Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
ВКД аз ҳодисаи назди манзили узви маҳкумшудаи ҲНИТ огаҳӣ надорад

ВКД аз ҳодисаи назди манзили узви маҳкумшудаи ҲНИТ огаҳӣ надорад

ВКД аз ҳодисаи назди манзили узви маҳкумшудаи ҲНИТ огаҳӣ надорад

Хона ва дару девор тухмшап ва назди он овезаву плакатҳо оташ зада шуданд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳодисае, ки дирӯз назди манзили узви маҳкумшудаи ҲНИТ рух дод огаҳӣ надорад.

«Дар мавриди ин ҳодиса ба мо касе муроҷиату шикоят накардааст ва мо бори аввал дар бораи ин ҳодиса аз шумо шунида истодаем», — гуфт ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷон Эмомалӣ.

Шоми дирӯз хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, ки гуруҳе аз ҷавонон бо як автобус ба назди хонаи Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндонишудаи Раёсати Олии ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ дар кучаи Аттор 50 омада, хона ва дару деворашро бо тухмҳо зада, дар назди хонааш овезаву плакатҳоро оташ задаанд.Дар ин бора ба “Озодагон” Валамат Иброҳимзода, ҳамсари Ра

ҳматуллои Раҷаб иттилоъ дода, бо овози гиряолуд афзуд, “дар як автобус қариб 30-40 нафар омаданд. Дар сари куча фуромаданд, омаданд, ячейкаи тухмро заданд, шатта қати дарро заданд, плакатаро сӯзонданд. Як хона сағераи бепадар дорем, ҳама талхакаф шуд дар ин хона. Ин чӣ гап аст?”

Валамат Иброҳимзода мегӯяд, ки онҳо шиор сар медоданд, ки “нест бодо хоинон, нест бодо Кабирӣ ва…. Плакатҳоро оташ заданд. Мо аз шикофии дар пойидем ва онҳоро дидем. Тарсидем, ки агар дарвозаро кушоем ба хона лагад зада, надороянду кӯдаку чӯдакро натарсонанд. Охир маҷбур шудам баромадам”.

Ба гуфтаи ҳамсари Раҳматуллои Раҷаб ҷавонони тухмзан ва эътирозгар боз дар автобус савор шуда рафтанд. Мегӯяд, ки автобус аз мусофиркашҳои шаҳрии рақами 1 буд, ки “моро тухмшапак карданд, ҳама либосҳоямон пури тухм буд, нав алиш кардем”.

Ба гуфтаи ҳамсари Раҳматуллои Раҷаб ин эътироз ҷавоб ба ҳузури фарзандон ва аъзои ҲНИТ дар ҷаласаи солонаи САҲА дар Варшаваи Лаҳистон дар умури ҳуқуқи инсон мебошад.

Аз ин пештар гуруҳи ҷавонон, ки худро ҷавонони фаъоли Тоҷикистон ном мебаранд чунин эътирозҳоро дар назди хонаи Саидумар Ҳусайнӣ, муовини зиндонии раиси ҲНИТ ва дар назди хонаи Сайид Абдулоҳи Нурӣ, раҳбари фақиди ҲНИТ низ барпо кардаанд. Ба иддаои ин ҷавонони муътариз фарзандони Ҳусайнӣ ва Нурӣ дар ин ҷаласаи САҲА ширкат кардаанд.

Подробнее: http://news.tj/ru/node/231389