Устод Муҳиддин Кабирй
Соли 1965 дар деҳаи Қа- самдараи ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби таҳсилоти ҳа- магонй соли 1982 аввал Тех- никуми омории шаҳри Орҷо- никидзеобод (алҳол шаҳри Ваҳдат), сипас Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва До- нишгоҳи Санъои Ҷумҳурии Яман ва Академияи дипломатии шаҳри Маскавро бому- ваффақият ва бо дипломи аъ- ло хатм карда номизади улу- ми сиёсӣ мебошад. Аз овони кӯдакӣ ва ҷавонӣ дар назди уламои маъруфи кишварамон улуми гуногуни исломиро ба таври хусусӣ фаро гирифтааст.
Дар айёми донишҷӯӣ узвияти ҲНИТ-ро пази- руфта, дар байни ҷавонон ва донишҷӯён ба фаъо- лияти тарғиботӣ ва дигар умури ҳизбӣ машғул гарди- дааст. Ҳамзамон бо таҳсил, аз соли 1992 узви раё- сати Иттиҳоди байналмилалии донишҷӯён буда, аз соли 1995 ба ҳайси мудири намояндагии ин созмон дар Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ (ИДМ) адои вазифа намудааст. Аз соли 1995 то 1997 ба симати Директори генералии ширкати «НМВ» ва раиси Маркази фарҳангии тоҷикон — «Сино» — и шаҳри Маскав фаъолият намудааст.
Аз моҳи сентябри соли 1997 ба Тоҷикистон бар- гашта, ба ҳайси ёвари раиси КОМ ва моҳи октябри соли 1999 то 1 апрели соли 2000-ум узви зерко-
миссиям сиёсии Комиссиям Оштии Миллй ифои вази- фа намуда, дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва ризоияти миллй дар Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст.
Баъди ба фаъолияти дубора шуруъ намудани ҲНИТ соли 1999 дар Анҷумани навбатии ҲНИТ узви Раёсати Олии ҲНИТ интихоб гардид ва аз соли 2000 сарварии маркази таҳлилии ҲНИТ-ро ба зимма дошт. Солҳои 2001-2003 муовини раиси ҲНИТ ва аз соли 2003 муовини аввали раиси ҲНИТ интихоб гардид.
Чун сиёсатмадор ва ташкилотчии варзида ба ка- мол расид, қобилият ва истеъдоди баланди ӯ дар Тоҷикистон ва берун аз он маълум гардид. Маҳз дар ин давра вай дар мустаҳкам кардани равобити байналмилалии ҲНИТ ва баланд шудани обрӯ ва нуфузи ин созмони сиёсй дар арсаи ҷаҳонй нақши бориз ва фаъол бозид.
Соли 2006, пас аз вафоти устоди шодравон Сайид Абдуллоҳи Нурй дар Анҷумани ғайринавбатии ҲНИТ Муҳиддин Кабирй раиси ҲНИТ интихоб гардид. Дар анҷуманҳои навбатии солҳои 2007 ва 2011 дубора Раиси ҲНИТ интихоб гардид.
Муҳиддин Кабирй на танҳо сиёсатмадор, балки сиёсатшиноси варзида низ ба шумор меравад. У номзади улуми сиёсатшиносй мебошад. Бо забонҳои русй, арабй ва инглисй озодона ҳарф мезанад.
Оиладор соҳиби 8 фарзанд аст.