Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Таслияти ҲНИТ ба муносибати даргузашти модари Додоҷони Атовулло

Таслияти ҲНИТ ба муносибати даргузашти модари Додоҷони Атовулло

Таслияти ҲНИТ ба муносибати даргузашти модари Додоҷони Атовулло
Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон!
انا لله و انا اليه راجعون
Шӯрои иҷроияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз хабари даргузашти модари азизи Додоҷони Атовулло, раиси Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон ғамгин буда, ба ӯ ва ҳамаи пайвандони марҳума ҳамдардӣ ва таслияти худро баён мекунад.
Модаре аз олам рафт, ки ҳам аз дурии фарзанд ва ҳам аз фишорҳои равонии мақомоти давлатӣ барои фаъолиятҳои сиёсии фарзандаш ранҷ мебурд. Дар баробари ҳама кӯшишҳо дар водор кардани ӯ барои бадном кардани ҷигарбандаш, истодагӣ кард, ҳечгоҳ таслим нашуд ва чеҳраи воқеъии моломол аз муҳаббат, сарбаландӣ ва салобати модари тоҷикро ба намоиш гузошт.
Аз Худованди мутаъол барои модари марҳума биҳишти фирдавс ва ба фарзанди муборизи  ӯ  ҷаноби Додоҷони Атовулло, инчунин, ба ҳама пайвандону ақрабо сабри ҷамилро таманно дорем.
Рӯҳаш шоду ёдаш гиромӣ бод.
Шӯрои иҷроияи ҲНИТ
15.12.2016