Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Эътироз ба "радиои муҳоҷир"

Эътироз ба "радиои муҳоҷир"

Дар идомаи сиёсатҳои нафратпароканона ва тафриқаангезонааш ҳукумат филми пур аз буҳтон ва дурӯғи "хиёнатро" ба байни муҳоҷирон интиқол додааст. Филме, ки бештарин маводди он бар асоси дурӯғ ва шиканҷа таҳия шудааст. ҲНИТ қаблан таи изҳороте назари худро дар бораи ин филм баён карда буд.

Аммо ҳоло масъала сари пушиши якҷонибаи ин филм аз тарафи "радиои муҳоҷир" аст. Радиое, ки худро дар хидмати муҳоҷирон медонад ва иддаои пушиши ҳамаҷонибаи масоилро дорад, ба як минбари таблиғотии ҳукумат табдил шуда, ба пушиши якҷонибаи ин филм пардохтааст.
Рисолати як расонаи озод расонидани маълумоти дақиқ ва саривақтӣ ба мардум ва дар сурати лузум гирифтани назари ҳарду тараф дар масоили матраҳшуда мебошад. Радиои муҳоҷир ин асли муҳимро комилан нодида гирифта филми хиёнатро якҷониба пушиш дод, ки мухолифи меъёрҳои журналистӣ ва расонаӣ мебошад.

Аз "радиои муҳоҷир" дархост мешавад, ки ба меъёрҳои дохилӣ ва байналмилалии расонадорӣ ва журналистӣ пойбанд бимонад ва дар тарҳи масоил назари ҳарду тарафро пахш намояд ва аз табдилшудан ба як минбари таблиғотии ҳукуматӣ парҳез намояд.

Сухангуи ҲНИТ
Б. Қаюмзод