Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Зиндоние, ки гуноҳаш хидмат ба мардум буд

Зиндоние, ки гуноҳаш хидмат ба мардум буд

Оромиву дарандешӣ яке аз хислатҳои ӯ буд. Акаи Муҳаммадшариф ҷавонмарде буд, ки маънои ҷавонмардӣ, садоқат ва устувориро хуб медонисту ба онҳо пойбанд буд. Ҳамеша  дар фикри пешрафти кишвару беҳбуди зиндагии  мардум буд.

Замоне, ки дар Кулоб сел омад ва ба мардуми ин шаҳр зарари калон расонид аз аввалин касоне буд, ки ба кумаки мардуми селзада шитофт. Аз аввалин соатҳои омадани сел дар канори мардум буду ба онҳо кумак мекард.

Ёдам ҳаст вақте мо кумакҳоро аз марказ ба Кӯлоб бурдем, ҳукуматдорон мехостанд мо ҳамаро ба ситод вогузор кунем. Аммо акаи Муҳаммадшариф гӯфт ман медонам, ки аз тарафи ситод ин кумак ба мардуми мустаҳиқ намерасад. Пас беҳтар аст як қисми онро мо худамон дар байни селзадагон тақсим кунем ва як қисмашро ба ситод супорем. Бо машварати ӯ мо ба майдон ба назди селзадагон рафтем ва баъдан ба хонаҳои селзадагон рафтем.

Ӯ тамоми талошашро мекард, ки мустақиман ба дасти селзадагони мустаҳиқ кумакҳо расонда шаванд. Ин яке аз хислатҳои инсонии волои ӯ буд. Дар баробари ин мехост бо ҳамаи мақомот ҳамкориашро ба хубӣ ба роҳ монад.

Муҳаммадшарифи Набӣ (Набиев Маҳаммад-шариф Маҳмадалиевич), сиёсатмадор ва фаъоли тоҷик ва раиси шуъбаи ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб, 9 уми сентябри соли 1962 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада аст.

Вай собиқ узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад ва яке аз шахсиятҳои фаъоли ҳизб ба шумор меравад, ки дар бахшҳои мухталифи ҲНИТ фаъолият кардааст.

Кормандони КДАМ рӯзи 16-уми сентябри соли 2015 ӯро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи Назарзода дар хонааш дар шаҳри Кӯлоб боздошт карданд. Дар ҳоле, ки ӯ на Назарзодаро мешинохт ва на бо ӯ робитае дошт.

Танҳо гуноҳаш хидмат ба мардум ва ҳимоят аз ҳуқуқи онҳо буд.

Ҳоло соли 6 ум аст, ки ба ноҳақ дар зиндони ҷабру зулми Раҳмонов нишастааст ва аз оғуши хонаводааш маҳрум асту хонаводааш зодрӯзашро бидуни ӯ ҷашн мегиранд. Соли 6 ум аст, ки фарзандонаш ба ҷои ӯ зодрӯзашро ба аксаш табрик мегӯянд.

Бо орзуи озодӣ ва сарбаландии тамоми зиндониёни бегуноҳ.

Зодрӯз муборак бародари асирам!