Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Таҳлилгар: «ҲНИТ ин бор бo иззати бештар бармегардад»

Таҳлилгар: «ҲНИТ ин бор бo иззати бештар бармегардад»

Инак, як сол аст, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҳиҷрат ба сар мебарад; ҳиҷрат барои бори дуввум. Ҳиҷрати аввали аъзо ва ҳаводорони ин ҳизб, дар солҳои 1992 то 1997 иттифоқ афтода буд.

Имрӯзҳо, пиндори ғолиб дар кишвар ва дар назди бисёре аз шаҳрвандон — тибқи он чӣ ба гӯш мерасад ва бар пояи шавоҳид ва қароин – ин аст, ки гӯӣ ҲНИТ аз сафҳаи сиёсии Тоҷикистон ба куллӣ ҳазф ва дигар ба унвони як ҳизби сиёсии фаъол, бознахоҳад гашт. Аммо оё воқеият низ ҳамин аст?

Ёдам ҳаст, дар оғози ҳиҷрати аввал, яъне соли 1992, бовари ғолиб дар Тоҷикистон дақиқан ҳамин буд ва балки беш аз ин. Яъне давлатмардон ва ба табаъи эшон бештари шаҳрвандон, фикр мекарданд, наҳзатиҳо ё бо сари хам ва пушаймонӣ ба Тоҷикистон бармегарданд ва ё ҳаддиақал дар хоки Афғонистон хоҳанд пӯкид. Аммо ҳамагон шоҳид будем, ки чунин нашуд. ҲНИТ ва ба ҳамроҳи вай соири мухолифон, бо сари баланд ва иззатмандона ба миҳани худ баргаштанд.

Дар хусуси асбоб ва авомили он бозгашти сарбаландона, чӣ басо гуфта бишавад, ки омили асосӣ дар он, даргирии низомӣ ва мусаллаҳ будани нерӯҳои мухолиф буда бошад. Банда, бо ин ки аз реша мункири таъсири ин фоктур нестам, аммо воқеият ин аст, ки омили асосӣ дар он бозгашт, на мусаллаҳ будани нерӯҳои мухолиф, балки беш аз ҳама, пуштвонаи мардумӣ ва дорои ҷойгоҳ будан дар ҷомеа буд. Яъне, агар дар он замон ҲНИТ дар дохили кишвар дорои ҷойгоҳ намебуд, даҳ баробари он чӣ аз нерӯи мусаллаҳ, ки он замон дошт доро буда ва аз пуштибонӣ ва ҳимояти бештари кишварҳо ҳам бархӯрдор мебуд, боз ҳам наметавонист ба кишвар баргардад. Зеро омили асосӣ дар ҳамаи комёбиҳо ва муваффақиятҳо, ҳамвора бархӯрдорӣ аз ҳимоят ва пуштибонии мардумӣ будааст. Албатта, манзур аз бархӯрдорӣ аз ҳимояти мардумӣ, лузуман ин нест, ки мардум ошкоро аз ту ҳимоят ва барои ту шиор сар диҳанд ва эъломи омодагӣ кунанд. Ҳаргиз! Балки ҳамин миқдор кофист, ки ту дар дили онҳо ҷой ва қалбан бо ту бошанд. Ҳамин андоза басанда аст.

Бар ҳамин асос аст, ки банда мӯътақидам, ин бор ҳам ҲНИТ ба кишвар бо сари баланд ва бо иззати бештар бармегардад ва ба унвони як ҳизби сиёсии фаъол ба расмият шинохта хоҳад шуд. Дар ин ҳақиқат кучактарин тардиде надорам. Чаро ки ин ҳизб – ки дар ҳоли ҳозир бисёре аз фаъолонаш дар ҳиҷрат ба сар мебаранд – ҳамон ҳизбе аст, ки 5 сол пеш, пирӯзи интихоботи порлумонӣ буд. Ҳамон ҳизбе аст, ки ахбораш дар 15 соли ахир (ва то як сол пеш) дар садри ахбори расонаҳои дохилӣ қарор мегирифт. Ҳамон ҳизбе аст, ки раҳбараш дар ҷомеаи Тоҷикистон, ба унвони танҳо ҷойгузин ва алтернативи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ шинохта мешуд. Ҳамон ҳизбе аст, ки дар остонаи интихоботҳо, ҷомеаи тоҷик шӯру ҳаяҷони интихоботиро танҳо дар чеҳраи фаъолони ин ҳизб, ва дар тамомии манотиқи Тоҷикистон, мушоҳида мекарданд… Хулоса, ин ҳизб ҳамон ҳизб аст ва чизе тағйир накарда. Аз ҷойгоҳ ва манзилаташ дар миёни мардум заррае коста нашуда; ҷойгоҳе, ки дар 15 соли ахир шоҳидаш будем.

Роқими сутур мӯътақид аст, давлатмардони феълӣ ва дар раъси онҳо шахси Эмомалӣ Раҳмон, аз ин воқеият нек огоҳанд ва медонанд, ки ин ҳизб ҳанӯз аз ҷойгоҳи бисёр болое дар ҷомеаи Тоҷикистон бархӯрдор аст. Вагарна, дар сурате ки ҷойгоҳе намедошт, имрӯзҳо касе аз давлатмардон аз ин ҳизб ёде намекард. Ҳол он ки дида мешавад, дар як соли ахир — яъне аз замоне ки фаъолияти ҲНИТ ғайрирасмӣ эълон ва ба унвони як гурӯҳи “теруристӣ” шинохта шуд – шумо ҳеч як аз суханрониҳои муҳимми Раҳмонро намебинед, ки дар онҳо ёде аз ҲНИТ накарда бошад. Чаро ки медонад, ҳанӯз натавониста ба ҳадафаш – ки костан аз шаъни ин ҳизб дар ҷомеа ва маҳви он аз арсаи сиёсии Тоҷикистон аст – бирасад. Ва албатта, нахоҳад ҳам тавонист ба ин ҳадафаш бирасад.

Албатта, он чӣ то инҷо гуфта шуд — аз ин ки ҲНИТ аз ҷойгоҳи бисёр болое дар ҷомеаи Тоҷикистон бархӯрдор аст – ба ҳеч ваҷҳ аз масъулияте, ки дар марҳилаи кунунӣ бар дӯши ҲНИТ қарор дорад, кам намекунад, балки баръакс, масъулияти ӯро бештар мекунад. Он чӣ дар мавқеи кунунӣ ба назар мерасад ҲНИТ бештар фаъолияташро рӯйи он мутамаркиз бикунад, ба ин тартиб аст:

1. Тамаркузи бештар рӯйи фаъолиятҳои расонаӣ ва огоҳисозӣ ва эҷоди як иртиботи ғайримустақим бо мардум. Ба иборати дигар, бо ин ки фаъолиятҳои ҲНИТ дар як соли ахир дар ин арса, ба хусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ бад набудааст, вале инҳо кофӣ нестанд. Бояд ҲНИТ ҳарчӣ зудтар телевизиюни худро фаъол бисозад ва барномаҳои гуногуни сиёсӣ ва ба хусус барномаҳои зинда – ки битавонад бо мардум иртибот намояд – иҷро кунад. Дар ин марҳила, бо таваҷҷӯҳ ба вуҷуди як навъ хафақони сиёсӣ дар дохили кишвар, ҲНИТ метавонад ин халаъро пур кунад.

2. Иртиботгирии бештар бо ниҳодҳои ҳуқуқи башари байналмилалӣ ва ба хусус дар Урупо ва таъсиси созмонҳо ва ниҳодҳо дар пойтахтҳои кишварҳои урупоӣ дар заминаи дифоъ аз ҳуқуқи башар ва талош дар ҷиҳати зудудани ин иттиҳом, ки ҲНИТ гурӯҳе “теруристӣ” аст.

3. Эҷоди навъе иртибот бо Русия ва кишварҳои ҳамсоя ва талош ҷиҳати тафҳими ин воқеият барои онҳо, ки ҲНИТ як ҳизби “теруристӣ” ва ё “экстримистӣ” нест, балки як воқеияти сиёсӣ дар Тоҷикистон аст, ки нодида гирифтани он, ба маънои нодида гирифтани бахши азиме аз мардуми Тоҷикистон аст.

4. Нуктаи чаҳорум ба назари инҷониб он аст, ки ҲНИТ дар ин марҳила бояд аз гузинаи муборизаи мусаллаҳона парҳез кунад. Имрӯз 20 соли пеш нест. Шояд дар 20 соли пеш роҳе ба ҷуз он вуҷуд надошт, вале имрӯза шароит ба куллӣ фарқ карда. Ба назарам, ҳукумати Тоҷикистон имрӯзҳо танҳо орзуяш ин аст, ки ҲНИТ ба ин шева паноҳ оварад, то ба саффи амсоли ДОЪИШ ва Алқоъида мулҳақ бисозад ва заминаи маҳв ва нобудии он фароҳам шавад.

Ва ин пиндор, ки дар шароити имрӯз, роҳе ҷуз он нест, пиндори ғалат ва пуриштибоҳ аст. Дар шароити имрӯзи ҷаҳон, тавассул ба зӯр яъне фароҳам сохтани асбоби нобудии худ. Муборизаи мусолиматомез агарчи замонбар, вале натиҷабахш аст. Ҷаҳон имрӯзҳо ба суръат дар ҳоли таҳаввул ва тағйир аст. То 20 ё 30 соли дигар, дар ҷаҳон ба назарам дигар ҳеч низоми диктотурӣ ва ғайримардумӣ боқӣ нахоҳад монд, чӣ дар Осиёи Миёна бошад ё Ховари Миёна. Бояд дурро дид на чанд рӯзи баъдро.

5. Иртиботгирӣ бо аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолифи дигар (чӣ дар дохил ё хориҷ) ва таъсиси як эътилофи сиёсии бузург, шабеҳи он чӣ дар солҳои 1992 ва 1997 эҷод шуда буд.

Инки арз шуд, ки ҲНИТ метавонад сарбаландона ва бо иззати бештар баргардад, далелаш он аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон ҷойгузине барои ҳукумати кунунӣ ба ҷуз ҲНИТ намешиносад. Зеро ки асосан якчунин нерӯе вуҷуд надорад. Ва бинобар ин, то модоме ки ҳукумати кунунӣ ба ҳамин шеваи худ аз идораи кишвар идома бидиҳад, ҲНИТ шонси бештаре барои бозгашт дорад. Яъне ба ҳамин шевае, ки дар 25 соли ахир аз ин ҳукумат ва раисиҷумҳураш дидем, яъне худкомагӣ, пешвобозиҳо, табъиз, хешовандсолорӣ, эътои маносиби давлатӣ ба писару духтару домоду бародару ҳамсояву қудову ғайраву золик…

Ин гуна тасарруфоти аҳмақона модоме ки идома биёбанд, ин ҳукумат ва раисиҷумҳураш ҳаргиз ҷойгоҳе дар миёни мардум нахоҳанд пайдо кард. Ин ҳам, ки зоҳир ба хилофи инро нишон медиҳад, инҳо ҳама зоҳири амранд, на воқеият ва ботини амр.

Сайидюнуси Истаравшанӣ,
Таҳлилгари тоҷик

*Манбаъ: Паём