Today is the 55th birthday of Muhiddin Kabiri. Happy Birthday!
Аз соли 2005 то 2012 ситорааш дар саҳнаи сиёсати Тоҷикистон ҳамчун як лидери ҷавони умедбахш бо дидҳои наву созанда медурахшид. Аз нигоҳи молӣ мустақил ва ба ҳадди кофӣ бизнеси худро дошт. Аз нигоҳи сиёсӣ, суханваре беҳамто, дорои каризма, шахсияти тавофуқӣ ва таҳлилгари дар сатҳи байналмилалӣ. Аз нигоҳи ҷойгоҳ, низ дар раъси қавитарин ҳизби мухолифин қарор дошт. Мисле ки ҳама чиз ба нафъаш тамом мешуд ва дар саҳнаи сиёсӣ медурахшид.
Яке аз таҳлигарони тоҷик дар як мулоқоти шахсӣ, ки бо ҳам дар Вена будем, гуфт, шахсияти Муҳиддин Кабирӣ дар соли 2010 яъне интихоботи парлумонии ҳамон сол, мисли Себастиян Куртс (нахуствазири ҷавони Австрия) ба унвони як сиёсатмадори ҷавон бо дидҳои наву ояндаи умедворкунанда дар Тоҷикистон маҳбубият дошт.
Ҳеч кас дар он замон фикр намекард, ки чунин рӯзе меояд, ки илова бар мошини таблиғотии ҳукумат, ки шабу рӯз дар ҳаққаш туҳматномаҳову бадномкуниҳои ноҷавонмардонае дар ҳама ҷо нашр мекунанд, шахсиятҳое паси ҳам дар Аврупову хориҷ аз он пайдо мешаванд, ки коре ҷуз нешзании ӯ надоранд. Нешҳое, ки хеле ноҷавонмардона ҳастанд. Ӯ бошад ҳамаи ин нешзаниҳоро бо сабру таҳаммул ҳазм мекунад.
Ҷомеаи Тоҷикистон дар мавриди ӯ ва мавқеъгириҳояш ба чанд навъ тақсим шудааст. Афроде, ки ҳукуматӣ (мисли фейкҳо) ё наздик ба ҳукумат ҳастанд ё нохудогоҳ дар блоки ҳукумат қарор доранд, маълум аст, ки чӣ кор мекунанд. Ҳамсафону аъзои ҲНИТ ва ПМТ аз ӯ дифоъ мекунанд, вале гоҳ-гаҳе хаҷулона, ки худам аз ҷумлаи инҳо ҳастам. Вале як гурӯҳи дигаре шомили дустонаш, зиёиён ва аҳли илму дониш, ки ӯ ва зарфиятҳои ӯро хуб медонанд, ба сабабҳои мухталифе (онҳое ки дар Ватан ҳастанд маълум аст ва онҳое дар берун ҳастанд ба сабаби фишор болои хонавода ё бархурди сахти мақомот ва дар умум “бадном” кардани худ дар назди мақомот) хомӯш ҳастанд. Вале бархе аз онҳо дар паёмҳои хусусӣ назарҳову мавқеъҳои худро мефиристанд. Илова бар ин, шахсиятҳои нодире низ ҳастанд, ки бо вуҷуди ҳамлаи шадиди бадномкунӣ дар ҳама сутуҳ, овоз баланд мекунанду мехоҳанд ӯро ҳамон тавре ҳаст, нишон диҳанд ва ҳақиқатро аз ҳадафи ҳамла қарор гирифтани шахсияташон тарҷеҳ медиҳанд.
Аз ҷумлаи ин ашхоси нодир, Дориюш Раҷабиён, рӯзноманигори барҷастаи тоҷик ва дигар шахсиятҳое ҳастанд, ки аҳаммияти нури ҳақиқат дар шабҳои тори саҳнаи сиёсӣ ва ҷаҳлу таъассуби ёргириро дарк мекунанд. Дастони чунин шахсиятҳои ҳақиқатмеҳвару шуҷоъро мефишурам.
Як замоне шудааст, ки ҳар касу нокасе ба ӯ метозад. Агар интиқоде ҳаст, ишколе надорад, вале туҳмату таҳқиру тавҳин, ки интиқод нестанд. Хомушии мо ҳечгоҳ ба ин маъно нест, ки мо намебинем. Мебинем, вале онро ҳазм мекунем. Елизабети якум, маликаи Англия ва Ирландия дар қарни 16-уми милодӣ, чӣ хуб гуфта буд: “Мебинам, аммо хомуш мемонам.”
****
Устод Нуриро аз наздик намешинохтам, ба ҷуз як ду бор мулоқоту бо телефон суҳбат кардан. Хеле ҷои таассуф аст, ки устод Нурӣ, чунин шахсияти барҷастаро аз наздик нашинохтам. Аммо устод Кабириро аз солҳои 2000-ум мешиносам, бахусус баъди 2010 то кунун аз наздик мешиносам ва дар рӯзҳои хубу бади рӯзгор дар канораш будаму ҳастам. Ин мояи ифтихори инҷониб аст.
Солҳои 2000-ум буд, ки дар Донишгоҳи исломии Исломобод будем ва гуфтанд, як нафар аз Тоҷикистон меояд ва дар конфронси бузурге, ки қарор буд дар Исломобод баргузор шавад, ширкат ва суханронӣ хоҳад кард. Ҷавоне бо сару либоси шик, ки устод Кабирӣ буд, омаду ба арабӣ дар ин конфронс суҳбат кард. Як мулоқоти кутоҳе дар Исломобод доштем, вале ҳечгоҳ фикр намекардам, ки вақте хоҳад омад, ки бо ӯ ва дигар ҳамсафон солҳоро бо ҳам ва дар канори ҳам мегузаронем.
Худоро шукр, бо ҳам сахттарин марҳилаи сиёсӣ барои ҲНИТ-ро, ки солҳои 2015 то 2018 буд, пушти сар кардем. Ҳоло вазъият нисбатан беҳтар шудааст, ҳарчанд ниёз ба кори зиёд, бахусус дар масъалаи чашмандози оянда ва ташхиси роҳбурдҳои стратегӣ, вуҷуд дорад.
****
Чаро ӯро устод мегӯям, зеро на танҳо дар майдони сиёсат бар ман ҳаққи устодӣ дорад, балки дар ҳаёти шахсиам аз ӯ машваратҳо низ мегирам.
Вале намедонам ин чӣ навъ шогирдӣ аст, ки шуруъ аз 2010 то кунун гоҳ-гаҳе дар рубарӯяш дар мулоқотҳои дарунӣ аз ӯ ҳамчун раҳбар дар масоили мухталифи сиёсӣ, ҳатто дар масоили шахсиаш ба шиддат интиқод мекунем ва ӯ бошад ба ин интиқодҳо гуш медиҳад. Гоҳ-гаҳе чунон сахт ва бисёр мегӯем, ки баъзе аз дустон мегӯянд, ки дилатон ба ӯ намесузад.
Муътақидам, ки бидуни интиқод ҳеч нирӯе ё гурӯҳе ба куҷое намерасад. Хеле мехоҳам, ки журналистону таҳлилгарони тоҷик мисли ҳамтоёнашон дар кишварҳои пешрафта шахсиятҳову ҳизбҳову гурӯҳҳоро бо интиқодҳояшон аз ғербол бигзаронанд ва инро мояи пешрафт ва суфта шудани шахсиятҳо ва ҳизбҳову гурӯҳҳо медонам.
****
Соли 2015 буд. Дар Туркия ҳамроҳи устод будем, вале вазъият дар дохили кишвар хеле ваҳшатноктар аз он буд, ки тасаввур мекардем. Хеле аз таҳлилгарону коршиносон муътақид буданд, ки ҲНИТ чунон зарбае хурдааст, ки дигар ба ҳоли худ нахоҳад омад. Аммо дар чеҳрааш он замон метавон дид, ки ӯ бо он зарфияте, ки дорад, метавонад ин марҳиларо пушти сар кунад.
Ӯ ҳоло бо вуҷуди монеаҳои зиёд матраҳ ҳаст ва қишре аз ҷомеа ба ӯву камандааш умед бастааст. Боварӣ дорам, ки ӯву камандааш сарбаландона ба Ватан хоҳанд баргашт. Аммо оё ӯ метавонад дар кишвар бо назардошти ҷуғрофияи Тоҷикистон як низоми мустаҳками демократии дарозмуддат, мисле ки Гондӣ дар Ҳиндустон ва Манделло дар Африқои Ҷанубӣ сохтанд, бисозад?
55-солагӣ муборак, устоди азиз! Барои Шумову хонаводаи муҳтараматон ояндаи дурахшон ва умри дарози пурбаракат хоҳонам.
Бознашр аз саҳифаи Маҳмудҷон Файзраҳмонов