Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Спутник: "Фаъолони ҲНИТ дар Варшава аксия ташкил карданд"

Спутник: "Фаъолони ҲНИТ дар Варшава аксия ташкил карданд"

«Даҳҳо эътирозгарон, аз ҷумла занон бо либосҳои анъанавии мусалмонӣ, ки дар даст аксҳои маҳбусонро доранд, талаб доранд, ки онҳо озод карда шаванд.»

Дар Варшава дар ҷаласаи САҲА фаъолони Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон(мамнӯъ дар Тоҷикистон)аксияи эътирозӣ барпо намуда, талаб доранд, ки дар ватан маҳбусони ба фикри онҳо  сиёсӣ, озод гарданд.

Даҳҳо одамон пагоҳии душанбе дар назди меҳмонхонаи маркази таърихии шаҳр Sofitel-Victoria ҷамъ омаданд, ки  дар он ҷо Ҷаласаи САҲА оид ба миқиёси инсонӣ баргузор мегардад.

Эътирозгарон,  аз ҷумла занон бо либосҳои мусалмонӣ дар даст аксҳои мухолифине, ки дар маҳбус фавтидаанд ва аксҳои онҳое, ки ҳоло дар ҳабсхонаҳо қарор доранд,  озод гардидани онҳоро талаб доранд. Соате пас, ки ҷаласаи умумии якум оғоз гардид, қариб 20 фаъолон ба толоре, ки дар он  масъалаи озодии сухан ва ҳуқуқи инсон баррасӣ мегардид, дохил шуданд.  Фаъолон бо либосҳои сафед, аксҳои муҳбусон ва навиштаҷоти «озодӣ ба маҳбусони сиёсӣ» дар назди яке аз деворҳои толор,  дар ҳоле ки ба маҷлис халал намерасониданд, саф кашиданд. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба вазъият мазкур кордор нашуданд.

Ҳукумати Тоҷикистон ҲНИТ-ро дар исёни мусаллаҳонае, ки аз тарафи собиқ муовини вазири мудофиаи кишвар Абдуҳалим Назарзода санаи 4-уми сентябри соли 2015 ба амал оварда шуд, гунаҳкор донистанд.

Ҳизбро дар маблағгузори кӯшиши табаддулоти давлатӣ  айбдор карданд. Шӯрои сиёсии олии ҳизб санаи 16-уми сентябр ба ҳабс гирифта шуданд ва санаи 26-уми сентябри соли 2015 ҲНИТ бо қарори Суди олии ҳизби мамнӯъ ва ифродгарову террористӣ эълон гардид.

Спутник