Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода

Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода

Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода

Соли 1951 дар деҳаи Ғундараи собиқ ноҳияи Сангвор (Тавилдараи имрӯ- за) ба дунё омадааст. Баъ- ди хатми мактаби таҳси- лоти ҳамагонӣ дар назди донишмандони даврон улу- ми исломиро омӯхтааст.

Соли 1978 ба сафи Наҳ- зат мепайвандад ва дере нагузашта ба унвони яке аз фаъолони ин ҳаракат ши- нохта мешавад. Баъди ҳаб- сшавии устод Нурӣ соли 1986 Шӯрои Наҳзат эшонро муваққатан роҳбар интихоб мекунад.

Соли 1990 дар анҷумани таъсиси Ҳизби Наҳзати Умумииттифоқӣ, ки 9 июн дар шаҳри Астрахани Фе- дератсияи Русия баргузор шуд, бо вуҷуди онки эшон дар он ширкат надоштанд узви Расати олии ҲНИ ИШ интихоб гардид.

6 октябри соли 1990 дар Конфронси таъсисии шуъбаи Тоҷикистонии ҲНИ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар деҳаи Чортути ноҳияи Ленин баргузор шуд, ӯро раиси бахши Тоҷикистонии ҲНИ ИШ интихоб карданд.

Баъди ба истиқлолият расидани Тоҷикистон дар Анҷумани таъсисии ҲНИТ соли 1991 устод М. Ҳим- матзода раиси ҲНИТ интихоб мегардад. Охири соли 1992 бар асари ҷанги шаҳрвандӣ иҷборан ба Ҷум- ҳурии Исломии Покистон ҳиҷрат мекунад ва дар Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва ИНОТ ба унвони муовини раис кору фаъолият менамояд.

 

Солҳои 1993-1997 дар Донишгоҳи байналмилалии Покистон таҳсил намуда, онро бо ихтисоси ҳуқуқ- шинос хатм кардааст.

Эшон аз соли 1994 то соли 1997 дар музокироти сулҳи тоҷикон ба унвони муовини раиси ҳайати гуф- тушунид иштироки фаъол дошт. Баъди бозгашт ба Ватан аз моҳи июли соли 1997 то моҳи октябри соли 1998 узви зеркомиссияи сиёсй ва аз октябри соли 1998 то апрели соли 2000 ба ҳайси раиси зеркомис­сияи ҳуқуқии КОМ ифои вазифа намудааст.

Аз 19 январ то 20 марти соли 2о0о сафир доир ба супоришоти махсуси Вазорати умури хориҷии ҶТ буд. Дар интихоботи парлумонии солҳои 2000 ва 2005 аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мувофиқи рӯйхати ҳизбӣ ба ҳайси вакили Мн МО ҶТ интихоб мешавад.

Барои хидматҳои шоён бо ордени «Дӯстӣ» сар- фароз гардонида шудааст.

Устод Ҳимматзода муаллифи китобҳои «Дар ҷустуҷӯи ҳақиқат», «Зиндагӣ ва осори Абуҳанифа», «Ақидаи Имом Абуҳанифа», «Дидгоҳ ва масоил», «Таассуби мазҳабӣ-амали номақбул» мебошад.

Эшон дар даҳҳо симпозиуму конфронсҳои бай- налмилалӣ гузоришу маърӯзаҳо кардааст.

Устод Ҳимматзода аз соли 1999 то 2006 ба ҳайси муовини раиси ҲНИТ фаъолият кардааст. Соли 2006 дар Анҷумани ғайринавбатӣ бо пешниҳоди раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ роҳбари маънавии ҲНИТ ин­тихоб шуд.

Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода 17 марти соли 2010 бар асари бемории тӯлонӣ аз олам даргузашт.

Аз эшон ҳафт фарзанд ба ёдгор мондааст.