Мо ҳама аз Худоем ва ба сӯи Ӯ боз мегардем.
Даргузашти нобаҳангоми ҳуқуқшиноси шинохта ва яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон муаллима Файзинисо Воҳидова ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамаи озодихоҳону адолатҷӯёнро сахт мутаассир кард. Имрӯз тамоми озодандешону адолатхоҳон азодоранд ва ҳамаи фаъолони ҷомеа дар сӯги ӯ нишастаанд.
Зеро ҳамагон медонанд, ки на танҳо ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик, балки фаъолони ҳуқуқи башар дар саросари дунё яке аз беҳтарин ҳамкорону фаъолони худро аз даст додаанд.