Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ, донишиманд, сиёсатмадор, мураббӣ ва аз ҷумлаи шахсиятҳое ҳастанд, ки барои озодӣ, сарбаландӣ ва раҳоии миллати тоҷик аз бардагӣ, сахтиҳо ва мушкилоти зиёдеро мутаҳаммил шуда то ба ҳол зери фишор қарор доранд, вале чун ҳадаф ва мақсади олӣ доштанду доранд, ҳеҷгоҳ таслими хостаҳои мустабиддон ва душманони озодӣ нашуданд. Ин аст, ки бо вуҷуди пиронсол буданаш дар зиндон қарор дорад ва аз ҷониби навкарони режими хонаводагӣ ва диктаторӣ мавриди азияту озор қарор мегирад.
Домулло дирӯз зодрӯз доштанд ва панҷумин зодрӯзашонро пушти панҷараи зиндони гурӯҳе аз худхоҳону худкомагон ва бадномону сияҳбахтони таърих, мегузаронад. Инак Домулло ба синни мубораки 74 қадам мегузоранд, вале дур аз наздикону пайвандон дар торикиҳои зиндон ва пушти панҷараҳои оҳанин. Қарор доштани пирамарде 74 сола ва он ҳам донишманде бо тамоми маъно дар зиндон, далели равшане бар вуҷуди ҳукумати золим ва режиме худкома дар Тоҷикистон аст. Дар ин навиштор ман қасдан аз масъулиятҳои домулло дар ҲНИТ сарфи назар кардам, бо вуҷуди онки масулиятҳо ва вазифаҳои муҳимеро дар ҲНИТ ба душ доштанд ва аз рӯзҳои аввалини таъсиси ҳизб хидматҳои шоёне дар ин роҳ анҷом додаанд. Зеро дар муддати шаш соле, ки бо домулло ҳамкор будам ва дар Академияи ҲНИТ зери роҳбарии ӯ кор кардам, домуллоро як шахсияти фароҳизбӣ дарёфтам. Ҳамеша ҳамму ғамашон миллат ва мардум буд, манфиатҳои миллату давлат барояшон дар дараҷаи аввал қарор дошт. Дигар ики домулло воқеан як донишманд ба тамоми маъно буданд, ӯ на танҳо роҳнамо барои ҷавонони ҳизб, балки дасти ёриашро барои ҳар нафаре, ки ба ӯ муроҷиат мекард мерасонид, ҳатто ба нафароне, ки бо ӯ ҳамфикр набуда мухолифи дидгоҳ ва роҳу равишаш буданд. Ҳеҷ гоҳ нисбати нафаре бад намегуфтанд, ҳамеша мекӯшиданд масоилро тарзе матраҳ намоянд, ки ба тарафи муқобил сахт барнахӯрад. Доимо моро ба нармгуфторӣ ва нарм бархӯрд кардан бо мухолифин ва ононе, ки бо мо ҳамфикр набуданд, тавсия мекарданд. Ёдам ҳаст боре як масъалаи фиқҳиро, (замоне, ки масъули бахши суолу ҷавобҳои фиқҳӣ дар академияи ҲНИТ будам) ки аз номи донишҷӯе дар робита ба намози ҷумъа ва монеъагузориҳои мақомот ба суроғаи мо омада буд, ҷавоб гуфтам ва аз сабаби онки дар сафар будам, ҷавобро бидуни машварати домулло дар сайт гузоштам, ки он сабаби бозпурсии домулло аз ҷониби мақомоти қудратӣ шуда буд, дар дохили ҳизб ҳам сару садоҳоеро ба вуҷуд оварда буд. Баъдан домулло на ҳамчун роҳбари бахш, балки ҳамчун мураббӣ маро назди худ хонда чунин насиҳат карданд. Домулло (Устод маро гоҳе домулло ва гоҳе ҳам мавлавӣ хитоб мекарданд) шумо масъаларо бо такя бо ҳадисе, ки овардаед дуруст ҷавоб додаед, вале беҳтар мешуд аввал онро аз назди ман мегузаронидед, то ман онро каме нармтар карда баъдан мегузоштам, зеро шумо каме сахттар гуфтаед, аз ин пас ин тавсияро дар назар дошта бошед. Сипас гуфтанд омода бошам, зеро эҳтимол дорад ман ҳам барои бозпурсӣ даъват шавам.
Ҳоло дарк мекунам, ки домулло чӣ неъмате барои мо ҷавонон буданд, ки аз вуҷуди ӯ ба таври шоиста истифода накардем. Умед дорам ҳарчӣ зудтар ба озодӣ бароянд ва аз илму дониш ва таҷрибаи эшон ҷавонони миллат баҳраманд гарданд.
Дар муддати шаш соле, ки бо домулло якҷо кор кардам, боре ҳам ҳарфи сахте ва ё номуносибе аз эшон нашунидаам ва боре ҳам надидаам нисбати нафаре бад гуфта бошад ва боре ҳам нисбати ватану миллаташ ҳарфи ношоистае зада бошад, пас чӣ гуна метавон бовар кард, ки шахсияте чун домулло Зубайдуллоҳ терорист ва экстримист ва хоини миллат аст? Яке аз суннатҳо ва қонунҳои зиндагӣ ин аст, ки ғолибан қаҳрамонон ва мудофиъони ватану миллат, курбонӣ мегарданд ва зиндагиашонро дар сахтиҳо пушти сар мекунанд, ки яқинан метавон гуфт Домулло Зубайдуллоҳ яке аз онҳо аст.
Бо умеди озодӣ ва раҳоии мардони ҷасуру қаҳрамони миллат аз зиндони худкомагон!
Боз ҳам Зодрӯзатон муборак Устоди Азиз!
Яке аз шогирдони кӯчаки Домулло, Исломҷони Саид.
Аз саҳифаи фейсбукии Исломҷони Саид