Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Арзи адаби раиси ҲНИТ ба миллат

Арзи адаби раиси ҲНИТ ба миллат

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон

Пас аз вақфаи чандмоҳа, ки фаъолияти роҳбарияти ҲНИТ огоҳона расонаӣ ва дастраси омма набуд, лозим донистам бо ин паём ҳам хидмати миллати азиз арзи адаб карда бошам ва ҳам мардумро то он ҷое, ки имкон дорад, дар ҷараёни фаъолиятҳо бигзорам.

Ҳодисаҳои рухдода дар соли 2015 ва imageвазъияти ба вуҷудомада атрофи кишвар ва миллат, ба хусус ҲНИТ, водор мекард, ки чунин таваққуфи иттилоотӣ сурат бигирад, то имкони бештари таҳлили
воқеъбинона, бозсозии сохтори ҳизб ва барномарезӣ барои оянда  вуҷуд дошта бошад.

Баста шудани ҳизб дар соли 2015, ҳабси беҳтарин кадрҳои роҳбарӣ, илмӣ ва ташкилотии он, ба хориҷ ҳиҷрат кардани ҳазорҳо аъзо ва фаъолон, ҲНИТ – ро дар як шароити комилан нав ва ҳамзамон хеле душвор қарор дод. Даҳяки чунин шароит ва зарба метавонад ҳар нерӯи сиёсиро аз по афтонда, боиси парокандагӣ, бурузи ихтилофот ва ё инҳироф дар масир гардонад.  Магар афрод ва нерӯҳои каме, ки ба ҳадаф ва ормонҳои худ бовар доранд, ин ҳадафҳо ва ормонҳояшон реша дар арзишҳои мардумашон доранд, худи ин афрод ва нерӯҳо ҷузъи ҷудонашавандаи миллатҳояшон ҳастанд ва худро барои ояндаи миллатҳояшон бахшидаанд. Ингуна афрод ва нерӯҳо ҳамагуна зарбаро мепазиранд, ҳаракаташон фарозу нишеб дорад, вале ҳечгоҳ шикаста намешаванд ва аз масир барнахоҳанд гашт. Чунонеки Худованди бузург мефармояд:

“  مِنَ الْمُؤْمِنِينَ رِجَالٌ صَدَقُوا مَا عَاهَدُوا اللَّهَ عَلَيْهِ ۖ فَمِنْهُمْ مَنْ قَضَىٰ نَحْبَهُ وَمِنْهُمْ مَنْ يَنْتَظِرُ ۖ وَمَا بَدَّلُوا تَبْدِيلًا”

“Аз миёни муъминон мардоне ҳастанд, ки ба ончӣ бо Худо бар он паймон баста буданд, (содиқона) вафо карданд, пас касе аз онон ҳаст, ки паймони худро ба охир расонд ва аз онон касе ҳаст, ки дар интизор (ва чашм бароҳ) аст ва ҳаргиз тағйиру табдиле (дар паймони худ) наёвардаанд”. (Сураи Аҳзоб, ояи 23);

Ҳар фард ва нерӯе, ки дар домони арзишҳои миллӣ ва динии мардумаш парвариш ёфтааст, тору пудаш бо он арзишҳо печидааст ва ҳифзи онҳоро  барои худ муқаддас медонад, то рӯзе, ки ин миллат ҳаст, онҳо ҳам ҳастанд ва миллат  аз он фард ва нерӯ пуштибонӣ хоҳад кард.

Ҳодисаҳо ва марҳилаи гузашта барои Наҳзат имтиҳони навбатӣ буд, на камтар ва на бештар аз он. Дар таърихи беш аз 40 солааш Наҳзат ин ҳолатҳоро борҳо доштааст ва ин табиати роҳи ҳар як нерӯи мубориз ва оянда аст. Сирри нашикастан, мунҳариф нагаштан ва ҳамеша бо иродаи бештар вориди мубориза шудани Наҳзатро ҳам метавон дар пайвастагии ҳамешагии он бо арзишҳо ва ормонҳои фитрии миллати тоҷик ва пуштибонии  доимии миллат дар ҳама ҳолат ва шароит дид.

Инҷо лозим медонам, ки ишораи кӯтоҳе ба таърих, мароҳили тайнамуда ва равиши муборизаи муассиси Наҳзат ва шаҳиди сулҳу ваҳдат Устоди марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ намоям, ки имрӯзҳо 70 солагии зодрӯзашон қайд мешавад. Ҳама он чизе, ки имрӯз бо Наҳзат мегузарад, аз ҳабсу куштори гурӯҳӣ карда то ҳиҷрату парокандагиву  ноумедиҳо,  моҳиятан такрори ҳамон марҳилаҳо ва саҳифаҳост. Фақат дар шакл, замон ва макони дигар. Бешак, боз ҳам чизе, ки вазъро тағйир медиҳад ва ҳатман хоҳад дод, бовар доштан ба ҳадаф ва устувору хунсардона талошу мубориза бурдан мебошад, ки Устоди марҳум бо ҷамъи ёронаш ин равишро барои ҳама муборизини миллат мерос гузоштанд.

Ҳоло таърих масъулияти марҳилаи ояндаро бар дӯши насли нав гузоштааст, ки бояд роҳро аз сифр оғоз намояд. Роҳе, ки тӯлонӣ, душвор ва моломол аз бохту пирӯзиҳост. Роҳе, ки инсонҳои устувор, ҳадафманд ва босабрро мехоҳад. Зеро, дар ин роҳ ҳам фитнаву номардии рақиб аст ва ҳам кинояву писханди дӯст, ҳам ҷонбозиву талафот ҳасту ҳам азобу машаққат, ҳам ноумедиву хастагӣ ҳасту ҳам фишору таъқиби дохиливу хориҷӣ.  Дар чунин шароит, на ҳар кас омодаи идомаи мубориза мебошад ва бисёриҳо  бо ҳар баҳонае ё узре худро канор мекашанд. Ин табиати роҳ ва мубориза аст ва мо низ бояд бо ин шинохт ва омодагӣ вориди марҳилаи нав гардем.

Мубориза барои миллат, дин ва ватан ҳамеша барои як гурӯҳи хурд, вале боҳадаф вазифаи имонӣ ва инсонӣ будааст ва боқӣ мемонад, ки дар аввал ҳамеша кори онҳоро аксарият як амали беҳуда ва ҳатто нораво хондаанд. Вале, маҳз талошу муборизаи хастагинопазир ва босамари ин гурӯҳ мавҷҳои нави мардумро ба мубориза бармехезонад ва ниҳоятан кор бо пирӯзӣ ва озодии ҳамаи миллат меанҷомад.

Яке аз омилҳое, ки боиси ноумедӣ ва худдорӣ аз идомаи мубориза барои миллионҳо инсон дар ҷаҳони Ислом гаштааст, ин натиҷаи акс додани талошҳои мардум барои каромат ва ҳуқуқи худ дар аксари кишварҳо мебошад. Имрӯз миллатҳои мусалмон гаравгони ду гурӯҳ гаштаанд, ки зоҳиран бо ҳам душмананд, вале амалан шарики стратегӣ ва ҳаётии ҳам мебошанд: ҳукуматҳои худкомаи диктатурӣ ва гурӯҳҳои ифротгаро. Амалҳои хушунатбор ва бадномкунандаи гурӯҳҳои ифротӣ бо номи дин ба дасти ҳукуматҳои худкома ва ғайримардумӣ баҳонаи матлубро барои идомаи сиёсатҳои саркӯбгароёна ва тамаркузи қудрат дар дасти худ медиҳад ва аз ҳама бадтар, миллатҳоро дар байни интихоби баду бадтар мегузорад. Аз тарафи дигар, сиёсатҳои зиддидинӣ, зиддимиллӣ, набудани камтарин озодиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ боиси заъфи нерӯҳои солиму муътадил ва тақвияти ифротгароӣ гаштааст. Ҳукуматҳои худкома сарватҳои моддӣ ва қудрати давлатиро пурра тасарруф кардаанд, ифротгароҳо зеҳнияту андешаи   миллатҳо, ба хусус, ҷавононро соҳиб мешаванд. Ин вазъият боиси ноумедии аксарияти таҳсилкарда, муътадил ва созанда гаштааст, ки роҳе ҷуз тарки хомӯшонаи ватан надоранд. Ҳама бояд бидонанд, ки идомаи ин вазъ бар зарари ватан, миллат ва ҳар кадоми мо мебошад.

Нухбагони миллӣ, новобаста аз дидгоҳҳои сиёсӣ, динӣ ва иҷтимоияшон бояд сари ин масьала ба ҳам биёянд ва барои раҳонидани миллат аз ин варта талош кунанд. Чигунагии ин талош, роҳҳо ва барномаҳояш бояд дар сӯҳбатҳо ва ҳамкориҳои шаффофу холисона баҳсу баррасӣ гарданд ва тарҳи муштараке барои ояндаи ватану миллат пешниҳод гардад. Ватане, ки ҳама инсонҳо,  гурӯҳҳо ва қавму динҳо онро бо ҳам бисозанд, дар он худро озод ҳис кунанд, назди қонун ҳама баробар бошанд ва касе ба хотири динаш, ақидааш, забонаш ва фарҳангу ҷаҳонбиниаш мавриди таъқиб ва фишор қарор нагирад.

Бо вуҷуди ҳама душвориҳо ва номуносибии шароит, заминаи кофӣ барои оғози як марҳилаи нав ва босамари мубориза барои ҳадафҳои муштараки миллӣ вуҷуд дорад. Бо кӯмаки Худованд ва заҳмату талоши бародарону хоҳарон, тӯли чанд моҳи охир сохторҳо ва ниҳодҳои Наҳзат мутобиқ ба шароити имрӯза бозсозӣ гашта,  дафтарҳо дар чандин кившарҳои аврупоӣ ва минтақа таъсис ёфтанд. Вазъи ҳуқуқӣ ва сиёсии роҳбарият ва бисёре аз масъулини Наҳзат дар ин муддат ҳалли худро дар хиҷрат пайдо кард, ки бешак таъсири худро дар марҳилаи оянда хоҳад гузошт.

Бо такя ба Худованд, бо дуои мардуми азиз ва бо ҳамроҳиву ҳамкории бародарону хоҳарони мубориз марҳилаи наве дар ин  роҳи тӯлониву душвор оғоз хоҳад гашт. Агар ҳар дастоварду пирӯзие ин роҳ дошт, аз Худованд ва мардуми азиз аст ва ҳар иштибоҳу камбудие дошт, мисли гузашта моли мост.

Бо истифода аз фурсат,  миллати азизро ба фарорасии Наврӯз – Ҷашни миллӣ, баҳор ва эҳёи табиат табрик мегӯям. Бигузор Худованд, ҳамон тавре, ки табиаташро пас аз карахтиву сардии зимистон бо фарорасии баҳор зинда мегардонад, дар қалбҳои миллат умеди аз дастрафтаро барои ояндаи беҳтар аз нав эхё кунад!

 

Муҳиддин Кабирӣ

Раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон