Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Баёнияи ҲНИТ дар бораи ҳодисаи ахири Олмон

Баёнияи ҲНИТ дар бораи ҳодисаи ахири Олмон

Раёсати Олии ҲНИТ  муноқишаи хушунатомез байни блогерони тоҷик дар Олмонро шадидан маҳкум намуда, таъкид мекунад, ки ҳеҷ яке аз онҳо рабте ба ҲНИТ надоранд. Дар фазои маҷозӣ шахсиятҳои гуногуне  мустақилона амал мекунанд ва мубориза бар зидди зулму беадолатиро ҳаққи худ медонанд, аммо аксарияти онҳо ба наҳзат рабте надоранд ва масъулияти амал ва гуфтаҳои онҳо бар души худашон аст.

Ногуфта намонад, ки робитаҳои хешовандӣ ва шахсии инсонӣ наметавонад муайянкунандаи  робитаи сиёсии афрод ва рабти онҳо ба ҳизбу гурӯҳҳои мухталиф бошад.

Мутаассифона, бархе доираҳо пайваста бо сӯистифода аз чунин фурсатҳо нисбати ҲНИТ  сиёҳнамоӣ мекунанд. Ҳодисаи охир ҳам истисно набуд ва бархеҳо бидуни ҳеҷ далеле талош доранд дар шабакаҳо таблиғоти зиддинаҳзатиро роҳандозӣ намоянд. Раёсати Олии ҲНИТ таъкид мекунад, ки ҳеҷ яке аз иштирокдорони муноқиша дар ҳеҷ замоне узви ин ҳизб набуда ва нестанд.  ҲНИТ ҳамеша таъкид кардааст, ки мавқеъи ин ҳизбро аз сомонаи расмии ҲНИТ ва саҳифаи расмии он дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавонед пайгирӣ кунед ва амалу гуфтори ҳеҷ кас ба мавқеъи наҳзат рабте надорад.

Наҳзати Исломии Тоҷикистон худ қурбонии хушунат ва зулму истибдод будааст ва натиҷаи чунин амалҳоро хуб дарк мекунад. Бинобарин ҳамеша мухолифати худро бо ҳаргуна амали хушунатомез ва бархурдҳои эҳсосиву ғайриинсонӣ баён карда ва мекунад.

Дар ҳодисаи охир ҳам назари ҲНИТ ин аст, ки мақомоти Олмон тавоноии расидагӣ ва ҳаллу фасли мунсифонаи ин ҳодисаро доранд ва мо низ хоҳиш менамоем, ки ин ҳодиса аз тарафи мақомоти ин кишвар ба таври дақиқ баррасӣ карда шавад.

Раёсати Олии ҲНИТ

18. 02. 2021