Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Вокуниши Раиси ҲНИТ ба изҳороти ахири Эмомалӣ Раҳмон

Вокуниши Раиси ҲНИТ ба изҳороти ахири Эмомалӣ Раҳмон

Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вокуниш ба суханони ахири Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар, ин изҳоротро ҷангталабона арзёбӣ карда, гуфт, ки ин таҳрифи таърихе аст, ки шоҳидонаш то ҳанӯз зиндаанд.

Роҳбари ҲНИТ имрӯз, панҷшанбе (1-уми сентиябри 2016) дар суҳбат бо Би-би-сии форсӣ суханони президенти кишвар мабнӣ бар инки ҲНИТ ҷанги шаҳрвандиро оғоз кардаастро мавриди интиқоди шадид қарор дода, гуфт: “Ин суханронӣ ва ин тарзи таҳрифи таърих, ки шоҳидонаш ҳанӯз зиндаанд, комилан ошкор мекунад, ки омилони аслии ҷанг ва миллаткушӣ чӣ касоне будаанд.”

Вай бо ишора ба рӯзи оғози соли ҷадиди таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон, ки ҳамчун “рӯзи сулҳ” номида мешавад, афзуд: “Дар рӯзи сулҳ аз ҷанг ва ҷангталабона суҳбат кардан ба ин маъност, ки сулҳ ҷузъи тафаккур ва арзишҳояшон нест.”

Устод Кабирӣ дар идома қайд кард: “Вагарна, дар рӯзи сулҳ имкон дошт, ки ҳамчун раҳбари миллату кишвар суҳбат шавад, на ҳамчун як қумандони ҷанг ва намояндаи як тарафи ҷанг. Касе, ки дар рӯзи сулҳ аз ҷанг ва он ҳам дурӯғ ҳарф мезанд, наметавон ӯро инсони сулҳҷӯ номид, чи расад ба асосгузори сулҳ.»