Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Воҳидхон Қосиддинов

Воҳидхон Қосиддинов

Воҳидхон Қосиддинов

Воҳидхон Қосиддинов, сиёсатмадор ва фаъоли тоҷик, раиси шуъбаи интихоботи ҲНИТ, собиқ муовини раиси ҲНИТ, собиқ раиси бахши ҳизб дар н. Исфара ва собиқ раиси дастгоҳи ҳизб аст.

Вай узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад.

Воҳидхон соли 1956 дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара дар оилаи косиб таваллуд ёфтааст. Ӯ шаби 16-уми сентябр аз сӯи кормандони КДАМ дар хонааш дар Исфара боздошт шуд.

 

Таҳсилот

Вай пас аз таҳсилоти ҳамагонӣ, соли 1978 Донишгоҳи педагогии ба номи Т. Г. Шевченкои шаҳри Душанберо дар риштаи забони англисӣ хатм кардааст.

Ӯ аз сол 1974 то 1994 ба унвони муаллими забони англисӣ дар яке аз мактабҳои миёнаи Исфара фаъолият кардааст. Вай дар баробари таҳсилоти олӣ, омузиши улуми диниро аз худ намудааст.

Фаъолияти сиёсӣ

Ӯ соли 1989 ба ҲНИТ пайваст ва аз соли 1999 то 2001 ба ҳайси раиси бахши ҳизб дар ноҳияи Исфара фаъолият кардааст.

Воҳидхон солҳои 2001-2003 муовини Дабири кулли ҲНИТ ва аз соли 2003 то 2006 муовини раиси ҳизб буда, аз соли 2008 то 2014 ба унвони раиси дастгоҳи ҳизб ифои вазифа намудааст.

Ӯ аз соли 2014 то кунун раиси шуъбаи интихоботии ҲНИТ аст.

Боздошт

Кормандони КДАМ рӯзи 16-уми сентябри соли ҷорӣ 13 тан аз масъулини аршади Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷумла ӯро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи Назарзода дар хонааш дар Исфара боздошт карданд. Иттиҳоме, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ба шиддат онро рад мекунад.

Воҳидхон донандаи забонҳои русӣ, англисӣ ва форсӣ мебошад.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд аст.