Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз ҳамла ба собиқ сардабири ҳафтаномаи Наҷот, Ҳикматулло Сайфуллозода сахт нигарон буда, онро ҳамчун як амали аз пеш тарҳрезишуда медонад ва шадидан маҳкум мекунад.
Пештар Муҳаммадалии Ҳаит муовини зиндонии раиси ҲНИТ низ аз эҳтимоли чунин суиқасд ба худаш хабар дода буд. Аммо ба хотири дар ҳолати баста нагарҳдорӣ шуданаш аз вазъияти ӯ дигар иттилоъе дар даст нест. Латукӯби Ҳикматулло Сайфуллозода нишон медиҳад, ки мақомот амалҳои тарҳрезишудаеро алайҳи аъзоёни зиндонии ҲНИТ роҳандозӣ кардаанд.
Тибқи баъзе маълумотҳо вазъияти саломатии Раҳматуллоҳи Раҷаб ҳам хуб нест ва аз сабаби набудани духтур дар зиндон худаш маҷбур шудааст дандонҳои худро канад. Ин кор боис шудааст, ки ҷои дандонҳо ба хотири набуди васоили беҳдоштӣ чирку зардоб гирифта, саломатии ӯро дучори хатари ҷиддӣ намояд.

Бинобарин ҲНИТ аз мақомот талаб мекунад, ки:
- ҳамла ба Ҳ. Сайфуллозода ҳарчи зудтар баррасӣ шавад ва аз вазъияти ӯ ва Раҳматуллои Раҷаб ҳарчӣ зудтар аз тариқи расонаҳо шарҳ дода шавад
-амнияти ҷонии тамоми зиндониёни сиёсӣ бидуни истисно таъмин карда шавад
- дарҳои зиндонҳо ба руи созмонҳои байналмилалӣ ба хусус Cалиби Cурхи Ҷаҳонӣ боз карда шаванд
- зиндонҳо бо васоили алока, ки ҳаққи ҳар шаҳрванд мебошад, таъмин карда шаванд ва ба зиндониён иҷозати тамос бо берун ба хусус бо расонаҳо дода шавад
Ҳамчунин аз созмонҳои байналмилалии ҳимоят аз ҳуқуқи башар, созмонҳои зидди шиканҷа, созмонҳои ҳимоят аз ҳуқуқи рузноманигорон ва дигар ташкилотҳо дархост мекунем, ки ба ин қазия дахолат намуда, ҳукумати Тоҷикистонро водор ба риояи ҳуқуқи зиндониёни сиёсӣ намоянд.
Ногуфта намонад, ки Созмони Хабарнигорони Бидуни Марз (RSF) рӯзи 9 уми сентябр озодии Ҳикматулло Сайфуллозодаро талаб карда буд.
ҲНИТ бори дигар таъкид мекунад, ки зиндониёни узви ин ҳизб ҳама бегуноҳ ҳастанд ва бояд фавран озод карда шаванд.