Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Устод Сайид Абдуллоҳи Нурй

Устод Сайид Абдуллоҳи Нурй

Устод Сайид Абдуллоҳи Нурй

Муассиси Наҳзати Исло- мии Тоҷикистон устод Сайид Абдуллоҳи НурИ 15 марти соли 1947 дар деҳаи Ишти- ёни ноҳияи Сангвор (Тавил- дараи имруза) дар оилаи диндор ба дунё омадааст. Аҳли хонадони эшон ба Вах- шонзамин кучонида меша- ванд ва Устод ҷавонии худ- ро дар онҷо мегузаронад. Соли 1965 мактаби миёнаро хатм карда, дар курси муҳан- дисии назди Муассисаи Баҳисобгирии шаҳри Қӯрғон- теппа таҳсил намуда, дар ҳамин идора ба унвони муҳандис-геодезист кору фаъолият мекунад.

Устод аз овони туфулият дар назди падари худ домулло Нуриддин тарбияти динИ ёфта маълумоти зарурии исломиро меомузад. Сипас дар назди мах- думи Сиёмиддини Наҷмиддин муддате таҳсили улуми исломиро идома медиҳад, пас аз он ба назди МавлавИ Муҳаммадҷони ҚӯқандИ рафта чанд сол ба илмомузИ машғул мешавад. Эшон бо одобу ахлоқ, ва илму маърифатнокии худ дар миёни руҳонияти он даврон маъруф мешавад.

Устод Сайид Абдуллоҳи НурИ соли 1973 дар шаҳ- ри Қӯрғонтеппа ҳамроҳ бо чаҳор нафар ҷавонони равшанфикр «Созмони Ҷавонони Исломии Тоҷи- кистон»-ро таъсис медиҳад. Ин нахустин ҳаракати миллИ-мазҳабИ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар
тамоми минтақаҳои собиқ Шуравӣ ба шумор меравад. Ин гурӯҳ бо барномарезии дақиқ ва фаъолияти холисона муваффақ мешаванд, то дар кӯтоҳтарин муддат аксари уламои равшанфикр ва бедори кишварро ба ин созмон ҷалб намоянд. Дар солҳои 1978 аъзои ин созмон бо номи «Муллоҳои нав» ва «Ҷавонон» дар кишвар маъруф шуда, шаҳри Қӯрғон- теппа ба яке аз марокизи омӯзиши улуми исломӣ табдил ёфта буд, ки ҳар толибилм орзуи рафтан ба онҷоро дар дил дошт.

Аз соли 1978 устод Нурӣ бо ташкил намудани бахши равобит дар ин созмон ашхосеро барои пайдо намудани ҳамфикрон ба дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ мефиристод ва соли 1982 дар аксари мано- тиқи мусалмоннишини Шуравӣ афроде пайдо меша­ванд, ки наҳзати ин созмонро мешинохтанд ва аз ҳама минтақаҳо толибилмон ба Тоҷикистон фирис- тода мешуданд.

Моҳи июни соли 1986 аз ҷониби мақомоти амни- ятии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ амалиёти густардае алайҳи аъзои ин созмон сурат мегирад ва манзили 64 нафар кофтуков ва китобҳои эшонро мусодира меку- нанд. Худи устод Нурӣ моҳи феврали соли 1987 аз рӯи моддаи 203-и Кодекси ҷиноятии РСС Тоҷикистон бо иттиҳоми “Паҳн кардани хабарҳои бардурӯғе, ки сохти ҷамъиятиву давлати сотсиолистиро бадном мекунанд”, ба муддати 1,5 сол аз озодӣ маҳрум мегардад ва ба Сибирё табъид мешавад.

Баъди озод шудан аз зиндон бо истифода аз фазои каме озодтари кишвар Устод ба фаъолияти ҳаракат идома медиҳад. Солҳои 1989-1992 сардаби- рии маҷаллаи “Минбари Ислом”, нашрияи Идораи мусалмонони ҶТ-ро ба ӯҳда дошт ва дар айни ҳол ҳаракатро роҳбарӣ менамуд. Бар асари ҷангҳои шаҳрвандӣ, ба Афғонистон ҳиҷрат менамояд. Баъди аз тарафи додгоҳ манъ намудани фаъолияти ҲНИТ, дар ҳиҷрат устод Нурӣ Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистонро таъсис дода, барои ба даст овардани ҳуқуқҳои аз даст рафтаи муҳоҷирони иҷборӣ ва бар- гардонидани оворагону гурезагон ба Ватан даст ба муборизаи сиёсиву низомӣ мезанад.

Соли 1995 Иттиҳоди Неруҳои Оппозитсияи Тоҷи- кистон (ИНОТ) таъсис меёбад ва ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон шомили он мегардад ва худи устод Нурӣ сарварии ИНОТ-ро ба ӯҳда мегирад. Ин созмони сиёсиву низомӣ бо роҳбарии ӯ дар раванди музокироти сулҳи байни тоҷикон муваффақиятҳои зиёд ба даст овард. Бо мақсади ҳарчи тезтар расидан ба тавофуқи ниҳоӣ ӯ ҳафт маротиба берун аз кишварамон бо Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон Э. Раҳмон дидору мулоқот намудааст. Ин вохӯриҳо дар раванди музокироти сулҳ дар Тоҷикистон нақши ҳалкунанда доштанд. Билохира дар шаҳри Маскав 27 июни соли 1997 Созишномаи сулҳи тоҷикон ба имзо мерасад ва дар асоси ин созишнома Комиссияи Оштии Миллӣ (КОМ) таъсис дода мешавад.

Аз июли 1997 то охири марти 2000 устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ Комиссияи Оштии Миллиро сарварӣ намуда, дар эҷоди эътимоду ҳамдигарфаҳмӣ ва сул- ҳу оштии кишвар хидматҳои шоёнеро анҷом дод.

Моҳи сентябри соли 1997 устод Нурӣ Кумитаи танзимии ҳизбро ташкил намуда, Ҷалолиддини Маҳ- мудро раиси он таъйин мекунад. Вазифаи ин кумита даври ҳам ҷамъ намудани собиқ аъзои наҳзат ва ба танзим даровардани фаъолияти онҳо ва омодасозии замина барои баргузор намудани анҷуман буд.

Моҳи сентябри соли 1999 ҲНИТ Анҷумани худро баргузор намуда, дар он устод Нурӣ ба ҳайси раиси ҲНИТ интихоб мегардад ва дар Анҷумани навбатии соли 2003 барои чор соли дигар дубора раиси ҲНИТ интихоб мешавад.

Устод дар садҳо семинарҳои илмии байнал- милалӣ ширкат ва суханрониҳо намудааст ва чун сиёсатмадори донову варзида, ботамкину дурандеш ва чун фақеҳу донишманди улуми исломӣ дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст. Муаллифи чандин асарҳои илмӣ, сиёсӣ ва диниву фалсафист. Аз ҷумла китобҳои пурарзиши ӯ «Дар он сӯи сиёсат» (соли 1996), «Имрӯзу фардои Тоҷикистон» (соли 2000) «Назаре ба ҳуқуқи башар аз дидгоҳи Ислом», «Ошти- нома», «Истиқлол чӣ мафҳум дорад?», (соли 2001) ва тафсири «Сураи Ал-Мӯъминун» ба табъ расидаанд.

Барои хидматҳои шоиста дар ҷодаи татбиқи Со- зишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон бо ордени «Исмоили Сомонӣ» сар- фароз гардонида шудааст.

8 августи соли 2006 бар асари беморӣ дунёи фониро падруд гуфта, ба лиқои Ҳақ пайваст.

Пас аз даргузашт бо ордени «Зарринтоҷ» (дара- ҷаи аввал) сарфароз гардонида шудааст.

Аз эшон мактабе ба ёдгор мондааст, ки ҳазорон пайрав, ҷонибдор ва ҳаводорро дар бар мегирад