Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Баёнияи ҲНИТ дар бораи ҳодисаи Фаронса

Баёнияи ҲНИТ дар бораи ҳодисаи Фаронса

Қатли ваҳшиёнаи муаллими фаронсавӣ аз тарафи ҷавони 18 солаи чеченӣ аксарияти мардуми дунёро дар ҳолати шок қарор дод. Новобаста аз омилҳои ин рафтори ӯ, хуни ноҳақ рехта шуд ва инсоне қурбон гардид.


Рух додани ин ҳодиса  дар маҳди озодӣ ва демократия, далели он аст, ки  ҳанӯз ҳам  иддае бо озодӣ ва арзишҳои волои инсонӣ мухолиф буда, чунин фазоро барои худ бегона меҳисобанд. Дар фазое, ки асоси онро илм, мантиқ, андеша ва арзишҳои инсонӣ ташкил медиҳанд, касоне, ки ҷуз зур, таҳдид, такфир ва хушунат силоҳи дигаре надоранд, манофеъи худро дар хатар мебинанд ва ҷавонони эҳсосотии мусалмонро таҳрик медиҳанд, ки даст ба ҷиноятҳои зиддидинӣ ва зиддиинсонӣ бизананд.


ҲНИТ ин ҷиноят ва амали зиддиинсониро қотеъона маҳкум намуда, мухолифати шадиди худро бо дастгирӣ намудан, таҳрик додан, пуштибонӣ  ва ё тавҷеҳ намудани чунин амалҳои зиддидинӣ ва зиддиинсонӣ эълон мекунад.
ҲНИТ бар ин бовар  аст, ки бардоштҳо ва паёми доираҳои динӣ ва  муносибати  онҳо бо қазияҳои марбут ба дин бояд бознигарӣ шавад, то пеши роҳи чунин амалҳо ва таҳрики ҷавонони мусалмон аз суи гурӯҳҳои манфиатҷӯ гирифта шавад.

Раёсати Олии ҲНИТ19.10.2020