Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Символи адолатхоҳии тоҷикон 50 сола шуд

Символи адолатхоҳии тоҷикон 50 сола шуд

Замони хилофати Умар ибни Хаттоб (р) чанд нафар мардеро назди ӯ оварданд ва гуфтанд “эй амиралмӯъминин, қасоси моро аз ин мард бистон, ки падари моро куштааст”.

Ҳазрати Умар (р) аз он мард пурсид “чаро куштӣ?”

Гуфт: шутури зебое доштам, ки дӯсташ медоштам. Ба марзаи ин мард сар зад ва аз он бихӯрд. Падарашон шутурро бо санге зад ва он мурд. Ман ҳам бо ҳамон санг ӯро задам ва ӯ ҳам мурд.

Ҳазрати Умар гуфт: “бояд бароят ҳад ҷорӣ шавад” (яъне кушта шавӣ).

Он мард гуфт: “Ё Амиралмӯъминин, бароям се рӯз фурсат деҳ. Падарам фавтида ва ба ману додари кӯчакам канзе боқӣ гузоштааст. Агар ҳоло ман кушта шавам он канз ва додарам, ки хурдсол аст, зоеъ мешаванд”.

Амирулмӯъминин пурсид: “чӣ касе зоминат мешавад?”

Мард ба атроф нигарист ва ба яке ишора карду гуфт “ин нафар”.

Ҳазрати Умар аз он мрад пурсид: “зоминаш мешавӣ ё Абӯ Зар?”

Абӯ Зари Ғифорӣ гуфт “бале”.

Гуфт: “ту ӯро намешиносӣ ва агар фирор кард, ҳадро ба худат ҷорӣ хоҳам кард”.

Абӯ Зар посух дод: “ман зоминаш ҳастам ё Амиралмӯъминин”.

Он мард рафт ва се рӯз гузашту дараке аз ӯ набуд. Наздик буд ҳад ба Абӯ Зари Ғифорӣ, саҳобаи бузурги Расулуллоҳ (с) ҷорӣ шавад.

Наздики шом буд, ки он мард бо асари хастагӣ дар чеҳрааш ворид шуд. Назди Умар ибни Хаттоб (р) омад ва гуфт: “канзро берун овардам ва бародарамро ҳам таъмин сохтам. Акнун метавонед ҳадро бар ман ҷорӣ созед”.

Ҳазрат пурсид “чӣ чиз водорат сохт баргардӣ, дар ҳоле ки метавонистӣ фирор кунӣ?”

Гуфт: Тарсидам, ки баъд аз он хоҳанд гуфт вафо ба аҳд аз байни мардум рафтааст.

Амирулмӯъминин рӯ ба Абӯ Зар кард ва гуфт “ту чаро зоминаш шудӣ?”

Посух дод “тарсидам, ки хоҳанд гуфт некӣ аз байни мардум рафтааст».

Инҷо буд, ки фарзандони мақтул мутаассир шуданду гуфтанд “мо ӯро бахшидем!”

Умар (р) гуфт: Чаро?

Гуфтанд: Тарсидем, ки хоҳанд гуфт, авф аз байни марудм рафтааст…

Имрӯз Бузургмеҳр Ёров саввумин бор зодрӯзи худро дар зиндон пешвоз гирифт. Ҳеҷ чизе ҷуз адолатхоҳӣ ӯро паси деворҳои зиндон набурдааст.  Ӯ худро қурбонӣ кард ва дигар касе дар ҷаҳон наметавонад даъво кунад, ки дар Тоҷикистон муборизе барои адолат ва ҳуқуқҳои мардум вуҷуд надорад.

Танҳо даст кашиданаш аз ҳимояти аъзои Раёсати олии ҲНИТ кофӣ буд, ки касе ба ӯ кор нагирад ва ба фаъолияташ идома диҳад. Вале ӯ розӣ шуд паси панҷараҳои зиндон равад, то ҳаргиз касе даъво карда натавонад, ки дар Тоҷикистон вакиле, ки масъулияти ҳимояи мардумро аз озодии худ болотар медонад, вуҷуд надорад.

Аз ӯ хостанд то аз раисҷумҳур узр пурсад ва ба озодӣ барояд. Вале ӯ бо ғурур ин пешниҳодро рад кард ва сари баланди худро то абад ҳифз кард.

Бузургмеҳр Ёров бо истодагиву ғурураш умеди мардум ба озодиро ҳифз кард ва ба намоди ҳақҷӯиву адолатхоҳӣ табдил шуд.

Зодрӯзи ин МАРД муборак бод!

#FREEBUZURGMEHR

#ОЗОДӢБАБУЗУРГМУҲР