Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Муаррифии ҲНИТ

Муаррифии ҲНИТ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ; таъс. 26 октябри соли 1991) умдатарин ҳизби сиёсии мухолиф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ягона ҳизби исломӣ, ки расман дар минтақаи Осиёи Марказӣ[2] то моҳи сентябри соли 2015 амал кард, маҳсуб мешуд. Раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ва нашрияи ҲНИТ Наҷот мебошад.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки аз аҳзоби умдаи мухолиф ва танҳо ҳизби расмии мазҳабӣ дар Осиёи Миёна маҳсуб мешавад, 26 октябри соли 1991 таъсис ва дар моҳи декабри ҳамон сол расман сабти ном шуд. Ҳарчанд гуфта мешавад 20 апрели соли 1973 Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳаммадҷон Ғуфронов, маъруф ба Қорӣ Муҳаммадҷон, Неъматуллоҳ Эшонзода, Холиди Абдусалом ва Қаландар Садруддинов созмонеро поя гузоштанд, ки бо номи «Наҳзати ҷавонон» дар солҳои шӯравӣ ба таври пинҳонӣ фаъъолият мекардааст.

Баъди расмият гирифтан раҳбарии ин ҳизбро Муҳаммадшарифи Ҳимматзода, аз чеҳраҳои саршиноси сиёсӣ ва мазҳабии Тоҷикистон ба ӯҳда дошт.

Ин ҳизб арзишҳо ва аҳдофи худро чунин тавсиф мекунад: “Бо инояти Худованди муттаъол, пайравӣ аз Паёмбари гиромӣ (с) ва эътимод ба нерӯву хиради мардум, ноил шудан ба бунёди ҷомеъаи пешрафта, озода ва босубот, расидан ба авлавияти қонун ва адолати иҷтимоъӣ, мардумсолорӣ, шоистасолорӣ ва каромати инсонӣ бар асоси арзишҳои миллию маҳзабӣ ва умумибашарӣ.”

Дар даврони ҷанги дохилии солҳои 1992 -1997 дар Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломӣ якҷо бо ҳизби демукрот ва созмони “Лаъли Бадахшон” алайҳи давлати вақти кумунистӣ сангар гирифта буд. Дар авоили соли 1993 Додгоҳи Олии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизбро мамнӯъ кард.

Он замон пойгоҳҳои аслии ин ҳизб ва нерӯҳои дигари мухолиф дар Афғонистон воқеъ буд ва онҳо маъмулан дар минтақаи Рашт, дар шарқи Тоҷикистон, бо нерӯҳои давлатӣ даргир мешуданд.

Пас аз имзои Мувофиқатномаи сулҳи Тоҷикистон дар моҳи июни соли 1997 шароит барои бозгашти аъзои ҳизби наҳзати исломӣ ба кишвар фароҳам шуд ва дар моҳи августи соли 1999 ин ҳизб дубора ба расмият шинохта шуд.

Он замон Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди мухолифони давлати Тоҷикистон дар анҷумани ҳизби наҳзати исломӣ ба раҳбарии ин ҳизб интихоб шуд.

Мунтақидони Нӯрӣ ӯро бештар ба муъомила бо давлат ва ҳимояти ошкор аз Эмомалӣ Раҳмон, муттаҳам мекарданд.

Ба дунболи фавти Абдуллоҳи Нурӣ дар 9 августи соли 2006 раҳбарии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба ӯҳдаи Муҳиддин Кабирӣ вогузор шуд.

Ҳизби наҳзати исломӣ бо номзади худ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1999 ширкат дошт. Дар ин интихобот Давлати Усмон, намояндаи ин ҳизб, танҳо ҳудуди 4 дар сад аз орои интихобкунандагонро ба даст овард.

Ин ҳизб дар ду интихоботи порлумонӣ дар солҳои 2000, 2005 ва 2010 муваффақ шуд дунафарӣ аз намояндагони худро вориди порлумон кунад.

Ҳафтаномаи “Наҷот” ва маҷаллаи “Сафинаи умед” аз ҷумлаи нашрияҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.

Додгоҳи олии ҶТ рӯзи 29-уми сентябр Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) — ягона ҳизби динӣ дар минтақаи Осиёи Миёнаро созмони террористӣ эълон намуд ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард, инчунин нашри ҳафтаномаи «Наҷот»- органи чопии ташкилот ва саҳифаи интернетии он бо қарори додгоҳ мутаваққиф шуд.

Ҳ