Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Таслияти ҲНИТ ба муносибати даргузашти Ҳайдар Ҷамол

Таслияти ҲНИТ ба муносибати даргузашти Ҳайдар Ҷамол

Таслияти ҲНИТ ба муносибати даргузашти Ҳайдар Ҷамол

Шӯрои иҷроияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон реҳлати Ҳайдар Ҷамол, яке аз мутафаккирон ва сиёсатмадорони барҷастаи муосирро ба аҳли хонадон ва дустдорону ҳамкешони ишон таслият мегӯяд.

Марҳум аз боризтарин шахсиятҳои андешаманд дар таърихи муосири паҳнои собиқ Шӯравӣ ва берун аз он буданд ва дар баробари доштани дониши амиқ ва нигоҳи васеъ, аз ҷасорати шахсӣ ва илмии волое бархурдор буданд.

Дар шароите, ки бисёре аз равшанфикрон ва сиёсатмадорон бо далелҳои гуногун талош мекунанд, аз арзишҳо ва тарзи зисти мусалмонии худ фосила бигиранд, Ҳайдар Ҷамол бо сароҳат ва сарбаландӣ мансубияти худ ба ин дин ва тамаддунро эълон мекард. На танҳо эълон мекард, балки аз андешаи исломӣ ва тамаддуни исломӣ дар ҳама ҷо ва ҳама сатҳ дифоъ менамуд.

Марҳум Ҳайдар Ҷамол на танҳо дар андешаи муосири миллатҳои мусалмони паҳнои Шӯравии собиқ, балки дар сиёсати амалӣ низ таъсири бузурги худро расонидаанд. Ӯ аз муассисони Ҳизби наҳзати исломии Шӯравӣ буда, то замони фаъолияти он дар мақомҳои баланди расмии ҳизбӣ фаъолият кардааст ва пас аз пошхурии Шӯравӣ низ аз ҳамкорӣ бо ҳамкешони худ дар кишварҳои дигар даст набардошт. Дар чорабиниҳо ва фаъолиятҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, чи дар Ватан ва чи дар хориҷ, пайваста ширкат намуда, бо фикрҳо ва андешаҳои асили худ ҳамаҷониба кумак мекард.

ҲНИТ реҳлати ин шахсияти бузург ва нотакрорро барои фикри башарӣ, ба хусус, барои андешаи исломӣ талафоти бузург дониста, дар ғаму андуҳи наздикону ҷонибдорони марҳум шарик мебошад.

Худованд биёмурзад ва ҷояш ҷаннат бошад!

Шӯрои иҷроияи ҲНИТ
05.12.2016