Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Изҳороти Раёсати Олии ҲНИТ дар бораи боздошти 2 узви собиқи РО ҲНИТ

Изҳороти Раёсати Олии ҲНИТ дар бораи боздошти 2 узви собиқи РО ҲНИТ

Рузҳои ахир Ҳукумати кишвар даҳҳо нафарро боздошт намудааст, ки байни онҳо 2 узви собиқи Раёсати Олии ҲНИТ, Исломиддин Файзалиев ва Ҷалолиддини Маҳмуд низ ҳастанд. Раёсати Олии ҲНИТ ин амалҳои Ҳукуматро шадидан маҳкум намуда, онро аҳдшикании навбатӣ меҳисобад.

Роҳбарияти ҳизб ҳануз соли 2015 эълон намуда буд, ки фаъолияти худро дар кишвар манъ намудааст ва мақомоти кишвар ҳам изҳор карда буданд, ки аъзоён ва масъулини ҳизб, ки дар дохили кившар қарор доранд ва ё баргаштаанд, мавриди таъқиб қарор нахоҳанд гирифт.

Бояд зикр кард, ки Ҷалолиддин Маҳмудов ҳамагӣ як сол пеш аз зиндон озод шуда буд ва мисли дигар боздоштшудагон ба фаъолияти сиёсӣ машғул набуд.

Ҳукумати кишвар бо роҳандозии ин иқдомҳо дар арафаи интихоботи президентӣ барои дур кардани диққати мардум аз мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фазои сиёсии кишварро амниятӣ намуда, руҳияи тарсу ваҳшатро дар ҷомеъа меафзояд.

Эҳтимоли зиёд меравад, ки Хукумат мисли парвандаи «Ихвонмуслимин» аз «ошкор кардани боз як шабакаи пинҳонии хатарнок ва идорашаванда аз хориҷ» хабар диҳад ва ангушти ишора ба сӯи ҲНИТ ва ё ягон «кившари  ба ҳама маълум» намояд. Инчунин хабар мерсад, ки аз боздоштшудагон таҳти шиканҷа назди дурбинҳои телевизионӣ «эътирофҳо»-еро сабт  кардаанд ва ба зудӣ нашр хоҳад шуд.

Раёсати Олии ҲНИТ аз бештар шудани ҳабсу боздоштҳои гуногунандешон ва наздикони фаъолони сиёсӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ намуда, аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ ва ватании дифоъ аз ҳуқуқи башар ва расонаҳо даъват мекунад, ки садои худро баланд намуда, аз фоҷеъаи навбатии инсонӣ дар Тоҷикистон пешгирӣ намоянд. Ин боздоштшудагон метавонанд рузҳои наздик сафи садҳо зиндонии сиёсии кишварро аз ин ҳам бештар намоянд.

Раёсати Олии ҲНИТ

04. 08. 2020