқ, ки алайҳи Сайидумар ва ҳамтоёаш барои барқарории шӯравӣ меҷангид, ба сар мебаранд.
Ӯ яке аз чанд нафаре аст, ки қодир ба роҳбарии ҳизбе мисли ҲНИТ ҳастанд вале ҳаргиз барои раҳбарӣ талош накардаву ҳамеша зери сояи нафари аввал ва дар мавқеъи муовиниву мушовирӣ қарор доштаанд. Чӣ нафари қаторӣ будан, чӣ мушовирӣ ва чӣ муовинӣ барояш яксон ва вазифаи имонӣ будааст. Одамони мисли Саидумар Ҳусайнӣ ба ҳамон ҳади имониву дарки масъулияти мусалмонӣ расидаанд, ки ҳар корашон ба хотири ёфтани ризои Ҳақ будааст ва барояшон тафовуте надоштааст, ки он кор, он вазифаашонро дар кадом сатҳ ва мавқеъе анҷом медиҳанд.

Зиндагиномаи ин марди Худо дарак аз ин гуфтаҳо медиҳад ва сазовор аст, ки сабти таърих гардад. Замоне, ки ҳамсолонаш “Ленин бародар раҳнамо” шиор медоданду худро “насли хушбахти советӣ” мепиндоштанд, ӯ ҷуз ин ки дар мактаб пешсафтарини хонандагон буд, дар мадориси пинҳонӣ дарси шаръ мегирифт. Дар як кишвари атеистӣ ва дорои қавитарин хадамоти бехатарӣ, ки ҳар як қадами шаҳрвандонаш зери назорати шадид қарор доштанд, гурӯҳе аз уламои дин ва ҷавонони бедори миллат аз қабили Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода мушарраф шуда буданд дар шарқу ҷануби Тоҷикистон мадорисии динии пинҳонӣ таъсис диҳанд ва садҳо наврасу ҷавонони ҳушмандро дар онҳо ҷамъ оваранд, ки баъдан ин ҷавонон баданаи ҳаракати озодихоҳиро ташкил доданд. Таҳсили ӯ дар мадориси сиррӣ ба замони авҷи қудрати Шӯравӣ рост меомад, ки ин кишвар садои озодихоҳиро на танҳо дар дохилаш маҳв сохта буд, бал дар тамоми ҷаҳон бо қудрат фурӯ менишонд. Бехабар аз он, ки дар батнаш ҷавононе доранд ба воя мерасанд, ки дертар яке аз асбоби фурӯрезии хунхортарин империя дар таърих мешаванд…
Таҳсили меҳнатталаби донишгоҳ ҳам ӯро аз гирифтани таълими динӣ манъ накард ва баробари ворид шудан ба ону кӯчидан ба пойтахт дар соли 1981, билофосила яке аз устодони ҷавону бедори он давра Муҳаммадшарифи Ҳимматзодаро пайдо кард ва ба идомаи таҳсили диниаш пардохт. Баъдан бо ақоиди Наҳзати исломӣ ошно шуду ба он пайваст ва то замони боздошту зиндон шуданаш дар соли 2015, яъне давоми 33 сол яке аз фаъолтарин аъзои он боқӣ монд, ки ниме аз дар мақомҳои роҳбарӣ қарор дошт.
На танҳо худаш ба таҳсили диниаш дар замони донишҷӯӣ идома дод, балки дар донишгоҳ ба таблиғи динӣ машғул буд. Ба фаъолияте, ки дар замони шӯравӣ хиёнат ба ватан талаққӣ шуда, ҳукми сангине дар пай дошт. Ҳузури Саидумар ва амсолаш дар донишгоҳҳо сабаби ҳидояти донишҷӯёни бисёре ва тавассути онҳо паҳн шудани илми шаръ ба манотиқи зиёде, аз ҷумла манотиқе шуд, ки онҷо чароғи дин ба кулли хомӯш шуда буд.

Баъди хатми донишгоҳ дар деҳаи Мавлонои Душанбе сукунат ихтиёр кард, ба даъват пардохт ва ба зудӣ чанд мадорисӣ сиррии динӣ дар хонаи худашу шогирдонаш ба роҳ андохт. Дар вақтҳои фориғ аз кор ба тадриси наврасону ҷавонон машғул шуд ва кораш чунон равнақ ёфт, ки дар муддати кӯтоҳе тамоми деҳаи Мавлоно ба як мадрасаи бузурги умумиҷумҳуруявӣ табдил шуд. Ҳар дуввум хона дар ин деҳа ба мадраса мубаддал гашт ва мардум байни ҳам дар ташкили мадорис барои кӯдакону наврасон дар хонаашон сабқат мекарданд. Аз саросари ҷумҳурӣ кӯдакону наврасон ба ин мадорис ҷалб мешуданд. Саидумар бо ин иктифо накард ва шогирдонашро, ки дар илми дунявӣ низ пешгом буданд, ба донишгоҳҳои кишвар фиристод. Ин иқдоми Наҳзати исломӣ, ки бо дасти Саидумар Ҳусайнӣ ва дигар аъзои он иҷро мешуданд боис шуд садҳо ҷавони бедор ба донишгоҳҳо роҳ ёбанд ва таблиғи дин ба ҳамаи гӯшаҳои кишвар бирасад.
Дар таъсиси Ҳизби наҳзати исломии Иттҳоди Шӯравӣ низ ширкати мустақим дошт.
Баъди оғози даргириҳо дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар аъзои ҲНИТ ба Афғонистон ҳиҷрат кард ва онҷо ҳам ба рисолаташ — таълиму тадрис идома дод. Муҷоҳидин ва фарзандони онҳову муҳочирини дигарро таълими дин медод.
Баъди имзои созиномаи сулҳи тоҷикон ба кишвар баргашт. Бар асоси ин созишнома, ки 30 дарсади вазифаҳои давлатӣ бояд ба намояндагони ИНОТ мерасид, ба Саидумар раёсати ноҳияи Мӯъминобод пешниҳод шуд. Вале худи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов аз ӯ хост қабл аз пазируфтани мансаб ришашро тарошад ё ҳади ақал кӯтоҳ созад. Ӯ қатъан қабул накард ва вақте дӯстонаш гуфтанд, ки ба хотири хидмат ба миллат мешавад баъзе қурониҳо дод, посухаш ин буд: “Гап дар риш нест. Агар ман ин хостаи ноҷояшонро қабул кунам, онҳоро дар таҳмил кардани хостаҳояшон болои ман густохтар мекунад”. Ва комилан ҳақ баромад. Ҳамаи онҳое, ки хостаҳои ғайримантиқии аввалияи ҷониби ҳукуматро таҳмил карданд, билохира комилан зери фишори он қарор гирифта, дасту пояшон баста шуд.
Дар соли 1999 дабири кулли ҲНИТ интихоб шуд ва соли 2010 вакили парлумон гашт. Аз камтарин вакилоне буд, ки алайҳи ҳар қонуни зиддимардумӣ садо баланд мекард ва бо шиддат алайҳи ноадолатӣ қарор мегирифт. Борҳо барояш бар ивази даст кашидан аз фаъолияти ҳизбӣ мансабҳои баланд дар ҳукумат пешниҳод шуд, вале қабул накард. Ду моҳ қабл аз баста шудани ҳизб дар хориҷи кишвар қарор дошт ва раёсати ҲНИТ ба ӯ пешниҳод кард ба кишвар барнагардад, чун хатари боздошт таҳдидаш мекард. Вале бо сароҳат ин пешниҳодро рад кард ва посух дод “ин суннати илоҳист, ки гурӯҳе бояд зиндон шаванд то ҳақ пирӯз шавад ва мардум ба озодӣ бирасад”.
Вақте мехост барои ширкат дар як конфронсе ба Алма-Ато парвоз кунад, аз дохили тайёра боздошт шуд. Рӯзи аввал бо ӯ хеле бо эҳтиром муносибат карданд ва барояш мансаби вазирии чанд вазоратро пешниҳод карданд, ки якеро метавонад интихоб кунад. Дар иваз талабашон ин буд, ки як баёнияи расмӣ алайҳи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бидиҳад. Вале бо қатъият рад кард. Чун диданд, ки намешавад Ҳусайниро бо молу мансаб харид, халтае дар сараш пӯшониданд ва ба утоқи истинтоқ бурда он қадар заданд, ки ҳеҷ узве аз баданаш латнахӯрда боқӣ намонд. Вақте пас аз се ҳафтаи шиканҷаҳо ба вакилаш муяссар шуд ба вохӯрияш бираваду аз вазъи саломатиаш пурсад, бо ҳамон шӯхии ба худаш хос посух дод, ки қаблан поям дард мекард, лекин баъди латукӯби инҳо дуруст шуд.
Дар ҳуҷраи маҳбас бо як нафари дигар нигаҳдорӣ мешуд. Қуръонро аз даст намегузошт ва пайваста бо он машғул буд. Он ҳамсояаш гоҳе мегуфт биё як каме чақ-чақ кунем. Дар ҷавоб Қуръонро ба дасти ӯ медоду мегуфт ту нигоҳ кун ман бихонам. Ҳамсояашро ҳам имонаш аз инкори нигоҳ кардани Қуръон боз медошт ва рӯзи дароз нигоҳ мекарду Саидумар такрор. Мегуфт “кош ҳукмро дертар содир мекарданд, то ман ҳифзамро тамом кунам”. Чунин ҳам шуд ва дар 9 моҳи нигоҳдорияш дар боздоштгоҳи муваққатӣ дар 56 солагияш муваффақ шуд Қуръонро, ки қаблан танҳо 8 пораашро аз ёд медонист, ба кулли ҳифз кунад. Аз рӯи нақли он ҳамсояаш, ҳаргиз рӯҳафтода нашудааст ва ҳеҷ асари пушаймонӣ ё тағйири ҳадафу андеша аз ӯ дида нашудааст. Ҳамеша бо ҳамон рӯҳи саршор аз имон ва боварӣ ба ҳақ буданаш боқӣ мондааст.
Давоми ин нӯҳ моҳ хонаводааш имкори мулоқот бо ӯро надоштанд ва намедонистанд, ки дар чӣ вазъ ва рӯҳияе қарор дорад. Пиндорашон ин буд, ки Саидумар маъюсу дилшикаста аст. Хоҳарбузургаш дар ғами ӯ афсурда шуда буду наздик буд аз по дарафтад. Вақте баъди судури ҳукм иҷозаи мулоқот пайдо карданд, ҳайраташонро канор набуд. Саидумар мисли пештара, балки бештар аз он хушҳолу сарзинда буд. Ба шӯхиҳояш идома медод ва хонаводаашро дилбардорӣ мекард. Хоҳараш баъди дидани ӯ рӯҳи тозае гирифт ва андӯҳаш поён ёфт.
Паёме ҳам ба ҳамсангаронаш фиристоду гуфт, ки “ҳаргиз аз мубориза даст накашед ва побарҷо бошед, чун мо дар роҳи ҳақ қарор дорем”.
Ҳоло, аз замони шурӯъи пандеми ҳеҷ хабаре дар борааш нест. Наздиконаш наметавонанд бо ӯ мулоқот кунанд ва танҳо ба иттилоъи мауомот мабнӣ бар ин ки ҳолаш хуб аст, умед мебанданд.
Одати ҳукуматҳои диктотурӣ, ғайримардумӣ ва тарсу аст, ки ҳамеша қаҳрамонону шермардони миллатро мекушанду зиндонӣ мекунанд, зеро онҳо метавонанд мардумро раҳбарӣ ва раҳнамоӣ кунанд. Аммо ҳукуматҳо на ҳамеша муваффақ мешаванд. Дар аксари ҳолатҳо шермардон ба ҳамоса табдил мешаванд ва гоҳо ҳатто номашон инқилоб мекунад.
Сайидумар Ҳусайнӣ шерест, ки дар банди шағолон афтода, аммо ғуруру салобаташро ҳифз кардааст. Шер дар банд ҳам шер аст ва шағол дар салтанат ҳам шағол.
