Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Изҳороти ҲНИТ дар бораиқатли аъзои собиқаш дар зиндон

Изҳороти ҲНИТ дар бораиқатли аъзои собиқаш дар зиндон


Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қатли аъзои собиқаш дар зиндонро шадидан маҳкум намуда, ин амали мақомотро ҷиноят ва масъулияти онро ба души шахси Эмомалӣ Раҳмон, Саймумин Ятимов, Рамазон Раҳизода ва Мансур Умаров медонад.


Пештар Раёсати Олии ҲНИТ бо такя ба баъзе маълумотҳои расида таъкид карда буд, ки мақомот қасди ҷони аъзои собиқи ин ҳизбро доранд. Аз ҷумла латукӯби Ҳикматулло Сайфуллозода, шикояти Маҳмадалӣ Ҳаит аз ҳамбандии ҷинояткораш ва маҳрум кардани Раҳматуллои Раҷаб аз хидматрасониҳои тиббӣ дар ҳамин росто анҷом гирифтанд.


Ногуфта намонад, ки кинаи мақомот нисбати Хоҷаев Маҳмадназар аз замони интихоботи соли 2015 боқӣ буда, ӯро маҳз ба хотири қонунмеҳварӣ ва адолатхоҳиаш ба шаҳолат расонданд. Ӯ дар соли 2015 яке аз номзадҳои ҲНИТ ба вакилии Маҷлиси Маҳаллӣ буд, ки мақомот бо аризаи ҷаълӣ номзадии ӯро ботил карданд ва ӯ бо аризаи шикоятӣ ба суд муроҷиат кард.
Аммо барои як ҳукумати худкома ва мақомоти ҷинояткораш муроҷиат ба суд ҳам терроризму экстремизм дониста мешавад ва ба ҳамин хотир ӯро зиндонӣ намуданд.


Ҳисси адолатхоҳиву ҳақталабии Маҳмадназарро дар зиндон ҳам аз байн бурда натавонистанд ва ҳоло ӯро ба шаҳодат расонданд.
Бинобарин ҲНИТ аз созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб мекунад, ки ба ин қазия сареъан дахолат намоянд. Зеро Раҳмон пас аз баргашт аз сафари Аврупо, бо ин амалаш ғайримустақим ба ҷомеа чунин нишон доданист, ки Иттиҳодияи Аврупо низ ҷиноятҳои ӯро таъйид намуда, аз ин амалҳояш ҳимоят хоҳад кард.


Ҳамчунин ҲНИТ таъкид мекунад, ки аз ин пас аз роҳҳои машруъи байналмилалӣ ҷавоб додан ба чунин ҷиноятҳоро ҳаққи қонунии худ медонад ва барои ҳимоят аз аъзову ҷонибдорон ва зиндониёни бегуноҳаш ба таври ҷиддӣ вориди амал хоҳад шуд.


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон


21.10.2021