Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Таслияти ҲНИТ ба муносибати даргузашти домулло Мансур Ҷалилзода

Таслияти ҲНИТ ба муносибати даргузашти домулло Мансур Ҷалилзода

«Ҳама аз Худоем ва шакке нест, ки ба сӯи Ӯ бозмегардем..»

Раёсати Олии ҲНИТ аз даргузашти олими Раббонӣ, донишманди худсохта, эмомхатиби масҷиди деҳаи Тангаии Ромит ва узви Комиссияи Оштии Миллӣ, Домулло Мансур Ҷалилзода сахт андӯҳгин буда, аз Парвардигор барояш раҳмату мағфират ва ба бозмондагон, пайвандон ва пайравони эшон ҳамдардии амиқи худро иброз медорад.

Домулло Мансур Ҷалилзода, зодаи дараи Ромит ва шогирду тарбиятдида дар назди Эшони Тураҷон, мебошад. Марҳум чанд муддат эмомхатибии масҷиди Сари Осиё ва муддате ҳам раҳбарии донишкадаи исломӣ воқеъ дар деҳаи ҳазрати Мавлоноро бар уҳда дошт.

Домулло Мансур аз ҷониби ИНОТ узви Комиссияи Оштии Миллӣ пешниҳод шуда, ба ҳайси узви зеркомисияи муҳоҷирин, фаъолият намуд.
Баъд аз итмоми кори КОМ ӯ ба унвони эмомхатиби масҷиди деҳаи Тангаӣ интихоб шуд ва муддати зиёде эмоми ин масҷид буд ва дар ҳамин деҳа зиндагӣ мекард.

Чуноне мегӯянд: “марги соҳибдил ҷаҳонеро нишони кулфат аст”. Дар ин шабу рӯзи барои мардум ва кишвар душвор, даргузашти домулло Мансур барои миллат, махсусан уламои дин, зоеъаи бузург аст.

Худованд Домуллоро дар беҳтарин гушаи биҳишт ҷой диҳад. Ба хонавода, пайвандон ва наздикону шогирдони эшон сабри ҷамил ато намояд!

Раёсати Олии ҲНИТ