Мусоҳиба бо иҷрокунандаи вазифаи раиси
шуъбаи ҲНИТ дар Бадахшон
Муслима Броимшоева
«Дар мушкилтарин лаҳаз- оте, ки мардуми Бадахшон дар он гирифтор омаданд, ҲНИТ ягона ҳизби сиёсии кишвар буд, ки ба кӯмаки онҳо шитофт ва аз манофеи мардуми Бадахшон ҳи- моят намуд.»
Броимшоева Муслима Қим- матшоевна 25-уми феврали соли 1970 дар ноҳияи Рошт- таваллуд шудааст. Соли 1987 мактаби миёнаи рақами 12-и ба номи Шириншоҳ Шотемури ноҳияи Шуғнонро хатм намуда, дар худи ҳамон сол ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факул- таи Филология дохил шуда, 1992 онро хатм намуд. Соли 1992 дар мактаби миёнаи рақами 4-и ноҳияи Роштқалъа ба ҳайси муаллимаи забони тоҷикӣ , сипас ҷойнишини директор оид ба корҳои таълимӣ кор кардааст. Соли 1994 дар Донишгоҳи давлатии ба номи Моёншо Назаршоеви шаҳри Хоруғ ба ҳайси устоди кафедраи забони тоҷикӣ кору фаъолият кард. Соли 1995 ба аспирантураи пажӯҳишгоҳи улуми инсо- нии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуд. Соли 2000 дар Донишгоҳи Ҷомеатуз-Заҳрои ҶИЭ ба муддати як сол ба омӯзиши улуми динӣ машғул шуд. Соли 2006 дар Институти забон ва ада-
биёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ рисолаи номзадии худро дар мавзӯъи «Боварҳо ва таъбирҳои забонҳои шуғнонӣ-рушонӣ» ҳимоя намуд. Аз соли 2006 ба симати ходими калони илмии шуъбаи за- бонҳои помирии Институти гуманитарии ба номи Баҳодур Искандарови АИ ҶТ фаъолият мекунад. Муслима Броимшоева соҳиби чанд мақолаҳои илмӣ ва муаллифи китоби «Таҳлили этнолингвистии боварҳо ва таъбирҳои забонҳои шуғнонӣ-рӯшонӣ» мебошад. Дар айни ҳол дар мавзӯъи «Этнолингвистии дуо ва фотиҳаҳои мардуми Бадахшон» барои рисолаи док- торӣ корҳои таҳқиқотӣ гузаронида истодааст.
Муслима Броимшоева соли 2000 ба узвияти Наҳ- зат шомил гардид. Феълан узви Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва иҷрокунандаи вази- фаи раиси шуъбаи ҲНИТ дар ВМБК мебошад.
- Хонум Муслима! Сароғоз шуморо ба муноси- бати 40-умин солгарди ҲНИТ табрик мегӯем. Шу- мо бо намояндагй аз мардуми шарифи Бадахшон ба ин муносибат гуфтание дошта бошед, бифар- моед.
- Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. Ман аз фурсат истифода бурда, аз номи мардуми Бадахшон, роҳбарияти Наҳзати исломӣ, масъулин, аъзо ва тамоми ҷонибдорону муҳиббони ҲНИТ-ро табрик ва таҳният мегӯям. Аз Парвардигори олам барои ҳамаи онҳо бурдборию комёбиҳо орзу менамоям ва барои кишвари азизамон Тоҷикистон рушду пешрафтро та- манно дорам.
- Хонум Муслима, сабаби ба сафи ҲНИТ шомил шудани Шумо дар чист?
- Вақте ман мушоҳида кардам, ки дар ҷомеаи мо баъзе корҳои зишт ва бадахлоқӣ вуҷуд дорад ва ди- дам, ки баъзе кормандон ва мақомоти ҳукумат вази- фаҳо ва масъулиятҳои худро аз рӯи виҷдон анҷом намедиҳанд ва даст ба порахӯрию фасод мезананд, нахостам, ки дар сафи онҳо бошам, балки бо роҳҳои қонунӣ мухолифати худро изҳор намоям. Ман ҲНИТ- ро чун ҳизби дорои хусусиятҳои беҳтарини динӣ, ахлоқӣ ва сиёсӣ ёфтам ва беҳтарин василаи мухо- лифат ба ноадолатиҳои ҷомеаро дар пайвастан ба сафи он ҳисобидам. Ман ба Наҳзат пайвастам, зеро ба ақидаи ман, ягона роҳи наҷоти ҷамъият ва халқи тоҷик маҳз дар ҳамин ҳизб аст.
- Қаблан аз чунин як ҳизб огоҳӣ доштед ва ё интихоби ин ҳизб аз ҷониби шумо тасодуфӣ буд?
- Солҳои 1992 вақте ки ман дар Донишгоҳи миллӣ таълим мегирифтам, оиди Наҳзат бисёр шунида бу- дам ва бо Оиннома ва барномаи он ошно будам ва аз мақсаду мароми он хабар доштам. Фаъолияти Наҳзат дар он айём дар миёни донишҷӯён хуб ба роҳ монда шуда буд ва на танҳо ман, балки ҳазорон донишҷӯ аъзо, тарафдор ва ҳаводорони Наҳзат буданд. Ман дар ҳаёти худ ҳамеша чун кореро анҷом доданӣ ме- шавам, садҳо маротиб болои он фикр мекунам ва им- кон надорад, ки шомил шудани ман ба ин ҳизб тасо- дуфӣ бошад. Чунки ин кори оддӣ ва соддае нест ва ман хуб медонистам, ки шомил шудан ба ин ҳаракат муваққатӣ нест, балки тақдири худро бо он пайваст намудам.
- Ба унвони аввалин бонуе, ки сарпарастӣ ва роҳбарии як шуъбаи минтақавии ҲНИТ-ро ба уҳда доред, метавонед бигӯед, ки оё ин масъулият ба- рои шумо мушкилотеро пеш наёвардааст?
- Албатта ҳеҷ кор бе мушкилӣ намешавад ва ҳат- то дар оила, ки инсон сарпарастии чанд кӯдакро ба зимма дорад, садҳо мушкилӣ сар мезанад. Инсон агар дар зиндагӣ талош кунад, то кори муҳимеро анҷом диҳад ва ба ҳадаф бирасад, табиист, ки бояд талошу заҳмат бикашад ва ранҷу азобро таҳаммул намояд. Баъди ба шаҳодат расидани бародар Саб- залӣ роҳбарияти ҲНИТ масъулияти роҳбарии шуъбаи бадахшонии ҳизбро эътимод намуда, то баргузории конфронс ба ман супориданд. Ин масъулияти хеле сангин буд ва ман таваққуъ надоштам, вале вақте масъулият ҳизбӣ буд, ман қабул намудам ва ваъда додам, ки тамоми талошамро харҷ хоҳам кард, то дар баланд бардоштани рӯҳия ва маънавиёти аъзо ва ҷонибдорони Наҳзат саҳим бошам. Дар вазъияти феълӣ таҳаммули ин масъулият хело вазнин аст, вале дар минтақа баъди он, ки 4 масъули баландпояи ҳизб дар Бадахшон ваҳшиёна кушта мешавад, муш- килот даҳ баробар бештар ва гаронтар аст. Ман мут- маинам, ки дар анҷоми масъулияти худ тамоми тало- шамро харҷ хоҳам кард ва аз Худованд талаб меку- нам, то дар адои рисолати худ ба ман кӯмак намояд.
- Ҳаводисе, ки ахиран дар Бадахшон рух дод ва куштаҳо низ ба ҷой гузошт. Ба андешаи шумо, оё мешуд ҳукумат қазияи Бадахшонро бо роҳи ди- гар ҳал мекард?
- Дар Бадахшон Назаров аз тарафи афроди но- маълум кушта шуд ва дар ин маврид бояд аз тарафи Вазорати умури дохила ё прокуратура парванда боз мешуд ва дар паи ҷустуҷӯи ҷинояткорон меафтоданд ва парванда ба додгоҳ супорида мешуд. Роҳи ҳалли табиӣ ва асосӣ ҳамин буд, ки мутаассифона ҳукумат дунболи он нагашт, балки лашкари зиёде гирифта як шаҳрро зери тиру тӯп қарор дод, ки дар натиҷа мар- думи бегуноҳ зарар диданд ва баъзеҳо кушта шу- данд. Дар натиҷаи ин амалиёт занону кӯдакони зиёд ба бемории равонӣ гирифтор шуданд. Ба андешаи ман, истифода аз ин услуб тамоман нодуруст буд ва роҳи дурусти истифода аз ақлу хирад ва мантиқ ву- ҷуд дошт, ки онро истифода накарданд. Натиҷаи ама- лиёти нодуруст он шуд, ки эътимоди мардум нисбат ба ҳукумат камтар гардид.
- Пеш аз шумо раисии шуъбаи ҲНИТ дар ВМБК ба уҳдаи бародари шаҳид Сабзалӣ буд, ки ӯро ба шаҳодат расонданд. Шаҳодати ӯ ба аъзои Наҳзат ва умуман мардуми Бадахшон чӣ таъсире ба ҷо монд?
- Ман фикр мекунам, бо ба шаҳодат расонидани Сабзалӣ Мамадризоев ва мавриди тирборон қарор додани қароргоҳи ҲНИТ мехостанд, фаъолияти ин ҳизбро дар Бадахшон қатъ намоянд. Ман гумон мекунам, ин ҳодиса ба мардуми Бадахшон таъсири бар- ъакс расонд. Ин кор боиси он гардид, ки мардуми Бадахшон ва ба хусус ҷавонони зиёд тарафдори ҳизб гардиданд ва феълан мо садҳо аризаи шомил шудан ба ҳизбро дар даст дорем. Ман фикр мекунам, мардум акнун пай бурданд, ки шиори «Имон ба Худо, са- доқат ба Ватан ва хидмат ба мардум», ки беҳтарин шиор ва паёми холисонаи Наҳзат аст, воқеият дорад. Дигар мардуми мо Наҳзатро ҳамчун ҳомӣ ва тарафдори воқеии сулҳу оромӣ медонанд ва онро моли худ меҳисобанд. Дар мушкилтарин лаҳазоте, ки мардуми Бадахшон дар он гирифтор омаданд, ҲНИТ яго- на ҳизби сиёсии кишвар буд, ки ба кӯмаки онҳо ши- тофт ва аз манофеи мардуми Бадахшон ҳимоят на- муд. Тибқи дастури роҳбарият, мо ҳайатеро ташкил намуда ба тамоми манзилҳои осебдидагон рафта аз ҳоли онҳо хабар гирифтем ва новобаста аз он ки наҳзатӣ ҳастанд ё не, ба онҳо ҳамдардии худро баён намудем. Албатта, мардум инро мебинанд ва ҳис ме- кунанд. Ман метавонам бо боварии том бигӯям, ки Наҳзат дар Бадахшон аз маҳбубияти вижае бархур- дор аст.
- Хонум Муслима! Муносибати Шумо бо мақо- моти ҳукуматии вилоят ва ташкилотҳои ҷаъмиятӣ чӣ гуна аст?
- Шуъбаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар Бадахшон пайваста талош мекунад, то бо ҳама алоқа ва муносибати хуб дошта бошад. Мо ҳамеша омодаем бо ҳама ҳамкории хуб ба роҳ монем. Дар ҳар чорабиние, ки даъват шавем, ҳатман ширкат ме- кунем ва ин масъулияти мост. Аммо савол ин ҷост, ки оё онҳо омодаанд бо мо ҳамкорӣ кунанд?
- Ба унвонии масъули Наҳзат дар Бадахшон ва ҳамчун узви Раёсати Олии ҲНИТ бигӯед, ки ҲНИТ дар оянда барои тақвияти фаъолияти худ дар Бадахшон бояд чӣ корҳоеро анҷом диҳад?
- Дар Бадахшон ҲНИТ бояд таблиғотро бештар ба роҳ монад ва мардумро бо маром ва аҳдофи Наҳ- зат хубтар ошно созад. Вақти он расидааст, ки Наҳзат давраҳо ва курсҳои омӯзиши касбу ҳунар ва за- бонҳоро бештар ба роҳ монад, инчунин корхонаҳое бунёд намояд ва барои афроди бекор ҷои кор эҷод кунад. Ҳоло мо талош дорем, бахши Наҳзати Исло- миро дар ноҳияи Мурғоб таъсис диҳем, зеро то ҳол мо дар ин ноҳия бахш надорем ва тамоми чораҳо дар ин замина андешида шудаанд ва мо аллакай дар ин ноҳия ташкилоти ибтидоӣ дорем. Ман бо муовини ра- иси ҲНИТ ва сарпарасти минтақаҳо Муҳаммадкарими
Орзу оид ба баргузории баъзе чорабиниҳои мазҳабии мардуми минтақа суҳбат доштам ва дар назар дорем, ки аз ин пас чунин чорабиниҳо ва ба хусус ҷашни «Рӯзи нур» ва «Зодрӯзи Оғохони чор» ва дигар чора- биниҳои мазҳабиро баргузор намоем.
- Имрӯз дар ҲНИТ шаш нафар бону узви Раё- сати Олй ва як нафар узви Шӯрои Сиёсй мебо- шад. Аз нигоҳи Шумо, барои бештар фаъол гар- дидани бонувон чӣ корҳоеро бояд анҷом дод?
- Ба фикри ман бонувони ҲНИТ дорои одобу ахлоқи ба худ хосе ҳастанд ва аксари онҳо оиладор ва соҳиби чанд фарзанд мебошанд ва тарбияи фар- зандҳо бештар ба дӯши онҳост ва яке аз сабабҳои камфаъолиятии онҳо дар ҳамин аст. Аз тарафи дигар бонувони наҳзатӣ наметавонанд дар корхонаҳои дав- латй ва дигар муассисаҳои ҳукуматӣ фаъолият намо- янд ва ин ҳам таъсири худро дорад. Ба фикри ман, Наҳзат ҳама шароитро барои онҳо омода намудааст ва бояд онҳо худ бештар талош намоянд ва худро дар ҷомеъа матраҳ кунанд. Наҳзат ҳам бояд дар ин самт ба онҳо кӯмак расонад ва барояшон фурсати истисноӣ диҳад ва давраҳои омӯзишӣ доир намуда, онҳоро омӯзиш диҳад. Акнун ки шуъбаи бонувон ду- бора ба фаъолият шуруъ намуд, ман гумон мекунам, ки яке аз барномаҳои стратегии ин шуъба баланд бардоштани сатҳи маърифатии бонувон ва пайдо намудани чеҳраҳои нав аз ҳисоби онҳо бошад.
Мусоҳиб: З. Раҳмонӣ