Куштори мардуми бегуноҳ дар шаҳри Вена пас аз ҳодисаҳои Фаронса бори дигар мардумро дар ҳолати шок қарор дод. Кушторе, ки мутаассифона боз ҳам ба номи Ислом анҷом шуд.
ҲНИТ ба ин бовар аст, ки ин ҷиноят ҳеҷ рабте ба Ислом надорад ва як ҷанги ошкор алайҳи башарият аст. Нахуствазири Утриш Себостян Куртс ҳам хеле хуб ишора карданд, ки “ин ҷанги ислом ва масеҳият нест, балки ҷанги тамаддун ва барбарият аст”.
РО ҲНИТ зимни ҳамдардӣ бо бозмондагони ҷонбохтагони ин ҳодиса ва мардуми Утриш, ин ҷиноятро шадидан маҳкум мекунад. Ҳамчунин аз аъзо ва ҷонибдорони худ даъват мекунад, ки дар ҳар кишваре ҳастанд онро ҳамчун Ватани дуввуми худ бидонанд ва барои ҳифзи субот ва оромиши он тамоми талоши худро ба харҷ диҳанд.
РО ҲНИТ 05. 11. 2020